Имрӯз (13.06.2024) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар партави суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар сурат гирифт. Дар ибтидо директори Марказ Раҳматкарим Давлатов нуктаву хулосаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, марҳалаҳои омӯзиш ва роҳҳои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро барои рушди илми тоҷик бо мисолу далелҳои мушаххас шарҳ дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки бояд баҳри татбиқи дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат барномаву лоиҳаҳои мушаххас таҳия гарданд, ки суръату сифати ислоҳоти сохторҳои илмиро таъмин намоянд. Зеро дар ин мулоқоти тақдирсоз самтҳои асосии рушди илми тоҷик барои ояндаи наздик пешниҳод гардиданд.
Сипас, иштирокчиёни мулоқот С.Ализода, А.Муҳаммадиев, М.Ғиёсиев, Ш.Ёраҳматзода нуктаву хулосаҳои асосии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро баҳри татбиқ дар рушди илми матншиносӣ, ҳифз, таҳия ва оммавигардонии мероси хаттӣ иброз намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ муассиса ва марказҳои илмии даврони Истиқлолро чун дастоварди муҳим ёдрас намуданд: Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.
Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.
Дар фарҷом, олимону кормандони Маркази мероси хаттӣ тасмим гирифтанд, ки дар партави суханрониҳои Пешвои муаззами миллат бо аҳли илму маорифи кишвар нақша-чорабиниҳои дарозмуддат ва барномаҳои татбиқи илм дар амалияро таҳия намуда, бар асоси он ҷиҳати ислоҳи вазъият талош намоянд.