Ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ваҳдати тоҷикон ва тоҷикистониён имсол бисту ҳашт сола мешавад. Бисту ҳашт сол муқаддам, 27 июни соли 1997, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гузоштанд. Таъмини сулҳ ва оштии миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи муосири халқи тоҷик, омили наҷот ва дастоварди давлату миллатамон мебошад.
Бисту ҳашт сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ--Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳу ризоят дар Тоҷикистон имзо шуд, ки боиси тағйирёбии сарнавишти давлати тоҷикон ва тақдири шаҳрвандони кишвари азизамон гардид. Ҳамин тавр, давлатдории миллии тоҷикон ҳифз шуд ва миллат аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Акнун шароити мусоиди ба зиндагии осоишта баргаштани сокинони кишвар ва ба такмили сохтори давлатӣ машғул шудан, ба миён омад.
Дар раванди омодагӣ ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳамзистию осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегиранд, ормони азалии халқи бунёдкори мо мебошад.
Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.
Бо кӯшишҳои пайваста ва заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушду пешрафти минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохилию хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард. Ноил шудан ба итмоми ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами устуворе ба сӯйи Ваҳдати миллӣ буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷашнгирии яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ чунин гуфта буданд: «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯйи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».
Ба хотири таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба шумор мерафт.. Ба ҷуз мулоқотҳое, ки ҳайати намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати мухолифин дар хориҷи кишвар доир намуданд, инчунин, гуфтушуниди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти неруҳои мухолифин дар сатҳи олӣ баргузор шуд. Ин вохӯриҳо дар Кобул ва Хустдеҳ (Афғонистони шимолӣ, солҳои 1995, 1996), Теҳрон (1995), Маскав (1996), Машҳад (1997) ва Бишкек (1997) шаш маротиба ба вуқӯъ пайвастанд. Дар музокироти мазкур масъалаҳои мушкили сиёсӣ, ҳарбӣ, гурезаҳо ва амсоли инҳо муҳокима гардиданд, ки онҳо Тоҷикистони азизро ҳарчи бештар ба ваҳдати воқеӣ наздиктар меоварданд. Дар санаде, ки дар бораи шартҳои истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо имзоҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифини тоҷик қабул шудааст, доир ба ба аҳди тарафайн дар моддаи якуми он чунин гуфта шудааст: «Аз 18-уми сентябри соли 1995 сар карда, бо мақсади ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон давраи бетанаффуси музокирот ташкил карда шавад. Ҷойи гуфтушунид бо тарафайн бо миёнравии намояндаи махсуси Муншии умумии СММ муайян карда мешавад». Самараи кори Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) буд, ки 27-уми июни соли 1997 дар Москав бо иштироки Русия ва Эрон ва иштироки фаъолонаи намояндаи махсуси Муншии умумии СММ Гетрих Мереем Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамин тавр, ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишварамон нуқтаи таммат гузошта шуд. Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон давраи нави таърихӣ оғоз ёфт.
Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон хисароти калони моддӣ ва ба миллати тоҷик зарари бузурги маънавӣ расонид.Зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, садҳо биноҳою иншоот, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои тиб ва маориф ва идораҳои давлатӣ сузонида харобу валангор карда шуданд. Ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонида шуд.
Имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бори дигар ба аҳли олам исбот намуд, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳи тоҷик дар он давраи хеле сангину мудҳиш муттаҳид шуда роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт,аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зури ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимои даст кашид, сиё- -сати пешгирифтаи Сарвари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сарто- -сарӣ самимона дастгири намуд.
Доир ба аҳамият ва арзиши таърихии сулҳи тоҷикон барои наҷоти давлату миллат донишмандон, ходимони давлатӣ, сиёсатшиносону таҳлилгарон бисёр навиштаанд, вале мо танҳо ба овардани суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иктифо мекунем, ки гуфта буданд: ”Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишнома дар ватани мо сулҳу салоҳро таъмин намуд. Агар дар ватани мо бо шарофати Созишнома сулҳу салоҳ пойдор намегардид, хатари аз даст додани Истиқлолият ба мо таҳдид мекард.”
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллии дар Тоҷикистон дар ҳаёти миллату давлат гардиши куллие буд, ки дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони мо, ки иҷборан тарки ватан карда буданд, шӯълаи умедро фурӯзон гардонид. Дар бораи раванди сулҳи тоҷикон дар васоити ахбори умум бисёр маводи арзишманд ва ҷолиб чоп гардидаанд, аммо таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодири таърихию иҷтимоӣ ҳамчун илм ба таври мақсадноку системавӣ хеле кам ва сатҳӣ омӯхта шудааст. Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки мо, тоҷикон, таҷрибаи сулҳи худро ҳамчун як воситаи баромадан аз бунбастҳои иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ ва ҷамъиятӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа муаррифӣ намоем. Тавассути сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ташвиқ намудани таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи баланд бардоштани эътибори байналмилалии кишвари азизамон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва макони ҳамзистии ақидаҳои гуногун ва озодии инсону баён арзиши бузургеро дорост.
Имрӯзҳо дар Сурияву Ироқ, Либия ва дигар нуқоти олам оташи ҷанг аланга мезанад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ба сулҳ расидани ин кишварҳои ҷангзада аз аҳамият холӣ нест. Албатта, шароити Тоҷикистон, омилҳои ташаккули таҷрибаи сулҳ, шароитҳои таърихӣ ба омилҳою шароитҳои таърихии дигар кишварҳое, ки дар ҳолати ҷанг қарор доранд, аз ҳам фарқ доранд. Аммо тадқиқу омӯзиши ин масъала собит мекунад, ки дар таҷрибаи сулҳи тоҷикон дастовардҳои мушаххасе ҳастанд, ки барои ҳалли буҳронҳои кишварҳои ҷангзада муфид буда метавонанд.
Музокирот ва одӣ шудани муносибатҳои тарафайн дар тӯли гуфтушунидҳо, оқибат ба ҳам омадани манфиатҳо, гузашт кардани тарафҳо аз мавқеи аввалаи худ, эътибор ва қабули андешаи ҷонибҳо оид ба сохтори давлатӣ, ҷомеа, новобаста аз мушкилот давом додани музокирот, реинтегратсияи (ҳамоиши) неруҳои низомии мухолифин ба ҳайати ҷувваҳои ҳарбии ҳукуматӣ аз ҷумлаи нуктаҳоянд, ки барои ҳалли низоъҳои дигар ҷойҳо хизмат карда метавонанд.
Агар ба таърихи бисту ҳашт солаи Ваҳдати Миллӣ воқеъбинона назар андозем, он гоҳ возеҳу равшан хоҳем дид, ки дар расидан ба сулҳ ва пешрафти босуботи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ ва ҳалкунанда доштанд. Пешвои муаззами миллат шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳам оварда, бо ҳамин роҳ давлату миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд. Ҳар фарди ватандӯсту воқеъбин бояд заҳмату ҷонфидоиҳои таърихии Президенти кишварамонро дар таъмини сулҳу салоҳи тоҷикон бидонад ва қадрдонӣ намояд.
Музокироти тоҷикон тӯлонӣ буда, аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997-ро дар бар гирифт. Ин музокирот дар якчанд кишварҳои хориҷӣ: Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ба вуқӯъ омад. Барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ 9 давраи музокирот ва 21 музокирот сурат гирифт, ки дар онҳо 40 санади тақдирсоз ба имзо расид.
Ҳама гуна таҷрибаи зиндагӣ, аз ҷумла таҷрибаи сулҳи тоҷикон, аз падарону модарон ба фарзандон, аз фарзандон ба набераву абераҳо ба мерос мегузарад ва мақоми муҷаддасоти миллиро ба худ касб мекунад.
Бисёр вақт мешавад, ки кас миёни оилаи худ як муҳити солим эҷод кардан наметавонад, пас ҳазорон офарин ба Сарвари давлат, ки райияти кишвари худро ба ҳам оварда, бо ин восита кишвари азизамонро аз вартаи нестӣ раҳонид ва номи мубораки онро дар харитаи сиёсии ҷаҳон абадӣ сабт намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар бораи давлату давлатдорӣ китобҳои зиёде эҷод гардиданд, ки таҷрибаи давлатдории ҷаҳонро дар бар мегиранд, аммо тӯли таърих ба ҳар Сарвари давлат лозим омадааст, ки бо усули худ ҳукмронӣ намояд, зеро таърих ба як шакли ба як мазмун ҳеҷ гоҳ такрор намебад. Ҳамин аст, ки миёни шоҳону императорон, президентҳо ва давлатдорон бисёр буданд, вале давлатмардон кам. Бо боварии том гуфта метавонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ана, ҳамин гуна давлатмард ё худ риҷоли бузурги сиёсию давлатӣ аст!
Шубҳае нест, ки андешаи сулҳу ваҳдати милли бояд дар афкори насли ҷавони кишварамон ҷой дода шавад, беҳтараш он ба фарҳанги насли ҷавон табдил ёбад. Вақти он расида аст, ки ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз миллат, дин ва ақидаи сиёсӣ, ба он сарфаҳм равад, ки рушди ҷомеа ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии вай танҳо дар ҳолати таъмини сулҳу осоиш дар кишвари азизамон имкон дорад.
Вақти он расида аст, ки ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз миллат, дин ва ақидаи сиёсӣ ба он сафаҳм равад, ки рушди ҷомеа ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ӯ танҳо дар ҳолати таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар имкон дорад. Агар гуем, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар 20 соли Ваҳдати миллӣ аз натиҷаҳои раванди сулҳ огоҳанд ва сабақе барои худ бардоштаанд он қадар ба ҳақиқат рост намеояд,зеро насле, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба воя расид аз асли воқеаҳои мудҳиши охири асри гузашта,чи гуна ҷараён гирифтани сулҳу оштии миллӣ шояд чандон огоҳие надошта бошанд.Миёни мардум як тасаввуроти барғалате роиҷ аст,ки гуё он солҳо гурӯҳҳои мансабталаб: “тарафдорони сохти конститутсионӣ ва “диндорон зери ниқоби демократия” бо зиддӣ якдигар ҷангидаанд, баъдан ба ҳам омада мансабҳоро миёни худ тақсим карданд.
Дар асл воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрванди хеле мураккаб буда ҳамаи низоъҳо миёни нерӯҳои сиёсӣ ва минтақаҳои кишвар аз хориҷ, аз тарафи душманони миллат, бо мақсади аз байн бурдани давлатдории тоҷикон дар хориҷи кишвар таҳрезӣ шуда буданд.Ибораҳои “ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ” бори аввал аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 истифода шуда буд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2004 дар остонаи ҷашни Ваҳдат аз мавҷуд будани нақшаи ба се қисм тақсим намудани Тоҷикистон: 1Ҷумҳурии Бадахшон; 2 Минтақаи озоди Хуҷанд ва 3 Қисмати ҷануби Тоҷикистон таъкид карда буданд.Баҳри амали намудани ин нақша доираҳои муайяни дохилӣ ва хориҷӣ манфиатдору ва ба таври ҳамешаги фаъол ҳам буданд.
Бо гузашти 28 соле, ки тоҷикону тоҷикистониён дар фазои сулҳу субот ба сар мебаранд, душманони миллати тоҷик тайёранд, ки аз камтарин ҳамдигарнофаҳмии мо ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода намоянд ва дороиҳои Тоҷикистонро ба коми худ кашанд.Яъне, душманони миллату давлати мо ханӯз ҳам аз ниятҳои нопоки худ даст накашидаанд.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва тафаккурӣ дар дохили кишвар барои беҳтар намудани ваҳдату ҳамдигаршиносии шаҳрвандони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Рафтуомади шаҳрвандони мо ба минтақаҳои гуногуни кишвар дар сатҳи одӣ дар дараҷаи паст аст. Мардуми мо дар умум дар сатҳи пасти ҳамдигаршиносӣ ва кишваршиносӣ қарор дорад. Бинобар ин, ривоҷи туризми дохилӣ (саёҳатӣ, фароғатӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, зиёратӣ, табобатӣ) боиси ба ҳам наздик шудани одамон мегардад.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон зиёиён ва рӯҳониён бояд ҳамдигарро дуруст шиносанд ва эътироф намоянд. Онҳо метавонанд дар атрофи манфиатҳои миллӣ, рушди моддию маънавии ҷомеа, тарбияи насли ҷавон бо ҳам муттаҳид шаванд. Дар масъалаҳои миллию давлатӣ ба ҳам омадан, ҳамгироии ин ду қишри ҷомеа метавонад яке аз пояҳои ваҳдати миллӣ бошад.
Дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯз суботи сиёсию иқтисодӣ омили дигари таъмини Ваҳдати миллӣ ва устувории он аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар ноҳияву вилоятҳо масъалаи дуюмдараҷа нест. Муҳим он аст, ки фаҳмиши Ваҳдати миллӣ ҳар чӣ бештар қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ақаллиятҳои миллии сокинони Тоҷикистонро низ фаро гирад. Дар ҷумҳурии мо ҷамъияти бисёрмиллатӣ ташаккул ёфтааст, аз ин рӯ, мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” дар кишвари мо маънои васеътар дорад. Ҳар як сокини кишвар бояд аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, ифтихор дошта бошад. Эҳсоси шаҳрвандии Тоҷикистон барои тоҷикистониён як ҷузви муҳими худшиносии миллӣ бояд бошад. Шаҳрванди Тоҷикистон будан бояд ҳамчун воситае бошад, ки ҳамаи сокинони кишварамонро муттаҳид ва сарҷамъ созад. Агар мо сокинони Тоҷикистон моҳияти шаҳрвандиро чунин дарк намоем, он гоҳ Ваҳдати миллии мо таҳким хоҳад ёфт. Ба васоити ахбори омма тавсия дода мешавад, ки аз мафҳумҳои умумиятбахше, ба монанди “шаҳрвандии Тоҷикистон”, “тоҷикистониён”, “сокинони Тоҷикистон”, “халқи Тоҷикистон”, “мардуми Тоҷикистон” бештар истифода намоянд.
Моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунандеширо дар ҳаёти ҷамъиятӣ кафолат додааст, аз ин ҷост, ки имрӯз дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ, қариб 2 ҳазор созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолият доранд. Шаҳрвандони дорои фикру ақида, дину мазҳаб ва халқу миллатҳои гуногун паҳлуи ҳам дар пайи ободии Ватани азизашон мебошанд, ки номи мубораки он Тоҷикистон аст.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” акнун на ҳамчун созиши ду ҷониб, балки маънои ҳамзистии тамоми намояндагони халқу миллатҳо, минтақаҳо, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар фаҳмида мешавад. Чунин арзишҳои миллӣ ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявӣ, манфиатҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати ҳамагонӣ, рушду пешрафти кишвари азизамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, зиндагии сазовор ва некуаҳволии ҳар фарди солимфикр, озодандеш ва ватандӯст барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, новобаста аз миллат, маҳал, ақидаҳои сиёсӣ бояд арзишҳое бошанд, ки атрофи он тамоми тоҷикистониён муттаҳид шаванд, якдилу яктан бошанд.
Зубайдулло Давлатов, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлтаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ