Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 28 декабри соли 2023 бо мақсади амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия, ва гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз, пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Тибқи иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид.
Мақсад аз қабули Фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани Институти ҳуқуқии инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоотии ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳоли нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки бе ташаккул ва баланд бардоштани сатҳи маърифти ҳуқуқи аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мебошад. Дар давлате, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд аст, дар он давлат ҳуқуқвайронкуниҳо, сатҳи ҷинояткорӣ хеле паст мешавад, бахусус аҳолӣ ба поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои худ роҳ намедиҳанд ва ҳуқуқу озодиҳои дигаронро поймол намекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла қайд намуданд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш тадбиқ намудани он ба миён омадааст ».
Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, № 383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 марти соли 2006, № 94, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018, № 1005, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ гардидааст, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023, № 668 амалӣ карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи мамлакатҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд.
Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагӣ дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит менамоянд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки зарурияти мустаҳкам намудани пояҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар сатҳи сиёсати олии давлатӣ ба миён гузошта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид чунин ибрози назар намуданд: “Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад”.
Барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд маърифати ҳуқуқӣ шарти зарурии чунин давлат ба ҳисоб меравад. Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки дар он ҳуқуқ ҳукмрон аст. Ба таври мушаххастар давлати ҳуқуқбунёд ин шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти сиёсии омма аст. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд таваҷҷӯҳи одамони пешқадам, мутафаккирони рӯшанфикри дунёи қадим, асрҳои миёна ва замони ҳозираро ҳамеша ба худ ҷалб мекард ва то ҳол ҷалб мекунад. Ғояҳоро дар хусуси нақши қонун дар давлат, таносуби қонун ва ҳокимияти давлатӣ ҳанӯз Афлотун, Арасту, Полибий, Ситсерон, Сенека ва дигар файласуфон баён кардаанд. Чунончи, Афлотун навиштааст: “Ман фанои давлатеро мебинам, ки дар он қонун қувва надорад ва зери ҳокимияти кадомест. Он ҷое, ки қонун фармон фармои ҳокимон аст ва онҳо ғуломони қонунанд, ман наҷоти давлат ва ҳама гуна хайру саховатро мебинам, ки Худо метавонад ба давлат ато бикунад”. Ё ин ки Арасту таъкид мекард, ки “Қонун бояд ба ҳама ҳукмронӣ кунад”, арбоби сиёсии Рим Ситсерон низ принсипи ҳуқуқиеро баён карда буд, ки тибқи он бояд ҳама “Зери таъсири қонун қарор мегирифтанд, ва натанҳо баъзе шаҳрвандони алоҳида”.
Мафҳуми давлати ҳуқуқбунёд нахустин бор дар яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарини «Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990 аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зълон гардид. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ғояро ривоҷ дода, кафолатҳои онро муқаррар кард ва бартарии ҳуқуқ дар ҷомеа ва давлат таъкид гардид. Яке аз рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд волоият ва ҳукмронии қонун, дар назди қонун баробар будани ҳама мебошад. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсан мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва иҷро намоянд. Дар давлати ҳуқуқбунёд арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд - вазифаи муқаддаси давлат мебошад. Дигар талаботе, ки Конститутсия (моддаи 9) дар назди давлати ҳуқуқбунёд мегузорад ин таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, яъне ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо намудани ҳокимияти давлатӣ аст ва ба воситаи он ҳар як мақоми номбурда имконият пайдо мекунад, ки мустақилона дар доираи салоҳияти худ амал намояд, ба шумор меравад.
Асоси бунёди ин ҳама унсурҳои давлати ҳуқуқбунёд бе баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шахрвандон имконнопазир мебошад. Ин аст ки мо маърифати ҳуқуқиро шарти зарурӣ барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд номидем. Донистани ҳуқуқ вазифаи танҳо мутахассисону коршиносони соҳа набуда, он вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст. Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванде мебошад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Он нишонаи маданият ва нерӯи ақлонию илмии шахсро нишон медиҳад. Шаҳрвандон дар чунин давлату ҷомеа бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, чунки дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд мебардорад, зеро ки ба мафҳумҳои кирдорҳои ношоям ва ҷиноят амиқ сарфаҳм меравад ва аз роҳҳои ҳуқуқвайронкунӣ худро боз медорад. Аз ин дидгоҳ ҳар як нафар узви ҷомеа агар бихоҳад, ки дар зиндагӣ боэътибор бошад, бояд ки дар баробари санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ арҷгузорӣ намояд. Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрӣ метавонад ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».
Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо роҳи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иттилоотонии ҳуқуқӣ, машваратдиҳии ҳуқуқӣ ва расондани ёрии ҳуқуқӣ метавонад ташаккул дода шавад.
Ходими пешбари илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳ. Расулзода