Skip to main content

Маркази инноватсионии биология ва тиб

logo

МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНИИ  БИОЛОГИЯ ВА ТИББИ АМИТ

Бо назардошти гузориши илм ба самти рушди инноватсионї ва бо маќсади иљроиши Ќарори Њукумати ЉТ оид ба амалигардонии Барномаи рушди инноватсионии ЉТ барои солњои 2011 – 2020 барои ривољу равнаќ додани корњои инноватсионї, истифодаи технологияњои нав дар илму истењсолот бо Ќарори Раёсати Академияи илмњои ЉТ №19 аз 7-уми феврали соли 2011 Муассисаи давлатии илмии – «Маркази инноватсионии биология ва тибби»-и Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон таъсис ёфта, ба њайси директори Марказ, доктори илмњои биологї, академик Якубова Муњиба Мухсиновна таъин гардидааст.

Тањти роњбарии Якубова М.М. (солњои 2011–2019) Марказ пурра ташаккулёбии сохтори худро гузашта, рафти иљрои мавзўъњои илмї ва такмил додани савия ва малакаи ходимони муассиса ривољу равнаќ ёфта, дар натиља ба як ќатор дастовардњои назаррас ноил гардидааст.

Аз моњи августи соли 2019, тибќи натиљањои озмуни АМИТ ба њайси вазифаи директори Марказ доктори илмњои биологї, дотсент Сатторов Љамшед Саидович таъин гардидаст.

 

САМТЊОИ ФАЪОЛИЯТ ВА ЛОИЊАЊОИ ТАТБИЌШАВАНДА

Маќсади асосии фаъолияти Марказ омўзиши хусусиятњои мутобиќшавии растанињои шифобахш ва зироатњои кишоварзї дар шароити гуногуни экологї; омўзиши таркиби фитокимиёвии растанињо; тањияи моддањои фаъоли биологї (МФБ) ва иловањо (ИФБ); омўзиши растанињои ороишї ва шифобахши интродуксияшуда ва дигар самтњои рўзмарра, инчунин тайёр кардани кадрњои баландихтисоси илмї дар ин соњањо мебошад.

Кормандони Марказ тадќиќоти илмиро дар давраи солҳои 2011-2023 аз рўи мавзӯҳои номбаршуда дар самтҳои зерин гузарониданд:

1) Таҳқиқи ҳусусиятҳои морфобиологӣ, аз он ҷумла сабзишу инкишоф, ҳосилнокӣ, рақобатпазирӣ, устуворӣ ба касалиҳо ва хамшавии навъ ва намудҳои ватанию хориҷии гандуми мулоимдона ва сахтдона дар шароитҳои гуногуни муҳити зист (дашт, миёнакӯҳ, баландкӯҳ) бо мақсади офаридани навъҳои нави гандум бо нишондодҳои муҳими хоҷагидорӣ;

 2) Гузаронидани тадқиқотҳои истеҳсолӣ доир ба омӯзиши шарту шароити гуногуни нуриандозӣ бо истифода аз нурии органикӣ (вермикомпост, поруи гӯсфанд) ва санҷидани босамарии онҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рафти сабзишу инкишофи зироатҳои кишоварзӣ;

3) Таҳқиқи хусусиятњои фитосеногенетикии раќобатпазирии байни намудњо дар зироатњои ѓалладонагї ва лубиёгињо;

4) Омӯзиши таъсири генотип ва шароитҳои гуногуни муҳити зист ба хосиятҳои мутобиқшавии растаниҳо (дар мисоли растании Arabidopsis thaliana);

5) Таҳқиқи растаниҳои шифобахши хусусиятҳои гепатопротекторӣ ва адаптагенӣ (мутобиқшавӣ) дошта ва таъсири онҳо ба нишондиҳандаҳои ҷигар ва гипоксия дар ҳайвоноти лабораторӣ (калламушони сафед).

6) Омўзиш ва тањияи моддањои фаъоли биологї (МФБ) ва иловањо (ИФБ) бо пешнињоди тавсияњо ба истењсолот;

7) Муайян намудани захирањои табиии растанињои шифобахш дар ќитъањои тањќиќшаванда.

 

Маркази инноватсионии биология ва тиббии АМИТ шурўъ аз соли 2011 то соли 2024 аз рӯи 4 мавзӯи илмї, ки аз буљаи давлатӣ маблағгузорӣ шудаанд, фаъолияти илмї-тањќиќотї бурдааст:

1. «Коркарди технологияҳои инноватсионӣ дар иммунология, биохимия ва генетика» барои солҳои 2012-2016; 

2. «Бехатарии биологї: равандњои инноватсионии омўзиши хусусятњои системањои зинда» барои солҳои 2013-2015;

3. «Коркарди  усулњои  инноватсионие, ки бехатарии биологии организмњои зиндаро муќаррар менамоянд» барои солҳои 2016-2020;

4.«Бањодињии ёзандагии растанињо њангоми таъсири омилњои гуногуни экологї» барои солњои 2021-2025.

            Инчунин, ходимони илмии Марказ дар давраи мазкур дар озмуни лоиҳаҳои Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдї  7 маротиба ѓолиб гардида, онњоро бо муваффаќият ба анљом расонидаанд, аз он љумла:

  1. «Омӯзиши механизмњои адаптатсионии растанињо дар шароити баландкўњи Тољикистони Марказї». Мўњлати иљроиш: 2015-2016с. Роњбари лоиња: д.и.б., профессор, академики АИ ЉТ М.М. Якубова
  2. «Тавсиси мутобиќатнокии зироатњои кишоварзї, ки дар минтаќањои гуногуни Тољикистон парвариш карда мешаванд». Мўњлати иљроиш: 2016-2017. Роњбари лоиња: д.и.б., профессор, академики АИ ЉТ М.М. Якубова
  3. «Коркарди маводњои доруворӣ бо усулњои инноватсионӣ аз растанињои шифобахши мањаллӣ». Мўњлати иљроиш: 2018-2019. Роњбари лоиња: д.и.б., профессор, академики АИ ЉТ М.М.Якубова
  4. «Бањодињии устувории навъњои гуногуни зироатњои ѓалладонагї ба касалињои занбурўѓї барои њалли амнияти озуќаворї». Мўњлати иљроиш: 2019-2020. Роњбари лоиња: д.и.б., профессор, академики АИ ЉТ М.М. Якубова
  5. «Дарахту буттањои ороишии боѓу сайргаштњои шањри Душанбе». Мўњлати иљроиш: 2021 сол. Роњбари лоиња: н.и.б., дотсент Сатторов Љ.С.
  6. «Омўзиши хусусиятњои шифобахшии равѓани эфирии намудњои авлоди настаран – Rosa L.» Мӯҳлати иҷроиш: 2021-2022. Роҳбари лоиҳа: д.и.б., дотсент Сатторов Љ.С.  
  7. «Тањќиќи хусусиятњои шифобахшии равѓани эфирии садбарги димишќї Rosa damascena Mill. ва истењсоли нўшоба аз он». 2022-2023. Роњбари лоиња: д.и.б., дотсент Сатторов Љ.С.

Ҳадафи умумии мавзӯҳои илмии Марказ ин рушд ва такмили ҷанбаҳои илмӣ-амалии бехатарии биологӣ, коркарди технологияҳои нав барои ошкор намудани  тағйироти љараёни мубодилаи моддаҳо дар организмҳои зинда, коркарди моддаҳои фаъоли биологӣ аз ашёи хоми шифобахш ҷудо кардашуда бо мақсади истифодабарии онҳо дар тиб барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мебошад.

 

ДАСТОВАРДЊОИ АСОСИИ ИЛМЇ

Дар давраи солҳои 2011-2023 аз тарафи кормандони Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ дар самти ихтирои маводҳои доруворӣ 9 нахустпатент, 1 Шањодатномаи њуќуќи селесионер ва 1 тавсиянома барои истењсолот (бо санади воридкунї ба раванди таълим аз љониби 2 донишгоњи љумњурї тасдиќ гардидааст), ба даст оварда шудааст:

  1. Мироҷов Ғ.Қ., Қурбонов М.К., Мародмамадова Н.Г., Якубова М.М.      Тарзи тайёр намудани маводи «Асгиман», ки хосияти адаптогенӣ дорад. ТJ 1000, 12.06.2017с.
  2. Мироҷов Ғ.Қ., Қурбонов М.К., Якубова М.М., Ғаниев Н.Х., Убайдулло М. О. Иловаи фаъоли биологии  маводи «Гепатрил» барои муолиҷа ва пешгирии бемориҳои амали гепатопротекторӣ. ТJ 998, 30.06.2017
  3. Мироҷов Ғ. Қ., Исупов. С.Ҷ., Азимова. С.М., Қурбонов. М.Қ., Дустов А. Одинаев Р.И., Умаров С. Қ. Маводи просинк барои муолиҷаи гепатити музмини вирусӣ ва сиррози ҷигар. МД Пажуҳишгоҳи гатроэнтерология, Маркази инноватсионии биология ва тибби АИ ҶТ № ТJ 610 11.12.2014с.
  4. Мироҷов Ғ. Қ., Қурбонов. М., Якубова М. М., Азимова С.М. Мавод барои табобати гепатити музмини В, С ва сирози ҷигари этиологияи вируси дошта., Маркази инноватсионии биология ва тибби АИ ҶТ., МД Пажуҳишгоҳи гатроэнтерология,TJ 817 10.02.2016
  5. Қурбонов М.К., Урунов А.А., Якубова М.М., Раҳматуллоев Н.З., Раҳмонов Ф.М. Маводи биойод барои пешгирии ҳолатҳои норасоги йод. МП TJ 695, 09.10.2014с.
  6. Қурбонов М.К., Холдоров А.Ш., Абдусаломов С.А., Неъматов З.Ш., Азонов Ҷ.А. Тарзи ҳосил кардани тухми мурғи ғизоии йодноккардашуда. № ТJ 1033. 10.03.2015с.
  7.  Қурбонов М.К., Холдоров А.Ш., Абдусаломов С.А., Неъматов З.Ш., Азонов Ҷ.А. Тарзи ҳосил намудани шарбати йоднокардашуда. № ТJ 924 10.03.2015с.
  8. Саттори И., Муминов А., Маҳмудов К.Б., Авғонов А.Р., Қурбонов М., Раҷабалии М., Маводи доругии зиддигелминтии растанигї.  № ТJ 958 13.07.2016с.
  9. Муминов. М. О., Тураев Р. А., Муминов А., Қурбонов М. Қ., Убайдулло М. О., Раҷабалии Н., Мавод барои табобати зарпарвини ҳайвонот. № ТJ 985, 24.10.2018с.
  10. Саттаров Љ.С., Саидов Н.С. Тавсиянома оид ба агратехникаи парвариш ва нигоњубини дарахтони сўзанбарг. Душанбе, “Дониш” – 2021. – 37 с.

11. Навъи нави гандуми мулоимдонаи «Академия-2016» - Ѓанизода В. А., Эшонова З.

      Якубова М. М., Юсупов В. Д.

 

Инчунин, соли 2022 аз љониби ходимони илмии Марказ тањияи навъи нави гандуми мулоимдонаи “Марказ 2022” ба анљом расонида шуд, ки њуљљатњои он дар айни њол дар Комиссияи давлатии навъсанљї барои ноњиябандї  ќарор дорад.

 

Дар давраи њисоботї (соли 2022-23) дар Марказ фаъолияти сехи илмї-истењсолии “Гулоби Ирам” оид ба истењсоли нўшокии “Гулоби Ирам” ва оби нўшокии “Ромит” ба роњ монда шуд, ки таљњизоти он тибќи лоињаи Фонди Президентии тањќиќоти бунёдї «Тањќиќи хусусиятњои шифобахшии равѓани эфирии садбарги димишќї – Rosa damascena Mill. ва истењсоли нўшоба аз он» дастрас гардидааст. Як дастаи озмоишии нўшокињо бо миќдори 1000 адад барои таъмин намудани гузаронидани конфронсњои муассисањои АМИТ бароварда шуд. Бо маќсади баровардани мањсулот ба савдои чаканаи љумњурї омодакунии њуљљатњои лозима идома дорад.

Бо маќсади амалї гардонидани натиљањои ихтироотњои соли сипаригашта, дар асоси Нахустпатентњои “Гепатрил” ва “Асгеман” соли љорї тањияи шарбати “Гепатрил” ва шарбати эликсири “Асгиман” њамчун иловањои фаъоли биологї (ИФБ) ба анљом расонида, шарти техникии онњо бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологї мувофиќа карда шуда, айни њол дар муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон барои ба ќайд гирифтан ќарор доранд.

 

Тайёр кардани кадр

Дар давраи аз соли 2011 то соли 2024  аз тарафи Марказ  11 нафар довталабон  дар зинаи аспирантураи Академия тањсил намудааст. Инчунин соли 2018 3 нафар довталабон ба зинаи магистратура ќабул карда шуд. Соли 2019 1 нафар аспиранти хатмнамудаи Марказ Солехзод Б.А., рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Особенности влияния генотипа и условий среды на продуктивность растений AThaliana в модельных фитоценозах» њимоя намуд. Инчунин, соли 2020 директори Марказ Сатторов Љ.С. рисолаи доктории худро тањти мавзўи «Биоразнообразие и ресурсы дикорастущих лекарственных растений в некоторых районах Центрального Таджикистана» дар шањри Новосибирски Федератсияи Россия дифо намуд.  Котиби илмии Марказ Ѓанизода В. рисолаи номзадии худро тањти мавзўи “Некоторые физиолого-биохимические показатели у генотипов мягкой пшеницы в различных условиях выращивания соли 2021 дифо намуд. 

Дар айни њол 2 нафар (1 тояш дар ДДТТ фаъолият менамояд) собиќ аспиранти Марказ пешдифоро гузашта, њуљљатњояшро ба Шурои диссертатсионии ДДТТ ба номи Абу-али ибни Сино фиристодаанд ва 4 нафари боќимонда дар арфаи пешдифо ќарор доранд.

Ташфиќу тарѓиби донишњои илмї

            Соли 2022 директори Марказ Сатторов Љ.С. барои хондани курси лексияњо ба VIII-ум мактаби тобистонаи байналмилалї тањти мавзўи «Ањамияти захирањои табиї њангоми таѓйирёбии иќлим» ба шањри Шучински Љумњурии Ќазоќистон аз љониби Донишгоњи агротехникии Ќазоќистон ба номи С. Сейфуллин таклиф гардида буд, ки дар он барои донишљўёни 8 макотиби олии Љумњурии Ќазоќистон ва 1 донишгоњи Љумњурии Ќирѓизстон курси лексияњоро аз «Захирашиносї» ва «Дендрология» хонда буд ва дар натиљаи он бо мактуби «Миннатдорї» аз љониби Раёсати Донишгоњи мазкур ќадрдонї гардидааст.  

Интишорот

Дар давраи аз соли 2011 то соли 2023  аз тарафи ходимони илмии Марказ  1 библиография, 2 монография, 2 дастурамал, 1 китоби дарсї, 1 тавсиянома барои истењсолот, 83 мақолаи илмӣ, 160 фишурдаи матолиби маърӯзаҳо дар маљала ва маводњои конфронсияњои ватанӣ ва хориљї чоп шудааст. 

Маълумоти васеътар оид ба Марказ дар сомонаи муассиса www.biocenter.tj

Bacground Image