05 феврали соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.
Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соли 2025 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2025 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рўйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Гуфта шуд, ки аз рўйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 2600 кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла, беш аз 80 монография, беш аз 156 китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог ва беш аз 2400 мақолаи илмӣ. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ беш аз 1800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ (аз ин шумора беш аз аз 1200 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва қариб 600 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ин шумора беш аз 150 мақола – дар SCOPUS ва беш аз 300 - мақола дар РИНС) ба нашр расидаанд. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ беш аз 2000 мақолаи илмию оммавӣ дар рўзномаю маҷаллаҳо ба нашр расонида шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки АМИТ дар ин давра дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон 603 нафар ходимони илмии АМИТ номи худро дар китобхонаи электронӣ (e-library) ба қайд гирифтаанд. Ҳоло ХИРШ-и олимони АМИТ аз рўйи ҳамаи нашрияҳои e-library - 56, аз рўйи РИНС - 54 ва аз рўйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНС нашршуда - 47-ро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ 7 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 патенти Ҷумҳурии Хитой ва 2 патенти АвроОсиё барои ихтироъ, 12 нахустпатенти ҶТ барои ихтироъ (6 адади онҳо нахустпа-тентҳое мебошанд, ки охири моҳи декабри соли 2024 гирифта шуда, ба ҳисоботи соли 2024 ворид нашуда буданд), 3 шаҳодатнома барои ихтироъ, 7 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 3 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Бо мақсади тақвият ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 бо мусоидати Раёсати Академия корҳои таъмири капиталӣ анҷом дода шуда, ҳамзамон 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардиданд, ки онҳо дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад), Институти химияи ба номи В. И. Никитин (4 адад), Институти биологияи Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ (1 адад), Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология (2 адад), Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (1 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад), Маркази илмии Хуҷанд (2 адад) ва Маркази инноватсионии Тоҷикистону Чин (3 адад) ҷойгир мебошанд.
Ҳамчунин дар ин давра Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои ҷаҳон густариш дода, 10 созишномаҳои тарафайнро ба имзо расонидаанд. Дар ин давра як зумра олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвраҳои ҷаҳон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо иштироки онҳо симпозиум ва конференсияҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд.

