“Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамадунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинаҳои он рамзҳое дорад, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои морро ҳамроҳи мекунанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
То замони Истиқлолияти давлатӣ Наврӯз бештар як ҷашни суннатии хонаводагӣ ва мардумӣ буд, ки гоҳо бо маҳдудиятҳои идеологии замони шӯравӣ рӯ ба рӯ мешуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷашни Наврӯзро аз як маросими маҳдуд баяке аз идеологияи миллии созанда табдил доданд. Маҳз бо пешниҳод ва кӯшишҳои дипломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, соли 2010 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Мутаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шуд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин заминаи ҳуқуқии ҳифзи ин суннатро дар сатҳи олам гузошт. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки Наврӯз танҳо иваз шудани фасл нест, балки "шиносномаи миллати тоҷик" аст. Дар зери роҳбарии Пешвои миллат чанд ҷанбаикалидии Наврӯз эҳё гардид:
• Истифодаи дурусти истилоҳоти "Ҳафтсин" ва"Ҳафтшин", ки реша дар таърихи бостони модоранд, дубора маъмул гашт.
• Бунёди "Наврӯзгоҳҳо": Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон, махсусан дар пойтахт шаҳри Душанбе, маҷмааҳои бошукӯҳи"Наврӯзгоҳ" бунёд шуданд, ки маконибаргузории ҷашнҳои миллӣ ва мусобиқаҳоиварзишӣ (гӯштин, бузкашӣ) гардиданд.
Яке аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат дар он аст, ки фалсафаи Наврӯзро бо сиёсати давлатдориимуосир ҳамроҳ сохтанд. Дар ин консепсия Наврӯзба василаи муҳими ваҳдати миллӣ табдил ёфт. Президенти кишвар дар ҳар паёми наврӯзии худ баҷавонон муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзишитаърих ва ҳифзи арзишҳои ниёгон ҳидоятмекунанд. Аз нигоҳи Пешвои миллат, Наврӯз боядомили:
• Худшиносии миллӣ;
• Ватандӯстӣ ва ифтихор аз ниёгон;
• Пок нигоҳ доштани муҳити зист ва ободонӣбошад.
Агар Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо тавассутихотираи таърихии халқ зинда монда бошад, пас дар марҳилаи нави давлатдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷони тозабахшида, онро аз сатҳи як расми деҳқонӣ ба сатҳияк ҷашни сиёсӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣбардоштанд. Ин иқдом боис шуд, ки тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун ваНаврӯз ҳамчун рамзи ҷовидонаи ин миллатшинохта шавад.
Алиев Исмоил корманди Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Бобоев Комрон Одилович - мудири шуъбаи амниятӣ химиявӣ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсиони ва ядроии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои химия
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Бобоев Комрон Одилович - мудири шуъбаи амниятӣ химиявӣ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсиони ва ядроии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Мирсаидов У.М - дар конфренсияи байналмилалии «БЕҲТАРИН ОЛИМИ ҶАВОН» соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона, ки аз 1март то 10 март идома ёфта буд бо пешниҳоди мақола тариқи онлайни иштирок намуда соҳиби ДИПЛОМИ дараҷаи 1, медал ва шаҳодатномаи « ЛУЧШИЙ МОЛОДОЙ УЧЕНЫЙ ГОДА» сарфароз гардид.
Барои ноил гардидан ба ин дастоварди илми аз номи Раёсати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ба Бобоев К.О ва роҳбари илмиашон Устод Мирсаидов У.М мувафақиятҳои нав ба навро орзумандам.
БА ИМЗО РАСОНИДАНИ СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
Имрӯз, 16 май дар ҳошияи баргузории конфронси байналмилалӣ миёни олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои рушди корҳои илмиву таҳқиқотии ҷонибҳо тамоми инситутҳои илмиву таҳқиқотии Олмон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Бояд гуфт, ки роҳкушоӣ ҳамаи ин ҳамкориҳо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, ки ин метавонад барои баланд бардоштани сатҳи забономӯзӣ, дӯстии байни миллатҳо, табодули таҷриба ва умуман барои баланд бардоштани илми тоҷик мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бастани чунин шартномаҳои ҳамкорӣ миёни олимону муҳаққиқони тарафайн мушкилиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ва барои олимону муҳаққиқони оянда низ заминаи мусоиди корӣ фароҳам мешавад.
Дар доираи ба роҳ мондани ин созишномаҳо ҳамкориҳо миёни олимону коршиносони соҳаи биологияи тарафайн ба роҳ монда шуда, ҳамзамон таҳқиқотҳои муштарак анҷом дода мешаванд.
БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ МИЁНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҚАЗОҚИСТОН
Имрӯз, 16 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал - Форобӣ Туймебаев Жансейит мулоқот намуд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, доир ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои дурнамои рушди фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар мулоқот тарафҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни олимону муҳаққиқони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобиро, ки дар марҳилаи нав оғоз меёбад, баррасӣ намуданд. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногуни илмҳои бунёдӣ созишнома ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки минбаъд дар доираи ин созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ҳамкориҳо рушду густариш меёбанд.
Инчунин, ҷонибҳо дар доираи ин ҳамкориҳо барои ҷалби магистрантон ва докторантони PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷриба андухтан дар самтҳои мухталиф дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ба мувофиқа омаданд.
Дар охир барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар марҳилаи нав бо Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Имрӯз, 15 май бо иштироки президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ Полад Булбулоғлу, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва олимону зиёиён кори форум ба анҷом расид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба роҳбарияти Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои ҳамкориҳои муштарак дар баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббусҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд. Бояд гуфт, ки форуми зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои ИДМ буда, дар он натиҷаҳои соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон таҳия карда мешаванд.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дувум мизбони ин ҳамоиш мебошад. Дар ин замина бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёну эҷодкорон ва олимону муҳаққиқони кишварҳои муштаркулманофеъ имконият фароҳам оварда, ба ин восита табодули таҷриба ва беҳбудӣ бахшидан дар дилхоҳ соҳаҳо вусъат меёбат.
Дар анҷоми форум олимону зиёиён хулосаву пешниҳодҳои худро барои афзалият бахшидан дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон иброз дошта, барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви давлатҳои ИДМ масъалагузорӣ намуданд.
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Академияҳои илмҳои кишварҳои узви давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар форум сатҳи байналмилалӣ хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ин анҷуман хусусияти анъанавӣ пайдо карда, дар тӯли тақрибан ду даҳсола як минбари доимӣ барои баррасии андешаҳои саривақтӣ ва қабули қарорҳое буд, ки барои кишварҳои мо дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона бисёр муҳиманд. Воқеан ҳам рӯзи аввали Форум, ки дирӯз дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд, як механизми тавонои оғози мубоҳисаҳои муштараки имрӯзаи мо мегардад.
Гуфта шуд, ки муҳити башардӯстона ва созанда ба мушкилоти давраи гузариш дар тамоми давлатҳои мо ҳассостар буд ва мушкилоти муайян танҳо як қисми нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи сарнавишти халқҳо, мероси таърихию фарҳангӣ дар фазои бузурги тамаддун буданд.
Зимнан, дар кишварҳои ИДМ имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба донишҳои илмӣ, маориф ва фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Мамлакатҳои иттиҳод маҳз дар ҳамин соҳаҳо захираи асосии навсозӣ ва тараққиёти куллии иқтисодиёти миллирро фароҳам овардаанд
Дар идома таъкид гардид, ки омезиши бартариҳои рақобатие, ки ҳар як кишвари мо дорад, барои ҳама манфиатҳои назаррас хоҳад овард ва аз ин рӯ, ҳамкориҳои нав дар соҳаи гуманитарӣ метавонад яке аз лоиҳаҳои пешрафтаи Иттиҳод гардад, ки қодир ба тамоми равандҳои ҳамгироӣ такони нав бахшида, моделҳои универсалӣ ва саривақтии ҳамкориҳои моро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо, албатта, мо ба муколамаи мустақими эҷодӣ бо “семинарҳо”, доираҳои соҳибкорӣ умед мебандем ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ ба ташаббус ва захираҳои шумо такя мекунем.
Дар идомаи мулоқот роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ суханронӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ дар самтҳои мухталиф пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШУРОИ ҲАМКОРИҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ ВА РАЁСАТИ ХАЗИНАИ БАЙНИДАВЛАТИИ БАШАРДӮСТОНА
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шурои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва раёсати Хазинаи байнидавлатии башардӯстона баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саториён ва дигар намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласа масъулин масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маданияти халқиятҳо, зинда нигоҳ доштани фарҳанг ва тамаддуни башарият дар замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат қобили эътирофи ҷаҳониён гардидаанд. Бешак бетавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми фарҳангу мадданияти халқиятҳо иқдомҳои назаррасро роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои дигари ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ бо кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ ин соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад, ки дар замони соҳибистқлоли густариш ёфтааст.
ВОХУРИИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМ
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзноманигорони кишварҳои узви ИДМ дар майдони мубоҳисавии «Имкониятҳои ВАО дар рушди фазои башардӯстонаи ИДМ» масъалаҳои мубрами соҳаи ВАО-ро баррасӣ намуданд.
Дар баргузории форум олимону муҳаққиқони самти илмҳои журналистикаи иттиҳодияи болозикр бо хушнудии тамом баромад намуда, оид ба нозукиҳои касбияти журналистика, навовариҳо, кор тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, нигоҳ доштани нозукиҳои кор дар самти ВАО, пешрафт ва истифодаи самараноки техникаву технология, ва омоданамооии мутахассисони варзида дар ин самт суханронӣ намуда, бо маърӯзаҳои хеш пешниҳодҳои худро баҳри пешрафти ин соҳа пешниҳод намуданд.
Имрӯз, 15 май идомаи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки олимону зиёиёни кишварҳои муштаракулманофеъ дар бахши илму маориф баргузор гардид.
Дар бахши илму маорифи Форум намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ баромад намуда, оид ба пешрафт ва муваффақ шудани насли оянда дар дар самти илму маориф ибрози ақида намуд.
Гуфта шуд, ки пешрафти тамоми давлатҳои дунё ба соҳаи илму маориф вобастагии амиқ дошта, ояндаи дурахшони халқиятҳо аз ин соҳа маншаъ мегирад ва ҳамин буд, ки Президенти маҳбуби давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ва афзалиятнок ном бурда, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, ҳамаи мову шумо олимону равшанфикронро мебояд баҳри пешрафти ин соҳа ва баланд бардоштани илм, аҳаммияти аввалдараҷа ба илмомӯзии насли нав, бо таври бояду шояд омӯзонидани техникаву технология, ки тақозои замон аст сай намоем.
Дар идома олимону муҳаққиқони хориҷи кишвар баромад намуда, оид ба баромади узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Музаффарӣ ибрози ақида намуда, баромадашро саривақтӣ ва мавзуи рӯз ном бурданд.