
26 феврали соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии илм ва технология хонум Карина Ангуэлиева мулоқоти судманд анҷом дод.
Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самтҳои техника, таҳқиқотҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар мулоқоти имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи худро бо Маркази байналмилалии илм ва технология дар доираи якчанд лоиҳаҳо ба роҳ монда, минбаъд низ тибқи он барои густариш додани ҳамкориҳо дар якҷоягӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ хоҳанд монд.
Зикр шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти Маркази байналмилалии илм ва технология ба олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон имкон пайдо мешавад то дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Дар мулоқот қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои муштарак мо метавонем дар оянда, миёни олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷониби дигар конфронс ва симпозиюмҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор намоем. Ҳамзамон ҷонибҳо дар масъалаи омода намудани кадрҳои баланди илмӣ таваҷҷуҳ равона намуда, барои ҳамкорӣ дар ин самт ба мувофиқа омаданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри рушди техникаву технология қарор дорад. Гуфта шуд, ки Ҳуши маснуъӣ падидаи фанноварии нодири солҳои охир аст. Вобаста ба ин мо бояд дар ин самт тадбирҳои нав андешида, ҳамкориҳои худро тақвият бахшем.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қоиблҷон Хушвахт таъкид дошт, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав фаъолият менамояд, ки пурра ба ин самт бахшида шудааст. Дар оянда барои тақвият бахишидан дар ин самт мо метавонем ҳамкориҳои худро дар доираи фаъолияти ин марказ ба роҳ монем.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда, бахусус дар самтҳои техника, таҳқиқотҳои илмӣ омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ изҳор карданд.
3 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзалиятҳои ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон ба марҳилаи фаъол ворид мегардад.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, мошинсозӣ, логистикаву нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳо номида шуд.
Имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд.
Дурнамои ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ низ таъкид гардид.
Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ ҳам аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.
Афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур дониста шуд.
Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.
https://www.president.tj/event/news/50412
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Русия #Россия #Russia #Тотористон #Татарстан #Tatarstan
Дар бораи даъвати иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 11 апрели соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 3 апрели соли 2025 №1016
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото мулоқот намуданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото мулоқот намуданд.
Имрӯз, 1 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҳамовозӣ ба робитаи дӯстии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар роҳбарони муассисаҳои илмӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш зикр дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобитҳои дӯстонаи худро бо ҳамсоякишварҳо хуб ба роҳ мондааст. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон иброз медоранд: “Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат ба таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои ҳаётии ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ комилан созгор аст”.
Таъкид гардид, ки кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон равобитҳои муштарак ва фарҳанги бисёр ҳам наздик доранд. Маҳз ин равобиту муносибатҳои дустона дар заминаи сиёсати бобарор ва сулҳҷӯёнаи роҳаброни ин кишварҳо мебошад, ки имрӯз мустаҳкам гардидааст. Бояд гуфт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири тоҷик буда, дар сиёсати хориҷию дохилии кишвар заминаҳои назаррас гузоштааст.
Бояд қайд кард, ки бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ равобитҳои дӯстонаи худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ устувор намуд.
Имрӯз мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон маҳз аз ҳамин сиёсати сулҳҷӯёна ва бобарор маншаъ мегирад.
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 100% овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Каримзода Мунир
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 100% овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона» 98% овозҳо, ба тарафдории Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 98% овозҳо, ба тарафдории Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 97% овозҳо ва ба тарафдории Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 99% овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуданд.
@RustamEmomali
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона», аз ноҳияи Фирдавсӣ, Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз ноҳияи Шоҳмансур ва Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ноҳияи Сино пешниҳод гардида буданд.
@RustamEmomali
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
@RustamEmomali