(эссе)
Дуруд ба Шумо модарҷони ширину ғамгусорам, эй олиҳаи умри зебои инсонӣ, эй сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, дар ин рӯз шуморо васфу ситоиш дорам, аммо зебоӣ, доноӣ ва шабзиндадории шуморо қудрати пурра баён кардан надорам, зеро Шумо аз ҳам тавсифҳо болотаред. Ай фариштаи осмонии рӯзгор, соҳиби дару девори зиндагию диёр ва нахустин устоди аҳли башар, шуморо ҳамеша парастиш дорам ва ситоишиатонро то ба сурайё ба гӯши малаку фалак мебарам ва медонам ин ҳам бароятон модарҷон кам аст.
Имрӯз Рӯзи модарон, ҷашни хоҳарон, иди дилбарон аст ва дар ин рӯз ҳама ҷавонмардони кишварамон ба истиқболи Рӯзи модарон камари ҳиммат баста, бо гулу гулдастаҳо онҳоро шодбош мегӯянд, ки ин ифтихору имтиҳони фарзандии мост.
Медонам, модарҷон ин ҷашн барои миллати мо хеле бузргу муқаддас аст, ки Рӯзи модарон бо омад – омади ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар пайвандӣ таҷлил мегардад, шояд ин барои мо фоли нек бошад. Хурсандиовар аст, ки дар ин айём иззату эҳтиром ва посдории макому манзалати модарон чун ҳамеша, боз дучанд мегардад.
Модарҷон, афсус мехӯрам ва медонам, ки шумо дигар ба салому садои ларзони ман ҷавоб намегардонед, вале ман ҳамеша бо умед бароятон дуову дуруд мефиристам, ки дилам таскин ёфта бошад. Очаҷон, то ҳанӯз садои гарму ширин ва умеду орзуҳоятро ба гӯш дорам. Худоё, кош модарҷонам садои қалби мани танҳоро мешунид ва медид, ки чӣ гуна дили нозуку маҷрӯҳ дорам. Вале афсус, ки ин номумкин аст. Агар модарҷонам мебуданд , ман дигар танҳоии марди танҳоро ҳис намекардам ва шояд сирри нуҳуфтаи диламро каме ҳам кушода метавонистам. Аммо афсус…
Модарҷони азиз, Шумо дар кӯҷоед, ки мо ҳама имрӯз бузург гаштаем, фарзандонамон ҳам бузург шудаанд. Аммо ман барои Шумо чуноне, ки будам, ҳамонам. Бе муболиға бо ҳамон хислатҳои пешина, маро мешиносанд. Шумо дуруст мегуфтед, ки «ман бо ин хислату андеша ба куҷо мерафта бошам, ки дили хеле кӯдакона дорам». Худоё, кош Шумо лаҳзае омада медидед, ки чӣ гуна мӯйҳои марғулаи сипсиёҳам ранги сафеди барфӣ гирифтаанд. Дастону бозувону шонаҳои паҳлавониям шакли дигар доранд, чӣ илоҷ , инсон бо мурури замон тағйир меёфтааст. Аммо меҳри Шумо модари азизам, дар қалбам ҷовидонӣ боқӣ ва бетағйир мондааст. Ҳанӯз ҳам, модарҷон, шуморо ёд мекунам ва дӯст медорам, мисли тифли кӯчаке, ки аз навозишҳои модар ҳеҷ серӣ надорад.
Ёд дорам, модарҷон замоне, ки қиблагоҳамба ҳавлиамон ворид мегаштанд, аввалин суханашон «Модарат куҷост?» буд. Чунин дӯстдориҳо дар дунё хеле кам, вале дили саршори пӯр аз меҳру муҳаббатро ба ҳок бурдан ҳайф ҳам будааст.
Чӣ илоҷ, дӯст доштан ҳам замоне ба поён мерасидаст, аммо ин барои Модар нест, ситоиши Модар бароям ҳамеша кам аст.
Модарчон, оё медонӣ дар мулки мо баҳор омадааст ва
умри мо низ ба ҷойе расидааст, вале то ҳол ашкҳо аз дидаҳоям барои Шумо, нахушкидаанд. Аҷабо, модарҷон, ин чӣ шукуҳу шаҳомот, ва чӣ бузургвориест, ки ҳатто дар вақти васф намуданат дидагонам пур зи ашку қаламам гӯётар мешавад. Вале васфи ширинии меҳру муҳаббати шуморо очаҷон, аз ҳама баланду боло медонаму мехонам, ки ин ҳам бароям хеле кам аст.
Худоё, ман намедонам ва тасаввур карда наметавонам, ки аз модари ғамгусор дар дунё ширинтар касе бошад? Не, не. Харгиз! Модар чунон бузургест, ки «ба як даст гавҳораро меҷунбонаду бо дасти дигар ҷаҳонро такон медиҳад». Ин аст, ки ӯро саодати рӯзгор ва фариштае аз фариштаҳо болотару волотар медонам.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ин рӯзи саиди пурифтихорро ба ҳама модарон ба мардуми шарифи кишварамон таҳнияту шодбош мегӯям.
Муҳаммад Абдураҳмон - узви вобастаи АМИТ, профессор
Имрӯз, 15 май идомаи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки олимону зиёиёни кишварҳои муштаракулманофеъ дар бахши илму маориф баргузор гардид.
Дар бахши илму маорифи Форум намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ баромад намуда, оид ба пешрафт ва муваффақ шудани насли оянда дар дар самти илму маориф ибрози ақида намуд.
Гуфта шуд, ки пешрафти тамоми давлатҳои дунё ба соҳаи илму маориф вобастагии амиқ дошта, ояндаи дурахшони халқиятҳо аз ин соҳа маншаъ мегирад ва ҳамин буд, ки Президенти маҳбуби давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ва афзалиятнок ном бурда, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, ҳамаи мову шумо олимону равшанфикронро мебояд баҳри пешрафти ин соҳа ва баланд бардоштани илм, аҳаммияти аввалдараҷа ба илмомӯзии насли нав, бо таври бояду шояд омӯзонидани техникаву технология, ки тақозои замон аст сай намоем.
Дар идома олимону муҳаққиқони хориҷи кишвар баромад намуда, оид ба баромади узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Музаффарӣ ибрози ақида намуда, баромадашро саривақтӣ ва мавзуи рӯз ном бурданд.
Имрӯз, 15 май рӯзи дуюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида истоддааст. Дар ин рӯз дар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшҳои мубоҳисавии форум бо иштироки васеи олимону зиёиёни кишварҳои ИДМ идома доранд.
Дар ин бахш олимону мутахассисон доир ба анъана ва навовариҳои фарҳанги кишварҳои иттиҳод бо ҳамдигар мубоҳиса намуданд. Дар кори форум узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Гулчеҳра ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дурнамои рушди техникаву технология дар замони муосир ибрози ақида намуданд.
Дар идома олимону зиёиёни кишварҳои узви ИДМ дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки мо дар асре зиндагӣ дорем, ки техникаву технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст ва ин шароит ба фарҳанги навоварии ва рушди кори олимону муҳаққиқон мусоидати бемайлон намуда ва ҳамкориҳо байни олимони аъзои ИДМ низ метавонад ҳамаи мову шуморо муваффақи гардонад.
Нимаи дуюми рӯзи 14 май қисмати дуюми Форуми зиёиёну эҷодкорони илмии аъзои давлатҳои ИДМ бо баррасии мавзуи “Саҳми халқҳои иттиҳод дар ғалабаи бузург” дар як бахш баргузор гардид.
Дар ин бахш пешбарандаи форум доктори илмҳои таърих, узви вобастаи АМИТ Пирумшоев Ҳайдаршо ва Виктор Владимирович – мудири Шуъбаи оид ба робитаҳои байналмилалии ИВИ РАН буданд.
Бояд гуфт, ки дар ин бахш олимону зиёиёни давлатҳои муштаракулманофеъ баромад намуда, оид ба корнамоиҳои халқиятҳои кишварҳои узви иттиҳод дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози ақида намуданд. Дар идома байни олимону зиёиён доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокимаҳои илмӣ баргузор гашта, қайд намуданд, ки яке аз сабаби ба даст овардани ғалаба, ин дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, ба ҳам омадани халқиятҳо ва мубориза ба зидди душман бурдан аст.
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши ифтитоҳи оркестри симфонии ҷавонони ИДМ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ин намоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати МФГС Полад Булбулоғлу, ҳамраиси Раёсати МФГС, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой, роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ бо ташаббуси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ таъсис ёфтааст. Оркестр бори нахуст моҳи ноябри соли 2007 дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона барои ширкат дар консерт бахшида ба Форуми II-и зиёиёни эҷодӣ ва илмии кишварҳои узви ИДМ ҷамъ омада буд. Барномаи консертиро Ҳунарпешаи мардумии Русия, Қазоқистон ва Тотористон Фуат Мансуров роҳбарӣ кард.
Бояд гуфт, ки мавқеъи оркестри симфонии чавонони — Озарбойчону Арманистон, Белоруссия ва Қазокистон, Қирғизистон ва Узбекистон, Туркманистон сол то сол васеъ мешавад. Консертҳои оркестр дар толори Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк ва дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж баргузор шудаанд.
Дар оркестри мазкур дирижёрҳои варзидаи кишварҳои гуногун – Ю.Симонов, М.Горенштейн, В.Спиваков, Р.Осмоналиев, А.Кабдурахмонов, В.Валеев ва бисёр навозандагони барҷастаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кор мекарданд.
Ҳамзамон аз соли 2019 инҷониб оркестрро Ҳунарпешаи мардумии Русия, барандаи ҷоизаи Ситораҳои Иттиҳод Сергей Скрипка раҳбарӣ мекунад. Дар Душанбе ҳамроҳи маэстро роҳбари бадеии Оркестри давлатии симфонии Туркманистон Расул Кличев ва дирижёри оркестри симфонии ба номи Жуковский Константин Науменко ба курсии дирижёрӣ мебароянд. Инчунин бояд гуфт, ки Тоҷикистонро дар оркестр дирижёрҳо Далер Тиллоев ва Алишер Олиев намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳайати оркестри симфонӣ аз рӯи анъана навозандагони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ғолибони озмунҳои бонуфузи мусиқӣ шомиланд. Дар барномаи консертӣ дар Душанбе асарҳои мусиқии маъруфи классикии бастакорони рус, тоҷик ва хориҷӣ шомиланд.
Қобили зикр аст, ки Оркестри ҷавонон яке аз лоиҳаҳои барҷастаи МФГС мебошад, ки ҳадафи он на танҳо фаъолиятҳои консертӣ, балки ба навозандагони ҷавон имкони беназири муошират бо дирижёрҳои барҷаста ва устодони барҷастаи иҷрои оркестр аз тамоми кишварҳои ИДМ мебошад.
Ғайр аз ин, дар ҳамаи мамлакатҳое, ки оркестр ҳунарнамоӣ мекунад, барои навозандагони ҷавон барномаи гуногуни маданӣ тайёр карда мешавад.
Имрӯз, 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ ҷоизаи асосии башардӯстонаи ИДМ “Ситораҳои Иттиҳод” ба барандагони ин ҷоиза тақдим карда шуд. Имсол 8 нафар олимони варзида аз кишварҳои муштаракулманофеъ Ситораи фахрӣ мегиранд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи мазкур се номинатсияро дар бар гирифта, дар он олимон аз кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Русия, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳамзамон барандагони ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” дар бахши “Барои саҳми барҷаста дар фарҳанг ва санъат” Эдуард ТАДЕВОСЯН – ҳунарпешаи халқии Арманистон, профессори Консерваторияи давлатии Ереван, директори Квартети Комитас, Елена АТРАШКЕВИЧ — бастакор, раиси Иттифоқи бастакорони Белоруссия, муаллими Коллеҷи санъати Минск, Айжан БЕККУЛОВА – коршиноси Кумитаи миллии мероси ғайримоддӣ, раиси Иттифоқи ҳунармандони Қазоқистон, Денис МАТСУЕВ – пианинонавоз, Ҳунарпешаи халқии Русия, солисти Филармонияи давлатии Маскав, Рустам САЪДУЛЛОЕВ — Артисти хизматнишондодаи Узбекистон, профессори фахрии филиали Университети умумироссиягии кинематографияи ба номи С.Герасимов дар Тошканд мебошанд.
Барандагони ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” дар номинатсияи «Барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф» Муҳаммадюсуфи ИМОМЗОДА – академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори кафедраи адабиёти форсу тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Азиз АЛИЕВ — профессор, ректори филиали дар Боку будаи Университети якуми тиббии Москва ба номи Сеченов И мебошанд.
Инчунин, Тугелбой КАЗАКОВ — артисти халкии Кирғизистон, раиси комиссия оид ба мукофотҳои давлатӣ, раиси Иттифоқи ходимони мусиқӣ дар номинатсияи «Барои саҳми барҷаста дар фаъолияти башардӯстона» барандаи ҷоиза дониста шуд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» ҳамасола ба намояндагони кишварҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ ва дар маҷмӯъ саҳм гузоштааст, дода мешавад. Маблағи мукофот 2 миллион рублро ташкил медиҳад. Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 15 номзад аз 8 кишвар рақобат карданд.
Имрӯз, 14 май дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.
Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати МФГС Полад Булбул оғлу, ҳамраиси Раёсати МФГС, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок доранд.
Ба кори Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобасти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз бахшида, таъкид дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, дар асоси принсипи сиёсати хориҷии “дарҳои боз” бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дӯстона барқарор намуд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».
Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. Умуман, яке аз соҳаҳое, ки ба низом ва густариши ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ мусоидат менамояд ин соҳаи илм ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда бо Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва баргузор намудани ин форуми сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бори дигар барои мустаҳкам гардидани ҳамокориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ замина мегузорад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки илм олимонро муттаҳид мекунад, аз ин рӯ форум ба майдони табодули байналмилалии бидуни марз табдил ёфтааст. Вусъат додани муносибатҳои байналхалқӣ махсусан ҳозир хеле муҳим аст. Ва форум ба минбари мукаммали ба роҳ мондани ҳамкории зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ табдил ёфт. Ва муҳимтар аз ҳама, он имкони муоширати зиндаро фароҳам меорад, ки бешубҳа ба лоиҳаҳои ҷиддӣ табдил меёбанд.
Таъкид гардид, ки ба масъалаи густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ диққати махсус додан лозим аст. Мамлакатҳои аъзои ИДМ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштараки илмӣ чораҳои заруррӣ меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки Форумҳои зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, дар он натоиҷи соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон тавсияҳо таҳия карда мешаванд.
Қобили зикри хос аст, ки форумҳо аз соли 2006 инҷониб дар кишварҳои мухталиф бо навбат баргузор мешаванд. Тоҷикистон бори дуввум аст, ки мизбони ин ҳамоиш аст.
Мавзӯи Форуми XVIII-и имрӯза «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» мебошад, ки намояндагони ҷомеаҳои касбӣ: ходимони фарҳанг, маориф ва ВАО-ро муттаҳид мекунад.
Ҳамзамон дар ҳошияи Форум имсол бори аввал мулоқоти раҳбарони Академияҳои миллии улуми кишварҳои муштаракулманофеъ ва раҳбарони ҷомеаи илмӣ баргузор мешавад.
Инчунин, Форуми мазкур бо маросими бошукӯҳ супоридани ҷоизаҳо ба барандагони Ҷоизаи асосии байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод», ки барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи санъат, илм ва маориф дода мешавад, ба анҷом мерасад. Ҳамзамон дар ҳошияи ин форум барандагони ҷоизаи ҷавонони ИДМ «Иттиҳоди дебютҳо» низ ҷоизаҳои худро мегиранд.
Бояд гуфт, ки дар доираи барномаи фарҳангии Форум оркестри симфонии ҷавонони ИДМ баромад мекунад. Таъсиси оркестр яке аз лоиҳаҳои муҳими MFGS мебошад. Ба он навозандагони ҷавони мамлакатҳои иттиҳод, ғолибони конкурсҳои бонуфузи мусиқӣ дохиланд. Имсол оркестрро Ҳунарпешаи мардумии Русия Сергей Скрипка, барандаи ҷоизаи Ситораҳои Иттиҳод раҳбарӣ мекунад.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз санаи 14- уми май оғоз ёфта то санаи 15- уми май идома меёбад.
ЗИЁИЁНУ ЭҶОДКОРОНИ ИДМ АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДИДАН НАМУДАНД
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши дастоварду натиҷаҳои илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар доираи ин Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, зиёиёну эҷодкорон ва роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ аз намоиши дастовардҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар намоиш натиҷаи таҳқиқотҳои олимону кормандони муассисаву зерсохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар баргузории Форуми зиёиёну эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 300 нафар зиёиёну эҷодкорони варзида, роҳбарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ иштирок доранд, ки онҳо низ бо дастовардҳои муассисаҳои илмӣ шинос гардиданд.
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи баргузории Форуми зиёиёну эҷодкорони илмии аъзои давлатҳои ИДМ ҳайати олимону меҳмонон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар назди китобхона меҳмононро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт истиқбол намуданд.
