Skip to main content

Рӯзи 10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини мо мақоми махсус дошта, ба фаъолияти яке аз муҳимтарин сохторҳои ҳуқуқӣ милитсияи тоҷик иртиботи мустақиму ногусастанӣ дорад. Милитсия ҳамчун ниҳоди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъминкунандаи амнияти шаҳрвандон ва посдори қонуният дар давоми зиёда аз ҳафт даҳсола эҳтирому боварии ҷомеаро ба даст овардааст. Ин рӯз имкони хуб барои таҷдиди назар ба роҳи тайкардаи милитсия, баррасии саҳми кормандони он дар амният ва суботи мамлакат, ҳамчунин қадршиносии заҳматҳои кормандони ин ниҳоди муҳим мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз дар солҳои истиқлолияти давлатӣ, бо роҳбарии оқилона ва сиёсати давлатии Пешвои миллат, корҳои ислоҳотӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба таври фарогир оғоз гардида, сатҳу сифати фаъолияти кормандони милитсия ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки оромии ҷомеа, суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандон аз сатҳи омодагӣ, масъулиятшиносӣ ва фидокории кормандони милитсия вобаста мебошад. Ин суханони роҳбари давлат асоси равшан барои фаъолияти минбаъдаи милитсия гардида, самтҳои афзалиятноки онро муайян сохтааст.

Дар солҳои душвору ҳассоси кишвар рӯзҳои аввалини истиқлолият, ки таҳдидҳо ба амнияти миллӣ зиёд буданд, кормандони милитсия яке аз аввалинҳое буданд, ки зери роҳбарии Пешвои миллат ба ҳимояи давлатдорӣ ва ҳифзи ҷони шаҳрвандон бархостанд. Ҷасорат, матонат ва садоқати онҳо имкон дод, ки дар ҷумҳурӣ тартибот барқарор гардида, қадамҳои аввалини сулҳу субот гузошта шаванд. Имрӯз милитсияи тоҷик ҳамчун як нерӯи касбӣ, омодабахш ва бо таҷҳизоти муосир таъминшуда фаъолият менамояд. Ислоҳоти ҷиддие, ки бо дастгирии Пешвои миллат дар ин самт амалӣ шудааст, ба беҳтар гардидани сатҳи идоракунӣ, баланд бардоштани малакаҳои кормандон, таҳкими ҳамкории мардум бо милитсия ва болоравии сатҳи боварии ҷомеа мусоидат намудааст. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба беҳсозии шароити хизмат, таъминоти иҷтимоӣ ва омодагии кадрӣ имкон дод, ки милитсия ба як сохтори пешқадам ва муассири ҳифзи ҳуқуқ мубаддал гардад.

Милитсияи тоҷик имрӯз вазифаҳои худро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ иҷро намуда, дар мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти хавфзо нақши назаррас дорад. Содиқ будан ба қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, хизмат ба Ватан ва мардум арзишҳои асосии фаъолияти кормандони милитсия ба шумор мераванд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки заҳматҳои ин ниҳоди бонуфуз, натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс ва ғамхориҳои Пешвои миллат имрӯз дар ҳама гӯшаи кишвар эҳсос мешаванд. Амнияти пойдори ҷомеа, суботи сиёсӣ ва фазои ороми кишвар бешак аз хизмати содиқонаи кормандони милитсия маншаъ гирифтааст.

Рӯзи милитсияи тоҷик на танҳо ҷашни касбии як сохтор, балки рамзи эҳтиром ба заҳмати ҳазорон нафаре мебошад, ки барои ҳифзи амнияти Ватан ва осоиштагии мардум шабонарӯз хизмат мекунанд. Ин рӯз ҳамчунин баёнгари қадршиносӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи таҳкими қонуният ва давлатдории миллӣ мебошад.

Дар фарҷом, аз фурсати муносиб истифода бурда, шахсан ҳамаи хизматчиёни милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Рӯзи касбиашон табрик менамоям. Ба ҳар яки онҳо саломатӣ, иродаи қавӣ ва муваффақиятҳои бештар дар роҳи ҳифзи тартибот ва амнияти давлату миллат таманно дорам.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон