Skip to main content
222

 

Дар остонаи Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барги сабзе аз узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов бо номи “Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат” ба нашр расид. Дар китоби мазкур ба таври мухтасар чеҳра, мақом ва хадамоти Пешвои миллат дар раванди эҳёи давлатдории навини тоҷикон бар асоси дидгоҳи профессор Саймумин Ятимов ва асарҳое, ки дар ин заминаи дар тули солиёни гуногун таълиф кардааст, симои Пешвои миллат ба таври равшан муаррифӣ шудааст.

Китоб аз чанд қисмати муҳим иборат аст:

1. Истиқлоли давлатӣ аз дидгоҳи Пешвои муаззами миллат.

Муҳимтарин натиҷагирӣ дар ин қисмат ин нукта аст, ки “Пешвои миллат падидаи истиқлолро армуғони тақдир намедонад”, балки “ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад”. Ин як хулосаи мантиқӣ ва илмӣ буда, ки Истиқлоли миллии моро бо раванди истиқлолхоҳии миллати тоҷик дар тули таърихи беш аз панҷҳазорсола пайванд мезанад. Раванди истиқлолхоҳии миллии мо дар ҳақиқат дар ҳар аср ва давру замоне дар шаклҳои гуногун зуҳур пайдо кардааст. Профессор Саймумин Ятимов руҳи истиқлолхоҳии миллати тоҷикро дар дарозои таърих ба хубӣ дарк намуда, онро бо якдигар пайванд мезанад. Бешак, ин дигоҳ пойдевори истиқлоли миллии моро истеҳкоми бештар хоҳад дод. Аз ин рӯ, профессор С.Ятимов ба дурустӣ ташхис медиҳад, ки масъалаи соҳибихтиёрӣ дар назаргоҳи Пешвои миллат танҳо хусусияти ҳуқуқӣ, ифтихорӣ, декларативӣ ва идеявӣ надошта, балки ба ин падидаи муқаддас аз диди моҳиятӣ менигарад. Ӯ менигорад: “Агар муҳимтарин офаридаҳои табиат обу ҳаво бошанд, ки бе онҳо дар рӯйи замин ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, дар суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлат истиқлол барои миллат айнан ҳамин ҷойгоҳро дорад" (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 4).

2. Таърих ва ташаккули миллат (доир ба нақши таърих дар раванди давлатсозии навин).

Дар ин бахши китоб профессор С.Ятимов корномаи давлатсозӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз назари таърихӣ ва фалсафаи сиёсат ба корномаҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати Сомониён монанд карда, нақши ин ду шахсияти таърихӣ ва фарзонаро дар бунёди давлатдории миллӣ ба таври хос зикр менамояд. Дар ҳақиқат, равандҳои таърихро шахсиятҳои бузург ва фавқулода таъин мекунанд. Маҳз вуҷуди чунин шахсиятҳои рӯинтан ва матинирода дар ду давраи таърихии сарнавиштсоз заминаро барои ташкили давлатдории миллии тоҷикон фароҳам кардааст.

Профессор С.Ятимов вақте дар мавриди шахсияти хос ва истисноӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯяд, як омили бисёр муҳимро дар ин раванд зикр мекунад, ки камтар касе ба ин нукта пеш аз ин таваҷҷуҳ кардааст: “Раҳбари давлат ҳангоми тафсир ва муаррифӣ кардани миллат эътиқодмандона ва бо ифтихор сухан мегӯяд...ва ба мақоми таърихӣ расидани миллатро аз табиати ботинии худи ӯ медонад” (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С.

3. Нақши шахс дар тақдири миллат (дар хусуси ин, ки чӣ гуна фарзанди фарзона бо иқдомоти хоси худ тақдири миллатро тағйир дод).

Таърих собит кардааст, ки ҳеч фарде бидуни доштани эътиқоду боварӣ ба таъриху арзишҳои миллии хеш ва муҳаббату азми қавӣ ба мақоми Пешвои миллӣ даст наёфтааст. Миёни халқ ва раҳбари миллӣ ҳамеша як навъ иртиботи ноаёни ботинӣ вуҷуд дорад ва маҳз ҳамин омил сабаби иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ дар атрофи як фард мегардад. Шахсиятҳои бузурги миллӣ дар заминаи омӯзиши дақиқи таърихи гузаштаи хеш ташаккул ёфтаанд. Ба фармудаи устод С.Айнӣ: “Таърих танҳо замоне маъно пайдо мекунад, ки дар дастони мардум ҳамчун яроқи мубориза барои оянда табдил шавад”.

4. Дурахшон аст бо рафтор, бо кирдор, бо гуфтор (нигоҳе ба рафтор, кирдор ва гуфтори Пешвои миллат ва садоқату самимияти ӯ бо халқ дар марҳалаҳои тақдирсоз).

Дар ин бахш профессор ба нақши шахсиятҳои таърихсоз ва сифату вижагиҳои фардии онҳо диққат дода, бо муқоисаи хусусиятҳои зоҳирӣ ва ботинӣ симои Пешвои миллатро муаррифӣ кардааст. Шахсиятҳои таърихӣ афроде ҳастанд, ки дар маркази таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифта, оммаи халқ ба ҳар як гуфтору кирдор ва амали онҳо бо эҳсосу ҳаяҷон таваҷҷуҳ намуда, аз онҳо пайравӣ менамоянд. Бинобар ин гуфтор, рафтор ва кирдори онҳо низ дар ташаккули миллатсозӣ ва давлатсозӣ нақши муҳим мегузорад. Профессор С.Ятимов дар заминаи омилҳои такомули фард дар иҷтимоъ менависад: “фард ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз назари субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишон диҳад”. ((Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 23).

Дар идома муҳаққиқ бо баршумурдани сифоти хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вижагиҳои зоҳирию ботинии ӯ, чеҳраи таъсиргузор будани ӯро дар масири давлатдорӣ зикр менамояд. Яъне, хусусиятҳои хоси ахлоқии Пешвои миллат омили дигари муттаҳидкунандаи мардуми тоҷик дар таърихи муосир ба шумор меравад.

5. Ваҳдати миллӣ ва хештаншиносӣ – пояи давлатдорӣ (дар хусуси ба ҳам овардани миллати парешон дар атрофи як ҳадафи воҳид).

Аз дидгоҳи профессор С.Ятимов вижагии дигари шахсияти Пешвои миллатро таваҷҷуҳи рӯзмарраи ӯ ба масъали ваҳдати миллӣ ва хештаншиносӣ ҳамчун унсури давлатдорӣ ташкил медиҳад. “Дар баёни маъниҳои худшиносӣ ва ваҳдат Сарвари давлат андешаи миллиро дар ҷойи аввал мегузорад...” (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 24). Дар ин қисмат аз китоб ба дурустӣ зикр шудааст, ки андешаи миллӣ бидуни эътироф ва эҳтиром гузоштан ба урфу одат ва суннатҳои бостонӣ ба даст намояд. Аз тарафи дигар, мафҳуми хештаншиносӣ танҳо дар партави шинохти манфиатҳои миллӣ маъно пайдо мекунад. Ҳамчунин ишора мешавад, ки таърихи халқ “маҷмуи равандҳо ва натиҷаҳое мебошад, ки худи фарзандони миллат” дар тули давраҳои гуногуни таърихӣ андӯхта ва таҷриба кардаанд. Аз ин ҷиҳат “Дарки амиқи амалӣ намудани рукнҳои маънавиёти миллӣ дар партави корномаи Пешвои миллат аз аркони худшиносии миллӣ мебошад. Мағз дар мағзи онро садоқат ба Ватан, манфиатҳои миллӣ, ташаккули тафаккури илмӣ нисбат ба воқеоти олам, минтақа ва ҷомеаи мо ташкил мекунад (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 27).

6. Сухан ҷон мегирад андар каломаш (баррасии қудрати суханварӣ, таҳлилӣ ва ояндабинии Пешвои миллат).

Вижагии дигари як раҳбари миллӣ маҳорати хоси суханварӣ, маъниофаринӣ, тасмимгирӣ ва таҳлилу арзёбии ҳодисаву воқеаҳои олами атроф аст. Вокуниши дуруст нишод додан ба бархӯрдҳои муҳит ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар гирудори ҷомеаи байналмилалӣ кори саҳлу сода нест. Доштани ин хусусият ҳам барои бартараф кардани фитнаҳои дохилӣ ва ҳам барои бекор кардани таҳдидҳои берунӣ бисёр муассир воқеъ мегардад. Дар ин бахш профессор С. Ятимов бо баршумурдани ин вижагиҳои Сарвари давлати тоҷикон таъкид менамояд, ки маҳз бо баракати ҳамин сифатҳои нодир Тоҷикистон аз чанд буҳрони хатарнок худро эмин нигоҳ доштааст.

7. Ба дилҳо роҳ ёбад ҳар Паёмаш (нигоҳе ба Паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун санади ҳуқуқӣ, таърихӣ ва дастури давлатсозӣ).

Дар ин қисмат муаллиф аҳамияти Паёмҳои Пешвои миллатро дар раванди давлатсозӣ, шеваи давлатдорӣ, тағйир афкори умумӣ, такмили ҷаҳонбинии миллӣ ва тағйири фазои исёсию иҷтимоии мамлакат баршумурда, аз онҳо ҳамчун санади стратегӣ ва сарнавиштсоз ёд мекунад. Паёмҳои Пешвои миллат аз як тараф агар натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ҳукумат бошад, аз тарафи дигар дар онҳо нуктаҳое зикр ёфтааст, ки аҳаммияти тақдирсози миллӣ дошта ба ҳамаи давру замонҳо дахл доранд. “Омӯзиши паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат нишонгари он аст, ки дар ҳуҷҷатҳои зикргардида вазъияти давлат таҳлил ва арзёбӣ мегардад. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат на танҳо дар муддати як сол, балки барои даҳсолаҳои минбаъда коркард ва эълон карда мешаванд” (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 38).

8. Забони модариро ҳомӣ бошад (дар мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба забон ҳамчун нахустунсури ҳувиятсоз ва падидоварандаи илму фарҳанг ва тамаддун).

Қобили зикр аст, ки забон нахустунсури ҳувиятсозии миллат аст ва барои эҳтирому гиромидошти он тамоми имкониятҳои миллӣ бояд дар назар гирифта шаванд. Ҳимояи забон ба маънии такмили ҳувият ва маънавияти миллӣ аст, ки самараи он бақо ва истеҳкоми давлатдории миллӣ мебошад. Бинобар ин, дар тамоми суханрониҳо ва паёмҳои Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба забон дар садри масъалаҳои миллӣ қарор гирифтааст. Ин ҷанбаи симои Пешвои миллатро профессор С.Ятимов дар асарҳои хеш бо диққат пайгирӣ намуда, нақши забонро дар таҳкими давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ мекунад. Ӯ менависад: “Дар таълимоти Пешвои миллат забон ҳамчун падидаи нодири ҷамъиятӣ ва натиҷаи ҷараёни таърихии шаклгирии миллати тоҷик тавсиф мегардад” (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 46).

9. Рушди фард дар илм ҳасту маърифат (дар мавриди ҳувияти миллӣ, огоҳӣ аз таърих, фарҳанги сиёсӣ ва ҷаҳонбинии фарохи Пешвои миллат).

Дар ин қисмат муаллиф бо такя ба фармудаҳои Пешвои миллат нақши илму маърифатро дар ташаккули фард ва таҳаввули ҷомеа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, бақои давлати навинро вобаста ба вуҷуди афроди донову мутахассис ва шуҷову лаёқатманд медонад. Нақши илм дар ташаккули фард ва ҷомеа дар осори аксари бузургони илму адаби мо низ ба возеҳ ишора шудааст. Таъкиди Пешвои миллат низ дар бораи омӯзиши осори бузургон маҳз ба хотири ба даст овардани ҳамин гавҳари ноёб, яъне илму дониш мебошад. Дар ин бахш омадааст: “Сардори давлат ба маърифтнокӣ, тахассусмандӣ, маънавиёти ба манфиатҳои миллӣ созгор, яъне дараҷаи сифатии миллат таваҷҷуҳи бузург зоҳир мекунад... Барои он ки муаррифгари миллат – ақл, заковат ва дараҷаи маърифатнокии ӯст, на шумораи аҳолӣ ва захираҳои табиии мамлакат” (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 50). Ин таъкидоти Пешвои муаззами миллат дар мавриди зарурати омӯзиши илм ва забонҳои хориҷӣ аз таҷриба ва воқеияти ҷаҳони муосир маншаъ гирифтааст. Ҳар миллате, ки дар низоми байналмилалӣ хостори ифои нақши таъсиргузор бошад, бояд ногузир домани илму донишро маҳкам ба даст бигирад, зеро бо шиор коми касе ширин нашудааст.

10. Номи миллат ҷовидон бо номи ӯст (перомуни ҷонбозиҳо, сарсупурдагӣ, матонат, ҷасорат ва корномаи беназири Пешвои миллат дар раванди давлатсозии навин дар Тоҷикистон).

Дар ин қисмат муаллиф бо зикр корнамоиҳои Пешвои миллат дар даврони истиқлол ва дастовардҳо ӯ дар арсаи сиёсату иқтисод ва иҷтимоиёт, масъалаи ягонагии халқу раҳбарро дар миён мегузорад. Ҳар давру замон вобаста ба талаботи иҷтимоии худ шахсиятҳои миллиро парвариш дода, ба арсаи муборизаҳои калон мебарорад. Профессор С. Ятимов низ бо назардошти ҳодисаву воқеаҳои оғози даврони истиқлол ва буҳронҳои шадиде, ки мавҷудияти миллии моро зери хатар қарор дода буд, зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат ва давлатдориро як зарурати таърихӣ қаламдод кардааст. Печидагии авзоъ ба гунае буд, ки ҳар касе қодир ба ҳалли масъалаҳои муҳими миллӣ набуд. Аммо воқеияти таърихӣ аз батни ҳодисаҳои ин шахсияти миллиро рӯи кор овард, ки бо азму иродаи оҳанин тақдири миллатро дар муддати кӯтоҳ дигаргун кард. Як миллати парешону афсурда дар симои ӯ ояндаи хешро таҷассум кард. Ба қавли Иосиф Нютон: “Хосияти гениалии инсон аст, ки меҳнати пурмушаққат ва тафаккури нерумандро ба самти муайян сафарбар намояд” (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 54). Ҳамин тавоноӣ дар он солҳои буҳронӣ дар вуҷуди Пешвои миллат зоҳир гашт ва бо шуҷоат давлату миллати хешро аз туфони хонабарандоз наҷот дода, ба соҳили умед расонид. “Аз он дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар муддати се даҳсолаи ахир ба даст овард: оташи ҷангро хомӯш ва миллатро сарҷамъ кард. Давлати миллиро асос гузошт. Онро бунёд кард. Иқтисодиёти мамлакатро барқарор ва кишварро сарсабзу обод намуд”. (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 52).

11. Маорифро бақои миллату давлат бидонад (дар хусуси таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ҳамчун таҳкурсии бунёди ҷомеаи навин).

Саймумин Ятимов дар ин қисмат таъкид мекунад, ки давлати миллиро бе соҳаи маорифи қавӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ӯ дар ин бахш иқдомоти Пешвои миллат дар соҳаи маорифро арзёбӣ карда, таҳаввули босуръати ин соҳаро барои тақвияти давлати миллӣ муҳим донистааст. Бунёди мактабҳо, донишкадаҳо, донишгоҳҳо, кӯдакистонҳо, ҷорӣ кардани системаи нави таълимӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, таълифи китобҳои бадеӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва даҳҳо иқдоми дигар аз ташаббусҳое аст, ки Пешвои миллат дар баробари ҳалли дигар масъалаҳо ҳамзамон ба ин рукни муҳимми давлатдорӣ низ асос гузоштааст.

12. Низоми иқтисодӣ тарҳ бинҳод (перомуни нақши Пешво дар эҳёи низоми иқтисодии мамлакат).

Иқтисод рукни дигари ташкили давлати миллӣ ба шумор меравад. Профессор С. Ятимов дар ин қисмати китоб ба иқдомоти Сарвари давлат дар эҳёи иқтисод ва инфраструктураи фалаҷшудаи он ишора карда, тадбирҳои хирадмандонаи Пешворо дар ин замина муайян намудааст. “Маълум аст, ки маҳз тавассути кӯшишҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллии мо фаъолияти низоми иқтисодии мамлакат эҳё гашт. Рушди бемайлони он таъмин гардид. Симои шаҳру деҳот ба куллӣ тағйир пазируфт” (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 60). Ба қавли муаллиф дар низоми иқтисодие, ки дар даврони истиқлол поягузорӣ шуд, тамоми масъалаҳо бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар назар гирифта мешавад. Дар даврони истиқлол бо мудирияти хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, амнияти ғизоӣ ва энергетикии худро таъмин намуда, вориди марҳалаи саноатикунонии мамлакат шудааст. Ин як дастоварди беназир аст.

13. Сарвари доно ва ба гуфтан далеру тавоно (дар мавриди муколамаи Пешвои миллат дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва бунёди мактаби навини дипломатияи тоҷик).

Дар қисмати поёнии китоб профессор С.Ятимов дубора ба масъалаи нақши Пешвои миллат, ин бор дар арсаи байналмилалӣ баргашта, иқдомот ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлатро дар ин замина гиреҳкушои кори давлатдорӣ медонад. Ӯ менависад дар раванди барқарории иртибот бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамзамон Раҳбари давлати мустақили тоҷикон мактаби навини дипломатияи тоҷикро низ асос гузошт. “Муколамаи Пешвои миллат дар самти байналмилалӣ, расидан ба моҳияти масъалаҳои мавриди муҳокимаи тарафайн, бо навъи аҳсант ҳимоя намудан ва пеш бурдани манфиатҳои миллӣ – мактаби бузурги дипломатияи тоҷик мебошад” (Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат”. – С. 62).

Хулоса, дар ин китоб профессор Саймумин Ятимов бо такя ба асарҳои ҷудогонаи хеш муҳимтарин хадамот ва корномаи ҷовидонаи Пешвои миллатро гирдоварӣ карда, бо санад ва мантиқи илмӣ асоснок кардааст. Ин китоб барои донишомӯзон ва донишҷӯёни мамлакат барои шинохти шахсияти Пешвои миллат ба унвони як китоби роҳнамо бояд дар назар гирифта шавад, зеро он бар пояи санад ва воқеиятҳои таърихӣ таълиф гардида, ҳақиқати дунёи муосирро дар зеҳни мо равшан менамояд.

Фарангис Шарифзода, - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ.

Беҳрӯзи Забеҳулло, - мудири шуъбаи адабиёти муосири Инстиути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ