Skip to main content

20 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои олимону кормандони Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ баргузор гардид.

Дар ин намоиши дастовардҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мудири Шуъбаи илм ва маорифи Раёсати илм, маориф ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираи об, кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни муаррифӣ мутахассисон аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) МД Маркази пиряхшиносӣ, Институти масъалаҳои об, Институти ботаника, ва генетикаи растанӣ, Институти зоология, Институти геология доир ба натиҷаи дастоварду ихтирооти хеш маълумот манзур намуданд.

Гуфта шуд, ки олимону кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз натиҷаҳои илмю таҳқиқотӣ зиёда аз 30 патент ба даст овардаанд. Мақсад аз муаррифии ин дастовардҳо пайванди илм дар истеҳсолот буда, дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардид.