Skip to main content

(назаре чанд дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, 01.09.2024 сол).

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар арафаи соли нави хониш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаидавлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи рақобати бозори меҳнат таъсири бевосита мегузорад. Аз ин рӯ, ислоҳоти дурусти соҳаи маориф ин нишони рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва омили пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳазораи сеюм маҳсуб меёбад.

Сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар давоми 33 соли истиқлолияти давлатӣ 4000 муассисаи нави таълимӣ барои 2 миллиону 280 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991-1992-юм 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат мебошад.

Инчунин дар мулоқот Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Дар индавра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Агар соли2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли2024 ба8 миллиарду231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар омода гардидани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст аз сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд дорад. Дар шароити муосир дар бозори меҳнати ҳам дохили кишвар ва ҳам беруна аз он асосан хатмкунандагоне соҳиби ҷои кор мешаванд, ки дорои касбияти баланд, донандаи технология ва забонҳои хориҷӣ бошанд.

Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта- сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё созанд, то ки онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ваТоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта сохта тавонанд.

Воқеан, дастовардҳои соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ зиёду назаррасанд, ки дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиру бузург аст.

Имрӯз на танҳо соҳаи маориф, балки пояи эҳё ва таҳкими ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба номи пуршарафу нуронӣ ва сиёсати бесобиқа, беназир ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст.

Дар маҷмӯъ, суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли илм ва маорифи кишвар метавонад таконбахши рушду пешрафти илму маорифи мамлакат арзёбӣ намуд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки аҳли илму маориф ва зиёиёну равшанфикрони кишвар дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор дода, баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ менамоянд.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - муҳосиби Институти фаслафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ