Дар ҷаҳон ҷашнҳои гуногун таҷлил мегарданд, ки қисме аз онҳо ба монанди Наврӯз хусусияти ҷашни байналмилалӣ касб кардаанд. Аммо Наврӯз ягона ҷашни байналхалқие мебошад, ки ҳам аз ҷиҳати таърихӣ ва ҳам бо моҳиятҳои иҷтимоию фалсафиаш аз ҷашнҳои дигар фарқкунандаву беназир аст.
Аввалан, Наврӯз қадимтарин ҷашни миллие мебошад, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар тамоми ин давра анъанаҳои ҷашн гирифтани он, ба ҷо овардани маросимҳои наврӯзӣ, ба монанди оро додани дастархони ҷашнии ҳафтсину ҳафтшин, хонабарорӣ, бурёкӯбон, гулгардонӣ, суманакмонӣ, шудгор ва ғайраҳо нигоҳ дошта шудааст.
Сониян, Наврӯз ҳамчун ҷашни зиндашавии табиат, оғози соли нав, робитаи инсон бо табиат, рамзи оғози ҳаёти нав, эҳёи табиат ва бозгашти зиндагии инсон ба шукӯҳ ва шодмонӣ аст.
Наврӯз дигар танҳо як ҷашн нест. Ин фарҳангест, ки аз қадим то ба имрӯз дар дилҳои мардуми ориёинажоту халқҳои гирду паҳнои он ҷой гирифтааст, онро ҳамчун арзиши меросӣ нигоҳ медоранд ва воситаи иртиботи инсон байни ҳамдигару табиат медонанд. Дар осори бузургони форсу тоҷик Наврӯз ҳамчун рамзи зебоӣ, хуррамӣ ва оғози корҳои нек мавқеи хосса дорад.
Наврӯз, ки куллан вожаи форсии тоҷикӣ аст, дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ҳамчун ҷашни миллии мардуми форсу тоҷик нигоҳ дошта шудааст ва аз давраи Ҷамшеду Каюмарс оини ҷашни он дар замони ҳукмдории Ҳахоманишиён, Ашкониёну Сосониён ва Сомониён ҳамчун расмии давлатӣ таҷлил мегардид. Ҳатто пас аз омадани ислом ба минтақа, Наврӯз мавқеи худро ҳифз кард ва ҳамчун оини мардумӣ бо анъанаҳои хоссаи худ ҷашн гирифта мешуд. Ин ҷашн, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аз насл ба насл интиқол ёфтааст, рамзи меҳмоннавозӣ, саховатмандӣ, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Яке аз арзишҳои муҳими Наврӯз меҳмоннавозӣ аст. Дар ин рӯз, мардум ба дидорбинии хешовандон, дӯстону ҳамсоягон мераванд ва бо хӯрокҳои болаззату тӯҳфаҳои рамзӣ аз онҳо истиқбол мекунанд. Ин анъана, ки дар фарҳанги тоҷикон решаҳои амиқ дорад, нишонаи эҳтиром ва муҳаббат ба дигарон аст.
Арзиши дигари Наврӯз, саховатмандӣ аст. Дар ин рӯз, мардум ба ниёзмандон кумак мекунанд ва ба онҳо хӯроку либос тақдим менамоянд. Ин анъана нишонаи ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ бо дигарон аст.
Дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ низ аз арзишҳои муҳими Наврӯз мебошанд. Дар ин рӯз, мардум аз ҳар гурӯҳ ва нажод, дар як сари суфра ҷамъ мешаванд ва бо шодмонию хушнудӣ ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Ин анъана, ки нишонаи ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии мардуми тоҷик аст, дар шароити кунунӣ аҳамияти хосса дорад.
Наврӯз бо омадани баҳор ва бедории табиат пайванд аст, ва мардуми тоҷик аз қадим ба табиат ҳамчун манбаи зиндагӣ арҷ мегузоштанд. Дар ин рӯзҳо дарахт шинондан, тоза кардани ҷӯйборҳо ва обод кардани атроф як анъанаи дерина аст, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст.
Пас аз пош хӯрдани давлати Сомониён, Наврӯз мавқеи давлатии худро аз даст дод. Таҳаввулоти сиёсӣ ва ҳукмронии силсилаҳои гуногун ба он оварда расонд, ки Наврӯз дигар ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ таҷлил нашавад. Наврӯз барои як муддати тӯлонӣ танҳо дар миёни мардум боқӣ монд ва мардум худ масъули нигоҳдории ин ҷашни бостонӣ буданд.
Дар ин давраҳо, хусусан дар қаламрави Осиёи Марказӣ, мардуми оддӣ Наврӯзро ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири ҳувияти фарҳангии худ нигоҳ медоштанд. Онҳо тавассути баргузории маросимҳои анъанавии хонаводаӣ, ҷашнҳои маҳаллӣ ва дигар урфу одатҳои қадимӣ Наврӯзро зинда нигоҳ медоштанд. Ин ҷашн ҳамчун як василаи иттиҳоди оилавӣ ва мардуми маҳаллӣ хизмат мекард ва ҳарчанд шоҳону ҳокимон ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намекарданд, дар зеҳни мардум ҳамеша ҳамчун як рамзи муҳим боқӣ монд. Дар адабиёти халқӣ, аз қабили латифаҳо, сурудҳо ва достонҳо, Наврӯз ҳамчун рамзи озодӣ ва муқовимат ишора мешуд.
Дар асри XX, ҳангоми таъсиси ҶШС Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун як ҷашни миллии ғайрирасмӣ мавқеи худро бозёфт. Аммо, танҳо пас аз истиқлоли Тоҷикистон Наврӯз ба сифати як воҳиди фарҳангии миллӣ эҳё гардида, ҳамчун ҷашни миллии расмӣ эътироф шуд. Ташаббускори асосии эҳёи Наврӯз ва барқарор кардани он ҳамчун ҷашни миллӣ ва давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Сарвари кишвар бо иқдомҳои пайваста ва саҳмгузории худ дар ҳифз ва инкишофи анъанаҳои миллӣ, Наврӯзро ба яке аз ҷашнҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон табдил доданд.
Президенти кишвар аз солҳои аввали Истиқлолият бо назардошти арзишҳои миллӣ ва аҳамияти Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон, барномаи васеи эҳёи ин ҷашнро рӯйи даст гирифтанд. Ин қадам на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Миёна аҳамияти калон дошт. Аз ин лаҳза, Наврӯз боз ҳамчун рамзи ваҳдати миллии тоҷикон ва дигар халқҳои минтақа баромад намуд.
Бузургтарин саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз ин аст, ки бо ташаббусашон Наврӯз соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид расман ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид карда шуд. Ин иқдом ба Наврӯз на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дод ва онро ҳамчун як ҷашни умумиинсонӣ муаррифӣ намуд.
Дар ин замина, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни тоҷикон, балки як ҷашни инсонӣ аст, ки арзишҳои сулҳ, ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва муҳаббат ба табиат ва инсонро таблиғ мекунад. Ҳамеша таъкид менамоянд, ки бо баргузории Наврӯз, мо на танҳо таъриху фарҳанги худро эҳтиром мекунем, балки ҳамчунин ба наслҳои оянда эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро меомӯзем.
Бо ворид шудани Наврӯз ба мероси ҷаҳонӣ, ин ҷашн ба як рамзи байналмилалии сулҳ ва дӯстии байни миллатҳо табдил ёфт. Ҳоло ҳар сол Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон, балки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳ таҷлил мегардад.
Бо ҳамин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва умеди фардои дурахшон аст, самимона табрик мегӯям. Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози сол ва рӯзи нав аст, дар худ арзишҳои волои фарҳангӣ, сулҳ, дӯстӣ ва муҳаббати байни инсонҳоро таҷассум мекунад. Дар ин рӯзҳои пуршукӯҳ орзу дорам, ки дар хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, сулҳу осоиштагӣ ва хушбахтӣ ҳукмрон бошад. Бигзор ин ҷашни некрӯз ба ҳар яки шумо рӯзгори пурнишот, комёбиҳои нав ва зиндагии пур аз муҳаббат оварад.
Наврӯзатон муборак бод!
Директори Институти физикаю техникаи ба номи
С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон.