Skip to main content

Имрӯз, 01 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.

Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои муҳими илмию таҳқиқотӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба роҳ монда шуданд.

Ҳамчунин дар ин давра Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои ҷаҳон густариш дода, чандин созишномаҳои тарафайнро ба имзо расонидаанд. Дар ин давра як зумра олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвраҳои ҷаҳон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо иштироки онҳо симпозиум ва конференсияҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд.

Вобаста ба баргузор намудани семинар ва чорабиниҳои илмию сиёсӣ Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як зумра корҳои муҳимро анҷом додааст. Дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои миллию давлатӣ баргузор гардиданд.

Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2025 бо ташаббусҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ 8 озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ аз ҷумла Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад) мавриди истифода қарор дода шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки 15 феврали соли 2025 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро ба муҳлати се сол гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)-ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарёфт намуд. Қарори мазкур дар ҷаласаи Шурои аккредитатсионӣ, ки 12-феврали соли 2025 баргузор гардид (протоколи №92), бар асоси хулосаи Комиссияи коршиносони беруна қабул шуд. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академия - аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт нашрияи расмии Академияи илмҳо бо номи “Илм ва инноватсия” таъсис дода шуда, шумораи нахустини он ба нашр расонида шуд.