Skip to main content

Мусаллам аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобитҳои густурда байни халқияту миллатҳои ҷаҳон дар ҳамагуна соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, фараҳангию техникӣ, илму маориф рушду равнақ ёфтаанд. Маҳз давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири рушди соҳаҳои илму маориф ва пешрафти зинаҳои гуногуни илмии муосир диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои муаррифии он ба ҷаҳониён ба таври шоиста талош варзида истодааст. Умуман, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз дорад.

Хушбахтона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар паҳлӯҳои сиёсати кишвар, ба илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин коргузорӣ бештар дар робитаҳои хориҷии мамлакат назаррас аст. Дар ҳамин раванд Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо муассисаҳои илмии кишварҳои ҳамҷавори худ хуб ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин ҳамкориҳо нимаи дуюми рӯзи 03 май Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро Аики мулоқот доир намуд. Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ, Мирвайсов Мамурҷон, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Қодиров Анвар, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз намояндагии сафорати Ҷопон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро Аики, котиби сафорат Хасегава Томонори, атташеи сафорат Ямамото Томоки иштирок намуданд.

Дар мулоқот нахуст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайрамақдам гуфта, дар робита ба ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию таҳқиқотӣ ва доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳамкориҳои муштарак ва мутақобилан судманд байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Япония аҳамияти махсус дода, таваҷҷуҳи хосаро дар самти муносибатҳои манифатбахш бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA), ки аз соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад ва ҳамкориҳоро миёни донишгоҳу муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Акитаи Япония тақвият медиҳад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани равобитҳо дар соҳаи илм масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа омада, таъкид доштанд, ки мо бояд ҳамкориҳои илмии худро дар низоми нав ба роҳ монда, ҷиҳати ташкили курсҳои омӯзиши забони ҷопонӣ байни олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадбирҳо андешем. Дар рафти мулоқот ба масъалаи ҷалби магистрантону докторантони PhD ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳу муассисаҳои илмии Ҷопон таваҷҷуҳ равона гардид.