Skip to main content

Тибқи муқаррароти Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як шакли муҳими сиёсати давлатӣ ва роҳнамоии ҷомеа, дар эҳёи афкори сиёсиву фарҳангии ниёгон ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ нақши калидӣ доранд. Ин паёмҳо на танҳо масоили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро дарбар мегиранд, балки ба масъалаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ҳуқуқӣ низ аҳаммияти зиёд медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Соли 2024-ум мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.

Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст». Чи таве қайд намудем, дар Конститутсияи Тоҷикистон сохтори давлатдорӣ ва ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд моҳияти асосии онро муайян менамоянд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон зиёда аз чил меъёр ба ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудаанд, аз ҷумла «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд» м.5, «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». моддаи 14, моддаҳои 15-47, 64,69,84,85,88,89,92 ва ғайра мебошанд.

Аммо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо чор уҳдадорӣ пешбинӣ карда шудаасту халос. Инҳо:

1. Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд (м. 42).

2. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст (м. 43).

3. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст (м. 44).

4. Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист (м. 45).

Ин уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон на ҳамеша ба таври дахлдор иҷро мегарданд ё умуман амалӣ намешаванд. Бинобар ин, мо пешниҳод менамоем, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ мерасанд, махсусан барои иҷрои уҳдадории «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст», дар қонунгузорӣ то иҷро накардани ин уҳдадории худ якчанд маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шаванд:

Шаҳодатномаи ронандагӣ дода нашавад;

Шиносномаи хориҷӣ дода нашавад;

Дипломи хатми муассисаҳои миёнаи махсус (коллеҷҳо) ва донишкадаю донишгоҳҳои олӣ дода нашаванд;

Ба хизмати давлатӣ ва дигар вазифаю мансабҳои давлатӣ ва интихобӣ роҳ дода нашаванд.

Барои бастани ақди никоҳ ба мардон иҷозат дода нашавад. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои рӯзмарраи сиёсӣ, ба шинохти мероси бойи ниёгон ва нақши онҳо дар ташаккули афкори сиёсӣ диққати махсус медиҳанд.

Тавассути паёмҳо таърихи давлатдории тоҷикон, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ эҳё шуда, ба ҷомеа ва хусусан ҷавонон эҳтиром ба гузаштаи таърихӣ талқин мешавад. Ин раванд барои барқарор намудани пайванди таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аҳаммияти калон дорад.

Ба табъ расонидани китобҳои муқаддаси «Авесто», «Қуръони маҷид» ва дастраси омма намудани онҳо, омӯзиши «Қонунномаи Сосониён» ва Эъломияи «Куруши Кабир», ба табъ расонидан ва ба ҳар як оилаи тоҷикистониён дастрас намудан китоби аълома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва эҳёи давлатдории «Сомониён» аз қабили ин иқдомҳои Пешвои миллат мебошанд, ки онҳо асоси таърихӣ, сиёсӣ фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлатдории тоҷиконро замина гузоштаанд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ такони ҷиддӣ медиҳанд. Дар онҳо масъалаҳои марбут ба такмил ва мукаммалсозии қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқшиносӣ дар ҷомеа ва тарбияи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ бо равияи замонавӣ ба таври васеъ баррасӣ мешаванд. Таваҷҷӯҳ ба қонунмандӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқӣ дар паёмҳо мавқеи асосӣ дорад.

Дар паёмҳо масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, таъмини адолати судӣ, мубориза бо коррупсия ва такмили низоми судӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор мегиранд. Ин иқдомҳо барои рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунанд.

Ҳамзамон, паёмҳо ба рушди илмҳои замонавии ҳуқуқшиносӣ мусоидат мекунанд, зеро ба мутобиқсозии меъёрҳои анъанавии ҳуқуқӣ ба шароити муосир равона шудаанд. Дар онҳо зарурати ҳамгироии анъанаҳои ҳуқуқии миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ таъкид мегардад, ки ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд. «Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем. Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.

Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад.

Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам. Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».

Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бахусус донистан ва фаҳмидани самаранокии расмиёти ғайрисудӣ ва тосудии танзими баҳсҳо рафтори махсусро оид ба амалигардонии воситаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташаккул хоҳад дод.

Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад. Аз ин рӯ, «Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд».

Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун як воситаи муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар эҳёи афкори сиёсӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ нақши муассир доранд. Онҳо ба ҷомеа имконияти беҳтар фаҳмидани арзишҳои миллӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро дода, заминаи устувор барои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд фароҳам меоранд.

Бобоҷонзода И.Ҳ., доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон