Skip to main content

21Дар таърихи давлатдории мо шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани сулҳу субот ва ягонагиву осоиштагӣ қобили таҳсин аст. Маҳз бо талошу заҳматҳои ин абармарди миллат дар фазои ҷангзадаи кишвари Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ барқарор гардид.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар айёми басо мудҳиши даргириҳои ҷанги дохилӣ ва муваффақ шудан ба пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми ҷафодидаи тоҷик сарнавиштеро сохт, ки ҳама гуна даргириҳои мусалаҳона дар кишвар ба кулӣ поён ëфт. Натиҷаи талошҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳисси ватандустонаву хештаншиносӣ, давлатдориву давлатсозӣ тавонист кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нотакрори сулҳофар муаррифӣ намояд.

Воқеан ҳам агар назаре ба таърих намоему заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар оварем дар айёми басо мушкил сарварии мамлакатро ба ӯҳда гирифта, чун сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ гардид. Ӯ таҷассуми хирад, ирода ва ифодагари манфиятҳои тамоми Тоҷикистон аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи сиёсии хеш чунин изҳор намуда буд:

-Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоме сарвари давлат интихоб шуд, ки буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саросари мамлакатро фаро гирифта, хатари аз байн рафтани давлати Тоҷикистон вуҷуд дошт. Ӯ корҳои бузургеро ба анҷом расонид, ки назираш дар таърихи куҳанбунёди мо вуҷуд надошт:

-Ҷанги шаҳрвандӣ қатъ ва сулҳу субот дар мамлакат барқарор шуд;

-Гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, ба ҷои доимии зисташон баргаштанд;

-Иттиҳоду якпорчагии мамлакат таъмин шуд ва хатари парокандашавии мамлакат аз байн рафт;

-Ислоҳоти сиёсӣ сурат гирифт, Конститутсияи мамлакат, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ қабул шуд, гуногунандешии сиёсӣ ба вуҷуд омад, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ озодона фаолият менамоянд, арзишҳои демократӣ торафт густариш ёфта обрӯву нуфузи байналхалқии Тоҷикистон меафзояд;

-Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат устувор гашта, арзиши миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ ҷорӣ шуда, барои тамоми хулқу миллатҳои сокини Тоҷикистон фазои дӯстию бародарӣ ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд;

-Созишномаи оштии миллӣ ба имзо расид, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо нерӯҳои иттиҳоди мухолифин дар мақомоти давлатӣ ва ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт вусъат ёфт;

-Дар мамлакат амиқи иқтисодӣ суръат гирифт, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ вусъат ёфт, ба деҳқонону шаҳрвандон 75 ҳазор гектар замин дода шуд, масъалаи таъминот бо ғалла ва дигар маводи озуқавории худӣ ба низом даромад;

-Раванди ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷониби созишномаҳои бонуфузи байналмилалии моявӣ эътироф шуда, барои ба мамлакат ворид шудани инвеститсияҳои хориҷӣ шароит муҳайё гардид;

-Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва махсусан вилояти Ленинобод бо сармояи ватанӣ ва хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги худӣ ва муштарак ва ба кор шурӯъ карда, қисме аз онҳо маҳсулоте мебароранд, ки ба талаботи меъёри бозори умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳастанд.

Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷии сарвари давлат буд, ки тамоми тоҷикони ҷаҳон дар симои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани таърихиву аҷдодии худро пайдо карданд. Ин нуқтаро чорумин анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонон, ки Раиси он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бори дигар тасдиқ намуд.

Сиёсате, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёт татбиқ менамояд, ба таври эътимодбахш собит месозад, ки халқи Тоҷикистон танҳо таҳти сарварии ӯ метавонанд бо роҳи пойдор намудани соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш рафта, дар асри XXI ба музаффариятҳои нави таърихӣ соҳиб гардида, дар миёни кишварҳои мутараққию демократии ҷаҳон мавқеи арзандаро ишғол менамояд.

 

МУҲАММАД Аминзод – котиби матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон