
(ибрози андеша оид ба бузургии модар)
«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо маъсул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷгузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем»
ЭмомалӣРаҳмон
Зан-Модар азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯи замин ва чароғи рӯшани ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад.
Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоии зиндагию хонадон, рамзи ишқи ҷовидонии башарият, нахустин мураббӣва муаллими фарзандон мебошад, зеро роҳи тайнамудаи ҳар яки мо аз риштаи меҳру садоқату вафои модарон бофта шудааст. Худованд ба зан -модар қудрате ато намудааст, ки зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад.
Мақом ва манзалати зан дар оинаи таърихи башарият бағоят бузург аст, зеро ин офарандаи беҳамто, фариштаи заминӣ бо исми «модар» бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунеро такон медиҳад. Калимаи «модар» дар ҷомеаҳои гуногун маънои амиқи эҳсосотӣ ва фарҳангӣдорад. Ба маънои аслии худ «модар» ба зане, ки фарзанд таваллуд ва тарбия мекунад, ишора менамояд. Истилоҳ дар аксар маврид бо ғамхории фидокорона, муҳаббат ва қурбониҳо алоқаманд аст, ки эҳсоси беназири модариро инъикос мекунад. Дар илми равоншиносӣ «модар» ҳамчун шахсияти аввалин барои кӯдак ишора мешавад. Нақши он дар ташаккули фазои фарҳангӣва иҷтимоии кӯдакон беназир аст.
Дар заминаи динӣ бошад «модар» дар аксар маврид ҳамчун рамзи ғамхорӣ ва муҳофизат қабул карда мешавад. Ҳамин тариқ, «модар» на танҳо як воқеияти биологӣ, балки иҷтимоӣ-фарҳангист, ки муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти инсон, аз ҷумла муҳаббат, ғамхорӣ, фидокорӣ ва пайванди наслҳоро таҷассум мекунад. Муҳаббати модар аксар вақт бо садоқати беандоза ва омодагӣ ба қурбониҳо барои некӯаҳволӣ ва хушбахтии фарзанд алоқаманд аст. Ғамхории модар на танҳо дар ҷанбаҳои моддӣ, балки дар дастгирии маънавӣ низ зоҳир мешавад. Таваҷҷуҳи беғаразонаи модар, гармӣ ва ҳузури модар эҳсоси амният ва муҳаббатро нисбат ба фарзанд эҷод мекунад. Қобилияти модар дар лаҳзаҳои душвор дар он ҷо будан ва гӯш кардан, бешубҳа, робитаи байни ӯ ва фарзандро мустаҳкам мекунад. Ҷанбаи дигари муҳими меҳри модар, бе шартии он аст. Яъне модарон омодаанд фарзандони худро сарфи назар аз муваффақият, хатогиҳо ва камбудиҳояшон дастгирӣ намуда, дӯст доранд. Ин ба кӯдак боварӣ мебахшад, ки новобаста аз вазъият ӯро қадр мекунад ва дӯст медоранд.
Модар дар ҳаёти мо нақши калидӣ мебозад ва ба мо дарсу арзишҳоеро меомӯзад, ки ба чигунагии дарк намудани ҷаҳони атроф ва рафтори мо таъсири амиқдоранд. Ғамхорӣ ва қурбониҳои ӯяк муҳаббати хоса ва бечунучаро эҷод намуда, ҷаҳонбинии моро ба бисёр ҷанбаҳои ҳаёт тағйир медиҳад.
Модарон барои мо намунаи меҳнатдӯстӣ ва фидокорӣ мебошанд. Саъю кӯшиш ва омодагии онҳо барои фидо кардани вақту қувваи худ барои мо манбаи илҳом аст. Ин мисол метавонад моро ба кӯшиш ва рушди худ ташвиқкунад. Ғайр аз ин модар ба мо таълим медиҳад, ки робитаҳои оилавӣ то чӣ андоза муҳиманд. Ғамхории ӯ барои ташаккули пайвандҳои мустаҳками оилавӣ замина фароҳам меорад ва мо арзиши дастгирӣ ва муҳаббатро дар дохили оила меомӯзем. Фаромӯш набояд сохт, ки арзишҳои ахлоқиро дар вуҷуди ҳар яки мо модар тарбия намудааст ва мо рост ва ботилро аз ҳам фарқ намуда, нисбат ба дигарон ростқавлу ҳамдардӣ зоҳир менамоем.
Кулли арзишҳои беҳтаринро дар вуҷуди мо модар тарбия мекунад, ки онҳо дар қабули қарорҳо ва амалҳои мо дар тӯли ҳаёт таъсири амиқ доранд, хислати моро ташаккул медиҳанд, афзалиятҳоро муайян мекунанд ва ба муносибатҳои мо бо одамони дигар таъсир мерасонанд. Ба шарофати тарбияи модар мо муносибатҳоро бар асоси муҳаббат, ғамхорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣбунёд менамоем. Тарбияи модар дар хислат, арзиш ва рафтори мо осори амиқ мегузорад.
Дар вуҷуди ҳар як фард калимаи «модар» муҳаббати махсус ва бечунучаро эҷод менамояд. Модарон одатан дар вазъиятҳои мукаммал устуворӣва қатъият нишон медиҳанд. Қобилияти онҳо дар бартараф кардани мушкилиҳо ва қабули қарорҳои душвор барои фарзандон намунаи ибрат, қувват ва матонат мегардад. Аз ин лиҳоз меҳри модар лаҳзаҳои ҷовидона, анъанаҳо ва хотиротҳоеро ба вуҷуд меоварад, ки на танҳо зиндагии моро ғанӣмегардонад, балки моро бо наслҳои гузашта бо идомаи гарму пурмуҳаббати таърихи оила мепайвандад.
Метавон оид ба некиҳои модарони гиромиқадр ва дӯстдоштанӣ соатҳо сухан гуфт, аммо бояд донист, ки зиндагӣ аз зан барои модар шудан чӣ фидокориҳоро талаб менамояд. Дар умум метавон гуфт, модар будан таҷрибаи мураккаб ва гуногунҷанба буда, ҷанбаҳои ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва иҷтимоии ҳаёти занро дар бар мегирад.Модарон фидокории беандоза нишон дода, вақт, қувва ва манфиати шахсии худро барои беҳбудии оилаи худ фидо мекунанд. Онҳо анъанаҳо, хотираҳо эҷод мекунанд ва дар хона фазои махсуси роҳатро фароҳам меоваранд. Мушкилоте ба мисли тағйироти ҷисмонӣ, вақти маҳдуд, мушкилоти эҳсосотӣ ва масъулиятҳои зиёди дигар тамоми модаронро водор месозанд, ки аз баҳри худ гузашта, танҳо дар фикри насл ва зиндагӣ бошанд. Модар ба ҳаёт маънӣ бахшида, дар оила сарчашмаи дастгириву муҳаббат мегардад.
Шумо, модарон меҳваре ҳастед, ки чархи оила дар атрофи он гардиш мекунад. Ғамхории Шумо насли ояндаро ташаккул медиҳад. Рузи модарон имкониятест барои қадр кардани меҳнат ва муҳаббати беандозаи Шумо. Аз фурсати муносиб истифода бурда, модарони меҳрубони кишварро ба ин рузи саид, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрику таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, иқболи нек, умри дароз ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигузор дили Шумо Модарон ҳамеша монанди чашмаҳои куҳистони диёрамон, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешасабзи Тоҷикистон зебову муҷалло бошад!
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна ходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа,сиёсатшиносӣва ҳуқуқи АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
9 июли соли равон ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хатии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 100 нусхаи нодир аз китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳои қадим, ки дорои аҳамияти илмиву таърихӣ мебошанд, эҳдо гардид. Ин коллексияи беназир аз ҷониби Очилова Меҳриннисо, д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ба Марказ тақдим шуд.
Дар маросими эҳдои китобҳои мазкур, ки дар толори Маркази мероси хаттӣ баргузор гардид, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт маъмурияти Марказ ва бону Меҳринисо Очилова ширкат намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо қадрдонӣ аз иқдоми мазкур гуфт, ки кори анҷомдодаи профессор Меҳринисо Очилова бисёр арзишманд, омӯзанда ва қобили таҳсин мебошад. Чунин иқдом дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва бақои мероси гаронбаҳои хаттии халқи тоҷик нақши муассир мегузорад. Президенти Академияи миллии илмҳо афзуд, ки ин иқдоми волои хонум Очилова Меҳриннисо ва эҳсоси баланди масъулияти фарҳангии эшонро намунаи арзандаи эҳё ва нигаҳдории мероси хаттии миллӣ медонад. Эҳдои чунин коллексияи арзишманд на танҳо барои ғанӣ сохтани ганҷинаҳои илмии кишвар, балки барои рушди таҳқиқотҳои хатшиносӣ, матншиносӣ ва таърихи илм дар Тоҷикистон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Директори Марказ н.и.т. Раҳматкарими Давлат иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои Маркази мероси хаттӣ тибқи салоҳиятҳои оинномавӣ ва таъкиду супоришҳои Пешвои муаззами миллат мабни бар “Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ки ба нашри феҳристи нусхаҳои хаттӣ машғул аст, бояд номгӯй ва миқдори нусхаҳои нодири хаттиеро, ки дар дигар китобхонаву муассисаҳо мавҷуданд, зери назорат бигирад”, ҳамин ҷамъоварӣ ва тармиму ҳифзи мероси хаттӣ мебошад.
Ин нусхаҳо, ки дар давоми чанд насл аз ҷониби падарону бобоёни ин хонум гиромӣ дошта ва бо эҳтиром нигаҳдорӣ шудаанд, акнун бо ирода ва эҳсоси баланди фарҳангии профессор Очилова ба Ганҷинаи дастхатҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев вогузор гардиданд, то дар хазинаи мероси хаттии миллат сабт ёфта, аз онҳо барои омӯзиши таърихи илм, забон, адабиёт ва фарҳанг вориди феҳристи умумӣ шаванд ва истифода гардад.
Коллексияи эҳдошуда аз китобҳо ва дастнависҳое иборат аст, ки аксаран ба асрҳои XIX ва аввали асри XX мансубанд. Дар байни онҳо нусхаҳои чопи сангии китобҳои адабӣ ва ахлоқӣ, тибб, фиқҳӣ, дарсӣ, луғатномаҳо дучор мешаванд, ки дар марказҳову нашриётҳои маъруфи чопи сангӣ, ба монанди Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Қазон, Лоҳур, Ҳинд ва Теҳрон нашр гардидаанд.
Аз ҷумла, “Махзан-ул-адвия”, аз китобҳои муҳим дар мавриди доруҳо ва вожагони пизишкии суннатӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки дар қарни 12 ҳиҷрӣ навишта шуда ва муаллифи он Муҳаммад Ҳусайн Ақилӣ Хуросонӣ пизишки номдор аст. “Ғиёс-ул-луғот” навиштаи Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Ҷалолуддини Роҳпурӣ ва “Мунтахаб-ул-луғот”-и Абдуррашид Ҳусайнӣ аз зумраи ин нусхаҳои нодир мебошад. Бархе аз ин нусхаҳо бо зеботарин намунаҳои хаттотӣ, ҳошиянависӣ ва истифодаи муҳаррароти анъанавӣ оро ёфтаанд.
Нусхаҳои дастхат, ки шумораи онҳо низ қобили таваҷҷуҳ аст, дорои арзиши хосанд. Аксари онҳо бо хатти настаълиқ, шикаста ва насх ба зебоии хос сабт шудаанд. Мавзуоти онҳо гуногун буда, аз адабиёти классикӣ то илмҳои динӣ ва луғату шеърро фаро мегиранд. Дар баъзе нусхаҳо ёддоштҳои соҳибони нусха, муҳаррир ё омӯзгори гузашта дида мешавад, ки ба арзиши таърихии онҳо меафзояд.
Марказ ният дорад, ки коллексияи эҳдошударо пурра рӯйхат ва тавсиф намуда, дар феҳристҳои махсус ворид намояд ва ба муҳаққиқон муаррифӣ кунад. Ҳамзамон, дар оянда як намоиши вижаи китобҳои эҳдошудаи хонум Очилова М. дар доираи як чорабинии фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ин иқдоми фарҳангии д.и.ф. профессор Очилова Меҳриннисо намунаи равшани иртиботи наслҳо, ҳифзи мероси аҷдодӣ ва эҳёи арзишҳои милливу маънавии мост. Маркази мероси хаттӣ бо камоли эҳтиром изҳори сипос намуда, умедвор аст, ки чунин ибтикор дар ҷомеа фарҳанги эҳдо ва ҳифзи меросро бештар густариш хоҳад дод.
4 июли соли равон ҷиҳати иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Муродзода Зафар бо интихобкунандагон - сокинони маҳаллаи Каротегин баргузор гардид.
Дар вохурӣ Қобилҷон Хушвахтзода зимни баромад вобаста ба пешгирии ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ва ҷарёнҳои терористию экстремистӣ ва дар ин замина тарғиби истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ ва пайваста ташкил намудани суҳбат-вохӯриҳои раисони маҳалла ва бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба оқибатҳои роҳ додани қоидавайронкунӣ дар ин самт, бо азму иродаи қавӣ барои хизмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонони маҳалла ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳавасмадгардонии ҷавонон барои ихтиёрона ба сафи қувваҳои мусаллаҳ рафтани ҷавонон ва доир ба дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.
Дар идомаи мулоқот вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Муродзода Зафар дар баромади хеш вобаста ба ҷалби фарзандон барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла ба самти технологияҳои информатсионӣ ва омӯзиши пайвастаи забонҳои хориҷӣ (забони русӣ ва англисӣ), ҳамчунин таъмини иштироки фаъоли фарзандон дар Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ (ёдоварӣ аз ибтикороти Пешвои миллат ҷиҳати қадрдонии пулии ғолибони озмунҳо) ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуд.
Дар фарҷом, сокинони маҳалла фикру андешаҳои худро баён сохта, барои таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушду бунёдкориҳои созанда дар кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт миннатдории самимии худро изҳор доштанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ танҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 8 озмоишгоҳи замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир дар заминаи муасссисаҳои - илмӣ таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРИН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААНД:
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3- адад.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1- адад.
Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад
Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад.
Бояд гуфт, ки пас аз ба истифода додани 3 озмоишгоҳ Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра бо базаи модиву техникӣ таъмин гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳама иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимон мебошад.
#Ҳисобот. БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 4 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои раёсат, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳисориев Ҳикмат ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ба тафсил сухан ронд.
Таъкид гардид, дар нимсолаи якуми соли 2025 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рӯйи 110-мавзуъ, аз ҷумла 68-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ҳамзамон аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 1130-кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла 40-монография, беш аз 75-китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог, беш аз 1015-мақолаи илмӣ, аз онҳо беш аз 830-мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 185-мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ҷумла, 14-мақола – дар SCOPUS).
Бояд зикр намуд, ки тавассути Муассисаи нашриявии “Дониш”-и АМИТ дар ин давра 73-номгӯй китобу монографияҳои кормандони илмии АМИТ бо теъдоди 8000-нусха ба нашр расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки АМИТ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон 524-нафар ходимони илмии АМИТ номи худро дар китобхонаи электронӣ (e-library) ба қайд гирифтаанд. Айни замон ХИРШ-и олимони АМИТ аз рӯйи ҳамаи нашрияҳои e-library - 52, аз рӯйи РИНЦ - 50 ва аз рӯйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда - 43-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ беш аз 1000-мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр расонида шуд. Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ ҳамагӣ 9-патент, аз ҷумла 8-патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-патенти АвроОсиё барои ихтироъ, ҳамчунин 4-қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар Академияи миллии илмҳо беш аз 100-чорабинии илмӣ омода ва баргузор карда шуд, аз ҷумла, 2-форуми байналмилалӣ, 4-конференсияи илмии байналмилалӣ, 22-конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 45-семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 18-мизи мудаввар ва 2-курси омӯзишӣ.
Ҳамчунин дар доираи Маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ, ки мақсади он муаррифии олимон ва дигар намояндагони аҳли зиёии кишвар мебошад, 13-маҳфили илмӣ-фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии олимони шинохтаи ҷумҳурӣ бо иштироки васеи кормандони АМИТ ва меҳмонон доир карда шуд.
Зикр шуд, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ бо мусоидат ва иштироки роҳбарияти АМИТ 8-озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ таъсис дода шуд: Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад).
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Имрӯз, 3 июл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 700 – солагии шоири классики тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ намоишгоҳи нусхаҳои хаттии осори ин шоири ғазалсаро, ки дар Ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ нигоҳдорӣ мешавад, баргузор гардид.
Ба кори намоиш директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ҳусни оғоз бахшида, қудуми иштирокдорони намоишгоҳро хайрамақдам гуфт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷику форси асри 14 мебошад, ки бо ашъори нобаш пас аз гузашти қарнҳо ҳамчунон дар қалби на танҳо тоҷикзабонон, балки дар қалби ҳазорон ҳаводорони шеъру фарҳанг, дар саросари ҷаҳон ҷой дорад.
Таъкид гардид, ки осори ин шоири бузурги тоҷик форсу ҳануз дар асрҳои 18 ва 19 ба забонҳои мухталифи аврупоӣ тарҷума шуда буд. Шоир ва суханвари машҳури олмонӣ Гёте “Девони Шарқӣ”-и худро бо илҳом гирифтан аз осори Ҳофиз тадвин карда, онро ба номи ҳамин шоири тоҷик форсу гузоштааст. Ҳофиз асосан бо сароидани ғазалҳои бисёр равону шево шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Бар асоси барварди муҳаққиқон Девони Ҳофиз иборат аз 500 ғазал, 42 рубоӣ ва чанд қасида мебошад, ки онро дар тули умри пурбаракати худ эҷод намудааст. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистони мо борҳо ба хати кириллии тоҷикӣ чоп гардида, дастраси ҳамагон гардидааст.
Гуфта шуд, ки ғазалҳои ин шоири забардаст дар мавзуҳои гуногун аз ҷумла ишқу ошиқӣ, майу майгусорӣ, риндӣ, интиқоди иҷтимоӣ ва зуҳду тақвои дуруғин, зебоии табиат ва амсоли он эҷод шудаанд. Осори ин шоири забардасти ғазалсарои тоҷику форс дар бисёре аз китобхонаҳо ва марказҳои илмиву фарҳангии дунё нигаҳдорӣ мешавад, ки худ гувоҳи маҳбубияти ӯ мебошад.
Дар Ганҷинаи Маркази мероси хатии Академияи миллии илмҳо ва дигар китобхонаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нусхаи хаттии осори Ҳофиз мавҷуд аст. Пас аз истиқлолияти Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангдустонаи Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти бесобиқае дар ростои посдорӣ аз фарҳангу гузаштагони тоҷик сурат гирифт, ки ин сиёсат ҳамчунин бо суръат идома дорад.
Дар ростои ҳамин сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои Миллат буд, ки имсол дар таърихи 11 то 14 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати 700 солагии Ҳофизи Шерозӣ канфронс ва намоишгоҳ доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Аз тарафи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмиллалӣ 15 нусхаи дастнавис, 1 китоби чопи сангӣ ва 10 қитъаи хаттотии ашъори Хоҷа Ҳофиз, ки дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси боздидкунанадагон аз даҳҳо кишвари ҷаҳон қарор гирифт.
Дар идомаи намоишгоҳ дӯстдорони шеъру ғазали Ҳофиз мисраҳои пурмазмуну пурмуҳтавои ин шоири хушкаломро замзама намуда, диққати иштирокдоронро дубора ба осори ин марди хирад ва нобиғаи бузури тоҷику форс ҷалб намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби масъули Ганҷинаи нигоҳдории дастхатҳои маркази мазкур Мирзоев Изатулло оид ба дастхатҳои ба марази тамошогузоштаи Ҳофизи Шерозӣ ба иштирокдорони намоишгоҳ маълумоти муфассал дод.
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
Имрӯз, 1 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои дар пешистода бо намояндагони Парлумон ва муассисаҳои Тоҷикистон, масъалаҳои фаъолити парлумонӣ, муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ ва мероси ҷаҳонии Юнескоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки пас аз ба роҳ мондани равобит ҳамкориҳо дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, кишоварзӣ, таърих, энергетика тақвият дода мешаванд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар заминаи Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти таҳқиқотии ҳифзи гуногунии биологӣ таъсис дода шуд, ки дар доираи ин олимони тарафайн дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, омӯзиши пиряхҳо, энергияи сабз корҳои илмӣ - таҳқиқотии хешро ба роҳ мемонанд.
Инчунин, зимни мулоқот дар масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, омодасосии мутахассисон аз ҳисоби магистрантон, аспирантон ва докторантони PhD ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Федералии Олмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар охир барои дар оянда ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум байни Парлумони Саксония-Анҳалт ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.
Имрӯз 30 июн дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ (аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, файласуфи миллӣ устод Комил Бекзода, адабиётшиноси варзида Шоҳзамон Раҳмон, рӯшангари миллӣ Ҷамолиддин Саидзода ва дигарон) нишасти вежаи илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда”, ки ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов ихтисос дода шуд, баргузор гардид.
Маҳфилро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ намуда, ба таври иҷмолӣ аз вазъи ҳиндшиносии муосири миллӣ ва дар ин замина ибтикороту навовариҳои илмию эҷодии ҳиндшиноси муваффақи ватанӣ устод Ҳабибулло Раҷабов сухан ба миён оварда, сухани ифтитоҳиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода вогузошт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронӣ бар он таъкид кард, ки ҳиндшиносии муосири ватанӣ ҳамчун шохаи муқаввои ховаршиносии миллӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ бомаром пеш рафта, дар рушди ин соҳаи илмӣ саҳми ховаршиноси маъруфи тоҷик устод Ҳабибулло Раҷабов асосист.
Гуфта шуд, ки устод Ҳабибулло Раҷабов аз ҷумлаи ховаршиносони матраҳи ҷумҳурӣ ва поягузорони ҳиндшиносии ватанӣ маҳсуб шуда, пас аз хатми муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии вақти шуравӣ (Шуъбаи урду ва ҳиндии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов), ба муҳити илмӣ-академии ҷумҳурӣ пайваста, солҳои 1967-1970 ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1970-1973 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, тайи солҳои 1974-1981 дар симати ходими калони илмӣ, котиби илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои 1982—1984 устод Раҷабов ба кори тарҷумонӣ ҷалб шуда, дар хориҷи кишвар хидмати расмӣ ва тарҷумониро адо намудааст. Замони ифтитоҳи ниҳоди нави илмӣ-пажуҳишӣ (соли 2017) ба муҳити илмӣ-академӣ аз нав пайваста, тули солҳои 2017-2022 мудирияти Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст. Бемуҳобо, метавон устод Раҷабовро асосгузори ҳиндшиносии ҳирфаи ватанӣ дар ҷумҳурӣ номиду муаррифӣ намуд”.
Дар идома устод Ҳабибулло Раҷабов дар мавзуи “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” суҳбати ҷолиби илмӣ анҷом дод. Зикр гардид, ки саҳми ҳиндшиносони номии ватанӣ дар омӯзишу таҳқиқи мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми адабӣ, бадеӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ ва фарҳангии соҳати Ҳинд бениҳоят бузург аст.
Сипас, ходими пешбари илмии Шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Меҳр Собириён дар мавзуи “Бозтоби масоили ҳассоси замонӣ дар таҳқиқот ва таҳия-тарҷумаҳои устод Ҳабибулло Раҷабов” гузориши хуби илмӣ ироа дода, иброз дошт, ки устод Ҳабибулло Раҷабов на танҳо дар таҳқиқи масоили муҳимми адабу фарҳангу суннату ойинҳои Ҳинд, балки дар таҳия ва тарҷумаи осори арзишманди адибони қаламрави бузурги Ҳиндустон, ҳамчунин ошноии мардуми тоҷик бо муҳити илмию адабӣ ва фарҳангии сарзамини афсонавии Шарқӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Дар фарҷом файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода, матншинос, шоир ва муҳаққиқ Алии Муҳамммадии Хуросонӣ, фарҳангшинос Нозим Нурзода, ироншинос Олимҷон Хоҷамуродов, муаррих-шарқшинос Санавбарбону Воҳидова, доктори илми таърих, профессор Ниёзбадал Мирзоев, шеършинос Маҳмадёр Шарифов ва чанде аз донишмандону ховаршиносони варзидаи ватанӣ мулоҳизоти хешро атрофи вазъи ҳиндишносии муосири ватанӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҳиндшиноси маъруфи миллӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов ҳамчун мактабдори ҳирфаӣ дар рушду нумуи ховаршиносии миллӣ ихтисоран ироа доштанд.
#Маҳфил. БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА 40- СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ПАЖУҲИШИИ СИЁСАТШИНОСИ ШИНОХТАИ ТОҶИК МУҲАММАД АБДУРАҲМОН
Имрӯз, 25 июн бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори АМИТ Маҳфили Хиради АМИТ таҳти унвони “Мавқеи геосиёсии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он дар масири соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ”, ба муносибати Ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ва 40 – солагии фаъолияти илмӣ ва пажуҳишии сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз баргузор гардид.
Нахуст ба кори маҳфил ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки мавриди тазаккур аст, ки 27 июни соли равон ҷиҳати ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 28 сол пур мешавад. Ваҳдати миллии тоҷикон ва Мактаби сулҳофарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл намунаи ваҳдати дигар миллату халқиятҳои ҳамсояи дуру наздик низ ҳаст. Онҳо ғояи ваҳдатгароии моро ҳамчун сармашқи ҳалли низоъ ва моҷароҳои гуногун мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо ифтихор бояд гуфт, ки миллати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати начандон тулонӣ кишварамонро аз вартаи ҷангу ҷидол раҳо сохта, ваҳдати воқеиро таъмин намояд.
Ҳамин аст, ки мо имрӯз бо ифтихори бузург ҷашни Ваҳдати миллӣ, гиромидошти олимону пажуҳишгарон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро дар фазои осоишта муаррифӣ карда метавонем, вобаста ба ин бояд қайд намуд, ки маҳфили имрӯзаи мо ба 40 - соли фаъолияти илмӣ - пажуҳишии Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшниносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, бахшида шудааст.
Зикр шуд, ки устод Муҳаммад Абдурраҳмон Наврӯз дар рушду нумўи илм, Ваҳдати миллӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмии кишварамон хизматҳои шоёне намудааст, ки боиси ифтихори аҳли илму адаб гардидааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 350 китобу монография ва мақолаҳои илмӣ буда, зери роҳбарии профессор 7-нафар докторони илм ва 30 нафар номзадҳои илм ба камол расидаанд.
Ҳамзамон, имрӯз дар маҳфили мазкур рунамои монографияи нави профессор Муҳаммад Абдураҳмон бо номи “Сиёсат” ба муносибати 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” рӯи чоп омадааст, низ рунамоӣ гардид.
Дар идомаи маҳфил шогирдону наздикону пайвандони устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз суханронӣ намуда, аз таҷриаву донишҳои андухтаашон аз устод ёдоваврӣ намуда, ба устод изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз барои хизматҳои шоёнаш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сипосномаву ифтихорномаву унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.