Skip to main content

“Мо бояд ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон - истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем”

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон мақому манзалати худро аз даст надода, то замони мо омада расидааст. Дар замони соҳибистиқлолии Точикистон муяссар гашт, ки Иди Навруз - ҷашни аҷдодиамон бо ҳама шукӯҳу шаҳомати хос ва расму анъанахои неку созандааш дигарбора зинда гардад ва Тоҷикистону тоҷиконро дар саросари олам шӯҳратёр созад.

Боиси ифтихори мо, мардуми ориёитабор аст, ки соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” дар асоси ташаббуси Тоҷикистон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврӯзи Аҷам қатънома қабул кард. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шавад. Аз ин пас Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд донишу маърифати фарҳанги миллиашонро дар сатҳи баланд нишон дода, таъриху фарҳанг ва суннатҳои ҷашни наврӯзиро ба ҷаҳониён тарғибу ташвиқ намоянд. Инчунин барои гузаронидани чорабиниҳои фархангиву адабӣ ва илмӣ дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз омода бошанд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Имрӯз Наврӯзро дар беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра ҷашн мегиранд.

Наврӯз ҷаҳонӣшуд, то бод чунин бодо!

Ҷашни ҳамагонӣшуд, то бод чунин бодо!

Бояд қайд кард, ки ҷаҳони шудани Наврӯз боиси он гардид, ки ба суннатҳои неки наврӯзӣ, на танхо дар Точикистон, балки хориҷ аз он низ арҷ гузошта мешаванд. Ҳаммиллатони мо, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият мебаранду зиндагонӣ менамоянд, Баҳору Наврӯзро бо хушнудиву фараҳ пешвоз мегиранд. Аз ҷумла тоҷикони берун аз кишвар ва ҳамзабонони мукими мо дар Амрикову Канада, Олмону Белгия ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ба истиқболи Наврӯз на танҳо дастархони наврӯзӣ меороянд, инчунин ба зиёрати якдигар мераванд ва дар чорабиниҳои фарҳангию адабие, ки дар сафорату консулгариҳо доир мегардад, фаъолона ширкат меварзанд. Яке аз расму русум ва суннатҳои шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни баҳорӣ на танҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ба ҳамдигар бо чеҳраи гарму дили саршори муҳаббат таманниёти нек мефиристанд. Бузургони гузаштаи мо барҳақ гуфтаанд, ки: “Ҳар кас, ки талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад”.

Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудаас”. Аз ин рӯ, Ҷашни Наврӯз на танҳо ҷашни миллии мо, балки ҷашни умумибашарӣ мебошад. Халқу миллатҳои дигар низ Наврӯзро иди миллии худ ҳисоб накунанд, ҳам онро мисли фасли Баҳор дӯст медоранд.

Мавриди зикр аст, ки хамасола дар шаҳру ноҳияҳои кишвари мо фарорасии Наврӯзи Аҷамро бо силсиланамоишҳои идона бо унвони “Корвони шодӣ” ботантана таҷлил менамоянд. “Корвони шодӣ” дар маҷмӯъ аз бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Парандаҳои муждарасон”, “Омадани Баҳор”, “Гулбоғи Ватан”, “Дунёи кишоварз”, “Дастархони наврӯзӣ”, “Бозиҳои наврӯзӣ”,”Дунёи ҷавонӣ”, “Тиргон”, “Меҳргон”, “Сада”, “Оташ”, “Суманак”, “Базми идона”, “Шаш ранги Ватан” ва ғайра иборат мебошад, ки ҳар яке аз онхо дорои маънии амик ва инъикосгари рамзҳои ҷашни Наврӯзи куҳанбунёди миллати точик мебошад.

Ҳамин тарик, Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои мардумӣ ва мероси арзишманди гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунсози мо ба ҳисоб рафта, аз фарорасии фасли зебои баҳор ва оғози баракати сол мужда медиҳад. Наврӯз ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузашта бо имрӯзу фардо, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хурраму осоишта шинохта шудааст. Хулоса, фарҳанги ориёӣ дар симои Наврӯзӣ оламафрӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ба ташаккул ёфтани дипломатияи фарҳанги ва мардуми дар саросари ҷаҳон заминаи воқеи мегузорад.

Дар охир мехоҳам фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо дуст медоранду таҷлил мекунанд, муборакбодӣ намоям. Бигзор Наврӯз бо қадамҳои мубораки худ ба Тоҷикистони азизи мо, ки ватани Наврӯз мебошад сарсабзиву хуррамӣ, ободиву пешрафт, сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидонаро ҳадя намояд.

Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,

Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.

Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣбинам,

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Юсуфӣ Фарзона, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ