Skip to main content

21Ироа гардидани Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа дар фарҳанги давлатдории тоҷикон ба як ҷузъи таркибӣ ва басо муҳим табдил ёфтааст ва дар иҷрои корҳои созанда, рушди соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, илму маориф, тандурустиву муносибатҳои байналмилалӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, дастгирии омӯзгорон ва тақвияти инфрасохтори таълимӣ ва рушди соҳаи илму маориф диққати махсус зоҳир мегардад.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ рӯ овардан ба илму маориф яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёми худ вазъи соҳаи илму маорифро мавриди таҳлил қарор дода, дар ин росто, бо мақсади боз ҳам рушди соҳа ба масъулон иҷрои дастуру супоришҳои мушаххасро вазифадор менамоянд.

Дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат соҳаи илму маорифро як самти асосӣ ва стратегӣ дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ намуданд.

Бояд возеҳу равшан қайд намуд, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ибтикори созандаву иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифи Тоҷикистон бо суръати тамом рӯ ба инкишоф ниҳод.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат андешаҳои дар паёмҳои пешина иброздоштаашонро такмил дода, чунин зикр намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф маблағҳои зиёдеро ҷудо менамояд. Тавре ки дар Паёми имсола дида шуд, Сарвари давлат барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Ба мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад. Сари ин масъала Сарвари давлат ба вазоратҳои маориф ва илм, молия, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш доданд, ки доир ба ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф далели бебаҳси таваҷҷуҳ ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар паёми имсолаи худ Сарвари давлат аз баланд бардоштани музди меҳнати кормандони сохторҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи илму маориф мужда расонида қайд намуданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ возеҳу равшан иброз намуданд, ки «мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсил, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем». Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «маориф ояндасози миллат аст ва рушди он мустақиман ба пешрафти тамоми соҳаҳо вобаста аст».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Соли равон бо саъю талошҳои ҷумҳурии мо қабул шудани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027, ҳамоиши байналмилалӣ зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) ва дигар арзишҳо мавқеи тамаддунии тоҷиконро дар ҷаҳон боз ҳам устувор намуданд».

Президенти кишвар барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллат ва муаррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ минбаъд низ ба мақомҳои дахлдори соҳа супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки барои ворид намудани онҳо ба рӯйхати ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, аз саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, хоса илми мусиқӣ ва кӯшишҳо ба харҷ додани ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ хотиррасон шуданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз хизматҳои таърихии ниёгони тоҷикон - ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ аз фалсафаи Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон бо далелҳои асоснокшудаи илмӣ сухан гуфтанд. Ба таъкиди Сарвари давлат, ин ҷашнҳо асоси худшиносии миллӣ ва ҳувияти таърихии моро таҷассум менамоянд. Яъне, ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ҷашнҳои муқаддас дар роҳи пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми шоиста гузошта, бо анҷоми амалҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ ва рафтори шоиста фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва асолати миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Аснои суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳоро манзури иштирокдорони чорабинӣ карданд, аз ҷумла пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” табдил дода шавад.

Инчунин, ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас андешанд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Таҳлилҳо ва арзёбиҳои хеле равшану амиқи масоили номбурда бори дигар аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа роҳнамоест, ки масъулият, азму ирода, садоқат ба Ватан, худшиносӣ, ободкорию созандагӣ ва пешрафтро аз ҳар яки мо тақозо менамояд.

Хайёл Бобоев-доктори илмҳои таърих, сарходими илмии Шӯъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон