Тавре ҳамагон хуб огоҳ гардидем, дар санаи 30 – юми майи соли 2024 дар толори Кохи “Ваҳдат” – и шаҳри Душанбе, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли илм ва маорифи кишвар доир гардид, ки ин вохурии навбатӣ пас аз чаҳор соли баргузорӣ бо ин тоифа барои аҳли ҷомеа ва ҳамзамон кормандони ин ду соҳаи калидӣ хеле ҳам муҳим ва бамаврид маҳсуб меёфт. Зеро ҳамагон хуб медонем ва инчунин огоҳем, ки таваҷҷуҳи пайваста ба ин ду соҳаи муҳим аз ҷониби Сардори давлат ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Ва мардум низ соҳаҳои илму маорифро чашми бинои ҳама кас ном мебаранд.
Чунки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар як вохӯрии худашон перомуни зарурати донишомӯзӣ, аҳаммияти рушди соҳаҳои калидии ҷомеа –илму маорифи тоҷик, мушкилоти соҳаҳои илму маориф, роҳҳои ҳалли он ва дурнамои ҷомеа ба таври пайваста зимни ҳар як мулоқоту боздидҳояшон аз наздик бо масъулини ин соҳаҳо мунтазам суханронӣ намуда, ҳамзамон аз аҳли илму маърифат ва омӯзгорону донишмандони кишвар даъват ба амал меоваранд, ки дар рушди илми тоҷик, идомабахшии кору пайкори олимони сатҳи ҷаҳонӣ ва нобиғагону бузургони кишварамон, мунтазам даст задан ба ихтироъкориҳову навовариҳо, рӯй овардан ба китобу китобхонӣ, тарбияи донишандӯзиву маърифатҷӯйии фарзандонамон ҳеҷ гоҳ набояд саҳлангорӣ накарда, балки боз ҳам бештар аз пештар ва ё худ ҷиддитар машғул шавем.
Зеро, хоҳ нохоҳ вазъи имрӯзаи рушди илму технологияи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки масъалаи мазкурро ба таври мушаххас бори дигар бо иштироки аҳли илму маорифи кишварамон ва тоифаи пешгоми ҷомеа ва ё худ ба ном зиёин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд, ки албатта, ин бесабаб нест. Зеро, дар ҳама давру давру замон илму маърифат қуфлкушои ҳама дарҳо ва инчунин сарчашмаи пешрафту хушбахтии ҷомеа, рушди оила, бурду бохти миллат ва давлат маҳсуб меёбанд. Тавре дар урфият низ хуб фармудаанд:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ҷаноби Олӣ зимни суханронии пурмуҳтавои худ иброз доштанд, ки айни замон илм асоси пешрафти иқтисодӣ, бар замми ин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва инчунин таъмини дарознокгардонии умри инсонист. Илм василаи раҳо гардидан аз гиреҳи мушкилот ва кафолати таъмини амнияту осоиштагии муътамад барои ҳар як фарди ҷомеа буда, инчунин ба ибораи дигар дар алоҳидагӣ ва барои миллату давлат дар умум аст.
Бояд қайд кард, ки ин мулоқоти судманду хотирмон ҳар як шахси соҳибмаърифатро водор менамояд, ки чун ҳамеша аҳаммияти фарогири мафҳуми илм ва эҳсоси миллатдӯстию меҳанпарастии Пешвои муаззами миллатро бори дигар эҳсос намуда, ҳамзамон баҳри пешрафти илму маорифи кишвар кӯшиш ба харҷ дода, рисолати касбиашро бо амри дилу виҷдон ба сомон расонад ва инчунин бахилию ҳасудиро аз батни худ дур карда, баҳри рушди зеҳнии шогирдони худ ба таври пайваста кӯшиш ба харҷ диҳад.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронии пурмуҳтавояшон аз дастовардҳои кишвар дар як шароити барои давлати ҷавон ногувор ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мо бисёр сохторҳои барои ҳастии давлат заруриро аз сирф оғоз намудем ва имрӯз дар арсаи байналмиллалӣ соҳиби эътирофу эҳтиром гардидем. Ҳамаи ин мушкилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ё худ марҳала ба марҳала бо дарназардошти дурнамои рушди бомарому босуръати кишвар ҳаллу фасл карда истодааст.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва инчунин боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлол имрӯз дар бархе аз соҳаҳои илми кишварамон мушкилот ҷузъие низ шакл гирифтааст, ки ин нотавонбинию худпарастӣ ва дастгирӣ накардани олимони унвонҷӯй дар давоми солҳои тӯлонӣ мебошад, ки ба ин падидаи номатлуб хотима гузоштан зарур аст.
Чунки саҳлангорӣ ва бахилию ҳасудӣ хоси олими асил набояд бошад. Олими беамал тимсоли занбӯри беасал аст. Олими асил ва донишманд бояд дар рушди илм ва тарбияву ба камол расонидани шогирдони сазовори даврон ва инчунин раҳнамоӣ намудани ҷавонон бояд дар ҳама ҳолат ҳисси баланди масъулият эҳсос намояд, на ин ки барои миқдор шуда, шогирдонро сарсону саргардон ва аз илму донишандӯзӣ дилхунуку ноумед гардонад.
Ба таври ошкоро метавон гуфт, ки айни замон дар соҳаи мазкур баъзан саҳлангориҳои хандаовар, инчунин ҳолатҳое, ки ба шаъну шараф ва обрӯю эътибори олимони куҳансол латма ворид менамояд, аз ҳама бештар эҳсос карда мешавад. Чунки ашхоси кӯтоҳандешу ба чунин амалҳои ғаразноку номатлуб дастзананда худ ба хубӣ дарк намекунанд, ки онҳо бо чунин рафтори ношоиста ва амалкардашон на танҳо ба пешрафти илми кишвар, балки ба обрӯю нуфузи худашон ва ҷомеа зарари ҷиддӣ расонида, қадри илму олимро дар назди аҳли башар пасту беобрӯ мегардонанд. Олими асил ва дилсӯзи миллат онеро меноманд, ки худ бо аъмоли нек, раҳнамоии пайваста ва дастгирӣ намудани шогирдони сазовори давру даврон аз худ баъди сараш номи неке ба ёдгор мегузорад ва пас аз реҳлати ӯ шояд, ки рӯзе расаду ҳамон шогирди вафодору қадршиносаш ҳам боифтихор худро шогирди устоди хеш ҳисобаду ҳурмату эҳтиромашро заррае ҳам бошад ба ҷой биёрад.
Вале, аксарияти устон баҳри манфиати андак ё эътибори дӯстию рафиқӣ ва ё худ ба иллати бемории табобатнашавандаи ва нодида гирифтанҳояшон теша ба решаи худ мезананд. Дар баъзе ҳолатҳо ашхоси дар илм тасодуфӣ ва барои миллату давлат бетарафу бешарафро ҳамчун шахси донишманд пазируфта ва дар ниҳодҳои илмӣ мавқеъ дода, пас худ як заррае ҳам намеандешанд, ки бо ин амалкардашон гуноҳи азиме дар назди на танҳо илм, балки миллату давлат содир менамоянд. Албатта, ин амалкард на танҳо аз бемасъулиятии бархе донишмандон, балки аз бетарафию бешарафии бархе аз, ба ном олиму бо илм сару кор дошта, хусусан аз нобинои ва кам андеша кардани ниҳодҳои илмӣ ва масъулини марбутаи самти дахлдор низ вобастагии зиёде дорад.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо муваззафем, ки он ҳама дастуру супоришҳое, мушаххасе, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар мулоқоти зикршуда ироа намуданд, метавон гуфт, ки эҳсоси дилсӯзонаи аҳли соҳибхираду бовиҷдон, дурандеш ва баору номусу меҳанпарасти илму маорифи кишварро боз ҳам ба ҷунбиш оварда, масъулияти ватанпарастиию меҳангароии онҳоро дучанд қавитар хоҳад гардонд. Ба гуфтаи шоир Фигорӣ:
Муаллим раҳнамои беҳтарин шуд,
Ба ангушти дилаш дониш нигин шуд.
Чу роҳи растгорӣ менамояд,
Сазовори ҳазорон офарин шуд.
РАҲИМЗОДА А.О. – директори Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
НАЗРУБЛОЕВ Н.Н. – котиби илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон