Skip to main content
Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад, ки орзуву ормони ҳазорсолаи ниёгони мо ба ҳисоб меравад. Посдоштани ин неъмат барои насли имрӯзи миллат қарзи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Ҳар яки моро зарур аст, ки шукронаи ин неъматро ба ҷо овардан ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи моро ҷомеаи ҷаҳони эътироф намуд ва аз тарафи бузургтарин созмонҳои бонуфузи ҷаҳони ҳамчун миллати дорои давлати мустақил буда эътироф намуданд.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи амнияти сиёсии кишвар, истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон бузург аст. Маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистони тоза истиқлоли ба хоку хун кашида аз вартаи парокандашавӣ наҷот ёфт.

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта миллати тоҷик дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ ба парокандашавии миллӣ рубару шуд. Мардуми осоишта аз тарси ҷони худ ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Дар он солҳо Тоҷикистон ҳамчун кишвари ноамн дар сархати воситаҳои ахбори омма қарор гирифта буд. Зиёда аз150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ҳалок гардиданд, бисёр занҳо бе сарпаноҳу кудакон ятим монаданд.

Мо ҳеҷгоҳфаромӯш намекунем, ки дар солҳои 1992-1994 бо вуҷуди монеаҳои зиёд аз ҷониби баъзе аз кишварҳои хориҷӣ Пешвои муаззами миллат тавонист, ки пеши роҳи хунрезиҳо гирифта шавад. Маҳз ҳамин хиради азалии Пешвои сулҳофари мо буд, ки 16- уми ноябри соли 1992 зимоми Роҳбари кишваро ба душ гирифта ва тавонист, ки мардуми фирори аз кишварро баргардонад, амният ва зиндагии осудаи онҳоро таъмин намояд.

Аввалин иқдомҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон ин ташкил ва қабули Конститутсияи Тоҷкистони соҳибистиқлол ва дар асоси он амал намуда соли 1997 ба Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва оромию ваҳдати миллӣ пойдор гардид.

Андешаи фалсафӣ ва илмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқрори сулҳ чунин аст: «Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бе муболиға яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири саддаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша бар суботу оромии кишвар равона гардида буд».

Собиқ Президенти Ҷумҳурии Федералии Олмон Йоханнес Рау, дар бораи хизматҳои Пешвои миллат андешаронӣ намуда, иброз медорад, ки “ Тоҷикистон ба сафи иттиҳоди зиддитеррористӣ бетаъхир ворид гардид, мо барои ин сипосгузорем. Тамоми кӯшишҳои ҳамарӯзаи Эмомалӣ Раҳмон барои суботи вазъи сиёсӣ ва ризоияти миллӣ дар дохили мамлакат намунаи ибрати давлатҳои дигар мебошад.”

Оре, дар кутоҳтарин муддат бунёди як давлате, ки дар ҷаҳон ҳамчун кишвар дар ҳоли рушд ва суботи сиёсии комил қарор дорад кори саҳлу осоне нест. Ҷуръат, ҷасорат масъулият, донишу хирад ва инсондӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ӯ мардумро дар атрофи сиёсати созандаи худ муттаҳид созад ва дар муқобили душманон ва бадхоҳони миллат манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.

Истиқбол аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ва нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Пешвои муаззами миллат ва омили дигари ваҳдату якпорчагӣ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум, қадам гузоштан дар роҳи амалисозии нақшаву барномаҳои ояндасози ин марди шариф аст.

Хулоса:. Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтанро дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Раиси Шӯроиамнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти таъмини қобилияти мудофиавии Тоҷикистон ва омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба душ дорад.

Аз ҷониби мардум пазируфтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланд пешвозгирии ин санаи муқаддас нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Зеро мардуми мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст. Аз ин рӯ, бояд ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасем ва ба Ватан хизмати софдилонаву содиқона хидмат намуда ҳама дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем.

Раҳимзода Алишер Орзу н.и.ф-м Директори Интистути математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ