Skip to main content

(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона ва иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия”)

Нахустин саммити сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Италия дар таърихи 30 майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ширкат намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ дар ин рӯз дар Остона баргузор шуда ва худи ҳамин рӯз раиси ҳукумати Италия бо сафари расмӣ ба Қазоқистон ташриф овард. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.

Маълум аст, ки давоми чанд соли охир Мулоқоти сарони кишварҳои "панҷгонаи" Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон бо иштироки давлатҳои ғайри минтақавӣ баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки дар чунин чорабиниҳо иштироки роҳбарони вазорати корҳои хориҷӣ ё дигар идораҳо низ дар сатҳи баланд баргузор мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин нишастҳо ба таври доимӣ дар ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шуда, тобистони ҳамин соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мешавад. Инчунин дар тирамоҳи ҳамин соли 2025 ин нишаст, яъне нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери номи “Нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ-Русия” ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин сафар Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Италия иброз доштанд, ки ҳадафи Тоҷикистон ин аст, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, хусусан ба Италия аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратиро ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкону захираҳои табиии Тоҷикистон, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини итолиёвӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад.

Бояд гуфт, ки Италия дар маблағгузории лоиҳаҳои бузург саҳми созгор дорад ва дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд ва ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” саҳми назаррас дорад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои рушди энергетика, густариши ҳамкорӣ барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба таъсиси ҷойҳои корӣ, омодасозии коргарони баландихтисос ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ андеша намуданд.

Дар ин нишаст рушди ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Италия дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, энергияи сабз, илм ва инноватсия дар минтақаро дар бар мегирад.

Зиёев Субҳиддин Насриевич, - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон