
Мавқеи зан-модар дар таърих ва фарҳанги тоҷику форс мақоми шоиста дорад. Дар осори олимони тоҷик зан-модар мақоми хосса дошта, ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо ва нигаҳдорандаи фарҳанг, ҳурфу одат тасвир шудааст. Боиси хушнуди аст, ки дар сиёсати имрӯзаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи таҳкими ҳуқуқҳои занон ва боло бурдани нақши онҳо ҷойгоҳи муҳим дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунад, ки зан – модар офарандаи ҳаёт ва сарчашмаи меҳру муҳаббат буда, давлат таъмин кардани ҳуқуқу манфиатҳои занонро ҳамчун самти афзалиятнок пеш мебарад
Маврид ба ёдоварист, ки бо фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 Барномаи махсуси ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ва мубориза бо ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи занон қабул шуд. Соли 2001 бошад Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси ин дастур, Барномаи давлатиро таҳти унвони “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон барои солҳои 2001–2010” тасдиқ намуд.
Дар заминаи ин санадҳо баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон ва иштироки фаъолонаи бонувон дар зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадриҷан амалӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои худ даъват мекунанд, ки нисбат ба зан – модар ҳамеша эҳтиром ва ғамхориро ба ҷо овард.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳифзи ҳуқуқи занон ҷузъи муҳими сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад. Бо ташаббуси Пешвои миллат ва ҳукумати кишвар давоми солҳои охир як силсила қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ барои боло бурдани вазъи иҷтимоиву иқтисодии занон рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла:
Қонуни ҶТ “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалисозии онҳо” (соли 2005), ки пояи ҳуқуқии сиёсати гендериро таҳким бахшид.
Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои роҳбарӣ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016, ки ҳадафаш бештар намудани шумораи роҳбарзанон дар сохторҳои давлатӣ буд. Бар асоси ин барнома ва иқдомҳои марбута, имрӯз дар сохторҳои ҳокимият шумораи муайяни занон ба вазифаҳои роҳбарӣ ҷалб шудаанд.
Ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба духтарони дурдасти ноҳияҳо хеле зиед буд, ки аз соли 1997 квотаи президентӣ ба роҳ монда шуда, ҳар сол садҳо духтари болаёқатро аз деҳот бидуни озмун ба донишгоҳҳо қабул мекунад. Ин тадбир барои дастрасии бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот, заминаи мусоид фароҳам овард.
Стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоии занон, аз қабили Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011–2020, Барномаи давлатии омода намудани мутахассисон аз ҳисоби занон барои солҳои 2012–2015 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, ки ҷиҳати баланд бардоштани шуғли занон ва ҳавасмандгардонии онҳо ба соҳибкорӣ равона шудаанд
Дар баробари ин, аз соли 2011 грантҳои Президентӣ барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон амал мекунад, ки то имрӯз садҳо бонуи ташаббускор аз он баҳра бурда, корхонаҳои хурди худро таъсис дода, кор карда истодаанд.
Татбиқи пайдарпайи ин иқдомҳо боис гашт, ки иштироки занон дар меҳнат ва иқтисодиёт бештар гардид ва имкониятҳои баробари иҷтимоиву иқтисодӣ то ҳадди зиёде амалӣ мешаванд. Масъулияти ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои барномаҳои мазкурро Кумитаи кор бо занон ва оила бар дӯш дорад. Ин сохтор ҳанӯз соли 1991 таъсис ёфта, татбиқи сиёсати пешбурди мақоми занро дар ҳамаи сатҳҳо пайгирӣ мекунад
Дар баробари ин сиёсати гендерии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ пеш бурда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба конвенсияҳои асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи занон (CEDAW), ҳамроҳ шуд ва ӯҳдадор гардид, ки тавсияҳои он конвенсияро иҷро намояд. Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ, бахусус UN Women, UNDP ва UNFPA, барномаҳои зиёде татбиқ гаштаанд, ки аз баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии духтарону занон то лоиҳаҳои дастгирии соҳибкории занона ва пешгирии зуроварии гендерӣ. Масалан, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ (UNDP) Тоҷикистон соли 2024 таҳсилоти ҳатмии миёнаро то синфи 11 ҷорӣ кард, то ки қатъи таҳсили духтарон пас аз синфи 9 пешгирӣ шавад. Ин тадбир махсусан барои деҳот муҳим буда, боиси идомаи таълими ҳазорҳо духтарон гардид.
Қобили зикр аст, ки дастовардҳои то имрӯз ба дастомада нишон медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар ҳақиқат самараи нек дода истодааст. Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз занонро ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ эътироф мекунад. Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи модар, афзоиши иштироки занон дар идораи давлат, баланд шудани мақому манзалати зан дар оила аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои возеҳи ин пешравист. Хулоса, нақши Пешвои миллат дар рушди мавқеи занон калидӣ буда, мавқеи бонувони тоҷикро баданд бардоштааст.
Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 иди 8 март расман аз “Рӯзи байналхалқии занон” ба “Рӯзи модар” тағйир дода шуд. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 мартро ҳамчун Рӯзи Модарон ҷашн мегиранд. Ҷашнгирии расмии 8 март ҳамчун иди давлати аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Зан – Модарро эҳтиром ва ҳифз мекунанд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аввалан модари худамро ва дар баробари модари худам тамоми модарон, занон ва бонувони тоҷик ва Тоҷикистониро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, таманно дорам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошанд.
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, - номзади илмҳои сиёсӣ, мудири Шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ


Тантанаҳои таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Саразм имсол дар саҳни барҳавои Осорхонаи Саразми муассисаи давлатии Пойгоҳи бостоншиносии Саразм- Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолон, сокинон ва омӯзгорону муҳасилини муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода баъди боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳот омода кардаанд, онҳоро бо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд ва ба саҳмгузории сокинону соҳибкорон дар ободу зебо намудани маҳали зист, ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони ҷамоати деҳот, ки ҳар сол даҳҳо нафари онҳо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд, баҳои баланд дода шуд.
Дар идома ба тантанаҳои ҷашни истиқлол дар Ҷамоати деҳоти Саразм сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷолиби санъаткорони ҷавон ҳусни бештар бахшид.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ НУРИСТОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИНОРИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 08 сентябр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бинои маркази саломатии деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд таъмиру таҷдид шуда, барои қабул ва табобати беморон шароити созгор муҳайё карда шудааст, ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатӣ аз панҷ ҳуҷра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ иборат буда, он ба сокинони ҷамоати деҳот хидмати тиббӣ мерасонад.
Имрӯз, 08 сентябр дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Шӯрчаҳи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан майдончаи варзишӣ, ки бо харҷи беш аз 165 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Фарҳод Норматов сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.
Масоҳати майдончаи варзишӣ 36 ба 18 метр буда, он барои бозии футболи хурд пешбинӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи он сокинони деҳа бо ҷашни истиқлол шодбош гуфта, ба ин иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода шуд.
ТАРҶУМАИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО НОМИ «TACIKLER» ВА РӮНАМОИИ ОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 06 сентябр бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки аз забони тоҷикӣ ба забони туркӣ тарҷума шудааст рӯнамоӣ гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, иқдоми масъулини Вазорати фарҳангро барои тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саривақтӣ хонданд.
Таъкид гардид, ки акнун ин шоҳасарро тамоми туркзабонони дунё бо забони модариашон мутолиа хоҳанд кард. Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.
Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.
Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.
Дар идома Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш таъкид дошт, ки воқеан, китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд. Дар ҳамин раванд чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи туркии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад.

Дар дарозои таърих, ҳодисаҳои табиӣ — аз заминларза то гирифтҳои осмонӣ — зеҳни инсонро ба тафаккур водор кардаанд. Дар фарҳангҳои гуногун гирифти Моҳ (хусуф) рамзҳои гуногун дошт, аммо бо рушди астрономия мо онро ҳамчун падидаи пурра фаҳмо, ки аз геометрияи ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб вобаста аст, медонем. Дар ин роҳ, саҳми донишмандони тоҷику форс, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ хеле бузург аст. Яке аз мисолҳои равшан, замонест ки Берунӣ бо Абулвафо Бузҷонӣ мушоҳидаи ҳамзамони гирифти Моҳро анҷом дода, аз рӯйи фарқи вақт тафовутҳои тулҳои шаҳри Кот ва Бағдодро ҳисоб карданд. Ин таҷриба яке аз намунаҳои барҷастаи истифодаи гирифтҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷуғрофиёи астрономӣ аст.
Чӣ гуна «гирифти Моҳ» рух медиҳад?
Гирифти Моҳ замоне доир мегардад, ки Моҳи пурра ба сояи Замин медарояд. Соя ду қисмат дорад: нимсоя ва сояи аслии торик. Агар диски Моҳ пурра ба соя дарояд, мо гирифти пурраро мушоҳида мекунем; агар танҳо ба бахше аз соя ворид шавад гирифти қисманро мебинем. Ранги сурхтобе, ки мардум онро «Моҳи хунин» меноманд, аз он меояд, ки қисмати кабути нури офтоб ҳангоми гузаштан аз атмосфераи Замин бештар пароканда мешавад ва ҷузъҳои сурх то сатҳи Моҳ мерасанду сурхчатоб мегардонанд.
7 сентябри 2025: гирифти пурраи Моҳ аз Тоҷикистон пурра намоён аст.
Шаби 7 ба 8 сентябри 2025 ҳодисаи гирифти Моҳ ба амал меояд, ки маҳз Тоҷикистон тамоми марҳилаҳои он – аз оғози нимсоя то анҷоми он дида мешаванд. Марҳилаҳои асосӣ (бо вақти Душанбе, UTC+5):
Оғози нимсоя: ~20:28
Оғози гирифти қисман: ~21:27
Оғози пурра: ~22:30–22:31
Лаҳзаи максимум: ~23:11–23:12
Анҷоми гирифти пурра: ~23:52
Анҷоми қисман: ~00:56 (8 сент.)
Анҷоми нимсоя: ~01:55 (8 сент.)
Дар лаҳзаҳои асосӣ Моҳ аз уфуқи ҷанубу шарқ то ҷануб баланд (тақр. 38°–45°) хоҳад буд, ки шароити хеле қулай барои тамошо ва аксбардорӣ мавҷуд мегардад.
Ситорашиносӣ дар амал: сайёраҳо дар ҳамон шаб.
Шаби 7 ба 8 сентябр ба ҷуз ҳодисаи гирифти пурраи Моҳ дар осмон сайёраҳои Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кардан мумкин аст:
Зуҳал (Сатурн) – сайёраи шабона. Дар моҳи сентябр хеле хуб дида мешавад ва шаби 7 сентябр аз бегоҳ то субҳ равшан аст ва бо дурбин ё телескоп ҳалқаҳои онро мушоҳида кардан мумкин аст.
Муштарӣ (Юпитер) – сайёраи саҳаргоҳ. Дар сентябри 2025 то субҳ баланд мешавад ва пеш аз тулӯи офтоб ҳамчун нуқтаи хеле равшан дар шарқ дида мешавад.
Даъват барои мушоҳида дар Ҳисор
Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон мекунад, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2025 дар Расадхонаи Ҳисор Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад. Мо ҳамаи дӯстдорони кайҳонро ба мушоҳидаи гирифти Моҳ даъват менамоем. Дар баробари ин, Зуҳал-ро дар шаб ва Муштарӣ-ро ҳангоми субҳ якҷо тамошо мекунем.
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМИТ
Имрӯз, 05 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш қаблан, кулли мардуми шарафманди тоҷикро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву шукуфоӣ, садоқат ба Ватани азиз ва ҳувияти миллӣ мебошад, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки ин роҳи 34-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд аст ва арзишманд боқӣ мемонад.
Қобили зикри хос аст, ки Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду нумуи ҳама соҳаи иқтисодиёти кишвар ривоҷу равнақ бахшида, анъанаҳои ниёгонамонро дар бораи ҳамбастагии илму сиёсат эҳё намудаанд ва бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи кору зиндагӣ мунтазам бо олимону зиёиёни ҷумҳурӣ мулоқотҳои судманд доир намуда, андешаҳои ин қишри ҷомеаро дар ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо иқдоми хосаи Сарвари давлат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар баргузор гашта, осори илмии онҳо мунтазам ба нашр расиданд. Таҳияи бузургтарин асарҳои мондагори мутафаккирони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома” Аблуқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар як оилаи кишвар эҳдо намудани ин шоҳасарҳо бузургтарин ва мондагортарин кори Пешвои миллат на танҳо дар ҷумҳурӣ балки берун аз ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр шуд, ки барои олимони муосир дар ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои муаззами миллат мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои бо номи шахсиятҳои баруманд ва шинохтаи таърихӣ мавриди корбарӣ қарор дода шудаст, ки мисоли ин танҳо барои олимони ҷавон ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки ҳамасола олимони ҷавон барои дастовардҳои назарраси илмӣ қадршиносӣ мешаванд. Муқаррар намудани иловапулӣ ва стипендияи доимӣ барои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсати дастгирии олимони тоҷик муҳимтарин иқдоми Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар суханронии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният хонда, зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар як замони ҳассос баъди пош хурдани Иттиҳодияи Шуравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилӣ дар як вазъияти ниҳоят душвор бо талошҳои одилонаву оқилонаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз зулму ситам ва аз вартаи ҳалокат наҷот ёфтани мардуми тоҷик қабул шудааст. Ҳамаи мардуми Тоҷикистонро мебояд ба қадри ин озодӣ, ободӣ, Истиқлолияти давлатӣ расида ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, моҳияти Истиқлолиятро ба онҳо фаҳмонанд, то ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта ба ояндагон аз худ як давлати ободу тараққикарда ба мерос гузорем.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ як зумра аз олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии фарҳанг, аълочии маориф
20 НАФАР КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИЛМ СОҲИБИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ВА 2 НАФАР ОЛИМОНИ ҶАВОН СОҲИБИ ҶОИЗАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ШУДАНД
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва олимону академкон бештар равона гардидааст. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳим мебозад. Дар баробари дигар соҳаҳои фаъолияти иҷтимоию давлатӣ соҳаи илм ҳам барои пешрафту рушди ояндаи кишвар зарур дониста мешавад. Ҳамин аст, ки дар шароити имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимону академикон ғамхориҳои худро дареғ надошта, заҳмату талоши онҳоро ҳамеша қадр менамояд.
Дар робита ба ин дар остонаи 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 нафар олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва 2 нафар олимони ҷавон бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Воқеан ҳам ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақому мартабаи олимону академикон дар ҷомеаи муосир сол то сол боло рафта истодааст.
Имрӯз (05.09.2025) бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ дар остонаи ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
МАҲФИЛИ “ХИРАД” БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: РӮНАМОӢ АЗ МАҶМУАИ АШЪОРИ НАВИ БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО “ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ”
Имрӯз, 04 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфили навбатӣ маҷмуаи ашъори нави Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Шукӯҳи истиқлол” рӯнамоӣ гардид. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш зикр дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташкили маҳфили илмию адабии “Хирад” мақсад гузоштааст, ки барои донишмандону фарҳангиёни кишвар фурсат фароҳам намояд, то ба муносибатҳои гуногун дастовардҳои илмию адабии хешро пешкаши алоқамандон кунанд.
Таъкид гардид, ки дар ин кори нек суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сармашқу намуна дар фаъолияти рӯзмарраи мо аст, ки мефармояд: “Мо бо номи нек ва осори эҷодкардаи бузургони гузаштаамон ҳамеша ифтихор мекунем. Эҷодкорони мо, яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо низ дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад”.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо дар осотонаи ҷашни пуршукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва тасмим бар он шуд, ки барои гиромидошти он, маҳфили ширу шакар омода гардад, то кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар баробари таҳқиқоти илмӣ, фаъолиятҳои адабӣ низ доранд, осору ашъори худро ба гӯши шунавандагони хеш бирасонанд. Ҳамин тавр, маҳфили имрӯзаи мо бар асоси ашъори ватандӯстонаи мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло ихтисос ёфтааст.
Зикр шуд, ки фаъолияти кории Беҳрӯзи Забеҳулло Саидхоҷа аз Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда, то боргоҳи илму маърифати ҷумҳури, яъне Академияи милли илмҳои Тоҷикистон расидааст. Дар тули фаъолияти хабарнигории хеш Забеҳулло Беҳрӯз Саидхоҷа садҳо мақола дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ мунташир кардааст. Аз соли 2006 ба баъд мақолаҳои гуногуни Забеҳулло дар рӯзномаву маҷаллоти кишварҳои ҳамзабон ба нашр расидаанд. Аз ин рӯ, Забеҳулло Беҳрӯз соли 2011 ба хотири таблиғи фарҳанг, тамаддун ва дастовардҳои навини кишвари соҳибистиқлоламон дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон бо Ҷоизаи иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутӣ сарфароз шудааст.
Дар идома мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ Беҳрӯзи Забеҳулло аз маҷмуааи ашъори худ шеърҳои ватандӯстона доир ба арзиши бузург доштани Ватан, Истиқлолият қироат намуда хотири иштирокдоронро шод гардонид. Инчунин, дар маҳфил ҳунармандони ватансарои кишвар Баҳодур Неъматов, Тобиши Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Амирҷон Рӯзиев, Фахриддини Малик шеърҳои ба оҳанг даровардаи Беҳрӯзи Забеҳуллоро, ки мазмуни онҳоро ватандӯстиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ фарогир мебошад бо як эҳсоси баланди ватандӯстона сароида, хотири иштирокчиёни маҳфилро болида намуданд.