Skip to main content

Либоси миллӣ яке аз зуҳуроти маданияти моддӣ мебошад. Дар он анъанаҳое, ки аз таърихи этникӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва баъзе унсурҳои идеология — эътиқод, меъёрҳои эстетикӣ реша доранд, инъикос меёбанд. Аз ин рӯ, либоси мардумӣ бояд яке аз сарчашмаҳои омӯзиши таърихи этникии ин ё он халқ, фарҳанг ва иртиботи он бо дигар халқҳо дониста шавад. Дар асоси маълумот ва таҳлили муқоисавӣ, аз як тараф, шаклҳои қадимии либос, ки ба шаклҳои аслӣ наздиканд, аз тарафи дигар, шаклҳое, ки баъдтар пайдо шудаанд, хеле барои омӯзиши либос муҳим мебошанд. Танҳо бо дарки таҳаввули шаклҳои либос ва таърихи тағйирёбии онро дар давраҳои муайяни таърихӣ метавон робитаи либос ва таърихи этникии мардумро ошкор намуд.

Тадқиқотҳои этнографӣ нишон доданд, ки либоси мардумӣ - ҳатто дар шакли анъанавии худ бетағйир намондааст. Омӯзиши масъалаи либоси миллӣ бояд мунтазам ба роҳ монда шавад, зеро бо ивазшавии наслҳо анъанаи либоспӯшии миллӣ низ аз байн рафта истодааст.

Даврае, ки дар асоси маълумотхои этнографӣ таҳқиқ бурда шудааст, яъне охири асри XIX — ибтидои асри XX – ин давраи гардишҳои шадид мебошад. Ба Россия ҳамроҳ шудан Осиёи Миёнаро аз бунбасти чандинасра ва рукуд бароварда, барои инкишофи минбаъдаи иқтисодиётӣ тиҷоратӣ ва дар ин асос ба вуҷуд омадани муносибатҳои капиталистӣ шароит фароҳам овард,ва ба дигаргуниҳо, хусусан маданияти моддӣ роҳ кушод. Инқилоби Октябр ба тамоми тарафҳои ҳаёти халқ боз ҳам бештар таъсир расонд. Вай тарзи ҳаёти оммаро ба куллӣ тағйир дод, ба қашшокии абадии онҳо, аз ҳаёти ҷамъиятӣ ва меҳнати дур шудани онҳо хотима дод. Ҳамаи ин тағиротҳо ба либоси миллӣ бе таъсир буда наметавонист. Ba дар ҳаёти мардум, ки ба сарнавишти минбаъдаи фарҳангҳои миллӣ таъсири амиқ гузошт ва дар либос низ инъикос ёфт.

Дар таърихи либоспӯшии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ин давраро ба марҳилаҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки моҳияти он бо хусусияти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва таърихии инкишофёфта пурра муайян карда шудааст. Давраи якум ин нимаи дуюми асри Х1Х мебошад (то солхои 90-ум) — ки он вақт ҳукмронии муносибатҳои феодалӣ дар иктисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ, нигоҳ доштани тамоми унсурҳои ба феодализм хос дар тарзи зиндагӣ низ таъсири хос расонида буд. Аз ҷиҳати либос ин марҳила бо бартарии шаклҳои анъанавӣ- либоси яққадбуридашуда (тарзи қадимаи либоси миллии тоҷикон) фарк мекард. Ҳанӯз гуфтан ғайриимкон аст, ки кай ин либоси қадимӣ бо тамоми унсурҳояш шакл гирифтааст. Аммо хусусиятҳои архаикии он дар нақшу нигор аз пайдоиши хеле қадимаи он шаҳодат медиҳад.

Бо вуҷуди ин, он асрҳои аср бетағйир монда, то замони мо омада расидааст. Далелҳои муайяне вуҷуд доранд,ки тағйироти либос дар давраҳои гуногуни ҳаёти инсон доим ба амал меомад. Аммо дар давраи феодалӣ тағйиротҳо дар либос хело суст буданд ва дар шаклҳои анъанавӣ маҳдуд буданд.

Хусусиятҳои дигари ҳаёти ҳалқӣ тоҷик дар давраи баъд аз ҳамроҳ шудан ба Россия тавсиф карданд мумкин аст. Самти тағйироти либосро таъсири халқҳои Русия, бахусус тоторҳо ҳаммазҳаби халқҳои Осиёи Миёна муайян мекарданд. Намудҳо ва шаклҳои нави либос- куртаи пешакдор, ки ҳоло онро бонувони тоҷик аз бар менамоянд, пайдо шуданд, либоси анъанавии кӯҳна- яққадбуридашуда торафт бештар ба либоси пиронсолон ё маросимӣ табдил ёфт.

Тақсимоти навъҳои нави либос дар шаҳрҳо ва деҳот нобаробар буд. Пеш аз инқилоб тағйири либос асосан дар байни аҳолии шаҳрҳои калон ва деҳаҳои гирду атрофи он вуҷуд дошт. Танҳо дар замони шӯравӣ, махсусан баъд аз ҶБВ (1941-1945), он дар ҳама ҷо ба ҳаёти рӯзмарра ворид шуд, аммо дар солҳои минбаъда тағйироти куллӣ ба намудҳои гуногуни либоси ҳам мардона, ва ҳам занона ҳатто дар маҳалҳо ба амал омад. Ҳоло қисмати зиёди аҳолӣ, махсусан аҳолии шаҳр ба пушидани либоси аврупои гузаштаанд, вале ба он унсурхои муайяни миллӣ –тоҷикӣ (матоҳои атласу адрас, чакандӯзӣ) аксаран дохил мешаванд ва ин яке аз марҳалаҳои тағйири либоси миллии тоҷикон ҳисобида мешавад.

Либоси муосири аҳолии Тоҷикистон ниҳоят гуногунранг аст. Ҷавонони шаҳрӣ ва қисман деҳот, махсусан дар байни зиёиён, бо мӯди навтарини аврупои ва миллӣ либос ба бар менамоянд; занҳои миёнасол бештар либоси миллиро авлотар медонанд; пиронсолон, бахусус занони деҳоти дурдаст, либосҳои кӯҳнаи анъанавиро нигоҳ медоранд, аммо ҳоло ба либоси онҳо низ унсурҳои алоҳидаи либоси бегона, хусусан либосӣ болопӯш (ба ҷойи ҷомаю камзул - жемпер, пальто, рӯймоли пашмӣ), яъне «аврупоӣ» мавриди истифода қарор гирифтааст. Аммо дар маросимҳои тую азодорӣ қисми зиёде одамон либосҳои анъанавиро аз бар мекунанд.Ва либосҳое, ки ҳоло пиронсолон мепӯшанд, қаблан ҳама аз рӯи рангҳо ва матоҳо низ фарқ мекарданд. Ҳамзамон мавҷудияти либосҳои хоси марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ба мо имконияти бебаҳо барои мушоҳидаи бевоситаи либосҳои мардумии давраҳои гуногуни таърихиро фароҳам оварда, омӯзиш ва тарғиби либоси миллиро дар замони муосир ба роҳ мондан зарур аст.

Тағйирот дар либоси аҳолии шаҳр ва деҳот ба таври гуногун сурат мегирифт. Аҳолии деҳот намуди анъанавии либоси худро нигоҳ медоранд ва хусусиятҳои либоси қадимиро ҳатто имрӯз дар онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Дар шаҳрҳо, чунин намуди анъанавӣ аз байн рафта истодааст, ки мавҷудияти он дар гузашта танҳо аз хотираҳои пиронсолон омӯхта мешавад. Бо вуҷуди ин, аҳамияти тадқиқоти намудҳои либоси аҳолии кишварро нодида гирифтан мумкин нест. Бояд қайд кард, ки намунахои олитарини либоси миллӣ дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон - Бухорову Самарқанд офарида шудаанд. Ҳолон аз замонҳои қадим намудҳои либосҳои мардумӣ маҳз дар шаҳр инкишоф ёфта, баъдан дар деҳот паҳн шуданд.

Гузаронидани як катор чорабиниҳо бо мақсади барқарор намудани матоҳои миллии истеҳсоли ватанӣ – атласу адрас, чакан ва матоҳои пахтагини мавсимии либоси миллӣ дар саросари кишварамон, хеле бамаврид мебошад. Фурӯши матоҳо ва тарроҳии ғайри миллӣ аз байн бурда шавад.

Шовалиева М-мардумшинос, н.и.т., ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Сафоева Б.-лаборанти калони Институт