Skip to main content
Муҳтарам бонувон-олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеан, ба оғози фасли баҳор рост омадани ҷашни бонувон, занон ва духтарон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Дар ситоиши Зан – Модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми кӯҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару Гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Рӯзи Модар, ки ҳамасола таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Зан, зеботарин офарандаи ҳастии рӯи замин аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши руҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.

Бо назардошти боло бурдани мавқеи зан, бунёди ҷомеаи солим, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қадру манзалати зан чунин қайд кардаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан–модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро, тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад».

Мавриди қайд аст, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занону бонувони кишвар баланд арзёбӣ гардида, ҳунару истеъдоди волояшон, ки таҷассумгари арзишҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгонамон мебошанд, такрор ба такрор зикр мегардад.

Нақши модар, махсусан дар таълиму тарбияи фарзанд, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.

Модарон, имрӯз фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд, ки дар ҷумҳурии мо чунин модарони соҳибмаърифату бофарҳанг кам нестанд.

Модарон дар ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарбияю ба воя расонидани фарзанди солеҳ ва ташаккули оилаи солим, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо мебошад, ҳиссаи арзанда ва босазои худро гузошта истодаанд. Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад.

Ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста буда, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии Зан-Модар вобаста аст.

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ба Шумоён – бонувон ва модарони муътабар ҷашни зебою фархунда - Рузи Модарро табрику таҳният намуда, бароятон cаодату хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо таманно менамояд. Дар ин лаҳзаҳои бузургу шаҳомат, лутфу назокат ва меҳрубониву самимият, ки ҳамагонро гирди ҳам овардааст, зарур медонад, ки мавқею саҳми занонро дар ҷомеа, бахусус дар соҳаи илму маориф қайд намояд.

Бошад, ки ҳамеша мисли гулҳои баҳори оламафрӯз зебову сарсабзу хуррам бошед!

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст!

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст!

Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи

миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон