Skip to main content
Яке аз тадбирҳои самарабахши бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ – ин баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин аксиомаи ҳуқуқии бунёди давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, шуур ва тафаккури ҳуқуқии ҷомеаро бе андешидани чораҳои зарурӣ дар самти тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳамин ҷомеа тасаввур кардан ғайриимконпазир мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии инсон бо мақсади мубориза бо нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавӣ-ҳуқуқии он ва амалӣ намудани ғояҳои бунёди давлати ҳуқуқбунёд баромад мекунад. Он фаъолияти махсуси ташаккулёфта оид ба паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа, фаҳмонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва амалияи татбиқи онҳо, огоҳ намудани аҳолӣ оид ба сохтор, вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрванд нисбат ба онҳо мебошад.

Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки ба шаҳрвандон имкониятҳои амалигардонии воқеии ҳуқуқу озодиҳои худро дар ҷомеа ва давлат фароҳам оварда, дар шаҳравандон ташаккул додани малакаҳои эҳтироми шахсро нисбат ба дигар аъзоёни ҷомеа тарбият карда, дар ҷомеа як падидаи адолати иҷтимоӣ барпо месозад.

Дар кадом ҳолатҳо маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон кумак мерасонад? Номгӯйи ҳолатҳое, ки дар он маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба шаҳравандон кумак расонад, ба таври пурра баён карда ғайриимкон аст. Омили асосии ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа ва давлат ин фактҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Фактҳои ҳуқуқӣ хусусияти объективӣ (ҳодисаҳо) ва субъективӣ (кирдорҳо) доранд. Ҳаёти ҷамъиятӣ ин раванди объективӣ буда, аз иродаи инсон вобастагӣ надорад. Аммо бо баробари ин, ҳастанд ҳолатҳое, ки бевосита бо иродаи шахс ба вуҷуд меоянд ва дар ҳалли онҳо маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба онҳо кумак расонад. Масъалан, содир намудани як амалиёти ҳуқуқӣ, бастани шартнома ва дигарҳо. Аммо аксарияти муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд, хусусияти объективӣ доранд ва дар ҳар як ҳолати воқеӣ дониши ҳуқуқии шаҳрванд зарур аст, чуноне воситаи асосии батанзимдарории асосии муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар ҳаёти ҳамарӯзаи онҳо, фаъолияти меҳнатии онҳо кӯмаки бевосита мерасонад. Маърифати ҳуқуқӣ сотсиализатсияи ҳуқуқии шахсро ба миён меорад ва дар он эҳтиром ба қонун ва қонуниятро тарбия мекунад, ки дар натиҷа барои барпо намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.

Маърифати ҳуқуқӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ба таври органикӣ алоқаманданд. Маърифати ҳуқуқӣ дар шаҳрванд шуури ҳуқуқӣ, идеалҳои ахлоқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои арзишӣ, донишҳои махсуси аз ҷиҳати касбӣ заруриро ташаккул медиҳад. Танҳо дар ин сурат шахс на танҳо донишҳои назариявиро аз худ мекунад, балки дуруст истифода бурдани онро дар ҳолатҳои муҳимми ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Маърифати ҳуқуқӣ як ҷузъи тамоми раванди ташаккули маънавии шахсият буда, бе он амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ғайриимконпазир аст.

Нодида гирифтани қудрати маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеа танҳо дар сатҳи пасти тафаккури ҷаҳонбинии ҳар як шахс ифода меёбад, ки ин боиси надонистани қонун ва боварӣ надоштан ба имкони ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ мегардад. Зиндагӣ дар давлати ҳуқуқбунёд ҳар касро вазифадор мекунад, ки ҳуқуқу озодиҳои худ, сохтор ва идоракунии давлатро ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда омӯзад. Бе маърифати ҳуқуқӣ шаҳрванд дар ҷомеа бо шаъну шараф, самаранок ва бо обрӯ зиндагӣ кардан, озодона фаъолият кардан наметавонад. Набудани дониши ҳуқуқӣ дар давлат нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои худ боиси тарси шахсӣ, номуайянӣ, нигилизми ҳуқуқӣ, зиддиятҳои ҳуқуқӣ ва инкори қонунгузории амалкунандаи давлат мегардад.

Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар ҳаёти кишвар аз он иборат аст, ки он ба ҳаёти ҷамъиятӣ низом ва муташаккилӣ оварда, дар низоми давлатию-ҳуқуқии он тартиботи ҳуқуқиро ҷорӣ менамояд ва муносибати шахсро бо давлат танзим намуда, мавқеи инсонро дар ҷомеа муайян мекунад. Он принсипҳои асосии ҳуқуқ, вазифаҳои мақомоти давлатӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолияти онҳоро меомӯзад.

Маърифати ҳуқуқӣ мустақилияти нисбии ҳадафҳо, усулҳои мушаххаси ноил шудан ба онҳо ва шаклҳои ташкилӣ дорад. Ин фаъолияти бисёрҳадафаест, ки мавҷудияти ҳадафҳои стратегӣ, дарозмуддат ва ҳадафҳои тактикӣ, фаврӣ, умумӣ ва мушаххасро пешбинӣ мекунад. Мақсадҳоро бо назардошти хусусиятҳои субъект ва объекти таъсири тарбиявӣ, шаклу воситаҳои дар ин фаъолият истифодашаванда, инчунин институтҳое, ки таълими ҳуқуқӣ машғул мебошанд, муайян кардан мумкин аст. Ҳадафи стратегии маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ модули асосии банақшагирии стратегӣ мебошад, ки манфиатҳои миллӣ ва афзалиятҳои стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори кишвар ба марҳилаи дарозмуддат муайян мекунад. Бо мақсади беҳтарсозӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 феврали соли 2024, № 1005 тасдиқ шудааст ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 қабул шудааст, мавриди амал қарор додаанд, ки онҳо принсипҳо, самтҳои асосӣ ва мазмуни сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян ва мустаҳкам кардаанд.

Мутобиқи банди 62 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, барои баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

- ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

- таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ ҳуқуқӣ;

- ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;

- таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.

Дар ин самт, ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои мазкур аз ҷониби давлат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Масалан, бо мақсади иҷрои сархати чаҳоруми банди 62 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали интернетии иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолона кор мекунад.

Маърифати ҳуқуқӣ худ ба худ амалӣ намегардад. Он бо тариқи истифодаи воситаҳои муайян, ки технологияи маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳад, амалӣ мегардад. Ба сифати воситаҳои маърифати ҳуқуқӣ метавонанд баромад кунанд: таблиғи ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқӣ, таҷрибаи ҳуқуқӣ, худомӯзӣ. Дар заминаи истифодаи ҳамаи ин воситаҳо, иттилоотонии ҳуқуқии шаҳрвандон ҷой дода шуда, интиқол, дарк, табдил додан ва истифодаи маълумот дар бораи ҳуқуқ ва амалияи татбиқи он дода мешавад.

Ба сифати яке аз воситаҳои асосии амалигардонии маърифати ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқии шаҳрвандон баромад мекунад. Бо ин мақсад давлат таълими фанҳои ҳуқуқиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ ҷорӣ намуда, барои мустақилона омухтани қонунҳои амалкунанда барои аҳолӣ шароити заруриро фароҳам меоварад, инчунин шаҳрвандонро барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятию ҳукуқии давлат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ҷалб менамяд.

Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо асосҳои донишҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, шинос мешаванд, донишҷӯёни ҳамаи донишгоҳҳои ғайриҳуқуқӣ ҳуқуқӣ гражданӣ, қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳаёти ҳаррӯзаи онҳоро танзим мекунанд, меомӯзанд. Ҳар як шаҳрванд имкон дорад, ки дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ ба нашрияҳои расмии қонунгузорӣ ошно гардида, онро дастрас намоянд. Муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нашриётҳои давлатию ғайриавлатӣ шарҳу эзоҳи қонунгузории амалкунанда ва асарҳои оммавӣ оид ба ҳуқуқро барои омма таҳия ва нашр мекунанд. Масъулон ва ҳуқуқшиносон пайваста тариқи телевизион баромад карда, мазмуни қонунҳои ҷорӣ ва тартиби амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро шарҳ медиҳанд.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд.

Нематов А.Р. доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ