Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта аҳли ҷомеаи моро водор менамояд, ки нисбат ба ин зуҳурот бетарафи накарда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Читавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми бароматҳояшон ба ин масала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз медоранд, ки яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид менамоянд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Аз ин рӯ қайд кардан ба маврид аст, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона, аслан, хоси мардуми тоҷик набуда, дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои ояндаи мо таъсири зараровари худро хоҳад расонд.
Зеро имрӯз дар ҷомеаи мо ба зиёд шахсоне вохӯрдан мумкин аст, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун баромадаанд. Дар воқеъ, ин рафтори онҳоро, агар аз як тараф, ба огоҳ набудан аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо гӯем, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо дар либоспӯшӣ ба ҳисоб меравад. Ба марҳилаҳои гуногуни таърихии ҳалқамон назар афканем сару либоси занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набуд, баръакс либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари таҷассум мансубияти динию мазҳабӣ ҳамзамон ҳуввияти миллии моро низ хуб нишон медоданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангиест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд донанд, ки дар ҷаҳони имрӯза ва раванди бархӯрди тамаддунҳо он мимллате пойдор хоҳад монд, ки собиқаи фарҳангии худро дар либоспӯшӣ, рафтору анъанаҳои махсуси миллии худ дошта бошад. Зеро намояндагони ҳар миллатро аз рӯи инъикоси арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи таърихи ва забону фарҳанг, шаклу тарзи либоспӯши мешиносанд. Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамояд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намуда, муборизаи беамон бар зидди он барем.
Ҳамчунин масъалае ба миён омадааст, ки имрӯз тарроҳони ватании мо бояд тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба ҳисоб меравад. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ - атласу адрас, гулбасту чакан, гулдӯзиҳои нотакрор, алочаву шоҳӣ, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ меояд. Либоси миллии мо, ки яке аз нишонаи соҳибфарҳангии мо эътироф шудааст ва ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонапарастӣ омехта насохта, онро бо тамоми покиву рангорангияш ба наслҳои оянда мерос гузорем. Зеро маҳз фарҳанг забон, миллат, таърих, анъана, либос, таом, ҷашнҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъат ҳар як миллатро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллат муарифи менамояду зинда нигоҳ медорад.
Аюбов Д.Қ. - ходими илмии ШФКА - и Институти астрофизикаи АМИТ