Skip to main content

«Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем».

Эмомалӣ Раҳмон

Занону бонувон ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Занону бонувон қишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Ҳукумати кишвар ба занон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд, чунки занону модарон бо бузургиву ҳалимии худ дар тарбияи насли ояндадори миллат нақши муассир мегузоранд.

Бо ташаббусҳову дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва ҷойгоҳи занону бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ ба дараҷаи баланд бароварда шуд. Занон дар баробари модар буданашон инчунин дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни давлатӣ саҳми худро гузошта, баҳри пешбурди онҳо сидқан талош менамоянд. Маҳз ин аст, ки масъалаи занон дар мадди аввал аз ҷониби Ҳукумат гузошта шудааст.

Воқеан, зан – модар тарбиятгари насли солими ҷомеа ба шумор меравад. Ҷомеаи солим маҳз аз занону модарони соҳибмаърифат вобастагии бузург дорад, зеро солимии ҷомеа аз солимии занону модарон маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, солҳои охир занону духтарони болаёқат дар ҷомеаи мо нақши фаъол дошта, дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, молия ва бонкдорӣ, бахшҳои иҷтимоӣ ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда низ кору фаъолият менамоянд.

Маҳз бовариву итминони комил ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз занону духтарони болаёқат бо як руҳияи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ дар меҳвари Сарвари худ муттаҳид гардида, дар рушди ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. «Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем».

Занону модарон дар ташаккули ҳуввияти миллӣ нақши калонеро иҷро менамоянд. Маҳз занон дар замири кӯдак арзишҳои иҷтимоии ҷомеаро тарбия менамояд. Вақте, ки занон соҳибмаърифат мебошанд, бешак аз онҳо насли солиму донишманд ба воя мерасанд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат пайваста дар баромадҳои худ ба занону модарон муроҷиат намуда, чунин қайд мекунанд, ки «Бовар дорам ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд».

Дар замони муосир ва бархурди фарҳангҳо арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва нигоҳ доштани анъанаҳои миллии таърихӣ яке аз самтҳои асосии пешбурди сиёсати давлатӣ ба шумор меравад, ки занону бонувон саҳмгузор мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми занону бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда сол то сол бештар гардида истодааст, ки ин муваффақиятҳои занону бонувони сиёсатмадор маҳз бовариву таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуда, онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисодии кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Мавриди зикр аст, ки занону бонувон дар рушди иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии кишвар саҳми худро мегузоранд. Солҳои охир занону бонувон дар соҳаи соҳибкорӣ махсусан дар тиҷорати хурд ва бузург фаъолият намуда, ҳатто дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуда истодаанд. Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки занону бонувони болаёқат дар рушди тиҷорат муваффақ гардида, ҳамасола барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолиятҳои соҳибкории занон имтиёзҳои бештар фароҳам меоваранд.

Қобили зикр аст, ки маҳз истиқлоли давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи занону бонувон шароити мусоид фароҳам овардааст. Зан- модар дар ҳар як давру замон дар рушди ҷомеаи башарӣ нақши хоса дорад, зеро бонуи тоҷик солҳои охир муҳақиқи донишманд, омузгор, тарбиятгар, соҳибкор, варзишгари муваффақ, табиб, сиёсатмадор ва модари мушфиқу меҳрубон мебошад. Бо вуҷуди он ки зан-модар бори гарони зиндагиро бар души худ гирифтаанд, ҳамзамон дар соҳаҳои гуногуни рушди кишвар самимона кору фаъолит менамоянд.

Ҳукумати кишвар барои таҳсил фаро гирифтани духтарону бонувон ҳанӯз аз давраи соҳибистиқлӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст, ки имрӯз барои соҳибкасб гардидани онҳо квотаҳои президентиро роҳандозӣ намудааст. Солҳои охир духтарону бонувони тоҷик на танҳо дар донишгоҳҳои бонуфузи кишвар, инчунин дар донишгоҳҳои бузурги хориҷ аз кишвар таҳсили илм намуда, боз ҳам бо маҳорату лаёқатҳои нотакрори худ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Доир ба нақши зан модар шоирону мутафаккирони бузурги халқи тоҷик шеърҳо ва асарҳо эҷод намуда, бузургиву меҳрубониҳо ва хислатҳои нотакрори онҳоро ба дараҷаи баланд тасвир намудаанд. Мирзо Турсунзода низ дар эҷодиёти худ ба нақшу манзалати зан – модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин қайд намудаанд:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Дар ин мисраҳои назмии худ шоир нишон медиҳад, ки зан - модари тоҷик дар ҳама давру замон бо ҷасорату шуҷоатмандӣ дар баробари мардон дар рушди давлат ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ нақши муҳим доштаанд.

Ҳамин тариқ, баланд бардоштани мавқеи зан-модар дар ҷомеа, ҷалб намудани онҳо ба корҳои давлативу иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо гувоҳи боварӣ ва эътимоди самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба нерӯи бузурги созандаи занону бонувон мебошад. Аз ин рӯ, бонувону занони лаёқатманд ба бовариву эътимоди Пешвои миллат сазовор гардида, пайваста кӯшиш менамоянд, ки сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти ҳаррузаи худ намуда, барои рушди пайвастаи кишвар ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ самимона нақши босазо гузоранд.

Файзуллаева Н. ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии ИОМДОА АМИТ