
Модар – вожае, ки дар вуҷуди худ гармиву рӯшноӣ, садоқату фидокорӣ ва нармиву самимиятро ниҳон дорад. Дар тамоми адабиёт ва фарҳанги мардуми мо модар як рамзи ишқу эътимод аст, ки дар ҳама давру замон бо муносибати беғаразонаи худ фарзандонашро дӯст медорад ва онҳоро дар роҳи зиндагӣ пуштибон мешавад. Шоирону адибон барои васфи ин гавҳараки нодир аз ҳама беҳтарин вожаҳо истифода бурда, шеърҳои хонданиву дилнишин эҷод кардаанд. Ҳар як шеър дар васфи модар мисли ситоишест ба муҳаббат, ки бо забони дил вирди забони шоир мегардад.
Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист,
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист.
Дар гӯиши ошиқона, номи модар,
Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист.
Ин мисраъҳо бо тамоми фазилати худ моро ба ёди бузургиву ҷовидонии модар мебаранд. Симои модар дар “кӯчаи ҷон” ҳамеша побарҷост, зеро ӯ бо муҳаббати бепоён, ки мисли дарёи Кавсар сарчашмаи сафову покист, дар қалби фарзандон нуҳуфтааст. Ҳар вақт ки номи модарро бо ишқу муҳаббат ба забон меорем, шеъреро мемонем, ки то абад дар дафтарҳои зебои зиндагӣ сабт мешавад. Ин суханон гувоҳи онанд, ки эҳсоси фарзанд нисбат ба модар ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва баръакс, беш аз пеш мустаҳкамтар мешавад.
Туӣ, модар, беҳ аз дунё бароям,
Ту ҳастӣ беҳтарину бебаҳоям.
Худоям қудрате гар ҳадя созат,
Бароят достоне месароям.
Дар ин шеъри кӯтоҳ, шоир бо садои нолишу муҳаббат эътироф мекунад, ки барои ӯ ҳар чӣ дар дунё вуҷуд дорад, аз модар қиматтар нест. “Ту ҳастӣ беҳтарину бебаҳоям” – ин ҷумла худ баёнгари он аст, ки модар ягона сутуни зиндагии фарзанд аст. Ба ҷойи ҳама чизе, ки дар олам гирифтан мумкин аст, будан ва саломатии модарро беҳтарин дороӣ мешуморад. Ин суханон моро водор месозанд, ки шукронаи модарро кунем ва замоне ки Худо қудратеро ба мо мебахшад, онро бахшида ба қадрдонӣ ва ситоиши модар сарф намоем.
Замину осмони ман туи модар, туи модар.
Ҷаҳони бекарони ман туи модар, туи модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туи модар, туи модар.
Ин шеъри пурмуҳтавои устод Лоиқ Шералӣ нишон медиҳад, ки сиришти модар чун замину осмон паҳновар ва беканор аст. Модар ягона шахсе мебошад, ки дар ҷаҳон, гарчи пур аз беадолативу сангдилӣ бошад ҳам, ҳамеша дилсӯз ва ғамхор мемонад. Ба ғайр аз модар, касе нест, ки чунин беғаразона, чунин мусаффо ва таъкимкунандаи зиндагии фарзанд бошад. “Чароғи дудмони ман туӣ, модар…” – гуфторест, ки файзу нури модарро барои хонадони фарзанд тавзеҳ медиҳад: ӯ хонаводаи моро равшан мекунад, умед мебахшад ва гармӣ меорад.
Дар адабиёти тоҷик модар ҳамчун ганҷи бебаҳо, сутуни хонадон ва сарчашмаи меҳрубониву садоқат тасвир мешавад. Ҳамон тавре ки ин шеъру байтҳо нишон медиҳанд, модар ҳамеша ҳамчун рамзи покии рӯҳ ва гармиву муҳаббат эътироф гардидааст. Дуои неки модар қодир аст, ки роҳи фарзандро дар зиндагӣ кушода созад ва қуллаҳои муродро барояш дастрас гардонад.
Арҷгузорӣ ба модар на танҳо дар сухан, балки дар амалҳои мо зоҳир мешавад. Ҳар як нафар бояд азму талош кунад, ки меҳрубонии модарро бо иззату эҳтиром, кумак дар кору зиндагӣ ва муносибати ҳалимона пос дорад. Гӯш кардан ба насиҳатҳои модар, расонидани кӯмак дар баробари ранҷу заҳматҳояш ва дарк кардани мақому манзалати ӯ нишонаи инсондӯстиву фарҳангдорист. Модарро метавон ҳамчун омӯзгори аввалин ва беҳтарин тавсиф кард, ки бидуни ягон таваққӯъи подош, зиндагии худро сарфи таълиму тарбияи фарзанд мекунад.
Дар ниҳоят, рӯйи Замин ҳама рӯз – рӯзи модар аст. Танҳо дар як рӯзи муайян не, балки дар ҳар дам бояд зикри неки ӯро кунем ва шукронаашро ба ҷой орем. Ҳамаи ин шеърҳои зебое, ки шоирон навиштаанд, садои қалби муштараки башариятанд, ки гӯё дар як нидо модарро сутуда мегӯяд: “Сипос, ки ҳастӣ! Сипос, ки зиндагиро бо меҳру ихлос зеб медиҳӣ!”
Ҳар рӯзу ҳар соату ҳар лаҳза, бо ёди даврони кӯдакӣ ва беғубории худ, ёди навозишҳои гарм ва лабхандону дуои модар, фикр кунем, ки чӣ тавр метавонад фарзанд модарро шод гардонад. Зеро ин тифоқ ва меҳрубонӣ, ки аз кӯдакии мо шурӯъ мешавад, то охири умр поянда мемонад. Дар ин умри кӯтоҳ ҳама чизро метавон фаромӯш кард, аммо номи модар ҳамеша дар қалбҳо ҷовид аст.
Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист,
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист.
Хулоса, модарон дар фарҳангу адабиёти мо ҳамчун манбаи муҳаббат ва меҳр ҳамеша ҷойгоҳи баланд доранд. Ягон гавҳараки дигар дар дунё нест, ки мисли модар доимо фидокорона дар хизмати фарзанд бошад. Ҳар нафаре, ки бо дили пок ва чашми биёфаридгорона ба симои модар менигарад, мақому мартабаи ӯро ба таври шоиста эътироф мекунад. Аз ин рӯ, биёед дар «Рӯзи модар» (8 март) ва ҳар рӯзи дигар, садоқат ва муҳаббати худро нисбат ба модарон бо сухану амалҳои нек нишон диҳем. Ба онҳо бирасонем, ки ҳузурашон дар зиндагии мо чӣ андоза муҳим аст ва барои ҳаёти саршор аз меҳру сафо бо сад дилу ҷон ташаккур кунем.
Холов Холмаҳмад Исроилович - н.и.т., ходими пешбари озмоишгоҳи “Ғанигардонии маъданҳо”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
15 сентябри соли 2025 Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, бо ҳайати ҳамроҳаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» ташрифи меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносиб барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба арзёбӣ карданд.
Ҳайати меҳмонон нахуст аз бинои корхона дидан намуда, бо фаъолияти корхона ва имкониятҳои технологӣ ва инфрасохтории КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ табодули таҷриба дар самти ташкили «шаҳрҳои ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ дар муҳити шаҳрӣ арзёбӣ гардид.
Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати барқарорсозии робитаҳои шарикӣ миёни муассисаҳои соҳавии ду кишвар изҳор намуда, пешрафти назарраси шаҳри Душанбе дар самти рушди рақамиро таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва самарабахш баргузор гардида, бо нияти густариши ҳамкориҳои минбаъда ба анҷом расид.
Паёми Душанбе
Имрӯз, 13 сентябр дар толори Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсяи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик” баргузор гардид.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар иштирокдорони конфронсро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи ду озмоишгоҳи наву замонавӣ, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ, ки дар бораи бадастории он халқи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми ҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам сохт, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.
Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонид, зеро “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуда, имрӯз ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург, зану мард онро ҷашн мегиранд.
Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишвар новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.
Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити корӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ яке аз дастовардҳои арзишманди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки маҳз имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида истодаанд.
Имрӯз, 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Мамедов Меҳман Ниёзиевич мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, гузаронидани озмоишҳои муштарак бо олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти кардиология ба мувофиқа омаданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни суханронии хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, ҷонибҳо барои баргузорӣ ва иштирок дар симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
Имрӯз, 12 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби мураттибон профессор Суфизода Шодимуҳаммад ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст, рӯнамоӣ гардид.
Дар оғози маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Воқеан, ба унвони бунёдгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне ба шумор меравад, ки равишҳои мухталифро дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳамаҷонибаву мукаммал ба роҳ монда, заминаҳои ташаккули илми муосири тоҷикро фароҳам оварданд.
Умуман, таъсири амиқе, ки устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст».
Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Асари мазкур як таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст. Феҳристи мазкур ҳамчун як манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт пешкаш мегардад.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди Шодимуҳаммади Сӯфизода, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, бори дигар аз хизматҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар гардиданд.
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
ТААССУРОТ ДОИР БА МУШАРРАФ ГАРДИДАНИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.
Ҷоизаи мазкур, ки ба шахсияти Пешвои миллат тақдим гардид, дар худ арзиши ҷаҳонӣ дорад, зеро ин ҷоиза танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳақ ба ҷониб аст, ки Пешвои миллатамон сазовори чунин қадрдонӣ гардиданд, маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати фарзонагии худ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бароварданд ва ба кишвари орому суботманд табдил доданд.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо буҳронҳои сиёсӣ, ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ ва низоъҳои зиёде рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистони азизу маҳбубамон бо раҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ваҳдатофар ва дӯстдори тамаддуну арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки номи Тоҷикистон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо калимаҳои «сулҳ», «ваҳдат» ва «ҳамдигарфаҳмӣ» пайванд хӯрад.
Ҳар як дастоварди Пешвои миллат на танҳо ба номи шахсии ин абармарди майдони сиёсат, балки ба номи тамоми миллати тоҷик вобаста аст. Зеро Пешвои миллат ҳамчун рамзи ваҳдат, сарҷамъӣ ва умед ба ояндаи дурахшон маъруф гардидаанд. Мо, ҷавонон, бо дидани чунин муваффақиятҳо масъулияти бузургтар эҳсос мекунем, барои мо Пешвои миллат намунаи бузурги ватандӯстӣ, фидокорӣ ва инсонпарвариянд.
Ман ҳамчун ҷавон, ки неъматҳои Истиқлолиятро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам, хуб дарк менамоям, ки имрӯз ҳар як имконияти таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии осоишта маҳз ба туфайли сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гардидааст, агар сулҳ намебуд, агар ваҳдат пойдор намешуд, мо ҷавонон ҳаргиз чунин имкониятҳои фарохи рушдро ҳатто дар мағзи хеш ҳам тасаввур карда наметавонистем.
Мушарраф гардидани Пешвои миллат ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар воқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон намунаи ибрат барои тамоми ҷаҳон аст. Ин ҷоиза барои мо насли ҷавон на танҳо мояи ифтихор, балки дарси бузурги масъулият ва ҳидоят барои оянда мебошад.
Ман бо камоли ифтихор мегӯям, ки мо — ҷавонони даврони Истиқлолият бояд ин роҳу равиши сулҳпарвариро идома диҳем, арзишҳои Ваҳдати миллиро пос дорем ва барои ободии Тоҷикистони гул гул шукуфонамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро беҳтарин қадрдонӣ аз заҳматҳои Пешвои миллат дар он аст, ки мо ҷавонон бо дониш, меҳнат ва саодати худ ватани худро ободу пешрафта гардонем.
Ин ҷоиза барои Пешвои миллат дар асл ҷоиза барои ҳар як тоҷик аст. Ин қадрдонӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвар, ваҳдатофар ва фарҳангдӯст мебошад. Мо бо чунин Пешво ифтихор дорем ва ҳамеша ба сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллатамон такя мекунем.
Поянда бод Тоҷикистонам !
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Зиндаву саломат бод Пешвои хирадсолору меҳандусти Тоҷикистони азизу ҳамешабаҳор!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ 0203 ВА 05170 ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси гвардияи миллӣ ба нақши неруҳои мусаллаҳ дар ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи кишвар баҳои баланд доданд.
Ин маънӣ дар паёми табрикии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар ҷамъомад ба муносибати таҷлили 34-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Панҷакент баён карда, ҳайати шахсии ин воҳидҳои низомиро бо ин иди давлатӣ табрик гуфтанд.
Аз ҷумла, зимни боздид аз анбори нави муҳимоти хоҷагӣ, намунаи нақлиёт ва силоҳи ҷангӣ, хобгоҳ, китобхона, хонаи маишии сарбозон, анбори маҳсулоти ғизоӣ ва ошхона дар қисми ҳарбии 0203-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта шуд, ки дар ин воҳиди низомӣ барои хидмати оинномавии сарбозон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда, биноҳо ва ҳудуди он таъмиру таҷдид карда шудааст.
Дар ҷамъбасти маросими таҷлили ҷашни истиқлол ба як гурӯҳ афсарону аскарон ва ҳамкорони қисми ҳарбии 0203 нишони ҷашнии “30 солагии Қушунҳои сарҳадӣ”, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар ин рӯз барои ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Имрӯз, 08 август дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаҳо ба як зумра фаъолони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.
Бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2025, № 1054 ба ду нафар- хидматчии давлатӣ ва омӯзгор медали “Хизмати шоиста” ва се нафар хидматчии давлатӣ Ифтихономаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин бо қарори раиси вилояти Суғд аз 8 августи соли 2025, №201 се нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо қарори раиси шаҳр аз 3 сентябри соли 2025, №386 як гурӯҳ пешқадамони соҳаҳои гуногуни шаҳр ,аз ҷумла, 12 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 нафар хидматчии давлатӣ, 10 нафар корманди соҳаи маориф, 6 нафар корманди соҳаи хидматрасон, 2 нафар корманди соҳаи тиб, 11 нафар соҳибкор, 2 нафар варзишгар, 10 нафар корманди соҳаи фарҳанг, 2 нафар корманди соҳаи кишоварзӣ ва 7 нафар корманди фаъоли дигар соҳаҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.