Skip to main content

“Огоҳии хуб аз таърихи фарҳанги куҳан на танҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун дар шароити мураккаби дунёи муосир мусоидат карда, ба густариши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз суннат ва падидаи фарҳанги ориёӣ буда, оғози фасли баҳор ва соли нав маҳсуб меёбад. Наврӯз анъанаест, ки бар ҳамдигарфаҳмии инсон ва табиат асос ёфтааст. Наврӯз 21-уми март, яъне рӯзе ҷашн гирифта мешавад, ки дарозии шабу рӯз баробар мешавад. Мусаллам аст, ки баробаршавии шабу рӯз оғози давраи нави офтобиро тавсиф мекунад. Баробарии шабу рӯз дар тамоми системаҳои хронологияи офтобӣ инъикос ёфтааст. Ҳамзамон, Наврӯз падидаи астрономӣ буда, ҷашни зебои баҳор аст ва ба ҳаракати астрономии Хуршед бастагӣ дорад. “Ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо - тоҷикон - ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқӯъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз, гардидаанд. Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ, дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад. Зеро Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ мебошад. Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз робитаи мустақими он бо табиат ва инсон, пайванди он бо суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ мебошад”[2]. Наврӯз аз қадимтарин ҷашни Соли нав дар рӯи кураи Замин аст, чунки осори он дар умқи ҳазорсолаҳо нуҳуфтааст. Наврӯз ҳамчун таҷассумгари рӯҳи ҳақиқӣ ва анъанаи зинда хостатарин падидаи фарҳанги ориёӣ мебошад. Маҳз ҳамин ҷашни воқеан мардумӣ ҳамчун рӯҳияи муҷаҳҳазшудаи наслҳо ва даврони гузашта дар сатҳи тафаккури таърихии мо ягонагии абадии маънавии анъанаҳои фарҳангӣ, инчунин пайванди ногусастании маънавии наслҳо-гузаштагон, имрӯз ва ояндаро дар бар мегирад. Мавриди зикри хос аст, ки Наврӯз дар байни ҳама ҷашнҳои маъруфи мардумӣ маъмултарин ид ба шумор меравад ва талошҳои бархе аз мардум барои ба унвони ҷашни мусалмонӣ муаррифӣ кардани Наврӯз ҳеҷ гуна асоси илмӣ ва таърихӣ надорад. Тавре ки зикр намудем, Наврӯз баробаршавии шабу рӯз буда, яке аз идҳои маъруфтарини мардумӣ дар дунё ба шумор меравад. Дар ҷашнгирии Наврӯз тамоми нозукиҳои санъати кишоварзӣ, деҳқонӣ, косибӣ, кадбонугӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ҷой ва мавқеи хоси хешро дорад. Маҳз дар рӯзҳои ин иди воқеан мардумӣ бедоршавии табиат ба вуқуъ мепайвандад. Дар ин рӯзҳои муқаддас мардум ба истиқболи нури Хуршеди оламафрӯз баромада, аз Эзид файзу баракат дар кишту кор, зиндагии бофараҳ ва ризқу рӯзии фаровонро таманно мекунанд. “Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад, инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон саҳми ватандӯстона гузорад. Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда на танҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд”[1]. Амалҳои неку башардӯстона дар ин ҷашни муқаддаси аҷдодӣ арзишмандтарин иқдом аст. Мардуми шарифи кишвар бо амалҳои наку, ба қадри имкон, кӯшиш менамоянд, ки ба ниёзмандон кумак кунанд. Ба оилаҳои камбизоат ва ятимон хайрияҳо тақдим мекунанд. Сазовори ёдоварист, ки нафарони баору номуси миллат дар ятимхонаҳою хонаҳои пиронсолон чорабиниҳои гуногуни хайриявӣ ташкил мекунанд. Бо назардошти нозукиҳои хоси ин ҷашн хони наврӯзӣ ороста, бо барномаҳои рангини мусиқӣ хотири бошандагони ин муассисаҳоро қадре ҳам бошад, болида мегардонанд. Чунин шахсони сарсупурдаву худшиносу худогоҳи миллат бо хислату кирдори наҷибонаю ватанпарваронаи худ расму ойинҳои неки Наврӯзи ҷаҳонигаштаро гиромӣ медоранд. “Боз як суннати беҳтарини Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон дасти мадад дароз мекунанд. Имрӯзҳо бо ташаббуси чунин шахсони ҳимматбаланд ҳазорҳо хатнасур ва тӯйҳои арӯсии дастаҷамъона баргузор шуда истодаанд, ки ин иқдоми наҷиб, албатта, ҳам файзу баракати ҷомеа ва ҳам шукӯҳу ҷалоли Наврӯзро бештар мегардонад”[1].

Боиси зикри хос аст, ки мардуми тамаддунофару соҳибхираду поктинати кишвари азизамон - Тоҷикистон - бо риоя намудану гиромӣ доштани расму оийнҳои неки ниёгон дар пойдории сулҳу субот, ободии диёр саҳми беназир мегузоранд. Бешак, ин ҳама кору иқдомоти саховатмандона ва инсондӯстона аз эҳсоси баланди худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ шаҳодат медиҳанд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҷашну ойинҳои ниёкони дурамон пайваста эҳё гардида, зиндагии рӯзмарраамон торафт рангину пурҷило ва ҳаётамон хубу хушу орому осуда гаштааст. Дастархони наврӯзиамон аз файзи Истиқлол пурнозу неъмат мебошад. Наврӯз иди мардумист, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меоварад.

Мусаллам аст, ки дар асоси солшумории куҳан Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслии худ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, бозмегардад. Аз замоне, ки Гивмарт ва ё Каюмарс ҳисоби соли хуршедиро пайдо кард, то саду бисту якумин соли салтанати Ҷамшед ин рӯз ба охир расид ва ин фасли сол ба маҳалли нахустини худ бозгашт. Расму оин ва одоби баргузории ҷашни Наврӯз низ дар бисёр матнҳои куҳан бо ривояту далелҳои таърихнигорон хеле дилчаспу зебо баён шуда, аз расми иҷрои он метавон асолати ҳузури ин ойинро дар миёни гузаштагони тоҷикон дарёфт намуд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» овардааст, ки «аз одоби ҷашни Наврӯз ин буд, ки дар саҳни ҳар хона бар ҳафт сутун бо рақамҳои мушаххас ғалла мекоштанд ва ҳар як аз онҳо, ки мерӯид, онро далели тараққии он навъ ғалла дар Соли нав медонистанд». Ба ибораи дигар, аҷдоди тоҷикон чанд рӯз қабл аз поёни соли куҳан ба хонатаконӣ ва таҳияи либоси наву сабз кардани ғалладонаҳо, аз қабили гандум, ҷав, нахӯд, биринҷ, кунҷид, лӯбиё, мош ва ғайра машғул мешуд. Амали мазкур аз ҷониби «Авасто» низ дастур шуда буд, зеро мутобиқи он рӯҳу равони мурдагон ва фариштагон (фраваҳрҳо) дар рӯзҳои фарвардинмоҳ ба хонаҳои худ боз - мегарданд. Аз ин рӯ бояд мардум хонаҳоро пок кунанд ва фаршу қолинҳои пок густурда, хӯроку хӯрданиҳои хуштамъу бомазза ва иштиҳоовар ниҳанд ва аз онҳо хӯранд, то рӯҳи мурдагон аз бӯй ва неруи он қувват гиранд ”[4].

Дар рӯзҳои иди Наврӯз дар ҳар як хонадон, маҳалла, марказҳо, ташкилотҳо, минтақаҳо аз меваҳои баҳоронаю сабзавот дастархони пур аз нозу неъмат, аз он ҷумла 7 шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, ширинӣ, шир, шона), 7 мим (мағз, мурч, мева, моҳӣ, мавиз, мост, мурғ), 7 син (сирко, сабза, сумоқ, санҷид, сир, себ, сипанд) ороста, меҳмононро бо меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром пешвоз гирифта, меҳмондорӣ менамоянд. Мардум бо мақсади ободу серҳосил шудани ҷомеа дастархонро пурнозу неъмат ороста мекунанд, то ин ки дар давоми сол оммаи заҳматқарин дар ҳамин раванд зиндагонӣ ба сар баранд. Шоҳтаоми Наврӯз, бешак, суманак ба ҳисоб мерафт ва меравад, ки аз гандум, майсаи гандум, об, орд, рӯған, санги майдаи кулола, чормағз тайёр карда шуда, ба мардум, меҳмонон, хонаҳо тақсим карда мешуд ва он хусусияти табобатӣ дорад. Ин ҷашни қадима ва ҳамешаҷавони аҷдоди мо, ки рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ ва саховату некист, саршавии фаъолияти киштукори зироаткорон, деҳқонону тамоми кормандони соҳаи аграрӣ, бедоршавии табиату эҳёи ҷомеа, иди баҳору ҷавонӣ, ишқу муҳаббати мардумон, дӯстиву рафоқати халқҳои гуногуни ҷаҳони имрӯза маҳсуб рафта, дар замони муосир дар саросари ҷаҳон, бахусус дар Тоҷикистони меҳррӯ, ҷаннати рӯйи Замин, ки Ватани Наврӯзи хуҷастапай мебошад, бо истиқболи густурда ва шукӯҳу шаҳомати хосса дар ҳудуди кишвари зебоманзарамон таҷлил мегардад. Аз ҷониби СММ эълон шудани 21- уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо дар пасманзари Иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, ба фарҳанг, таърих, осори ниёгони миллати тоҷик, махсусан ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, эҳёгари расму оинҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад”[3]. Дар ҳақиқат ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегиранд. Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки Наврӯзи имсола бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар Наврӯзҳои ватани соҳибистиқлоламон бо он фарқ мекунад, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ, бо ҷонибдории аксари кишварҳои ҷаҳон, 21- уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шуд, ки ин падидаи нек мебошад.

Лоиқи зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард. Ҳамчунин, бар тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, аз соли 2025 ба баъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Навиди дигар ин аст ва боиси ифтихору сарбаландии тоҷикони олам мебошад, ки бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму ойинҳои бостонии мардуми тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки бар тибқи он, ҳар сол 1-уми июл “Иди Тиргон” ҷашн гирифта мешавад. Мардуми тамаддунпарвару тамаддунофару соҳибхиради тоҷик минбаъд низ суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии “Сада”, “Наврӯз”, “Тиргон” ва “Меҳргон”- ро бо тамоми нозукиҳои хоси ориёӣ посу пок дошта, ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад.

Хулоса, «ҳар кӣ рӯзи Наврӯзро ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодию хуррамӣ гузорад»[5,27].

Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ.
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
(Ҳофизи Шерозӣ)

Биёмад боди субҳу иди Наврӯз.
Ба коми дӯстон ин бахти пирӯз.
Ҳумоюн бодат ин солу ҳама сол,
Муборак бодат ин рӯзу ҳама рӯз.
(Шайх Саъдӣ)

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Сарчашмаҳо:

1. Паёми табрикӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз. 21.03.2011, шаҳри Душанбе. Манбаи электронӣ: https://prezident.tj/event_by_theme/internal_politics/

navruz/71. Санаи муроҷиат: 20.02.2025.

2. Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024, 20.03.2024, ш. Душанбе. Манбаи электронӣ: https://www.president.tj/event_by_theme/internal_ politics/ navruz/37140. Санаи муроҷиат: 11.02.2025.

3. Насриддинзода Э. Пешвои миллат ва эҳёи Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ. Манбаи электронӣ: https://jumhuriyat.tj/376-peshvoi-millat-va-jeei-navrz-amchun-ashni-bajnalmilal.html. Санаи муроҷиат: 02.02.2025.

4. Шамолов А. Наврӯзи аҷам: Дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд. Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2017/03/navruzi-a-am-dari: санаи муроҷиат: 05.02.2025.

5. Хайём У. Наврӯзнома. Душанбе. Адиб. 2012, 352 с.