Skip to main content

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд.

Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Миёни мардумони Тоҷикистону Покистон муштаракоти зиёде вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо маросими Ҷашни Наврӯз мебошад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 5-уми апрели соли 2018 аввалин бор дар таърих Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон расман таҷлил гардид, ки он бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Исломобод ба вуқуъ пайваст.

Бояд гуфт, ки соли 2016 ЮНЕСКО бо қарори худ Покистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки Наврӯз дар онҳо ҷашн гирифта мешавад, илова намуд ва он дар ин кишвар ба номи «Новроз» ва ё «Ҷашни баҳорон» маъмул аст. Ҷашни Наврӯз дар маҳаллаҳои гуногуни Покистон бо шеваҳои мухталиф баргузор шуда, мардуми онро хеле самимӣ ва шоён пешвоз мегиранд. Рӯзи аввали Наврӯзро «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани он олам мунаввар мегардад. Мардуми Покистон шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳфили наъту ғазалсароӣ баргузор карда, барои боз ҳам хубу ҷолиб шудани он овозхонони машҳурро даъват мекунанд.

Маврид зикр аст, ки санаи 23 март аз солгарди Қатъномаи таърихии муҳими шаҳри Лоҳур, ки бештар бо номи қатъномаи Покистон ё «Резолюцияи Покистон» машҳуру маъруф аст 85 сол сипарӣ мешавад. Қатъномаи Лоҳур изҳороти расмии қабулшудаи Лигаи Мусулмонони Ҳинд дар соли 1940 мебошад, ки ба худидоракунӣ даъват мекард. Тибқи маълумоти дарёфтшуда бори нахуст олим ва омӯзгор Сайид Аҳмадхон (1817-1898) эълом дошт, ки мусулмонон ва ҳиндуҳо дар Ҳинд ду миллати ҷудогона, ба ибораи дигар, “назарияи ду миллат”-ро ташкил медиҳанд. Шоир, файласуф Муҳаммад Иқбол ин консепсияро боз ҳам бештар тавзеҳ дода, дар соли 1930 дар конфронси солона дар Аллоҳобод суханронӣ намуда, аз мухторият ва худидоракунӣ доштани минтақаи алоҳида таъкид кард. Ба андешаи ӯ, ба он бештари аҳолии минтақаи Панҷоб, музофоти шимолу ғарбии сарҳадӣ, Синд ва Балуҷистон дохил мешаванд. Дар даврони ҳукмронии англисҳо дар Ҳинд Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва Муҳаммад Иқбол борҳо дар ин бора миёни ҳам гуфтугӯ карда, табодули нома мекарданд. Ҳамин тариқ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ҳамчун роҳбарии сиёсӣ аз дидгоҳҳои олии Иқбол чун шоир ва муфаккир илҳом гирифта, 21 июни соли 1937 ба ӯ нома фиристода чунин гуфт:"Умедворам, ки аз навиштани номаҳо ба шумо зуд-зуд нороҳат нашуда бошед, зеро шумо ягона муфаккире дар Ҳиндустон ҳастед, ки ҷомеа ҳақ дорад, ки тавассути тӯфоне, ки ба Ҳиндустони Шимолу Ғарбӣ ва шояд ба тамоми Ҳиндустон меояд, роҳнамоии беҳтару бехатарро ҷустуҷӯ кунад."

Ҳамин тавр, чунин Резолюция концепцияи Покистонро ба вуҷуд оварда, расман қабул шуд. Мутобиқи маълумотҳо ин резолюцияро А. К. Фазлул Ҳақ дар конфронси 27-уми солонаи Лигаи мусулмонон дар Лоҳур пешниҳод кард.

Дар натиҷаи он Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ аз «назарияи ду миллат» ҷонибдорӣ карда, ишора намуд, ки «Мусулмонон аз рӯи ҳар гуна таърифи миллат миллатанд ва бояд ватан, сарзамин ва давлати худро дошта бошанд... Мо таманно дорем, ки халқи мо то ҳадди пурраи ҳаёти маънавӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ тавре рушд кунад.. ».

Муаррих Стэнли Волперт изҳор намудааст, ки ин суханронии Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ заминаи фароҳам овард то унвонии "Бобои қавм" ё Қоиди Аъзам сазовор шуда, байни халқ маъруфу муҳтарам шавад. Ба қавли Волперт "Ҳеҷ бозгаште набуд. Сафири ваҳдати ҳиндуҳо ва мусулмонон худро комилан ба раҳбари бузурги Покистон табдил дод." Аз он вақт инҷониб, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ бештар маъруфият пайдо карда, пайравонаш афзоиш ёфтанд. Қатъномаи Лоҳур имкони таъсиси минтақаи алоҳидае, ки дар он дин ва фарҳанг ҳифз карда мешавад, ба миён гузошт.

Ба андешаи муаррих, муҳаққи соҳа Нодия Хон, новобаста аз он ки тақсими Ҳиндустон кори дуруст ё нодуруст буд, баҳсест, ки то ҳол ақидаҳо ва эҳсосоти мухталифро ба вуҷуд меорад. Барои баъзеҳо, ин як лаҳзаи фалокатборе буд, ки "Модар Ҳиндустон" -ро тақсим кард; барои дигарон ин ягона иҷоза барои мусалмонон буд, ки боварӣ ва тарзи зиндагии худро нигоҳ доранд.[1]

Ҳамин тариқ, бо гузашти ҳама сахтиҳо Покистон ба вуҷуд омада, ба ҳайси як кишвари калидӣ нақш мебозад. Аҳолии бештари онро ҷавонони бофарҳанг, пешрав ва эҷодкор ташкил дода, пайваста барои беҳбудии ояндаи хуб ва осоишта талошҳо варзида, мубориза мекунанд.

Ба андешаи адиб ва рӯзноманигори машҳури Осиёи Ҷанубӣ Сайид Сибти Ҳасан (1916 - 1986) дар водиҳои дарёи Даҷла ва Фурот се ҷашни мавсимӣ мавҷуд буданд, ки Наврӯз яке аз онҳо мебошад. Ин ҷашн дорои се унсури асосӣ яъне аввал, намоиши тасвирии коинот, ки дар он подшоҳ қаҳрамонӣ нишон дода, дувум, тоҷпӯшии подшоҳ аз нав сурат гирифта, севум, оиладоршавии шоҳ сурат мегирад.

Покистони имрӯзаро қавмҳои гуногун, ба мисли синдӣ, панҷобӣ ва сарҳад ташкил медиҳанд, ки дорои расму русуми хос мебошанд. Истиқболи Наврӯз дар манотиқи гуногуни Покистон ба монанди тоҷикон аст. Оғози баҳор зироаткорон ва деҳқонон аввалин донаро ба замин пошида, барои ободӣ ва зиндагии оянда умеди тозаеро истеҳком мебахшанд. Наврӯзро «Оламафрӯз» низ мегӯянд, ки ба маънои рӯзи тоза мебошад ва вурудаш ҷаҳонро равшан ва дурахшон мекунад. Дар ин айём мардуми атроф, ба мисли Дера Исмоилхон, Кувайта ва Порочанор маросимҳои худро бозкушоӣ карда, тамоми хонаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ибодатхонаҳо ва боғҳоро софу тоза ва чароғон мекунанд. Дар шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳфилҳои ғазалсароӣ бо иштироки ғазалсароёни машҳур ташкил менамоянд. Дар шаҳри Кувайта мардум кӯлчаҳо ва шириниҳо, ба монандӣ «расмалоӣ», «суҳон ҳалво» ва «барфӣ» пухта, якдигарро муборакбод менамоянд. Дар манотиқи шимолии Покистон, аз ҷумла, Гилгет, Балтистон, Свот ва Чатрол ба таври расмӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ҳадя додани тухмҳои рангкарда ва боздид аз хонаводаҳои якдигар ва тамошои чавгонбозӣ аз анъанаҳои мардум дар фарорасии фасли баҳор ва Наврӯз мебошад.

Хулоса, фестивали "Ҷашни Баҳорон" ҳамасола ба истиқболи Наврӯз дар нимаи охири моҳи феврал оғоз шуда, то 23-юми март дар Покистон идома меёбад, ки дар он намоиши ҳунармандон, маҳоратҳои варзишӣ ва озмунҳои гуногун барпо мегарданд.

Ҳамин тариқ, Наврӯз дар Покистон низ ба мисли Тоҷикистон бо зиндашавии табиат ва фарорасии фасли баҳор ҷашн гирифта мешуд, ки тавассути он мардум зебоиҳои муҳити оламро қадр карда, барои равнақу шукуфоии он дастаҷамъона барномаҳои хоси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташкил менамуданд, то тавонанд якдилона бо дили софу меҳри инсонӣ озоду орому обод умр ба сар баранд. Тоҷикистон ва Покистон чун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай якҷоя метавонанд ҳамкории бештари худро дар чаҳорчӯбаи форуму лоиҳаҳои мазкур масири аслии рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энергетикиро тавсеа бахшида, шароитҳои созгору хуберо барои эҷод ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ фароҳам карда, аз сарватҳои инҷо барои рифоҳи зиндагии мардум истифода карда, дар пешбурди сулҳу субот ва иқтисоду тиҷорату саноату саёҳат саҳми муҳим ва муассир гузоранд.

Мирсаид РАҲМОНОВ, - таҳлилгар, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

[1] Golden Threads. Нодия Хон. 23 март Рузи Покистон. https://www.goldenthreads.uk/blog/pakistanday