Skip to main content

27-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе маҷлиси нахустини Ситоди марказии пешазинтихоотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории он аъзои Ситод, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гурӯҳи номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва дигар фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Ҷаласаро Сардори Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Неъматзода Маликшо Маҳмадшо кушода, таъкид дошт, ки ибтидои соли 2025 дар кишвари мо маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2024 ба тасвиб расида, мутобиқи он санаи 2 марти соли 2025 Рӯзи Интихобот муайян гардидааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омодагиро ба ин маъракаи сиёсӣ ҳануз аз нимаи аввали соли равон оғоз намуда, вобаста ба он дар асоси дастуру тавсияҳои Раиси муаззами хеш як қатор корҳои муҳиму мушаххасро амалӣ гардонидааст. Анҷумани 15–ум, ки таҳти Раёсати Раиси муаззами ҳизб, санаи 18 декабри соли равон баргузор гардид муҳимтарин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод, ки асоси онро омодагӣ ба Интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар бар мегирад. Маҳз дар ҳамин Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки фарогири тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад, тасдиқ гардида, ҳизб номзадҳои худро ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ низ пешниҳод намуд.

Дар асоси рузномаи маҷлис сохтори Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи фаъолияти Ситоди марказии пешазинтихоботӣ дар давраи маъракаи пешазинтихоботии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, нақшаи баргузории маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ, тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин барои таблиғотчиён тавсияҳои Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардид.