Skip to main content

03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Акитаи Ҷопон ба Донишгоҳи Акита ташриф оварда бо ноиби президенти донишгоҳ профессор Такеши Гото мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки имрӯз Донишгоҳи Акитаи Ҷопон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи барномаҳои илмию таълимӣ, ки ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ нигаронида шудаанд, фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Ин ҳамкорӣ ба рушди иқтидори илмӣ, табодули дониш ва эҷоди қарорҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад.

Ёдовар мешвем, ки самтҳои асосии ҳамкориҳои Донишгоҳи Акитаи Ҷопон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар оянда тадқиқоти захираҳои табиӣ, энергетика, геология, истихроҷи маъдан, ҷустуҷӯи муштараки конҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили элементҳои нодири замин, ки барои саноати баланди технологӣ муҳиманд ва инчунин мубодилаи технологияҳо ва таҷриба дар соҳаи истихроҷи захираҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза хоҳад буд.

Инчунин, густариши ҳамкорӣ дар самти захираҳои об ва гидроэнергетика, тадқиқот оид ба таъсири тағирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон, лоиҳаҳо оид ба беҳтар намудани идоракунии об ва рушди технологияҳои устувори гидроэнергетика дар оянда байни Донишгоҳи Акита ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вусъат меёбад.

Ҳамзамон, ҷонибҳо дар оянда барои фароҳам овардани имконият барои таҷрибаомӯзии ҳарсолаи мутахассисон ва олимони тоҷик дар Донишгоҳи Акита ва инчунин омӯзиши магистрантон ва докторантони PhD- и АМИТ дар барномаҳои махсус дар Ҷопон, аз ҷумла дар соҳаи геология, муҳандисӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ ба мувофиқа расиданд.

Зимни мулоқот ба масъалаи дастгирии олимони ҷавон, гузаронидани семинарҳо, конфронс ва симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ дар байни олимони Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шуд. Ҳамчунин, ба масъалаи роҳандозӣ намудани барномаҳои грантӣ барои аспирантон ва муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ равона гардид.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акита интиқоли технологияи инноватсионӣ мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар оянда ҳамкориҳо дар ин самт густариш ёфта, дар назар аст, ки бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи Акита муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо технологияҳои наву замонавӣ барои пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотии олимон ва муҳақиқони ҷавон таъмин карда мешаванд.