
Дар таърихи давлатдории мо шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани сулҳу субот ва ягонагиву осоиштагӣ қобили таҳсин аст. Маҳз бо талошу заҳматҳои ин абармарди миллат дар фазои ҷангзадаи кишвари Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ барқарор гардид.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар айёми басо мудҳиши даргириҳои ҷанги дохилӣ ва муваффақ шудан ба пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми ҷафодидаи тоҷик сарнавиштеро сохт, ки ҳама гуна даргириҳои мусалаҳона дар кишвар ба кулӣ поён ëфт. Натиҷаи талошҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳисси ватандустонаву хештаншиносӣ, давлатдориву давлатсозӣ тавонист кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нотакрори сулҳофар муаррифӣ намояд.
Воқеан ҳам агар назаре ба таърих намоему заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар оварем дар айёми басо мушкил сарварии мамлакатро ба ӯҳда гирифта, чун сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ гардид. Ӯ таҷассуми хирад, ирода ва ифодагари манфиятҳои тамоми Тоҷикистон аст.
Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи сиёсии хеш чунин изҳор намуда буд:
-Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоме сарвари давлат интихоб шуд, ки буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саросари мамлакатро фаро гирифта, хатари аз байн рафтани давлати Тоҷикистон вуҷуд дошт. Ӯ корҳои бузургеро ба анҷом расонид, ки назираш дар таърихи куҳанбунёди мо вуҷуд надошт:
-Ҷанги шаҳрвандӣ қатъ ва сулҳу субот дар мамлакат барқарор шуд;
-Гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, ба ҷои доимии зисташон баргаштанд;
-Иттиҳоду якпорчагии мамлакат таъмин шуд ва хатари парокандашавии мамлакат аз байн рафт;
-Ислоҳоти сиёсӣ сурат гирифт, Конститутсияи мамлакат, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ қабул шуд, гуногунандешии сиёсӣ ба вуҷуд омад, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ озодона фаолият менамоянд, арзишҳои демократӣ торафт густариш ёфта обрӯву нуфузи байналхалқии Тоҷикистон меафзояд;
-Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат устувор гашта, арзиши миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ ҷорӣ шуда, барои тамоми хулқу миллатҳои сокини Тоҷикистон фазои дӯстию бародарӣ ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд;
-Созишномаи оштии миллӣ ба имзо расид, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо нерӯҳои иттиҳоди мухолифин дар мақомоти давлатӣ ва ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт вусъат ёфт;
-Дар мамлакат амиқи иқтисодӣ суръат гирифт, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ вусъат ёфт, ба деҳқонону шаҳрвандон 75 ҳазор гектар замин дода шуд, масъалаи таъминот бо ғалла ва дигар маводи озуқавории худӣ ба низом даромад;
-Раванди ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷониби созишномаҳои бонуфузи байналмилалии моявӣ эътироф шуда, барои ба мамлакат ворид шудани инвеститсияҳои хориҷӣ шароит муҳайё гардид;
-Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва махсусан вилояти Ленинобод бо сармояи ватанӣ ва хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги худӣ ва муштарак ва ба кор шурӯъ карда, қисме аз онҳо маҳсулоте мебароранд, ки ба талаботи меъёри бозори умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳастанд.
Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷии сарвари давлат буд, ки тамоми тоҷикони ҷаҳон дар симои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани таърихиву аҷдодии худро пайдо карданд. Ин нуқтаро чорумин анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонон, ки Раиси он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бори дигар тасдиқ намуд.
Сиёсате, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёт татбиқ менамояд, ба таври эътимодбахш собит месозад, ки халқи Тоҷикистон танҳо таҳти сарварии ӯ метавонанд бо роҳи пойдор намудани соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш рафта, дар асри XXI ба музаффариятҳои нави таърихӣ соҳиб гардида, дар миёни кишварҳои мутараққию демократии ҷаҳон мавқеи арзандаро ишғол менамояд.
МУҲАММАД Аминзод – котиби матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, мақоми маркази минтақавиро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ расман сазовор шуд
23 январи соли 2025 дар қароргоҳи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия маросими тантанавии супоридани лавҳа ба маркази минтақавии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он сатҳи баланди мутобиқати Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои (ХБРЯ),-ро ба талаботҳои АБНА инъикос менамояд. Дар асоси ин аккредитатсия, Марказ расман мақоми Маркази минтақавиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сазовор шуд.
Маълумоти бештар дар телеграми мо: https://t.me/akademia55
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 24 январи соли 2025 зимни нишасти дувоздаҳуми ин иқдом дар АМИТ бо иштироки узви вобастаи АМИТ профессор, сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи “Санъати суханварӣ" хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба илму олимон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Аз ҷониби гузоришгар устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ба олимони ҷавон роҳу усул ва тарзи баён ҳамчун маслиҳату машварат баён карда шуд ва ниҳоят саволу ҷавобҳо баргузор карда шуда дар музокира олимони ҷавон фикру андешаҳои худро оид ба масалаи санъати суханварӣ баён намуданд.
Санаи 23.01.2025 дар Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ маҷлиси умумии кормандони Марказ дар ҳошияи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рузи 17.01.2025 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, бо иштироки Раиси Шуъбаи илмҳои биология, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К. гузаронида шуд. Дар маҷлис ҳамаи кормандон ширкат варзиданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои асосӣ ва камбудию норасогиҳои фаъолияти илмию ташкилии Марказ дар соли 2024, нақшаи кории фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Шуъба ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Инчунин дастуру супоришҳо оид ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, яхобмони боғу киштзорҳо ва шинонидани дарахту буттаҳо, қаламчакунии гули садбарг ва ғайраҳо дасуру супориш дода шуд.
24 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Сада Конференсияи илмию – амалӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада ва моҳияту арзишҳои миллии он» баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба ҷашнҳои миллии тоҷикон ва барои аз нав эҳё кардани онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, мақоми онҳоро то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурданд.
Бояд гуфт, ки ҷашну маросими фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Маҳз ба туфайли пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд.
Таъкид гардид, ки тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашонро алорағми фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳамин аст, ки барои дубора эҳё ва ҳифзи Ҷашни Сада маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Ёдовар мешавем, ки 6 декабр соли 2023 зимни иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки намояндагони муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар идома директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ Фарангиз Шарифзода дар мавзуи «Сада ҷашни мулуки номдор аст» ва мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Абувалӣ Шарифзода дар мавзуи «Таърихи ташаккул ва таҳаввули ҷашни Садда», сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Тоҷинисо Муродова дар мавзуи «Ҷашни Сада омодагӣ ба Наврӯз» маъруза намуданд.
23 январи соли равон дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод ва дигар аъзоёни Кумитаи мазкур иштирок намуданд.
Дар идома ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 шунида шуда, аз ҷониби аъзоён мавриди музокира қарор дода шуд. Инчунин ҳисоботи ироа гардидаро аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қаноатбахш ҳисобиданд.
Боиси хушнудист, ки дар чорабинӣ номзадии президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардид.
Бо фармонҳои Президент ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони зерин таъин шуданд:
Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим - Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидзода Бобоҷон Абдуқодир - Муовини якуми Вазири мудофиа - сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шералӣ Мирзо - Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафарзода Хуршед Сафар - Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исфандиёри Саъдулло - Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи бандҳои 8 ва 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи Раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол гардид.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии АБНА вобаста ба масъалаҳои аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ
Аз 20 то 23 январи соли 2025 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарлизода иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур аз мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи равишҳои байналмилалӣ дар самти аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ, ки бо дастгирии АБНА фаъолият мекунанд, буд.
Иштирокчиён ҷанбаҳои муҳими амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ, муқовимат ба таҳдидҳои марбут ба маводҳои ядроӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафтаро барои таҳкими амнияти глобалӣ баррасӣ намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаҳо фаъолона иштирок намуд ва бо технологияҳои пешқадами байналмилалӣ, ки дар ҷанбаҳои гуногуни амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ истифода мешаванд, шинос гардид. Дар доираи чорабинӣ сессияҳои махсус оид ба истифодаи технологияҳои муосир, таъмини мониторинги боэътимод ва омодасозии кадрҳо дар ин соҳа баргузор гардид.
Илҳом Мирсаидзода қайд намуд, ки иштирок дар чорабинии АБНА қадами муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамчунин дар гирифтани донишҳо ва таҷрибаи нав барои баланд бардоштани иқтидори миллӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ мебошад.
Инчунин, Илҳом Мирсаидзода зикр намуд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими муколама байни кишварҳо, балки ба рушди равишҳои амалии ҳалли мушкилоти глобалӣ, ки бо амният вобастаанд, мусоидат менамояд.
Дар чорабинии мазкур ҳайатҳо аз 50 давлати узви АБНА ҷамъ омаданд, ки имконияти нодирро барои мубодилаи таҷриба, таҳияи стратегияҳои муштарак ва муҳокимаи мушкилоти мавҷуда дар соҳаи амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ фароҳам оваранд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки донишҳо ва малакаҳо ба рушди минбаъдаи барномаҳои миллии ин соҳа мусоидат хоҳад кард.
МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН»-И ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СОЛИ 2025
Дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ ва қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ санаи 22 январи соли ҷорӣ дар толори Шурои олимони Институт ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД АМИТ баргузор гардид, ки дар кори он Қурбонова Ширин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ иштирок намуданд.
Тибқи масъалаи якуми рӯзнома Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД АМИТ дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳо 7 шуъбаҳои илмӣ фаъолият мекунанд: шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ; шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда; ш уъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ; шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ; шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ; шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ ва шуъбаи таҳқиқоти демографӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ Институт фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро дар доираи як мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024 ва шаш мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 идома дод.
Дар соли 2024 ба Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 382 ҳуҷҷат (соли 2023 - 298), аз ҷумла, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияҳои ҳукуматӣ, қарорҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, амру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мактубҳо аз вазорату кумита ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва иҷро ворид гардидаанд.
Ҳамзамон, дар Институт - 55 нафар унвонҷӯён, 24 нафар докторантони PhD ва 55 (16 нафар курси 1 ва 28 нафар курси 2) магистрантон таҳсил менамоянд.
Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар соли ҳисоботӣ як ходими илмии Институт-аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД АМИТ соҳиби мукофоти давлатӣ ва як нафар соҳиби унвони докторӣ гардиданд:
- Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2024 №847 Раҳмон Юсуф Азим - н.и.и., ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд;
- санаи 02 апрели соли 2024 ҳимояи рисолаи доктории Бобозода Комил Олимҷон дар мавзӯи «Ташкили фаъолияти истеҳсолии инфрасохтори нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (назария, методология, амалия) баргузор гардид.
Инчунин, соли 2024 Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи рақами Т-АД №0002584 аз 25 ноябри соли 2024 гардид.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, ки бевосита аъзои ҲХДТ ба ҳисоб мераванд дар рафти иҷрои Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.
Кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар давраи ҳисоботӣ дар як қатор чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, аз ҷумла, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ғайра иштироки фаъолона намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ баҳри ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ ходимони илмии муассиса дар зиёда аз 45 барномаҳои телевизиону радио ва дигар ҷамъомадҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба самти фаъолияти Институт суханронӣ намуданд, аз ҷумла Паёми суръатбахш ва рушди иқтисоди миллӣ, Нақши соҳибкорӣ дар рушди иқтисодиёт, Паёми Пешвои муаззами миллат – суръатбахши рушди иқтисодиёт, рӯ ба иқтисоди сабз, Паём ва роҳҳои татбиқи амалии пешниҳодҳо аз он, гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди низоми бонкӣ, таҳлили ҳамалоқамандии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳуқуқии истеъмолкунандагон, Тоҷикистон - Узбекистон: самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодӣ, Таджикистан - Узбекистан: основные направления сотрудничества, Истиқлолият – гарави устувори рушди иқтисодӣ, Чи тавр маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунем, Омилҳои фаровонҳосилӣ кадомҳоянд, Рақамикунонӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт, Пешвои муаззами миллат ва илми иқтисодӣ, Истиқлолият ва рушди иқтисоди миллӣ, Маърифати молиявӣ ва низоми бонкӣ, Маърифати молиявӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он, Картина мира лидера: как работатет мозг успешного руководителя ва ғ.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Институт 10 семинари илмӣ-назариявӣ, 7 мизи мудаввар ва 2 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳӯриявӣ баргузор гардиданд, ки онҳо ба масъалаҳои мубрами иқтисодиёт, нақши саноати кӯҳӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбории демографӣ ва рушди системаи маориф, таҳқиқи нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунанда, рушди инфрасохтори истеҳсолии нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили системаи арзёбии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мушкилотҳои рушди бозорҳои молиявӣ, ҳолати муосир ва рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 2000: Консепсияҳо ва татбиқи онҳо, инфрасохтори инноватсионӣ ва унсурҳои он, саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо ва ғ. вобаста буданд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ – Қурбонова Ширин зимни суханронии худ зикр намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули фаъолияти худ дар кишвар ба сифати як ҳизби пешоҳанги ҷомеа масъулияти олии ватансозиро ба зимма дошта, бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш идеологияи миллиро бунёд ва тарғиб менамояд. Дар доираи амали Барномаи ҲХДТ самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар рушд ёфта, сатҳи некӯаҳолии мардум боло рафта истодааст.
Дар охир аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода маҷлиси ташкилоти ибтидои ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо садо додани Суруди миллӣ пӯшида эълон гардид.