06 май дар ташкилоти ибтидоии “ДИПЛОМАТ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Қурбонова Ш – муовини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси ташкилоти ибтидоии “Дипломат” Ҳайдарзода Р.Ҷ. ва муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовин ташкилоти ибтидоии “Дипломат” Раҳмонзода А.Ш. дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис Раҳмонзода А.Ш. ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод намуда, қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии “Дипломат” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарорҳои сохторҳои болоии ҳизб корҳои назаррасеро анҷом доданд.
Ҳамчунин, Қурбонова Ш – муовини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси ташкилоти ибтидоии “Дипломат” Ҳайдарзода Р.Ҷ., Воҳидова С – мудири шуъбаи Аврупо, Зиёев С. – мудири шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёна ва Неъматова П – мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ оид ба ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Дипломат” дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ намуда, нақши аъзоёни ташкилоти ибтидоиро дар татбиқ намудани барномаҳои марбут ба соҳаи фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муассир арзёбӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи дуюми маҷлис аз ҷониби аъзоёни ҳизб Ҳайдарзода Рустам Ҷӯраро – директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон раиси нави ташкилоти ибтидоии “Дипломат” интихоб гардид.
Сипас Қурбонова Ш – муовини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули фаъолияти худ дар кишвар ба сифати як ҳизби пешоҳанги ҷомеа масъулияти олии ватансозиро бар зимма дошта, бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш идеологияи миллиро бунёд ва тарғиб менамояд. Дар доираи барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самтҳои муҳимми хоҷагии халқи кишвар рушд ёфта, сатҳи некуаҳолии мардум боло рафта истодааст.
Дар идома Ҳайдарзода Рустам Ҷӯраро – директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбе дар даврони истиқлоли кишвар бо мақсади хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстию худшиносӣ дар дили ҳар шаҳрванди кишвар маҳбубият пайдо намуд, аз таъсисаш 30 сол сипарӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ-поягузори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва таъсирбахш боқӣ монда, итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, доираи олимону муҳаққиқон ва ходимони ҷамъиятию хусусӣ барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он то давраи соли 2027 пурмаҳсул татбиқ меёбанд. Зеро пайравии мо ба Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар амали мо дар татбиқи ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои созанда ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инъикос меёбад.