Skip to main content

“Фарзанд меваи умри одамизод мебошад, то замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд”.

Эмомали Раҳмон

Фарзанди солеҳ ва бо маърифат давоми умри падару модар, давомдиҳандаи насл ва номбардори волидайн аст. Муҳити оила дар тарбияи фарзанд, албатта бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, хушбахтии аҳли ҷомеа, тараққиёти ояндаи ҷамъият, осудаҳоливу некуаҳволии мардум аз бисёр ҷиҳат ба ҳамкории зичи мактабу оила вобастагӣ дорад. Натиҷаи тарбия дар меҳнати эҷодии доимӣ бадаст меояд. Барои ин пайваста омӯхтан, аз худ кардани роҳҳои пурмасъули тарбия, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, хислатҳои наҷиб, эҳсосоти олӣ ва нисбат бахуд серталаб будан, парваридани эҳсоси некӣ кардану аз он хушбахт шудан ва аз бади дур будан хеле муҳим аст. Падару модарон дар шароити кӯнуни вазифадоранд, ки бо роҳу усулҳои муосир муҳити тарбияи фарзандро дар фазои оила солим гардонанд.

Чун имруз кӯдакон — фарзандони мову шумо ба суханони самимӣ эхтиёҷ доранд. Бояд гуфт, ки дар шароити муосир, ки равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ хеле печида ва гуногунандешанд, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд меафзояд. Волидон бояд дарк кунанд, ки ҳар як амали мусбӣ ба муваффақият ва ҳар амали манфӣ боиси нокомӣ мегардад.

Ниҳодҳои асосии тарбия: волидон, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худ шиносӣ, инсондӯстиву ватандорӣ, эҳтиром гузоштан аз ҳама арзишҳои миллию умумиинсонӣ тарбия намоянд, то ин ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои комил ва ҳаматарафа инкишоф ёфта ба воя расанд. Чунки ҷомеаи муосир ба ин гуна шахсиятҳо ниёз дорад. Пешрафту рӯшди ҷомеа аз наслҳои тарбияи сатҳи баланд дошта, соҳиби донишу маърифати мукамалро соҳиб шуда вобастагӣ дорад.

Мардуми мутамаддини мо ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти хоса дода, пайваста талош меварзад, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ, донишомӯзӣ ва маърифатпарварӣ, ҷавони хушахлоқу баномус ба воя расонанд. Таҳкими оила, ба воя расидан ва ба воя расонидани насли солиму босавод яке аз василаҳои рушди ҷомеа, таҳкими иқтидори кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллии мост.

Мутаассифона, имруз баъзе падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон халал расонда, нисбат ба ҳаёти онҳо бепарвои зоҳир менамоянд. Як нуқтае, ки бояд ба назар гирифт, ин аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат умри волидайн аст ва аз ин рӯ барои таълиму тарбияи ӯ аз онҳо чизе дареғ надошта бошанд ва сармояи худро барои нашъунамои ӯ дареғ надоранд.

Бо мақсади пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб, инчунин дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, инчунин минбаъд баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани кӯдакон ба ҳаёти мустақилона ва роҳнамоии фарзандон дар роҳи дурусти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.

Ин қонун барои беҳбуди зиндагии кӯдакон, коҳиши ҷинояткорӣ дар байни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандонро афзоиш дод. Мақсади асосии он дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба Ватан ва ба арзишҳои милливу умумибашарӣ таълим додану тарбия кардани фарзандон, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо мебошад, ки ин барои ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо мусоидат менамояд. Тарбия ва таълими насли наврас раванди ниҳоят масъулиятнок ва ҷиддӣ буда, тақдири кӯдак ва насли наврас ояндаи ҷомеа аз сифати он вобаста аст.

Вазифаи волидайн басо гуногун ва душвор буда, барои тарбияи дурусти фарзандон сабру таҳаммул, заҳмат ва талоши пайвастаро тақозо мекунад. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин қарзи ҳаётӣ ва шаҳрвандии худро дарк намуда, фарзандони худро дуруст тарбия намуда, корҳои тақдирсозро анҷом диҳанд, илму ҳунар омӯзанд, усулу технологияи муосирро аз худ кунанд, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, Ватани азизамон – Тоҷикистонро ободу зебо созанд.

Хулоса ин аст, ки мақоми оилаи устувор ҳамон вақт эътироф мешавад, ки агар он пеш аз ҳама дар тарбияи фарзанд нақши муайян дошта бошад. Чун ки оила сутунест, ки ҷомеа болои он устувор мегардад.

Таҳияи ходими илмӣ ва лаборанти калони ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ:

Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.