
Пешрафти давлат, рушди мунтазами иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳамбастагии қавӣ дорад. Тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро бе рушди соҳаи энергетика тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ҳамин сабаб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолӣ ба неруи барқ ва сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ таваҷҷуҳи фавқуллода зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳадафи афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, дар сурати истифодаи иқтидори пурраи неруи об ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем. Истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти энергетикии имрӯзаи кишварамонро қонеъ мегардонад, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба муваффақиятҳои азим ноил гардидааст, неругоҳҳои барқи обии зиёди хурду бузург сохта ва ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, сохтмони бузургтарин иншооти аср – НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН босуръати баланд идома дорад ва дар ҳолати пурра ба кор даромадани ҳамаи чархаҳои он (17 млрд кВт-соат нерӯи барқ дар як сол)Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гашта, ба кишвари содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил меёбад.
Лоиҳаи НБО-и Роғун ҳарчанд аз даврони Шуравӣ таҳрезӣ гардида бошад ҳам, аммо сохтмони он бо сабабҳои гуногун ба таъхир меафтод. Пас аз Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар ин марҳила масъалаи аз ҳама муҳим ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва пешгирии азбайнравии давлату миллати тоҷик буд. Бо фарорасии Ваҳдати миллӣ ва бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон новобаста ба монеагузориҳои ҷиддии давлатҳои ҳамсоя НБО-и Роғун аз санҷишҳои созмонҳои байналмилалӣ гузашта, сохтмони он аз нав оғоз гардид. Имрӯз дар НБО-и Роғун тамоми корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд ва босуръат идома дорад, дар сохтмони аср шаҳрвандони зиёди кишварамон (қариб 15 ҳазор корманд) ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд ва барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароит муҳаё шудаанд.
Фикр мекунам, сохта ва ба истифода дода шудани НБО-и Роғун ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ барои Тоҷикистон чунин манфиатҳо дорад:
рушди босуботу устувори иқтисодиёти миллӣ;
амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва пешрафти саноати миллӣ;
афзоиши неруи содиротии кишвар;
афзудани буҷети кишвар;
коҳиш ёфтани таъсири хавфу хатарҳои буҳронҳои иқтисодӣ;
пойдор мондани қурби пули миллӣ;
боз ҳам коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва афзудани ҳиссаи намояндагони синфи миёна;
таъмини гардидани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ;
беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагӣ ва таъмин гардидани зиндагии шоистаю сазоворӣ аҳолӣ;
устувор гардидани ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ;
баланд гардидани ҳисси ватандустӣ ва ҳуввияти миллии шаҳрвандон;
баланд гардидани нуфузу мартабаи кишварамон дар арсаи байналхалқӣ ва ғайраҳо.
Албатта, сохтмони чунин иншооти беназири аср, ки ҳатто давлати шуравӣ бо он ҳама қудрату бузургии худ ба анҷом расонида натавонист, кори саҳлу осон набуда, захираҳои бузурги молию молиявӣ, неру ва сармояи инсонӣ, сабру таҳаммул ва аз ҳама муҳимтар – ваҳдату оромии кишвар ва дастгирии васеи ҳамаи қишрҳои ҷомеаро талаб менамояд. Бунёди НБО-и Роғун орзуи деринтизори тоҷикистониён, нангу номус ва ифтихори миллӣ мебошад.
Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди ватандӯст ва бо нангу номуси Тоҷикистон бо ҳар васила дар анҷом ёфтани ин сохтмони беназир, боҳашамат ва бузурги аср саҳмгузор бошад. Ояндаи дурахшони кишварамон, ҷойгоҳи сазовори ҷаҳонии Тоҷикистон ва зиндагии шоистаю сазовори мардуми шарифи мамлакатамон ба рушди соҳаи энергетика ва ба истифода дода шудани НБО-и Роғун вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, сохтмони НБО-и Роғунро яке аз самтҳои сиёсати муваффақу оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастоварди муҳими халқи тоҷик дар даврони Истиқлоли миллӣ номида метавонем.
Миров Ф.С. ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 30 май дар ҳошияи баргузори Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҷонишини мудири бахши илмии Маркази пажуҳишӣ ва машваратии TRENDS ҷаноби Абдулазиз Аҳмад Ашеҳӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот роҳбари академия меҳмононро бо хушнудӣ истиқбол намуда, ҳамзамон доир ба фаъоляти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Дар мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷониба ва барои ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум ба мувоффиқа омаданд.
Гуфта шуд, ки пас аз ба имзо расидани ёдошти тафоҳум байни Маркази пажуҳишӣ ва машваратии TRENDS ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва инноватсия тақвият дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар доири ин ёдошти тафоҳум ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самти омода намудани мутахассисони баландсоҳа аз ҳисоби муҳаққиқони ҷавон ва магистрантону докторантон ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои тарафайн афзалият дода мешавад.
Зикр гардид, ки дар доираи ин ҳамкориҳо дар оянда мо метавонем олимони соҳаи тарафайнро барои чопи китобҳо, мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо ва инчунин барои пеш бурдани пажуҳишҳои илмӣ ҷалб карда бошем.
Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва чанд соли ахир дар Раёсати АМИТ Маҳфили илмии “Хирад” таъсис ёфта, дар доираи он бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон, магистрону коршиносону донишҷӯён силсиласуҳбату гузоришҳои хуби илмӣ ироа мегарданд.
30-юми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ (аз ҷумла, академик Кароматулло Олимзода, академик Собит Неъматуллоев, файласуфи миллӣ устод Комил Бекзода, узви вобастаи АМИТ Абдураҳмон Маҳмад ва дигарон) нишасти махсуси илмӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо”, ки ба ифтихори 50-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ихтисос дода шуд, баргузор гардид.
Дар маҳфил ба истиснои сухани ифтитоҳию ихтитомии ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён, 2 суханронии илмӣ (суханронии директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо”, гузориши устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адабиётшиноси варзида Ҳафиз Раҳмон таҳти унвони “Ҷаҳони фалсафии устод Музаффарӣ”, мулоҳизоту музокироту бардошту хотироти дӯстону ҳампешагону ширкаткунандагон дар назар гирифта шуда буд.
Ба ин тартиб, маҳфили илмиро ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ карда, роҷеъ ба шахсияти илмӣ-фалсафии Муҳаммадалӣ Музаффарӣ гузориши илмии ҷолибе ироа намуд. Мавсуф зимни гузориш бар он ишора фармуд, ки устод Музаффарӣ аз соли 1970 интараф дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дақиқан 50 соли ҳаёташро дар муҳити академии ҷумҳурӣ сарфи таҳқиқу пажуҳиш намудааст. Зимнан, узви вобастаи АМИТ, профессор Музаффарӣ солҳои тулонӣ дар муҳити академии кишвар, махсусан дар ниҳодҳои зертобеи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар симати раҳбарӣ ва ходими илмӣ фаъолияти пурсамар карда, дар рушди илми ватанӣ саҳми муносиб гузоштааст. Гузашта аз ин, устод Музаффарӣ поягузори антропологияи миллӣ маҳсуб шуда, дар ин замина ҷустуҷӯҳои зиёди илмӣ анҷом дода, китобу мақолот ва матолиби илмӣ-таҳқиқӣ ба табъ расонидааст.
Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён суханро ба гузоришгарони асосӣ вогузошт. Ба ин тартиб, директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон сари мавзуи “Ҷаҳони фалсафии устод Музаффарӣ”, гузоришҳои хуби илмӣ ироа карданд. Устод Музаффарӣ зимни суханронӣ бар он тазаккур дод, ки барои муайян намудани ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо ҷиддӣ ба омӯзиши таърихи таснифоти илмҳо пардохта, дар ин самт ба дастоварди илмие дар таснифоти системавии дониш ва илм ноил гардидааст. Дар натиҷаи таҳқиқу пажуҳишҳо, ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо муайян гардида, дар коркарди таснифоти илму дониш дастоварди беназиреро ба даст омадааст. Гузоришгари баъдӣ - устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон таъкид кард, ки аз овони донишҷӯйӣ хислатҳои наҷиби устод Музаффариро ба ёд дорад ва файласуф-антропологи ватанӣ устод Муҳаммадалӣ илми атропология (инсоншиносӣ)-ро ба унвони илми мустақил ба ҳавза ва муҳитҳои академӣ ва донишгоҳии миллӣ ворид карда, бемуҳобо, метавон ӯро асосгузори илми антропология ва ягона мутахассиси ҳирфаӣ дар ҷумҳурӣ номиду муаррифӣ намудааст.
Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён маҳфилро ҷамъбаст намуда, бар он ишора фармуд, ки мо ҳамагӣ муваззафем, ки дар шароити феълии бархурдҳои фикрию тамаддунӣ ва муҳронҳои амиқи ҳувиятию ахлоқӣ дар самти ташаккули ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ ва тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзем.
Ба ин тариқ, маҳфили илмӣ дар фазои муътадили фикрию эҷодӣ ҷараён гирифт.
“ПИРЯХҲО ВА ИЛМ” ДАР ҲОШЯИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Имрӯз, 29 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналимилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Хитой ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) узви вобастаи АМИТ Саидов Абдусаттор ҳусни оғоз бахшид.
Дар идома ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур изҳор дошт, ки чорабинии “Пиряхҳо ва илм” як руйдоди муҳиме мебошад, ки дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оди ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардида истодааст. Гуфта шуд, ки чорабинии имрӯза ба омӯзиши пиряхҳо ва нақши онҳо дар раванди иқлимию экологии минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.
Таъкид гардид, ки пиряхҳо дар ин минтақа ҷузъҳои калидии системаҳои гидрологӣ буда, дар таъмини захираҳои обӣ, ғизодиҳии дарёҳо ва кӯлҳо нақши муҳим доранд, ки ба экосистема ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд.
Зикр шуд, ки дар шароити муосир Осиёи Марказӣ таъсири назарраси тағйирёбии иқлимро аз сар мегузаронад. Баланд шудани ҳарорати ҳаво ва кам шудани пиряхҳо дар қаторакӯҳҳои Помир, Ҳиндкуш ва Тиёншон дар таъмини об тағйироти ҷиддӣ ба бор меорад. Бояд гуфт, ки ин ба соҳаи кишоварзӣ, бо об таъмин намудани аҳолӣ ва амнияти энергетикии минтақа таъсири мусбат дорад.
Гуфта шуд, ки тадқиқоти пиряхҳо барои беҳтар фаҳмидани таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об маълумоти арзишманд медиҳад ва ба рушди он мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон директори генералии Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Хитой профессор Юанмин Чжан дар суханронии хеш изҳор дошт, ки пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини беш аз 70 миллион аҳолии ин минтақа бо заҳираҳои обӣ нақши калидӣ доранд. Пастшавии босуръати онҳо боиси норасоии об мегардад, ки боиси мушкилоти ҷиддии аҳолӣ, экосистема ва иқтисодиёт мегардад. Маҳз ин мушкилот омӯзиши амиқи илмӣ, таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ва рушди устуворро тақозо мекунад.
Дар идома олимону муҳақиқон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба аҳамияти байналхалқӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим маъруза намуданд.
МИЗИ МУДАВВАР БО МАҚСАДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМАИ БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
Имрӯз, 29 май дар толори Кохи Ваҳдат ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласса котиб ва аъзоёни шуро, мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибҷон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, муовини аввали расис Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло ишитрок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳои хеш масъулин доир ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ фикру ақидаҳои хешро баён дошатанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем.
Гуфта шуд, ки бояд истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби аъзоён ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод гардида, инчунин музокираҳо сурат гирифт. Бояд гуфт, ки дар фарҷоми ҷаласа бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт як зумра аз аъзоёни Шуро бо “Ифтихорнома”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ма
28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Раиси Маҷлиси
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ таҳти садои мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Россияро пос доштанд. Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони воломақоми Шӯрои Федератсияи Федератсияи Россия ҳамроҳӣ намуданд.
Имрӯз, 26 май бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамоиши илмӣ – амалӣ байналмилалӣ оид ба Ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ - амалӣ намояндагони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЕ) низ ширкат доштанд.
Ба кори ҳамоиш Мирсаидов Илҳом – директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон ибрози ақида намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш таъкид дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” дар тамоми давлатҳои узви СММ эълон гардидааст ва барои дар амал татбиқ намудани пешниҳоди навбатӣ мо олимони АМИТ вазифадорем, ки тамоми паҳлуҳои ин мавзуъро омӯзиш гузаронида, дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст орем.
Дар ин силсила ташаббусҳо эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки ба шарофати дипломатияи фаъол ва роҳбарияти илмии Тоҷикистон имконпазир гардид, ҷои махсусро ишғол мекунад. Қатъномаи дахлдорро Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 якдилона қабул кард. 21 март низ расман Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудааст, ки ҳамасола ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҳифзи ин экосистемаҳои осебпазир ҳамчун манбаи асосии оби тозаро хотиррасон мекунад.
Гуфта шуд, ки дар ҳошияи иҷрои ин иқдом аз 29 то 31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷараён дорад. Яке аз ҳадафҳои конфронс таҳияи асноди стратегӣ, харитаи роҳ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳамкории мо намунаи муҳими ҳамкории самарабахши байналмилалӣ барои рушди устувор, пешрафти илм ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Бигзор ин шарикӣ таҳким ва густариш ёбад ва ҳифзи ин экосистемаҳои ноустувор, вале ҳаётан муҳимро барои наслҳои ҳозира ва оянда таъмин кунад.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ СИФАТИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ИЗОТОПҲО ДАР МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО
26 майи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳо Озмоишгоҳи сифати об, санитария ва изотопҳоро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои муштараки сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ заминаи моддиву техникӣ такмил ёфта, сифати корҳои илмӣ ва натиҷаи онҳо беҳтар мешавад.
Гуфта шуд, ки дар доираи ин ҳамкорӣ бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи PICARRO дастрас карда шуд, ки он яке аз дастгоҳи гаронарзиш ва нодир ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки яке усулҳои таҳқиқ ва муосири омӯзиши пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ дар Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ истифодаи таҳлили устувори изотопӣ бо истифода аз дастгоҳи лазерии PICARRO мебошад.
Бояд гуфт, ки дастгоҳи мазкур дар чаҳорчубаи лоиҳаи “Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбии иқлим” (TAD 7004, 2022-2025 бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамоҳангсозӣ Агентии байналмилалӣ нерӯи атомӣ (МАГАТЕ) дастрас шудааст.