
Як дами ҷон костани модарон,
Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шуълавари модарон,
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон
Модар калимаест, ки баробари ба забон овардан тамоми вуҷудро эҳсоси қувваю матонати нотамом фаро мегирад. Барои оромиши оила ва хушбахтии фарзандони хеш ба ҳама кор қодир мегардад. Маҳз барои ҳамин метавон модарҳоро “қаҳрамонони бесадо” гӯянд. Чунки муҳаббати беканоре нисбати фарзанди худ дорад. Пас мебояд тавон гуфт, ки ҷои модарро ҳеҷ кас ва ё неъмате гирифта наметавонад. Модар бо бузургияш метавонад ҷои шахсонеро пурра намояд, ки ҳатто ин ҷуръатро ҳеҷ кас карда наметавонад. Дар баробари тавлиду парасторӣ намудан, беҳтарин дӯст, мураббӣ, ҳамроҳ ва ҳимоятгар мебошад. Дар ҳаёти ҳар яки мо нақши муборизеро дорост.
Модар дар баробари нигоҳубини фарзанд, қонуну қоидаҳои ҳаёт ва арзишҳои иҷтимоӣ шинос мекунад. Модар бо ҳама ҳусни худ, меҳрубонӣ ва фаҳмиш ба фарзанд кӯмак мекунад, то ки ӯ инсони воқиф ва бомаърифат шавад.
Бо вуҷуди муҳабати зиёд ҳатто дар вазъияти душворӣ дар паҳлӯи фарзанд истода кумаки хешро дареғ намедорад. Ҳатто нисбати хеш беэҳтиромии фарзандро дида қодир аст, ки иштибоҳи онро бахшад.
Эҳтироми модар ва қадрдонӣ ба ӯ яке аз арзишҳои асосии ҳаёти инсонӣ аст. Ҳар як фарзанд бояд дарк кунад, ки модар ҳамеша барои ӯ қиматарин ганҷ аст ва бояд ба ӯ эҳтиром гузорад. Эҳтироми модар на танҳо бо сухан, балки бо амалҳо низ ифода кардан лозим аст.
Аз ин рӯ мо фарзандон бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст. Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд ва сарояндагон онҳоро ба оҳанг дароварда месароянданду месароянд. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем ва хушбахт созем. То ҳастем барояш хидмат кунем ва кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Мо фарзандон чӣ қадаре ки хизмати модаро кунем якшаба зиндадориашро баргардонда наметавонем. Метавонем мисраҳои шеърӣ аз ашъори шоирон мисол оварем.
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гоҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо,
Пок кардӣ ашки чашмони маро.
Модар барои фарзанд, ҳаёт, меҳрубонӣ, ҳимоя ва оромӣ аст. Муҳаббати модар бениҳоят зиёд мебошад, ки ҳеч чиз ҷои онро гирифта наметавонад. Ҳар як фарзанд бояд қадри модарашро бидонад ва ба ӯ эҳтиром ва муҳаббат нишон диҳад, зеро модар бузургтарин арзиши ҳаёти ҳар як инсон аст.
Шодихуҷа Комилов Достонҷон Раҳмонов ходимонии илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ
ИНЪИКОСИ ДАСТОВАРДИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВЕБСАЙТИ "АЛ - МОВАТЕН" - И МИСР
Тавре иттилоъ дода будем Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)- ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарëфт намуд.
Ин дастовард дар баробари инъикос дар шабакаву расонаҳои иттилоотии дохилии ҷумҳурӣ дар расонаҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ низ ба табъ расида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 12 июни соли равон дар бораи бомуваффақият гузаштани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ дар вебсайти интернетии хабарии арабзабон "Ал- Моватен"- и Ҷумҳурии арабии Миср матлаб ба нашр расидааст.
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз Боғи ботаникии Помири Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозид намуданд.
Зимни бозид иттилоъ дода шуд, ки Боғи ботаникии Помир дар заминаи Институти биологии Помир буда, соли 1940 таъсис дода шудааст ва асосгузор ва директори дойимии он то соли 1965 доктори илмҳои биологӣ, профессор А.В.Гурский буд, ки имрӯз Боғ номи ӯро дорад.
Бояд гуфт, ки самтҳои асосии таҳқиқот - интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо, кабудизоргардонии шаҳру деҳаҳо, тайёр кардани маводи шинондании растаниҳои гулдори ороишӣ, муайян кардани соҳа ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.
Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Он муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ буда, баҳри захира намудани генофонди растаниҳои гуногуни маҳалӣ ва аз ҷойҳои дигар овардашуда, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои экологию биологии онҳо, истифодаи пурсамари навъҳои пурқиммати онҳо дар кабудзоркунӣ, хоҷагии кишлоқ, саноати хӯрокворӣ ва тиб хизмат мерасонад.
Боғи наботот ҳамчун музеи зиндаи ба худ хоси табиати Помир буда, дар он намояндагони асосии олами набототи ин кишвари кӯҳсор гирд оварда шуда омӯхта мешаванд.
Гуфта шуд, ки Боғи набототи Помир дар байни боғҳои набототи тамоми дунё мавқеи махсус дорад. Вай ҳамчунин манбаи тухмии набототи баландкӯҳ таваҷҷӯҳи боғҳои мамолики дигарро ба худ ҷалб менамояд. Боғ ҳар сол 200 намунаи тухмӣ аз минтақаҳои гуногуни дунё дастрас менамуд. Мубодилаи тухмӣ бо 25 суроғаи муассисаҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 40 суроғаи мамлакатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Боғи наботот дар ниҳолхонаҳо ва коллексияи наботот зиёда аз 30 ҳазор намуду шакл ва навъи растаниҳоро аз омӯзиш гузаронид.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Боғи наботот осорхонаи «Табиати Помир» ташкил дода шудааст. Дар он зиёда аз 800 нигора гирд оварда шудаанд, ки шароитҳои табиати Помир, намояндагони асосии олами набототу ҳайвоноти онро шарҳ медиҳанд. Хазинаи растаниҳои Боғ қариб аз 4000 намуду навъҳо иборат аст, ки онҳо дар коллексияҳои наботот ва растаниҳои маҳаллии ҳудуди мамнӯнгоҳ мавҷуданд. Дар коллексияҳо қариб 3000 намуд, шаклу, навъи дарахту буттаҳо ва алафҳо гирд оварда шудаанд.
Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Коллексияи растаниҳои Боғ ар рӯйи принсипи ҷуғрофӣ тартиб дода шудааст. Дар он растаниҳои Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Кавказ ва Амрикои Шимолӣ мавҷуданд.
Имрӯз, 19 июн дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи озмошгоҳ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандон миззи мудаввар баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш аз дастигириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароти мусоиди корӣ барои олимон ва пеш аз ҳама таъмини сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар ёдовар гардид.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, ҳифзи истиқлоли комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.
Гуфта шуд, ки ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери ин вожаи гуворо ҷуз аз шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигаре нест.
Дар ҳақиқат сулҳу ваҳдат неъмати бузург аст. Дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд ва аз якпорпчагӣ, осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, ва истиқлоли миллӣ ифтихор мекунанд.
Имрӯз, 19 июн бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии биотехнология бо асбобу таҷҳизотҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва олимону кормандон иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, ки марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беҳтар гардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар як муддати кӯтоҳ бо ташббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар пояи 7 муассисаи илмӣ таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуданд, ки барои пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотии олимону кормандони ин муассисаҳо мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи мазкур ба самти илмҳои биологӣ рабт дошта, олимону муҳақиқони ин самт минбаъд метавонанд бо фароҳам гардидани шароити мусоид корҳои илмию таҳқиқотии хешро дар ин самт пеш баранд. Бояд гуфт, ки озмоишгоҳ бо тамоми асбобу таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст, ки ҳадафи асосии он омӯзиши асосҳои физиологӣ-биохимиявии устуворияти растаниҳо нисбати таъсири омилҳои номусоиди экологӣ ва механизмҳои мутобиқшавии онҳо ба таъсири шароити номатлуби баландкӯҳҳо машғул буда, барои муайян кардани нақши нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат дар ташшакулёбии ҳосилнокии растаниҳои баландкӯҳ корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш бурда истодааст.
Ғайр аз ин озмоишгоҳ ба омӯзиш ва коркарди технологияи парвариши растаниҳои полезӣ, гулдор ва ороишӣ дар гармхонаҳое, ки дар асоси гармии обҳои геотермалии Помир кор мекунанд фаъолияти худро пеш мебарад.
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва олимону кормандон дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои олимону кормандони Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ШАРҚИ МИЁНА ВА НАЗДИК: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО
Имрӯз, 17 июн дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик: ҳолат ва дурнамо” баргузор шуд. Конференсияи мазкурро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ифтитоҳ намуданд.
Президенти Академии миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори конференсияи ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик андешаронӣ намуданд. Дар кори конференсия беш аз 28 нафар олимону муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ватанӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми кори конференсияи илмӣ ЭЪЛОМИЯ қабул карда шуд, ки дар он дувоздаҳ пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик аз ҷониби коршиносони соҳа тавсия гардид.
Инчунин, аз ҷониби мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт номзади илмҳои филология Зиёев Субҳиддин Насриевич ҷиҳати дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба Президенти АМИТ академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва директори Институт профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва барои гузориҳои илмии арзишманд ба гузоришгарон ва меҳмонон изҳои миннатдорӣ баён карда шуд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ИБОДЗОДА САИДМУҚИМ ТИЛЛОХӮҶА ДАР ФОРУМИ II АКАДЕМӢ ОИД БА ЭНЕРГИЯИ САБЗ ДАР ШАҲРИ АЛМААТО
ИШТИРОКИ ОЛИМОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶАШНВОРАИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ДАР МАВЗУИ “700 СОЛ БО ҲОФИЗ”
Рӯзҳои 9-14 июни соли 2024 ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши байналмилалии ЮНЕСКО дар мавзуи “700-сол бо Ҳофиз” ба шаҳри Парижи Фаронса дар ҳайати олимону ҳунармандони кишвар сафар намудам.
Конференсияи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз” дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж рӯзи 11 июни соли 2024 оғоз ёфт. Ҳайати олимони тоҷикро намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ пазироӣ кард.
Дар толори ЮНЕСКО намоиши дастхатҳои девони Ҳофизи Шерозӣ, осори илмии доир ба Ҳофиз таълифшуда ва гӯшаи таҳқиқоти Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд.
Конференсияро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Матлубахон Сатториён оғоз намуда, доир ба мақому манзалати Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон, таҳқиқу пажуҳиш ва нашри девони ӯ дар Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид кард, ки Конферекнсияи байналмилалии мазкур бо дастгирии Ҳукумавти Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Ҳамчунин, муовини Дабири Кулли ЮНЕСКО оид ба фарҳанг Эрнесто Оттоне низ дар бахши ифтитоҳи конференсия суханронӣ карда, доир ба мақоми Ҳофиз дар адабу фарҳанги ҷаҳон суханронӣ кард.
Баррасии маърузаҳои илмӣ дар толори XI идома ёфт. Бахши дуюми Конференсия тибқи барнома “Ҷаҳони Ҳофиз, таърих ва худогоҳӣ” ном дошт, ки дар ин бахш бо Аҳмад Покатчӣ – сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ЮНЕСКО раисӣ намудем.
Банда дар бахши 4, ки Ҳофиз ва маънавият ном дошт, дар мавзуи “Фасоҳат ва балоғати сухан дар ғазадиёти Ҳофизи Шерозӣ” суханронӣ намудам.
Дар ҳамоиш бо олимону муҳаққиқон аз кишварҳои гуногун шинос гардида, бо онҳо суҳбату мулоқотҳои суданд баргузор кардем.
Дар баробари боздид намудан аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Фаронса дар консерти муштараки филармонияи Париж-Шарқ, ки бо иштироки ҳунармандони тоҷику эронӣ баргузор гардид, иштирок кардам.
Рафти иштироки ҳайати иштиркдорони Конференсияи тавассути шабакаҳо гуногуни ҷаҳон ва Тоҷикистон нишон нишон дода шуд.
Ҳамчунин, бо супориши президенти АМИТ муҳтарам Қ. Хушвахтзода диплом, шаҳодатнома ва нишони сарисинагии Узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Раҳом Аша, ки ба тозагӣ интихоб шуда буд, супоридам.