Skip to main content

Имрӯз, 26 май бо ишитироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону коршиносон дар Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки таъсиси озмоишгоҳи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 407 дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ба истиқболи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо равона гардидааст.

Зимни ифтитоҳ ба роҳбари академия иттилоъ дода шуд, ки Озмоишгоҳи низоми миллии иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксҳои моҳворагии сифати баланд ва дақиқияти боло пиряхҳо таҳқиқ намуда, масоҳати онҳоро дар давраи интихобшуда барои ҳар як ҳавзаи пиряхӣ муайян менамояд. Инчунин аз рӯи муқоиса маълумоти сарфи об ва маълумоти метеорологии боришот ва ҳарорат равандҳои ташаккулёбӣ ва таназулёбии пиряхҳо муайян карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки дар озмоишгоҳи мазкур равандҳои динамикии пиряхҳои набзонии Тоҷикистон ва кӯдҳои пиряхӣ таҳқиқ шуда, моделронии ташаккулёбии минбаъдаи онҳо амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон бо мақсади дақиқ муайян кардани равандҳои криосфера бо истифода аз дастгоҳҳои худпарвозӣ бесарнишин ва таҳқиқоти саҳроӣ низ чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.