Skip to main content

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз

Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.

Аллагӯён тифлро хобондаӣ,

То саҳар гоҳворааш ҷунбондаӣ.

Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,

Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ.

Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо

Пок кардӣ ашки чашмони маро.

Агар ба моҳияти ҳастӣ назар кунем, модар танҳо тарбиятгар нест, ӯ меъмори рӯҳ аст. Модар аввалин пайванди инсон бо ҷаҳон ва нахустин "мактаби" эҳсосот мебошад. Меҳри модар ягона нерӯест, ки қонунҳои физикиро рад мекунад: он тақсим мешавад, вале кам намегардад; дур мешавад, вале заиф намешавад.

Дар фарҳанги мо, зан-модар ҳамеша нигаҳдорандаи чароғи маърифат ва асолати миллӣ буд. Ӯ бо аллаи худ забонро пос дошт ва бо дуои худ иродаи миллатро устувор гардонд. Имрӯз модари тоҷик симои занест, ки дар як даст гаҳвора ва дар дасти дигар сарнавишти насли навро дорад.

Олимон исбот кардаанд, ки робитаи модар ва фарзанд аз ҷиҳати энергетикӣ ҳатто пас аз ҷудо шудан ҳам канда намешавад. Ин меҳр як навъ «сипари маънавӣ» аст. Фарзанде, ки дар оғӯши гарми модар ва зери сояи тарбияти дурусти ӯ ба воя мерасад, дар зиндагӣ камтар ба шикастҳои рӯҳӣ дучор мешавад. ​"Биҳишт зери қадами модарон аст" ин ҳақиқати азалӣ на танҳо мукофоти охират, балки дастурест барои мо, то дар ин дунё барои онҳо биҳиште аз осоишу эҳтиром бисозем.

Яке аз нуктаҳои муҳимтарин ин аст, ки чаро мо забони худро "забони модарӣ" мегӯем? Зеро маҳз модар буд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо, бо вуҷуди ҳуҷуми аҷнабиён ва тағйири хатҳо, вожаҳои ноби тоҷикиро дар лафзи "алла" ҳифз кард. Агар модар намебуд, шояд имрӯз мо бо забони дигар ҳарф мезадем. Ин бузургтарин хидмати таърихии зани тоҷик ба миллат аст.

Таърихи миллати тоҷик бидуни номи занони хирадманд ва шуҷоъ нопурра аст. Модар дар фарҳанги мо на танҳо тарбиятгар, балки сиёсатмадор ва ҷанговар низ буд.

Томирис: Рамзи озодихоҳӣ ва шуҷоате, ки ҳатто қудратмандтарин шоҳони замонро ба зону овард. Ӯ исбот кард, ки модар барои ҳифзи хоки ватан ва номуси фарзанд метавонад ба шери ғуррон табдил ёбад.

Гурдофарид: Намунаи барҷастаи зани ҷанговар дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, ки хираду ҳунари занро аз неруи бозуи мардон болотар гузошт.

Зебуннисо ва Робияи Балхӣ: Ин бонувони суханвар исбот карданд, ки зани тоҷик соҳиби тафаккури амиқи фалсафӣ ва эҳсоси латифи шоирона аст. Онҳо бо қалами худ дар баробари шамшери мардон истодагарӣ карданд ва фарҳанги моро ғанӣ гардониданд.

Муқоисаи Модар бо Коиноти Бузӯрг

Вақте мо ба осмони пурситора менигарем, азамати коинотро эҳсос мекунем. Аммо барои як астроном, бузургтарин кашфиёт на дар дуриҳои фазои беканор, балки дар наздикии мо, дар симои зане нуҳуфтааст, ки ӯро модар меномем. Ин матнҳо кӯшишест барои дарки рисолати модар на танҳо ҳамчун тарбиятгар, балки ҳамчун меҳвари физикию маънавии ҳастӣ, ки бидуни ҷозибаи ӯ низоми зиндагии мо ба нестӣ маҳкум аст.

Агар мо ба оила ҳамчун ба як Низоми офтобӣ назар кунем, модар дар маркази он қарор дорад. Ӯ он ҷисми азими нурфишон аст, ки бо нерӯи ҷозибаи худ тамоми фарзандон ва аъзои оиларо дар мадори муайян нигоҳ медорад. Бидуни ин ҷозиба, ҳар як узви ин низом дар фазои сарди беканор пароканда ва гум мешуд.

Тавре ки атмосфераи Замин моро аз радиатсияи марговари кайҳонӣ ва шиҳобҳо (метеоритҳо) муҳофизат мекунад, модар низ "қабати озон"-и рӯҳи фарзанд аст. Ӯ тамоми зарбаҳои сахти тақдир ва "тӯфонҳои офтобӣ"-и зиндагиро ба ҷони худ мегирад, то фарзандаш дар фазои амну осоишта рушд кунад.

Ҳар як инсон роҳи инфиродии зиндагии худро дорад, аммо меҳвари ин ҳаракатҳо аз арзишҳои тарбиявӣ ва маънавии модар оғоз мегардад. Чунон ки гардиши Замин дар гирди меҳвари худ шарти асосии мавҷудияти ҳаёт мебошад, нақши модар низ дар ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии инсон ҳалкунанда аст. Ӯ бо сухан, рафтор ва намунаи шахсии худ меъёрҳои ахлоқиро ташаккул медиҳад ва равандҳои камолоти маънавиро ба низом медарорад.

​Астрономҳо мегӯянд, ки Коинот доимо дар ҳоли васеъшавӣ аст. Меҳри модар низ маҳз ҳамин гуна аст, он ҳудуд надорад. Ҳар қадаре фарзанд бузургтар шавад, ҳамон қадар доираи меҳру ғамхории модар васеътар мегардад. Ӯ ягона "вартаи сиёҳ" аст, ки на нурро, балки тамоми дардҳо, хатоҳо ва гуноҳҳои фарзандро ба коми худ мекашад ва ба ҷои он нури бахшиш мебарорад.

Бо дарназардошти ин омилҳо, модарро метавон ба фавқулнавъ ташбеҳ дод, ки бо нерӯи худ фазои атрофро равшан месозад. Барои инсоне, ки ба омӯзиши олам ва табиат машғул аст, модар бузургтарин ва устувортарин манбаи рӯшноии маънавӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.

Барои як астроном, ки шабҳо ба беканории Коинот менигарем, модар бузургтарин ва дурахшонтарин ситора дар бурҷи Инсоният аст. Ситораҳо шояд хомӯш шаванд, сайёраҳо шояд мадори худро дигар кунанд, вале меҳри модар ягона бузургии доимии Коинот инсонист.

Дар ин рӯзи муқаддас, Рӯзи Модар, ба ин "Офтоби хонадон" на танҳо ҳамчун як зани фидокор, балки ҳамчун як неруи кайҳонӣ арҷ бояд гузошт. Мо астрономҳо медонем, ки Коинот бениҳоят калон аст, вале дар ин беканорӣ ҳеҷ ситорае дурахшонтар ва ҳеҷ сайёрае гармтар аз оғӯши модар нест.

Таҳияи кормандони Институти астрофизикаи АМИТ: Нурзода Ҳ.Ф., Пирова В.С.