Skip to main content

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми қариб як аср аз як мавзеи хурди тиҷоратӣ ба пойтахти муосир табдил ёфтааст. Ин раванд, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суръати нав касб намуд, нақши муҳими пойтахтро дар ташаккули давлатдории навини миллӣ таъкид менамояд. Дар ҳошияи Рӯзи пойтахт таҳлили рушди шаҳри Душанбе давоми 8 соли роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод мегардад.

— Душанбе бо масоҳати 203,18 километри мураббаъ дар водии Ҳисор, дар баландии 750-930 метр аз сатҳи баҳр ва дар ду соҳили дарёи Душанбе воқеъ аст. Иқлими хушки он ва мавқеи стратегӣ дар байни кӯҳҳои Ҳисор барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Тибқи маълумоти барӯйхатгирӣ, аҳолии шаҳр аз 5,6 ҳазор нафар дар соли 1926 то 851,3 ҳазор нафар дар соли 2019 афзоиш ёфтааст. Мувофиқи дурнамо, то соли 2025 ин рақам ба 1 миллион нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2010 (731,1 ҳазор) 16,4 фоиз зиёд аст. Ин афзоиш талабот ба манзил, хизматрасонии маориф ва инфрасохтори иҷтимоиро ба таври қобили мулоҳиза афзун менамояд.

Душанбе ҳамчун маркази асосии сиёсати миллӣ на танҳо қалби Тоҷикистон, балки оинаи равандҳои давлатсозӣ дар сатҳи миллӣ аст. Мақоми хоси он дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла маъракаҳои давлатӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ зоҳир мегардад. Ҳамчунин пойтахт бо равобити густурдаи хориҷӣ макони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ, иттиҳодияҳои фаромиллӣ ва бонкҳои байналмилалӣ буда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ба ибораи дигар, Душанбе ҳамчун нишонаи Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳамчун нишонаи Душанбе дар зеҳни хориҷиён ҷой гирифтаанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардида, масъулияти идораи пойтахт, рушди инфрасохтор ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиро бар уҳда гирифтанд. Давоми 8 соли роҳбарӣ (2017-2025) ислоҳоти муҳимеро дар самтҳои гуногун амалӣ намуданд:

Навсозии инфрасохтор: таҳия ва татбиқи нақшаи генералии нави шаҳр; амалӣ намудани хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ; навсозии кӯчаҳо ва маҳаллаҳо, сохтмони маҷмааҳои истиқоматӣ.

Баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ: соли 2019 Рустами Эмомалӣ аз сокинон даъват намуданд, ки тавассути мессенҷерҳо ва почтаи электронӣ камбудиҳои соҳаи тандурустиро мустақим ба ӯ гузориш диҳанд, ки ин нишонаи равиши инноватсионӣ ба идоракунӣ аст.

Аз 17 апрели соли 2020 Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ки ин мавқеяшонро дар сохтори давлатӣ мустаҳкам намуд. Аз 5 январи соли 2012 ҳамчун президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аз 24 апрели 2019 ҳамчун президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ фаъолият намуда, дар рушди варзиш дар минтақа саҳм мегузоранд.

Фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025” аз 1 марти соли 2018 ба табдили пойтахт ба шаҳри муосир ва бисёрсоҳа нигаронида шудааст. Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон тавассути рушди устувори иқтисодӣ аст. Зерҳадафҳои зерин муайян гардидаанд: фароҳам овардани шароити мусоиди зист (Smart-City, дастрасӣ ба манзил, иқтисодиёти «сабз»); тақвияти рушди неруи инсонӣ (маориф, тандурустӣ, шуғли шоиста).

Барнома самтҳои афзалиятноки рушди шаҳри Душанберо муайян карда, ба ҳадафҳои миллии стратегӣ, аз қабили амнияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва густариши шуғли пурмаҳсул нигаронида шудааст. Дар доираи он то соли 2025 иҷрои 431 чорабинӣ бо арзиши 35,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки маблағгузории он аз буҷети ҷумҳуриявӣ (9,1 фоиз), буҷети маҳаллӣ (26,7 фоиз), сармояи хориҷӣ (32,4 фоиз) ва бахши хусусӣ (31,8 фоиз) таъмин мешавад. Ин барнома на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва мустаҳкамсозии инфрасохтор равона шудааст.

Давоми ҳашт соли охир, новобаста аз мушкилоти ҷаҳонӣ ва тағйироти демографӣ-иқтисодӣ шаҳри Душанбе ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) ба ҳисоби миёнаи солона 7,3 фоиз афзоиш ёфта, 2,8 маротиба боло рафт ва саҳми он дар ММД-и мамлакат дар ҳудуди 20 фоиз устувор монд. МММ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 13,4 ҳазор сомонӣ (2016) ба 24,8 ҳазор сомонӣ (2024) расид, ки 1,9 маротиба зиёд аст. Ин афзоиш аз ҳисоби рушди саноат (3,1 маротиба), сармояи асосӣ (2,8 маротиба), гардиши савдо (4,7 маротиба), хизматрасонии пулакӣ (3,3 маротиба), мусофиркашонӣ (1,7 маротиба) ва боркашонӣ (2,7 маротиба) таъмин шуд.

Дар соҳаи саноат аз 18 чорабинии нақшавӣ бо арзиши 558,8 миллион сомонӣ 17 чорабинӣ бо сарфи 1,7 миллиард сомонӣ (3 маротиба аз нақша зиёд) иҷро шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,1 маротиба афзуд, шумораи корхонаҳо аз 467 (2017) ба 815 (2024) расид ва 580 корхонаи нав бо 19 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфт. Содироти маҳсулот ба хориҷа ба 672 миллион сомонӣ расида, 110 коргоҳи нав бо зиёда аз 10 ҳазор ҷойи кор бунёд шуд.

Дар бахши меъморӣ ва сохтмон аз 59 чорабинии пешбинишуда бо арзиши 15,4 миллиард сомонӣ 55 чорабинӣ бо сарфи 23,4 миллиард сомонӣ (1,5 маротиба аз нақша зиёд) амалӣ гардид. Дар ин давра 1145 иншооти гуногун бо арзиши 22,4 миллиард сомонӣ ва 3,4 миллион метри мураббаъ манзил сохта шуд, ки соли 2024 ба 635 ҳазор метри мураббаъ расид (3,2 маротиба зиёд нисбат ба 2017). Нақшаи генералии шаҳр бо қарори №212 (28 апрели 2017) тасдиқ шуда, 25 лоиҳаи банақшагирӣ таҳия гардид.

Энергетика

Аз 35 чорабинии нақшавӣ бо арзиши 1,4 миллиард сомонӣ 27 чорабинӣ бо 921 миллион сомонӣ (84 фоиз аз нақша) иҷро шуд. 4 зеристгоҳи нав сохта, 5 зеристгоҳ бо 195 миллион сомонӣ таҷдид гардид. Талафоти барқ аз 27 фоиз ба 8,5 фоиз коҳиш ёфт.

Нақлиёт

Аз 122 чорабинӣ бо арзиши 5,9 миллиард сомонӣ 69 чорабинӣ бо 6 миллиард сомонӣ (102 фоиз аз нақша зиёд) амалӣ шуд. 192 км роҳ бо 3 миллиард сомонӣ ва 207 истгоҳи нақлиётӣ бо 56 миллион сомонӣ сохта шуд.

Сармояи инсонӣ

Маориф: Аз 48 чорабинӣ бо арзиши 884,3 миллион сомонӣ 35 чорабинӣ бо 2,3 миллиард сомонӣ (2,6 маротиба аз нақша зиёд) иҷро гардид. 49 муассисаи таълимӣ барои 85 ҳазор хонанда сохта шуд.
Тандурустӣ: Аз 36 чорабинӣ бо 3,6 миллиард сомонӣ 22 чорабинӣ бо 941 миллион сомонӣ (26 фоиз аз нақша зиёд) амалӣ шуд, аммо дар маҷмуъ 2,7 миллиард сомонӣ сарф гардид.

Аз 431 чорабинии пешбинишуда 307 чорабинӣ бо 39,4 миллиард сомонӣ (112 фоиз аз нақша зиёд) иҷро шуд, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ (3,2 миллиард сомонӣ, 100,4 фоиз), маҳаллӣ (9,1 миллиард сомонӣ, 96,4 фоиз), сармояи хориҷӣ (6,1 миллиард сомонӣ, 54 фоиз) ва бахши хусусӣ (21 миллиард сомонӣ, 1,9 маротиба) таъмин гардид. Иҷрои солона аз 96 фоиз (2017) то 145 фоиз (2023) ва 2,6 маротиба (2024) боло рафта, дар маҷмуъ 121 фоизро ташкил дод.

Натиҷаҳои ҳаштсолаи иҷрои барнома бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ нишон медиҳанд, ки Душанбе ба маркази устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Рушди саноат, сохтмон ва инфрасохтор ҳамроҳ бо беҳбуди сармояи инсонӣ пойтахтро ба шаҳри муосир ва ҷолиб барои сармоягузорӣ мубаддал намудааст. Фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар вазифаи Раиси шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки пойтахт на танҳо маркази идоракунӣ, балки муҳаррики рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон гардидааст. Дастовардҳои 8 соли охир, аз ҷумла афзоиши инфрасохтор, саноат ва сатҳи зиндагӣ нишони муваффақияти сиёсати созандаи ӯ мебошанд. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Душанбе рамзи давлатдории навини миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон гардидааст.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки он кишварҳое, ки сари вақт раванди ҷавонсозии элитаи сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва илмиро ба роҳ монданд, тавонистанд рушди устувори худро дар оянда таъмин кунанд. Ба ҷавонон бояд роҳ кушод ва дар идора ва рушди мамлакат ба онҳо кумак кард. Дар ин замина, ба назари мо, муваффақтарин таъйиноти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъйини Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе буд.

Бояд гуфт, ки ин таъйинот на танҳо барои сиёсатмадори ҷавон, балки барои тамоми низоми омодасозии кадрҳои идоракунии Тоҷикистон як имтиҳон буд. Аммо бо вуҷуди нигоҳҳои шубҳаноки баъзе қишрҳои ҷомеаи мо Рустами Эмомалӣ на танҳо эътимоди роҳбарияти мамлакатро сазовор шуданд, балки бо меҳнати софдилона эҳтиром ва муҳаббати сокинони пойтахти Ватани моро низ ба даст оварданд.

Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти Рустами Эмомалӣ тағйири куллии Душанбе, хусусан намуди берунии шаҳр нишон дод, ки раиси ҷавони шаҳр тавонистанд дастаи муттаҳиди ҳамфикрон ташкил намоянд, ки мисли механизми ягона кор мекард. Рустами Эмомалӣ талошҳои худро ба беҳбуди инфрасохтори иҷтимоии шаҳр, такмили низоми нақлиёти ҷамъиятӣ, сохтмони мактабҳо ва кӯдакистонҳои нав, боғҳои истироҳатӣ ва майдонҳои варзишӣ равона намуданд. Бо шарофати талошҳои Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе садҳо майдончаҳои кӯдакона ва варзишӣ кушода шуданд. Кӯшишҳояшон барои рушди футбол дар Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки насли нави футболбозони тоҷик ба вуҷуд ояд, ки имрӯз давлати моро дар хориҷа ба таври сазовор муаррифӣ менамоянд ва бо пирӯзиҳояшон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба таҳкими имиҷи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Рустами Эмомалӣ бо фаъолият дар вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин намуди варзиши ватаниро ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд. Масалан, имрӯз дастаи футболи “Истиқлол” дар арсаи байналмилалӣ ба таври сазовор бозӣ мекунад ва бори аввал дар таърихи футболи ватанӣ дастаи миллии мамлакат оид ба футбол ба Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Шаҳри Душанбе аз лиҳози моҳият модели хурди Тоҷикистон аст. Дастовардҳои иқтисодии пойтахти мо, имиҷи байналмилалии зебои мамлакат, ки дар он саммитҳои ҷаҳонӣ баргузор мешаванд, аз он дарак медиҳанд, ки Рустами Эмомалӣ вазифаҳои ба уҳдааш гузошташударо дар идораи шаҳри Душанбе ба таври аъло иҷро менамоянд. Фаъолият дар вазифаи Раиси шаҳри Душанбе бори дигар исбот мекунад, ки барои идораи шаҳр ё давлат синну сол меъёр нест. Меъёрҳои асосӣ инҳоянд: таҳсилот, донишҳои муосир, андешаи инноватсионӣ ва эҷодкор, фаҳмиши равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод ва муҳаббати беандоза ба Тоҷикистон.

Дар давраи фаъолият ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рустами Эмомалӣ худро ҳамчун сиёсатмадори пухта нишон дода, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сазоворона муаррифӣ менамоянд. Рустами Эмомалӣ рамзи Эмомалӣ Раҳмон ва идомадиҳандаи кори он кас дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ва рушди он мебошанд.

Бо шарофати ташаббусҳо ва талошҳои Рустами Эмомалӣ дар вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат сиёсати нави иқтисодӣ амалӣ шуда, фазои сармоягузорӣ беҳтар мегардад. Маҳбубияти сиёсии ӯ дар ҷомеаи тоҷик хеле баланд аст. Бофаросат ва ҳалим будани Рустами Эмомалӣ мавриди таҳсини ҳамаи тоҷикистониён аст. Бо зеҳни дурбин, ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиром ба даст овардаанд ва имрӯз ҷавонон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ба сиёсатмадори умедбахш Рустами Эмомалӣ эътимоду боварии зиёд доранд.

Рустам ҲАЙДАРЗОДА, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор

Дониёр САНГИНЗОДА, - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор