Металлургияи ранга - як соҳаи муҳими саноати вазнин буда, процессҳои ҳосил ва бойгардонии маъдан, истеҳсолу коркарди металлҳои ранга ва хӯлаи онҳо, инчунин ҳосил кардани алмосро дар бар мегирад. Металлургияи Ранга дар баробари истеҳсоли металлҳо ва хӯлаи онҳо маҳсулоти прокату мошинавӣ, хӯлаҳои сахт, хокаи металлҳо, намакҳо ва пайвастҳои гуногуни металлҳои ранга, металлҳои нодиру асил, химикатҳо низ ҳосил мекунад.
Металлҳои ранга ва хӯлаи онҳо дар саноати мошинсозӣ, тайёр намудани асбобҳо, саноати электрикӣ, радиотехникӣ, электроника, техникаи атомӣ, дар биологияю тиб аҳамияти калон доранд. Истифодаи васеъи металлҳои ранга махсусан дар асри 20 боиси тараққии босуръати Металлургияи Ранга гардид. Дар маъдани металлҳои ранга одатан миқдори металли асосӣ ниҳоят кам аст. Танҳо маъдани алюминий, магний ва титан 10—30% металл дорад. Хусусияти хоси маъдани металлҳои ранга дар он аст, ки ба ғайр аз металлҳои асосӣ (мис ё сурб) металлҳои рангаи дигар низ дорад.
Маъданро вобаста ба хусусият ва шароити ҷойгирӣ бо усулҳои кушод, зеризаминӣ, гидравликӣ ва бо ёрии мошинҳои хокканӣ ҳосил мекунанд. Маъданро баъди кандан бо усулҳои флотационӣ, гравитационӣ, электромагнитӣ, электростатикӣ, химиявӣ ва ғ. аз металлҳои асосӣ бой мегардонанд. То Инқилоби Октябр Металлургияи Ранга дар Россия хеле суст тараққӣ мекард ва захираҳои ашёи хоми он танҳо дар якчанд ноҳия маълум буд. Муассисаҳои истеҳсоли маъданӣ металлҳои ранга ва коркарди онҳо асосан тобеи капитали хориҷӣ буд. Қисми зиёди маҳсулоти Металлургияи Рангаро Россия аз хориҷа мегирифт. Солҳои Ҳокимияти Шуравӣ дар аксарияти ноҳияҳои ИҶШС, аз ҷумла дар Тоҷикистон, конҳои бисёри металлҳои ранга тадқиқ шуда, ҳамаи соҳаҳои Металлургияи Ранга босуръат пеш рафт. ИҶШС аз ҷиҳати захираи ашёи хоми мис, сурб, руҳ, алюминий, қалъагӣ, волфрам, молибден, сурма ва симоб дар ҷаҳон ҳоло ҷои намоёнро ишғол мекунад. Конҳи асосии мис дар РСФСР, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Арманистон, сурб ва рӯҳ дар Қазоқистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Сибир ва Шарқи Дур, ашёи хоми алюминий (бокситҳо) дар РСФСР, РССУ, РСС Қазоқистон, маъдани нефелин дар кишвари Красноярск, нимҷазираи Кольск, дар РССУ., РСС Қазоқистон, РСС Озарбоёҷон, маъданҳои никелу кобалт дар Урал, Қазоқистон, Украина, конҳои қалъагӣ дар ноҳияҳои шарқӣ ва шимолу Шарқии мамлакатамон, молибден дар Кавкази Шимолӣ, Закавказия, Сибири Ғарбӣ, РСС Қазоқистон., симоб дар РССУ, РСС Қирғизистон, дар шимолу ғарбии РСФСР, Украина ва РСС Қазоқистон воқеъ гаштаанд.
Инчунин конҳои бисёри тилло ва металлҳои нодир кашф шудаанд. Саноати Металлургияи Ранга, ки дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуда буд, барқарор гардида, босуръат тараққӣ кард. Дар охири панҷсолаи 2-юм (1937) мисгудозӣ дар ИҶШС нисбат ба соли 1913 3,5 маротиба афзуд, истсҳсоли махсусан сурб, рӯҳ зиёд шуд. Соҳаҳои нави алюминий, никел, қалъагӣ, истеҳсоли металлҳои нодир ба вуҷуд омаданд. Соли 1932 аввалин заводи алюминии Волхово, 1937 заводи Днепровск (Запорожия) ва аввалин заводи никели Уфалйск (дар Урал) ба кор даромад. Ҳанӯз солҳои 5-солаи 1-ум заводҳои мисгудозии Красноуральск, Белово (Сибири Ғарбӣ), заводи рӯҳ дар Константиновск (РССУ) ва ғ. сохта шуданд. Солҳои минбаъдаи панҷсолаҳои пеш аз ҷанг муассисаҳои зиёди Металлургияи Ранга, аз ҷумла заводҳои мисгудозии Карсакпанск ва Балхаш, заводи сурб дар Чимкенти Қазоқистон, як қатор заводҳои мисгудозӣ ва заводҳои дигар (алюминий, рӯҳ, комб. «Южно-урал-никель») дар Урал, Сибир ва Шимол («Североникель»), Кавкази Шимолӣ, Украина ва дигар ноҳияҳои мамлакат сохта шуданд.
Дар солҳои баъди ҷанг Металлургияи Ранга босуръат тараққӣ кард. Соли 1950 истеҳсоли мис, алюминий, никел, рӯҳ, сурб ва дигар металлҳои ранга нисбат ба солҳои пеш аз ҷанг хеле афзуд. Саноати титан ва нимноқил ба вуҷуд омад. Металлургияи мис никелу кобалт, рӯҳу сурб, алюминий, қалъагӣ, волфраму молибден, тиллою платина, алмос, магний, симобу сурма, металлҳои нодир ва ғ. тараққӣ кард. Як қатор муассисаҳои калону нав, масалан, комбинати никелу миси Норильск, заводхои қалъагии Новосибирск, алюминии Богословск, Новокузнецк (вилояти Кемерово), комбинати рӯҳу сурби Усть-Каменогорск ва ғ. сохта шуданд. Соли 1960 маҳсулоти умумии Металлургияи Рангаи Иттифоқи Советӣ нисбат ба 1950 хеле афзуд. Дар Ёқутистон яке аз калонтарин дар ҷаҳон маркази истеҳсоли алмос ҳаст. Солҳои 1966—75 ҳаҷми истеҳсоли металлҳои ранга ду маротиба зиёд шуд. Структураи маҳсулоти саноати металлҳои нодир хеле васеъ шуда, истеҳсоли металлҳои нодир ва элементҳои махсусан холис (кадмий, индий, селений, теллур, висмут, рений, германий, галлий ва ғ.) аз худ карда шуд.
Солҳои 70 аз 105 элементҳои химиявӣ 74-тоашро дар маҳсулоти тайёр ва нимфабрикатҳо истифода мебаранд. Инкишофи истеҳсоли металлҳои ранга интенсивонии процессҳои технологӣ, азнавсозӣ ва аз нав таҷҳизонии муассисаҳо ва ба истифода додани қувваҳои навро таъмин менамояд. Комплексҳои калони саноатии дорои дараҷаи баланди концентрация ва махсусгардонии истеҳсолот (комбинатҳои рӯҳу сурби Усть-Каменогорск, комбинатҳои кӯҳию металлургии Норильск, Олмалик, Незказган, Балхаш) ба вуҷуд омаданд. Ҳосилнокии меҳнат солҳои 1966—75 қариб 2 маротиба афзуд.
Металлургияи Рангаи Тоҷикистон асосан муассисахои муштараки цикли нотамоми металлургӣ ва концентратҳои коркардабарориро муттаҳид менамояд. Як қатор фабрикаҳои бойгардонии маъдан, муассисаҳои ҷустуҷӯю эксплуатацнонии «Тоҷиктилло» ва заводи гидрометаллургии Исфара мавҷуданд. Дар РСС Тоҷикистон фабрикаҳои коркардабарории рӯҳу cyрб, мису молибден, волфрам, симобу сурма ва маъдани флюоритӣ кор мекунанд. Маҳсулоти истеҳсол шударо ба заводҳои металлургӣ мефиристанд, ба ғайр аз металлҳои асосӣ, инчунин элементҳои нодир ва пароканда низ ҳосил менамоянд. Заводи гидрометаллургии Исфара концентратҳои целистийро бе бойгардонии пешакӣ ҳосил мекунад. Фабрикаҳои истеҳсоли волфрам ва сурма, идораҳои маъданӣ Чоруқдарон (1942), Челав (1945), кони Майхура (1943) ва комбинати Анзоб (1945) асосан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохта шудаанд. Нишондиҳандаҳои технологии аз маъдан ҷудо кардани компонентҳои гаронбаҳо баробари муассисаҳои пешқадами Иттифоқи Советӣ мебошад. Дар фабрикаи Чоруқдарон флотацияи мис, молибден, волфрам ба амал бароварда мешавад. Дар ин ҷо усули аввалин бор дар ИҶШС коркардашудаи ишқоронии маҳсулоти мобайнӣ бо кислотаву сода истифода мешавад, ки дар натиҷа баробари концентратҳои аълосифат молибдат, волфрамати калций, сулфати барий низ мегиранд. Комбинати кони Анзоб яке аз калонтарин муассисаҳои мамлакат оид ба коркарди маъданҳои симобу сурма мебошад. Истеҳсоли рӯҳ, сурб, мис, висмут дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби васеъ намудани кори заводи сурбу рӯҳи Адрасмон зиёд карда мешавад, ки базаи ашёи хоми он кони шарқи Конимансур мебошад. Саноати истеҳсоли тилло ба корхонаҳои «Тоҷиктилло» вобаста аст. Дар он ба таври автоматӣ аз маъданҳои кварцӣ маҳсулоти тиллодор ва аз он минбаъд тилло мегиранд. Соли 1972 дар ҷумҳурӣ бори аввал бо усули драга (мошини хокканӣ) ҷудо кардани тилло cap шуд.
Аз соли 1969 истеҳсоли симоб бо роҳи сӯзондани маъданҳои симоб дар кураҳои мудаввари чархӣ инкишоф меёбад. Истифодаи саноатии ашёи хоми магний конҳои Тоҷикистон бо мақсади истеҳсоли металли магний дар заводи электрохимиявии Ёвон амалӣ мегардид. Дар Тоҷикистон заводи алюминийи Тоҷикистон (ш. Турсунзода) пурра ба кор даромад. Завод технологияи истеҳсоли алюминийро дар асоси комёбиҳои навини илму техника ба роҳ мондааст.
Адабиёт:
Беляев А.И., Металлургияи металлҳои сабук. М., 1070; Савицкий Б.М., Клячно В., Металҳои давраи кайҳонӣ, М., 1972; Эликман А.Н., Меерсон Т.А., Металлургияи металлҳои нодир, М., 1973.
Ҷайлоев Ҷамшед Ҳусейнович - номзади илмҳои техникӣ, пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Худойбердизода Саидмири Убайдулло - номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 28 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф: вазъият ва дурнамо» бо иштироки олимону муҳаққиқони Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки илм ва маориф қувваи пешбарандаи пуриқтидор мебошанд, ки устувории миллӣ, рушди иқтисодӣ ва ғановати маънавии ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳамеша хуб дарк мекарданд, ки бе илм пешрафт имконнопазир аст ва бе маориф — оянда вуҷуд надорад.
Таъкид гардид, ки халқи мо аз азал олимон, андешамандон ва маърифатпарваронро эҳтиром мекард. Мо бо ифтихор анъанаҳои Ибни Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ ва дигар донишмандонеро идома медиҳем, ки бо ақлу хирад ва инсондӯстии худ харитаи зеҳнии ҷаҳонро шакл додаанд. Дар ҳамин роҳи таърихӣ Русия ҳамеша шарики наздик, дӯсти боэътимод ва ҳамсафари мо дар роҳи маърифат ва созандагӣ будааст ва боқӣ мемонад.
Гуфта шуд, ки робитаҳои илмии мо бо Федератсияи Русия решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Ҳанӯз аз даҳаҳои аввали асри XX олимони тоҷик ва рус дар паҳлӯи ҳам барои таҳқиқи захираҳои табиӣ, мероси фарҳангӣ, таърих ва забони халқи мо заҳмат мекашиданд. Бо шарофати ин ҳамкорӣ даҳҳо институт, озмоишгоҳ ва марказҳои таълимӣ таъсис ёфтанд. Имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки ҳамкориҳои байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Русия — пули дӯстӣ ва ғановати мутақобилан устувор, зинда ва дар ҳоли рушд мебошанд.
Зикр гардид, ки ҳазорон донишҷӯён, аспирантон ва мутахассисони ҷавони мо дар донишгоҳҳои бонуфузи Русия таҳсил намуда, технологияҳои муосир, усулҳои илмӣ ва равишҳои нави педагогиро меомӯзанд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷавонони рус таҳсил мекунанд, ки ба фарҳанг, забон ва таърихи кишвари мо таваҷҷуҳ доранд. Ин намунаи равшани он аст, ки маориф метавонад пули дӯстӣ миёни наслҳо ва халқҳо гардад. Имрӯз, дар замони тағйироти босуръати технологии ва геополитикӣ, барои мо уфуқҳои нави ҳамкорӣ боз мешаванд.
Қайд гардид, ки ҷаҳон ба давраи зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои “сабз” қадам мегузорад. Аз он вобаста аст, ки ҷомеаҳои илмии мо то чӣ андоза босуръат ва самаранок ба ин раванд ҳамроҳ мешаванд, то рақобатпазирии кишварҳои мо таъмин гардад. Маҳз аз ин рӯ, ман итминон дорам, ки замон аз мо фалсафаи нави ҳамкории илмиро талаб мекунад — на танҳо мубодилаи натиҷаҳо, балки таъсиси экосистемаҳои муштараки таҳқиқотӣ, ки дар онҳо дониш, навоварӣ ва сармояи инсонӣ ба арзиши умумӣ табдил меёбанд.
Дар идома Григорьев Семён Вячеславович, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Валентина Вячеславовна Комлева, ҷонишини директори Институти тадқиқоти илмии тараққиёти алоқа, доктори илмҳои иқтисодӣ, Раҳими Шараф Абдукарим, сардори Раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқон дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои илмӣ ва маорифӣ маърӯзаҳо ироа карданд. Зикр гардид, ки рушди илму маориф омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии байни ду давлат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки қисмати дуюми Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф: вазъият ва дурнамо» дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он олимону муҳаққиқони Тоҷикистон ва Русия доир ба мавзуҳои гуногуни илмӣ маъруза намуданд.
Имрӯз, 27 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Италия бо ҳайати ниҳоди байналмилалӣ – Ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия, ҷаноби Федерико Фаилла мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи барномаҳои муштараки илмиро баррасӣ намуданд. Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид доштанд, ки рушди илму технология омили муҳим дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мебошад ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия ҳамкориҳои судманд ба роҳ монад.
Ҷаноби Федерико Фаилла низ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар оянда бо ҷалби олимон ва марказҳои илмии ду кишвар лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, семинару конфронсҳои илмӣ ва табодули донишмандон роҳандозӣ мегарданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар самтҳои энергетика, экология, астрономия, геология, зилзиласанҷӣ ва илми биотехнология муҳокима намуданд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои густариши робитаҳо миёни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ҳар ду кишвар меморандуми нави ҳамкорӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад.
Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои илмӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистон ва Италия изҳор намуданд.
Имрӯз, 24 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи савдои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Леонидович мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки фаъолияти ширкати IRP Technology ба соҳаи энергетика равона гардидааст, ки ҳадафи асосии он ҷалби сармоя ва истифодаи технологияҳои муосири русӣ барои рушди неругоҳҳои барқароршаванда, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва дастгирии иқтидорҳои илмӣ-техникии мутахассисони тоҷик мебошад.
Зикр гардид, ки ба наздикӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома дар бораи таъсиси боғи саноатӣ ба имзо мерасад. Дар ҳамин росто, таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад дар доираи ин ташаббус дар таҳияи асосҳои илмӣ-техникӣ, арзёбии иқтидорҳои истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои нав ва омӯзиши кадрҳои тахассусӣ саҳмгузор бошад.
Гуфта шуд, ки пас аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, мумкин аст намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин барномаҳо шомил карда шаванд, то бо донишу таҷрибаи илмии худ дар таҳияи лоиҳаҳо, арзёбии асосҳои илмӣ-техникӣ ва татбиқи технологияҳои нав саҳм гузоранд.
Ин иқдом ба тақвияти робитаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, инчунин фаъол гардидани ҳамкориҳои амалии байни муҳаққиқони тоҷик ва мутахассисони рус мусоидат хоҳад намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои энергетика, илм, астрофизика ва экология, инчунин дар самти таҳқиқоти муштарак, мубодилаи таҷриба ва омодасозии кадрҳои баландихтисос изҳор доштанд.
Конфронс. САҲМИ ФАЙЛАСУФ, ТАБИБ ВА КИМИЁШИНОС АБУБАКР МУҲАММАД ИБНИ ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ДАР РУШДИ ИЛМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз, 24 октябр дар толори Раёсати Аадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар таҳти унвони «Саҳми файласуф, табиб ва кимиёшинос Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар дар тули ҳазорсолаҳо бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии фарзандони хирадманди миллат - фарҳанг, тамаддун ва имлу маърифати сарзамини хешро ҳифз кардаанд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати истиқлоли кишвар, мо имруз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатии моро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавонад ба марҳалаи дурахшон ва пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд, ки имконияти хуби шинохт, арҷгузорӣ ва ба наслҳои оянда интиқол додани беҳтарин комёбиҳои илму фарҳанги ниёгонро фароҳам овардааст.
Гуфта шуд, ки яке аз ин гуна чораҳои муҳим бо Амри Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами АП-713, соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил кардани санаи муҳими таърихӣ, 1160-умин солгарди Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат омухтани руйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабиро доимо таъкид карда ва аз миллат тақозои дарёфту ҳифзи решаҳои худро гузашта, эҳсос кардани пайванди ногусастанӣ бо онҳо, ба хотири номуси ватандорӣ, ном ва корномаҳои гузаштагони шарафманди миллат, аз нав зинда гардонидан ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф заданро менамоянд. Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кулоб, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ - Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, ба ҳар як шаҳрванди кишвар эҳдо намудани китобҳои ҳувиятсози “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким мебахшанд.
Пешвои миллат дар китобашон “Чеҳраҳои мондагор” ба ҳамин хотир таъкид кардаанд, ки “Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷуҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст”.
Ёдовар мешавем, ки Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аз ҷумлаи мутафаккирони саршумори даврони Сомониён (865-925) ба ҳисоб меравад, ки дар илм ва фарҳанги Авруосиёи таърихиву муосир мақому мартабаи хоса дошта, ном ва таълифоташ аз асрҳои ХШ то ба имрӯз дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гардидаанд. Ӯ яке аз мубаллиғони қавии хирадгароӣ, илмдӯстӣ ва нигоҳи воқеъбинона нисбат ба ҳастӣ буда, барои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, ахлоқи олимон, тарбияи олим часпу талоши таърихӣ анҷом додааст.
Бояд гуфт, ки Абубакри Розӣ яке аз пешоҳангони рушди усули арастуии тафаккури фалсафӣ, татбиқгари мубоҳиса ва музокираҳои илмӣ-фалсафӣ-мантиқӣ дар Шарқ буда, чунин тарзи ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҳақиқатро мақсад ва мароми ҳаёти худ интихоб карда буд. Абубакри Розӣ асосгузор ва инкишофдиҳандаи равияи таҷрибавӣ ва мушоҳидавӣ дар илм аст ва эътиқодманд бар он аст, ки инсон бояд қобилиятҳои фитрии худро дар пажӯҳиш ва ақлоният такмилу сайқал бидиҳад. Ин маъноро ӯ дар асарҳояш «Тибби руҳонӣ» ва «Тибби Мансурӣ» бо далелу бурҳони қотеъ, ки ба мушоҳида ва таҳлилҳои ӯ асос ёфтаанд, меоварад ва шарҳ медиҳад.
Дар идомаи конфронс як зумра аз олимону муҳаққиқон доир ба ҳаёт ва фаъолияти файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ маъруза намуда, хидматҳои ин нобиғаи бузурги миллати тоҷикро дар рушди илмҳои бунёдӣ, гумантиарӣ ва табиию риёзӣ арзишманд ҳисобиданд.
Хониши сиёсӣ. БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҶАҲОНБИНӢ ВА ЗЕҲНИЯТУ ТАФАККУРИ ИЛМИИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН
Имрӯз, 23 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Шурои олимони ҷавон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ курси хонишҳои сиёсии “Сарварони сиёсӣ” баргузор гардид.
Қобили зикри хос аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Зиёев Субҳиддин оид ба фаъолияти пурсамари эшон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ перомуни ҳаёту фаъолияти роҳбариаш ба олимони ҷавон суҳбати озод ва самимиву асоснок анҷом дод.
Дар раванди нишаст директорони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадизода Нозим ва директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Р.Ҷ. роҷеъ ба касбият ва фаъолияти пурсамати академик Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мубоҳисаҳо сурат гирифта иштирокчиёни курс ба маърӯзачӣ саволҳо пешниҳод карданд, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
НАҚШИ НИҲОДҲОИ ҶАЪМИЯТӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ
Имрӯз, 22 октябр дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҷаъмиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар бо иштироки котиби Шуро, роҳбарони идораҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷаъмиятӣ баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Шурои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандест, ки дар фазои сиёсию иҷтимоии кишвар барои тарғибу ташвиқи сиёсати меҳанпарва-ронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятҳои хеле густурдаеро амалӣ гардонида истодааст, ки шоистаи таҳсин ва боиси дастгирию мусоидат мебошанд.
Таъкид гардид, ки баррасии мавзуи мероси таърихӣ ҷиҳати собит намудани миллату кишвари бостонӣ будани Тоҷикистон дар доираи Шурои ҷамъиятӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро мерocи тaърихию фaрҳaнгии хaлқи тoҷик пoяи acocии ҳувияти миллӣ вa oинaи рaвшaни тaърихи дaвлaтдoрии мocт. Ҳaр як ёдгoрии тaърихию фaрҳaнгӣ, ҳaр як ocoри бocтoнӣ вa ҳaр як ocoрхoнaи кишвaр нa тaнҳo як нигoрaи гузaштa, бaлки рaмзи пoйдoрии мaънaвӣ вa шoҳиди зиндaи тaмaддуни ҳaзoрcoлaи тoҷикoн acт.
Гуфта шуд, ки дар дaврoни coҳибиcтиқлoлии кишвaр, тaҳти cиёcaти фaрҳaнгпaрвaрoнa вa дурбинoнaи Acocгузoри cулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвoи миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн, муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoн, coҳaи ҳифз, тaҳқиқ вa эҳёи ёдгoриҳoи тaърихию фaрҳaнгӣ бa як бaхши муҳими cиёcaти дaвлaтӣ тaбдил ёфт. Caрвaри дaвлaт aз рӯзҳoи нaхуcтини иcтиқлoл бo дaрки aмиқи aрзишҳoи миллӣ, ҳифзи ёдгoриҳoи тaърихирo ҳaмчун рукни уcтувoри худшинocии миллӣ вa зaминaи рушди дaвлaтдoрӣ aрзёбӣ нaмудaaнд.
Зикр гардид, ки дaр дaвoми зиёдa aз cе дaҳcoлa, caдҳo мaвзеъҳoи тaърихӣ, ocoрхoнaҳo вa мaркaзҳoи фaрҳaнгӣ aз нaв эҳё гaрдидa, кoрҳoи илмию тaдқиқoтӣ вa бaрқaрoрcoзӣ дaр дaҳҳo ёдгoрии муҳими кишвaр вуcъaт пaйдo кaрдaнд. Мaҳз бo тaшaббуcи Пешвoи миллaт, coли 2001 Ocoрхoнaи миллии бocтoнии Тoҷикиcтoн дaр нaзди Aкaдемияи миллии илмҳoи Тoҷикиcтoн тaъcиc ёфт. Ин муaccиca нaхуcтин мaркaзи илмӣ вa нaмoишии кишвaр гaрдид, ки тaмoми нигoрaҳoи бocтoнии Тoҷикиcтoнрo aз дaврaи caнг тo acрҳoи миёнaи тaъхир ҷaмъoвaрӣ вa муaррифӣ менaмoяд.
Қайд гардид, ки дaр ocoрхoнaи мaзкур имрӯз ҳaзoрҳo нигoрaи тaърихӣ, ки дaр тӯли 80 coли ҳaфриётҳoи бocтoншинocӣ бa дacт oмaдaaнд, ҷoй дoдa шудa, oн бa як мaркaзи oмӯзиш, тaҳқиқ вa тaрбияи эҳcocи худшинocӣ дaр миёни нacли ҷaвoн тaбдил ёфтaacт. Дар ифтитoҳи расмии ин даргoҳи илмӣ-фарҳангии кишвар Пешвoи миллат суханoни пурмуҳтавo ва муассир баён намуда, таъкид карданд, ки “Халқе, ки аҷдoди худрo қадр мекунад ва гузаштаашрo ҳифз менамoяд, oяндаи нек дoрад”. Ин гуфтаҳo дар барoбари масъулияте, ки мo бoяд дар ҳифзи мерoси аҷдoдӣ ба дӯш гирем, амри иҷрoиест, ки ҳар як шаҳрванд бoяд бo эҳтирoм ва масъулияти баланд oнрo ба ҷo oранд.
Дар идомаи ҷаласа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод - мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шарифзода Манучеҳр Муртазо - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурзода Исфандиёр Шукур - муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимзода Зиёдулло Нусратулло- муовини раиси Кумитаи рушди сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Шералӣ Раҷаб -директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Зафаршо Сафо - директори муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ба номи Камолиддин Беҳзод доир ба масъалаҳои мубрам, ки дар рӯзномаи ҷаласа қайд гардидааст маъруза намуданд.
ҶАЛАСАИ СИТОДИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД
20 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун ва дигар сохторҳои дахлдор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бевосита таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Соли 2025 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун, бедор намудани завқи эҷодкориву кашфиёт дар ниҳоди довталабон дар озмун номинатсияи нав - «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд.
Сипас, вазири маориф ва илм доир ба натиҷаи ҷамъбасти даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар соли 2025 маълумот пешниҳод намуда, миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси самтҳои техникиву технологӣ ва ихтироъкориву барномасозиро аз нишонаҳои мусбати рушди муҳити илмӣ дар кишвар арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки натиҷаи ҷамъбасти даври сеюми озмун нишон дод, ки ҳамагӣ 667 нафар довталаб, аз ҷумла, 227 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типпи нав, 183 нафар донишҷӯ, 41 нафар намояндагони касбу кори гуногун ҳамчун ғолиб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар даври сеюми озмун нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1275 нафар довталаб зиёд иштирок намуданд.
Вазир таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду нумуи соҳаи илму маориф кӯшиш ба харҷ дода, дар баробари пешбурди самтҳои фаъолияти соҳа, ҳамчунин ҷиҳати шаффоф ва ҷавобгӯ ба талаботи Низомнома баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамарӯза тадбирҳои судманд андешида истодааст.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки даври ҷумҳуриявии озмунро низ бо риоя намудани шаффофият ва дар сатҳи баланд бо истифода аз озмоишгоҳҳои замонавии дорои шароити хуби корӣ баргузор намояд.
Гуфта шуд, ки марҳилаи чоруми озмун муҳимтарин зинаи он маҳсуб меёбад, зеро дар он танҳо иштирокчиёне ғолиб мегарданд, ки дар марҳилаи сеюм дониш, маҳорат ва қобилияти зеҳнии худро ба таври шоиста нишон додаанд. Аз ин рӯ, баргузории он бояд дар фазои комилан шаффоф, бо риояи талаботи қатъии Низомномаи озмун, бо иштироки ҳайати ҳакамони тахассусманд ва ба таври пурра наворбардорӣ гардад, то баҳои додаи ҳакамон асоснок ва қобили қабул барои иштирокчиён бошад.
Дар идома миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими заминаҳои ташкилии озмун пешниҳодҳои судманд ироа гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин озмуни муҳимми илмӣ, даври чоруми он тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори умум ба таври густурда таблиғ ва бозтоб ёбад.
Дар анҷом, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута барои дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани озмун супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶАЛБИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 19 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушоди»- и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, олимону кормандон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Ба кори ҳамоиш мудири шуъбаи кор бо хонандагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Садриддинов Манучеҳр ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст.
Таъкид гардид, ки тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад. Дар ин росто, ҳадафи баргузории “Рӯзи дарҳои кушод”-и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем”. “... ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.
Гуфта шуд, ки имсол 54 сол аз фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон пур мешавад, яъне шуруъ аз 4 декабри соли 1971 ҳангоми таъсиси Академияи хурд натиҷаҳои назарру қонеъкунанда аз ҳисоби корҳои илмию таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида гардида истодаанд.
Зикр шуд, ки асоси кор ва фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро бахшҳои ихтисосӣ, маҳфилҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагон ва Сессияҳои илмии аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар пояи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин лиҳоз, миннатдории Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.
Боиси хушҳолист, ки алҳол 13 бахшҳои ихтисосии Академияи хурди илмҳо таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз ҷумлаи онҳо, математика, информатика, нанотехнология, астрофизика ва кайҳоншиносӣ, физика, химия, биология, иқтисодиёт, гидрохимия, тиб, ҳуқуқ, генетика, таърих ва бостоншиносӣ, география, биоэкология, биохимия, биологияи молекулавӣ ва биотехнологияро метавон номбар намуд. Ҳамчунин, ҳангоми зарурат доштан, Академияи хурди илмҳо метавонад бахшҳои дигари илми муосирро низ дар мувофиқа бо Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис диҳад.
Мақсад ва ҳадафи асосии баргузории “Рӯзи дарҳои кушод”-и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ин ҷалбу бедор намудан ва бохабар шудан аз корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ натанҳо дар маҷалаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷалаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маърӯза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурд мебошад. Дар раванди таълим ҳамасола аз бахшҳо маърӯзаҳои илмӣ-назариявӣ дар назди тамоми таълимгирандагон ва олимону меҳмонон иштирок дошта, хонандагони боистеъдод маърӯза менамоянд ва баҳсҳои илмӣ ва саволу ҷавоби мушаххас баргузор мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорони хонандагон барои фаъолити пурсамарашон дар тарбияи насли наврас, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои мавҷуда бо шуъбаи кор бо хонандагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо Сипосномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон як зумра аз хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соҳиб шаҳодатномаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро соҳиб гардиданд.