Skip to main content

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Конститутсия ва эълон гардидани "Соли маърифати ҳуқуқӣ"

Санаи 6 ноябри соли 2024 ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон 30 сол пур мешавад, ки нахустин маротиба санаи 6 ноябри соли 1994 қабул гардид ва чун сарчашмаи созандадагиву саодатмандии сокинони кишвар шинохта мешавад. Зеро дар ҳар банди он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифзу ҳимоя гардида, аз дастоварди бузург дар замони соҳибистиқлолӣ ҳисобида мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ орзуву омол, ҳуввияти миллии мардуми сарбаланди тоҷикро инъикос намуда, таҷассумгари фарҳангу анъана ва роҳи пуршебу фарози беш аз ҳазорсола тайнамудаи халқи тоҷик мебошад.

Донишмандони ҷаҳон аз ҷумла Зачари Элкинс ва Том Гинсбург аз Донишгоҳи Техас ва Чикако масоили муҳими конститутсияро мавриди баррасӣ қарор дода, дар мақолаи худ зери унвони “Мо аз Конститутсияҳои хаттӣ чӣ омӯхта метавонем”? мазмун ва раванду дарки дурусти онро баррасӣ карда, таҳлил ва муҳокимаи маҷмӯи дастуру оинҳо оид ба чӣ гуна бояд конститутсияҳо дар тарҳҳои муқоисавиро пешниҳод карданд. Дар бораи таъсири равандҳо ба натиҷаҳои конститутсия фикру назарҳо мавҷуд буда, ду масъал нукоти асосии он мебошад. Якум проблемаи худидоракунии институтсионалӣ ва ё мақомоти давлатӣ, ки аз натиҷаи конститутсия чизе ба даст оварда ва дуюм манфиати иштироки омма дар раванди он[1].

Сарқонуни Амрико аз қадимтарину кӯтоҳтарин сарқонун дар ҷаҳон мебошад. Ҳамин тариқ, сарқонуни Ҳиндустон аз санаи 26 январ 1950 бузургтарин конститутсияи хаттӣ миёни ҳама кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад[2].

Конститутсияи Покистон аз санаи 23 марти 1956 аз ҳафтумин тӯлонитарин сарқонун дар ҷаҳон мебошад[3].

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 10 бобу 100 модда буда, ҳар як калима ва меъёрҳои он мазмуну маънои ниҳоят фаррох дошта, аввалин маротиба таҷзияи ҳокимиятро бао меъёрҳои байналмилалӣ муқаррар намуд. Сарқонуни Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи миллат буда, ҳар шаҳрвандро зарӯр меояд то онро азизу амонат шуморад.

Дар ин зимн, Президенти муҳтарами кишвар 6 ноябри соли 2023 дар табрикоти паёмии худ ба муносибати Рӯзи Конститутсия ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки ҳанӯз чанд сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди ҷумҳурӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид, ки чун дастоварди воқеан таърихӣ ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Ҳамин тариқ, қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, заминаи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа гардид.

Ба шаъну шарофати Конститутсия оину рукнҳои давлатдорӣ, равишу низоми ҳуқуқии мамлакат, риояву волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ устувор гардида, баҳри таҳкими давлату миллату халқиятҳои кишвар қадамҳои боэътимод гузошт.

Ҳамин буд, ки баҳри беҳбудиву созандагиву саодатмандии сокинон дар он се маротиба тағйироту иловаҳо ворид гардида, меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллӣ такмил дода шудаанд.

Дар ин зимн, ислоҳоту такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

Ҳамин тавр, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2023 дар Паёми худ иброз доштанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад»[4].

Мавриди зикр аст, ки Сарқонун санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвараст, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, шакли давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти давлат ва ҷомеаи солиму созада мебошад.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 ва қарори шаҳрдор соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун ва дарки дурусти он мебошад.

Ҳамин тавр, Тоҷикистони навин баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми сиёсии даврони муосир бунёд гузошт. Муқаддимаи Конститутсия бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» оғоз меёбад, ки мувофиқи он халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард ва давлатдории худро тақвият бахшид. Зеро маҳз маҷмӯи оину қонунҳо муширу мададгори ҷомеаҳо буда, фаҳму дарку фаъолияти онҳоро ба низоми дуруст дароварда, мушкилоти онҳоро рафъ менамояд. Барои мисол маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфта, қисми таркибии саводнокии умумии аҳолӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Ҳамин тавр, дар партави ҳамин маҷмуаи қонуну оинҳо дар барномаҳои муассисаҳои таълимии мамлакат омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ шудаанд, ки ба ин восита донишҳои сиёсиву маърифати ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории мамлакат, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии наврасону ҷавонон боло рафта, бо ин дар масири эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳми намоён мегузоранд.

Ҳамин тариқ, гузоронидани семинару конференсияҳои муассисаҳои илмӣ бо иштироки мутахассисони соҳа барои баррасии мавзуи мазкур ва дарки дуруст ва машварату мубоҳисаҳои илмӣ ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон чун дурнамои стратегия рушди миллӣ кӯмак хоҳад кард.

Мояи ифтихор аст, ки дар чаҳорчубаи Сарқонун ва роҳбарии Сарвари кишвар артиш бо шиорҳои рамзиву размиву равонӣ аз қабили “Артиши миллӣ кафили пойдори сулҳу суботи кишвар”, “Ҳушёр ва зирак бошед”, “Сулҳу субот ва мардуми кишварро дӯст доред”, “Ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем”, “Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро барои ҳифзи истиқлолияти Ватан раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшид”, “Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ғайр аз худи мо каси дигар обод намесозад” афсарону аскарон рӯҳия ва нерӯ гирифта дар машқу тамринҳо фаъолона иштирок намуда, бо руҳияи ҳифзу ҳимояи Ватан ва малакаву донишу хирад дар рушду тарбияи насли ҷавону созандаву солим саҳм мегузоранд.

Ҳамин тариқ, бо эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ дарки дурусти аксиология, ки аслан аз юнонӣ маншаъ гирифта аксия яъне арзиш ва логия яъне омӯзиш мебошад иборат мебошад. Вожаи мазкур дар забони мову шумо арзишшиносӣ тарҷума шудааст, ки аз мафҳуми арзиш, ба монанди этика, эстетика ё фалсафаи дин вобаста буда, бо мета-этика зич алоқаманд аст. Ин истилоҳ бори аввал аз ҷониби Эдуард фон Ҳартман дар соли 1887 ва Пол Лапи дар соли 1902 истифода гардидааст. Ба андешаи донишманди тоҷик доктор Рустам Ҳайдарзода арзишшиносӣ мавзуи баҳси адабиёт, илми ахлоқ, зебоишиносӣ, педагогика, ҳунар, таърих ва ғайра низ мебошад, вале пеш аз ҳама, он бахши муҳими таҳқиқоти фалсафӣ ба шумор рафта, бо фаҳму дарки дурусти фоидаву зарар, некию бадӣ, ростию дурӯғ, зебоию зиштӣ, имконияту ғайриимконият, адолату беадолатӣ баҳо дода мешавад.

Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон аз дидгоҳи арзишшиносӣ/аксиология аҳамияти назаррас дошта, якчанд таҳлилу баррасиҳоро дар бар мегирад, ки аз нуқтаи назари аксиологӣ, таҳсилоти ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи қонеъ намудани ниёзҳои зеҳнӣ ва ахлоқии шахс тавассути додани дониш ва малакаҳои зарурӣ барои паймоиш дар системаҳои ҳуқуқӣ, татбиқи арзишҳои бунёдӣ, аз қабили дастрасӣ ба адолат, баробарӣ дар назди қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва иштироки пурмазмун дар ҳаёти шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад. Ба назари ин донишманд омӯзиши ҳуқуқӣ бо арзишҳои ахлоқӣ фаро гирифта шуда дар шахс ҳисси масъулият, поквиҷдонӣ ва рафтори ахлоқиро дар доираи касби ҳуқуқшиносӣ ва умуман дар кулли ҷомеа ба вуҷуд меорад. Таълими ҳуқуқӣ тавассути тарғиби огоҳии ахлоқӣ ва риояи этикаи касбӣ ва ҳуқуқӣ принсипҳои ахлоқӣ, аз қабили ростқавлӣ, адолат, инсоф, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва тартиботи ҷамъиятиро дастгирӣ мекунад. Ин меъёрҳо рафтори коршиносони ҳуқуқро роҳнамоӣ мекунанд ва муносибатҳои онҳоро бо мизоҷон, ҳамкорон ва низоми ҳуқуқӣ ташаккул медиҳанд. Ҳамин тавр, аз нигоҳи аксиологӣ эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” арзиши ахлоқиро ҳамчун воситаи тарбияи шаҳрвандони поквиҷдон ва тарғиби рафтори ахлоқӣ дар доираи касби ҳуқуқшиносӣ таъкид менамояд.

Ҳамин тариқ, Конститутсия ҳуқуқҳои шахсро ҳимоя карда, суботро таъмин намуда, шаҳрвандонро аз хатару таҳдидҳо огоҳӣ дода, муҳофизат кунад. Он озодиҳои асосии ҳар сокини кишварро кафолат дода, сохтори ҳукуматро муайян мекунад ва масъулиятро таъмин мекунад.

Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар амал карда, принсипҳо ва қоидаҳоро баҳри ҷомеа муқаррар мекунад. Зимнан, суиистифода ва ноадолатии ҳокимиятро пешгирй карда, баробарҳуқуқиро роҳандозӣ мекунад. Дар ниҳоят, конститутсия барои ҷомеаи демократӣ ҳаётан муҳим буда, барои озодиву оромиву ободии миллат заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Хулоса асолату арзишҳои Сарқонун ё Конститутсияро метавон ба таври зайл натиҷагирӣ кард, ки чун сарчашмаи созандадагиву саодатмандии сокинон хидмат карда, танзиму роҳнамоӣ мекунад.

• ташвиқу тарғиби шаъну шарафи инсонӣ, ба даст овардани баробарӣ ва пешбарӣ намудани ҳуқуқу озодиҳо

• адолату баробарӣ, ки заминаи онро машваратҳои саривақтиву мусбатандешӣ ташкил медиҳанд

• волоияти қонуну оинҳо мафҳуму маънои тибқи Конституция зиндагӣ доштан
Ин аслияту арзишҳои Сарқонун моро кафолат медиҳанд, то ҷузви ҷудоношавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бошему боқӣ монем. Ҳамин тариқ, ин оину ҳуқуқҳо заминаи хуби иҷтимоию иқтисодиро замонату кафолат медиҳанд, ки фарогири ҳуқуқ ба манзилу маскан, ҳифзи саломатӣ, ғизо, об, амнияти иҷтимоӣ ва таҳсил буда, давлат ӯҳдадор аст, ки дар доираи иқтидору тавону пешрафтҳо фароҳам созад.

Раҳмонов Мирсаид Миршарифович
ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Руйхати адабиёти истифодашуда

1.What Can We Learn from Written Constitutions? Zachary Elkins University of Texas, and Tom Ginsburg University of Chicago Law School. May 2021. Annual Review of Political Science 24, pp. 321 - 343 (2021)

2. Jordan, Terry L. (2013). The U.S. Constitution and Fascinating Facts About It (8th ed.). Naperville, IL: Oak Hill Publishing Company. p. 25.

3. Сарқонуни Покистон https://ur.wikipedia.org/wiki/%D8%A2%D8%A6%DB%8C%

4. Шамсулло САФАРЗОДА, КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИН.
https://khovar.tj/2024/10/konstitutsiyai-to-ikiston-dastovardi-mu-imtarin-on-peshrafti-tamomi-anba-oi-ayoti-mardumi-um-uriro-faro-am-ovardaast/