Skip to main content

Интихоботи дар пешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.

Эмомали Раҳмон

Ҳар як мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар давлатҳои демократӣ муҳлати муайяни фаъолият доранд, ки онро Конститутсия ва қонунҳо муқаррар кардаанд. Дар таҷрибаи интихоботи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ин муҳлат одатан чор-панҷ сол ва фақат дар баъзе мамлакатҳо он аз ду ё се сол иборат аст. Ин муҳлат барои салоҳияти намояндагии худро ба иҷро расонидани мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ мувофиқ дониста шудааст. Бо ба анҷом расидани муҳлати фаъолияти мақомоти намояндагии даъвати пешина, аз рӯи тартибу қоидаҳои дар Конститутсия ва қонунҳо муқаррар карда шуда интихоботи навбатии ҳайати нави мақомоти намояндагӣ баргузор карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як муҳлати муайяншудаи фаъолияти мақомоти намояндагии халқ, даъвати навбатӣ номида шуда, дар он мувофиқи тартибу қоидаҳои муқарраршуда салоҳияти онҳо амалӣ карда мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва ҷорӣ дар бораи интихобот муҳлати интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоати шаҳрак ва деҳотро панҷ сол муқаррар кардаанд.

Фаъолияти мақомоти намояндагии халқ дар ҳамон шакл ва бо ҳамон тартибе суръат мегирад, ки Конститутсия ва қонунҳо муқаррар кардаанд. Риояи қатъии онҳо дар ҳалли масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияҳо, тартиби овоздиҳӣ ва қабули қонун ва қарорҳо, санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ ҳатми мебошад. Бинобар ин, вакилони халқ дар баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия пешбинишуда, қабули қонун ва санадҳои дахлдор ҳатман бевосита иштирок дошта бошанд. Тавассути вакилони дигар овоздиҳӣ ба ҷойи вакили дар иҷлосия ҳузур надошта, манъ мебошад. Риояи чунин тартиби корбарии мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба тарзи қонунӣ амал кардани онро таъмин менамояд. Ҳамчунин ин омил ба сифат ва самаранок ба иҷро расонидани ваколатҳои онҳо ёрӣ мерасонад. Вакилони халқ ба қатъи риоя кардани тартиботи дар давраи фаъолияти вакилӣ муайян карда шуда, масъул мебошанд.

Ҳамаи ин омилҳо тақозо мекунад, ки ба ҷойи вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ шаҳрвандони сазовор, соҳибмаълумот, ташаббускор ва фаъол пешбарӣ гашта, касони ба боварии мардум сазовор ва мароқи намояндагӣ дошта интихоб гарданд. Яъне яке аз шарти муҳими фаъолияти худро самаранок ба иҷро расонидани Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи умуми вакилони даъвати навбатӣ мебошад, ки дар он одатан қариб аз се ду ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагон нав карда мешаванд.

Интихоботи вакилони мақомоти олии намояндагии халқ – Маҷлиси Олӣ, мақомоти маҳаллии намояндагии халқ – Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти ҳудидоракунии маҳал – Ҷамоатҳо маъракаи муҳими сиёсӣ ва яке аз шаклҳои иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Тавассути иштирок дар раъйпурсӣ ва интихобот шаҳрвандон субъекти фаъоли муносибатҳои ҷамъиятӣ будани худро тасдиқ менамоянд. Ҳар як маъракаи интихобот ин санҷиши фаъолии сиёсии шаҳрвандон, ифодаи ирода ва боварии онҳо ба корпуси вакилон, ба содиқона иҷро намудани вазифаҳои вакилии онҳо, ба воқеан амали шудани ҳокимиятдории халқ мебошад. Давраҳои даъвати навбатии фаъолияти Маҷлисҳои вакилони халқ ба вакилон имкон медиҳад, ки дар кори амали намудани сиёсати дохилӣ ва хорҷии давлат ташаббус нишон диҳанд ва барои самаранок амалӣ намудани салоҳияти ба онҳо гузошташуда фаъол бошанд.

Фаъолияти қонунгузорӣ ва иштироки Парлумон – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар робита ва ҳамкорӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръат мегирад. Ҳамкории онҳо шарти муҳими босамара ба иҷро расонидани салоҳияти ҳар яки онҳо мебошад. Самтҳои асосии ҳамкории Парлумон бо Президенти ҶТ пеш аз ҳама тавассути ваколатҳои консти-тутсионии онҳо муайян карда шудааст. Амали намудани ваколатҳои онҳо тавассути усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бо якдигар пайвандӣ дошта, самтҳои гуногуни фаъолияти роҳбарӣ ба идоракунии давлат, фаъолияти қонунгузорӣ, назорати татбиқи онҳоро дарбар мегирад. Роҳу востаҳои ҳамкории Парлумон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакл ва воситаҳои гуногун суръат мегирад. Пеш аз ҳама Президенти ҶТ дар муҳлатҳои муайяншуда интихоботи Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, интихоботи вакилони Ҷамоатҳоро таъин мекунад.

Фаъолияти қонунгузории Парлумон бо ваколатҳои Президенти ҶТ оиди таҳияи лоиҳаи қонунҳо, имзогузории қонунҳо, ба амал даровардани қонунҳо зич алоқаманд аст. Шумораи лоиҳаи қонунҳое, ки тавассути дастгоҳи Президент, аз номи ӯ ба Парлумон пешниҳод мегардад сол аз сол афзоиш ёфта, сифати онҳо беҳтар мешавад. Ҳеҷ як қонуни ҶТ бе имзои Президент ба амал намедарояд.

Маҷлиси Олӣ дар навбати худ интихоботи Президенти ҶТ-ро дар муҳлати муайяншуда таъин мекунад. Тавассути қабули қонунҳои конститутсионӣ вазъи ҳуқуқии Президент ва ваколатҳои ӯро танзим менамояд. Як қатор фармонҳои Президенти ҶТ, ки мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ пешбинӣ карда шудаанд бо ризоият ва тасдиқи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя ба иҷро расонида мешаванд.

Яке аз роҳҳои ҳамкории Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумон – Маҷлиси Олӣ, ки дар таҷриба аҳамияти калон дорад Паёми Президенти Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Парлумон шунида мешавад. Паёми мазкур самтҳои гуногуни асосҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро дар як сол таҳлил намуда, вазифаҳои дар пеш истодаро муайян ва роҳҳои амали намудани онҳоро нишон медиҳад. Бо мақсади татбиқи сиёсати дохилии дар Паём муайян кардашуда, Маҷлиси Олӣ нақшаҳои татбиқи онҳоро қабул ва ба иҷрои он ҳамаи аъзоёни Парлумонро сафарбар менамояд. Дар шаклҳои муайяншуда Маҷлиси Олӣ дар амалӣ намудани сиёсати хориҷии мамлакат ҳисса мегузорад. Ба иҷро расонидани масъалаҳои дар Паём пешбинишуда яке аз вазифаҳои пуршарафи Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва вакилони онҳо мебошад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баробарӣ муайян кардани самтҳои асосии рушди он, ҳамчунин ба масъалаҳои мубрами дар назди Парлумон, Ҳукумат, мақомоти марказии иҷроия, суд, прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истода эътибор дода мешавад. Баробари комъёбиҳои онҳо дар соли сипаришуда, масоилҳои мубрами дар назди онҳо истода муайян карда шуда, нуқсонҳо ошкор ва роҳҳои бартараф кардани онҳо муайян карда мешаванд.

Дар чандин Паёми солҳои охир пешниҳод кардаи худ Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои фаъол гардонидани кори Парлумон ва хусусан, дар самти такмили таҷрибаи қонунгузорӣ эътибори калон медиҳад. Дар Паёми соли 2021 Президенти ҶТ махсус таъкид кард, ки «Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад. Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо мекунад. Бо ин мақсад Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэъҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи онҳо чораҳои судманд андешанд».

Ғояҳои мазкур дар Паёми Президенти ҶТ соли 2022 боз ҳам асоснок баён ёфта, аз руи онҳо зарурияти тақвияти минбаъдаи фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олӣ таъкид карда шуд. «Рушди устувор ва босуръати мамлакат, барномаҳои дарозмуҳлат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэъҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парлумони кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. … фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад».

Дар Паёми соли 2023 Президенти ҶТ махсус таъкид намуд, ки «Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад». Бо ин мақсад ба аъзоёни Парлумон муроҷиат карда, онҳоро даъват намуд, ки фаъолияти худро дар самти қабули қонунҳои ҷавобгуи давраи нави рушди ҷомеа боз ҳам такмил ва ривоҷ диҳанд. Ҳамчунин тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор кард, ки бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи ҶТ таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсия заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ даъвати шашум – Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо фаъолияти худро хеле самаранок ба анҷом расонида, дар иҷрои ваколатҳои худ ба комъёбиҳо ноил гардиданд.

Маҷлиси Олии ҶТ баробари мукаммал намудани фаъолияти худ дар кори такмил додани раванди қонунгузорӣ, беҳтар гардонидани сифати қонунҳо, қабули қонунҳои нави тақозои замон, ривоҷ додани таҷрибаи гузаронидани қироатҳои парлумонӣ, иштирок дар назорати рафти ба иҷрорасии қонунҳо, рушди робитаҳои хориҷӣ ва байнипарлу-монӣ, амалӣ гардонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ташаббусҳои некро ба анҷом расонд. Хусусан, соли ҷамъбастии фаъолияти Маҷлиси Олии даъвати шашум хеле хотирмон буд, ки дар он ҷашни 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 бо комъёбиҳо пешвоз ва бо тантана гузаронида шуд. Эълон шудани соли 2024 –Соли маърифати ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ, устувор кардани фарҳанги ҳуқуқии мардум, риояи қонунҳо ва аз ҳама муҳим ба ташакули ғояи конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Албатта азхуд кардани маърифати ҳуқуқӣ ё ноил гаштан ба он иқдоми яксола ё дусола намебошад, барои онро ба даст овардан ва аз рӯи талаботи қонун кору зиндагӣ кардан кушишу ғайрати мунтазам ва майлу рағбат зарур аст. Вале соли 2024-ро махсус Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудан ва гузаронидани чорабиниҳои омӯзишию ташвиқотӣ барои дар шуури мардум ҷой ёфтани зарурияти аз рӯи талаботи қонун ва қоидаҳои ахлоқи нек кору зиндагӣ кардан ба ташаккули ғояи қонуният ва конститутсионализм (конститутсиягароӣ) дар ҷомеа мусоидат менамояд. Андешидани чунин иқдом ва бо чораҳои муфиди оммавии муфид гузаронидани он ташаббуси пайгирона мебошад ва барои ташакулёбии маърифати воқеии ҳуқуқии мардум такони бузурге ба шумор меравад.

Маъракаи интихоботи навбатии мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ даъвати ҳафтум, ки ба рӯзи дуюми моҳи марти соли 2025 тайин шудааст, саҳифа нави рушди ҳокимиятдории халқ мебошад. Дар заминаи дастовардҳои фаъолияти мақомоти намояндагии даъватҳои пешина, ҳайати нави вакилони халқ бояд фаъолияти намояндагӣ, қонунгузорӣ, иҷроия ва назоратии худро дар панҷ соли дар пешистода боз ҳам мукаммал ва самаранок намоянд.

Дар Паёми навбатии Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар соли 2024 дар назди ҳайати нави мақомоти намояндагии халқ вазифаҳое гузошта шудааст, ки барои боз ҳам баланд шудани аҳамияти фаъолияти онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамоянд. Қайд карда шуд, ки «Интихо-боти дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкукнандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд. Дар робита ба ин, таъкид карда шуд, ки рушди устувори иқтисодиву итимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад».

Ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ, ки оромию осудагӣ ва бехатарии давлат, сулҳу субот дар ҷомеа ба он вобаста аст, дар фаъолияти Парлумон, Ҳукумат ва тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар панҷсолаи сипари-шуда эътибори калон зоҳир карда мешуд. Акнун бо ҷалб карда шудани диққати аъзоёни Парлумони мамлакат ба аҳаммияти махсус доштани таъмини амнияти миллӣ Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҳамаи ҷомеи кишварро ҳушдор медиҳад, ки масъалаи таъмини бехатарии давлат ва ҷомеа дар вазъияти ноором ва пурдаҳшати глобалӣ набояд ҳеҷ касро бетараф ва осуда гузорад. Хусусан, ҷавонони мамлакат, ки нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бояд дар рӯҳияи ватандустию ватанпарастӣ тарбия ёбанд. « … ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳасолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд».

Дар амалӣ намудани даъватҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷавонон ва умуман аҳли ҷомеа нақши тарбиятдиҳандагон, дар муҳити оила, мактабу маориф, ҷойи кору хониш, илмомӯзӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ робита дорад. Аз ин ру, аҳли тарбияткунандагон, омӯзгорон, илму фарҳангро зарур аст, ки дар тарбия ва ташаккулёбии афкори солими ҷавонон, дарки қалбии зарурияти ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлат, оштинопазирӣ ба равияҳо ва мафкураи радикалӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ, омодагӣ ба хизмати содиқона ба Ватан ва ҳимояи он ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Имомов Ашӯрбой, н.и.ҳ, профессор Сарходими илмии Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ