Skip to main content

Parvina

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи рушди низоми иқтисоди инноватсиониро пеш гирифтааст. Қобили зикр аст, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф ба ҳукми анъана даромада, дар он ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои мубрами илми муосир, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, масъалаҳои бо сифат ва самаранок тайёр ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар кишвар баррасӣ карда мешаванд.

Мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф, ки санаи 30 майи соли 2024 дар Кохи пуршукӯҳи Ваҳдат баргузор гардида, аз мулоқотҳои пештара куллан фарқ намуда, фарқияти ин дар он зоҳир мегардид, ки ба масъалаҳои рушди илм ва ҳамгироии он бо иқтисодиёти кишвар, нақши илм дар амалигардонии чор ҳадафи стратегии кишвар, пеш аз ҳама дар саноатикунонии босуръат аҳамияти бештар дода шуд.

Дар самти рушди иқтисодии кишвар аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд, ки он дар амалишавии чаҳор ҳадафҳои стратегии иқтисодии кишвар ба монанди таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони босуръат инъикоси худро ёфтааст.

Имрӯз, вақте, ки ҷаҳон дар гирифтори буҳронҳо ва бархӯрдҳои пайдарпайи ҷаҳонӣ қарор дорад. Аз ҷумла гармшавии иқлим, буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, илм бояд чун васила ё механизми рушди иқтисодиёти кишвар, дар самти “иқтисоди сабз” хизмат кунад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки дар ин самт олимон минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки барои ноил шудан ба ин мақсадҳои олӣ омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешқадам, аз ҷумла давлатҳое, ки даҳсолаҳои охир ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ноил гаштанд, ба монанди Хитой, Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва дигарҳо мувофиқи мақсад мебошад. Яке аз омилҳои асосие, ки ба рушди иқтисодии ин кишварҳо мусоидат намуд.  Ин ҷидди омӯхтани талаботи бозори ҷаҳонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мебошад. Имрӯз тамоми заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар масъалаи татбиқи илм дар истеҳсолот аз ҷониби давлат таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» ва таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад. Аз ин рӯ, зарурати босамар татбиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ва дарёфти механизмҳои татбиқи илм дар истеҳсолот метавонад барои таъмини пай дар пайи рушди истеҳсолоти маҳсулоти ивазкунанда, дар кишвар замина гузошта, ба рушди иқтисодиёти инноватсионии моливазкунанда мусоидат намояд. Дар навбати худ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Унсури калидии низоми рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, захираҳои инсонӣ ё ба истилоҳи дигар сармояи инсонӣ мебошанд, ки барои ташаккул ва идоракунии низоми иқтисодиёти кишвар дар ҳамаи сатҳҳо сафарбар карда мешаванд. Яке аз омилҳои пешравии иқтисод ин захираи инсонии давлат ба ҳисоб меравад. «Захираҳои инсонии кишвар ин боигарии зеҳниву касбии давлат ба ҳисоб меравад. Аз сатҳи баланди донишу касбии захираҳои инсонии кишвар, рушди бевоситаи иқтисодӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ омода намудани мутахассисони баландихтисос, пеш аз ҳама аз ҳисоби олимони ҷавон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, маориф ва фарҳанг сабаби боиси пешрафти кишвар гардад. Ҳамчунин, аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки тарбия намудани наврасону ҷавонони боистеъдодро на фақат тавассути озмуни «Илм – фурӯғи маърифат», балки бо роҳи ташкили дигар озмунҳо, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат, дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм низ амалӣ карда шавад».

Дар ҷаҳони муосири босуръат рушдёбанда рушди иқтисодиётро дар давлат бе истифоди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки имрӯз амалан дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти давлат, ҷомеа ва инсон истифода мешаванд, тасаввур кардан имконнопазир аст. Инчунин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияи “зеҳнии сунъӣ”, ки рушди онро бе рушди илми муосир ғайримконпазир аст, истода гузаштанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ ишора намуда, ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф дарҷ гардид ин рушди иқтисодиёти сабз дар кишвар мебошад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёт яке самтҳои афзалият дар сиёсати рушди иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли 90 % - и  неруи барқӣ дар кишвар, ин нерӯи сабз ба ҳисоб меравад, инчунин ҷори намудани имтиёзҳои гумрукӣ барои ворид намудан ба кишвар электромобилҳо, бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушд додани инфраструктураи нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе яке аз дастовардҳои беназир дар самти рушди иқтисоди сабз дар кишвари мо ба ҳисоб меравад. Бо назардошти афзалияти низоми иқтисоди сабз дар рушди иқтисоди миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки корҳои илмӣ таҳқиқотӣ дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» густариш дода шаванд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуданд.

Ҳамин тавр, яке аз вазифаҳои асосии олимон – ин ташаккули ҷомеаи мутамаддини аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда мебошад. Барои ташаккули чунин ҷомеа, танҳо эъломи он нокифоя аст. Барои амалӣ намудани он моро мебояд тамоми корҳои илмӣ таҳқиқотиро ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар, аз ҷумла дар самти рушди иқтисоди инноватсионӣ, истифодаи технологияҳои навтарини муосир, рушди нерӯ, захира ва сармояи инсонӣ, пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши роҳҳо рушди иқтисоди сабз, дар кишвар ҷонок намуда, ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоӣ илмӣ, баланд бардоштани маърифати аҳолии кишвар, такмил додани бештари касбияту дониш ва таҷрибаи худ чораҳои заруриро андешем.

 

Нематова Парвина – номзади илмҳои иқтисодӣ,

Мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти

Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон