Skip to main content

Соли 1974 ҷашни бузургдошти Абурайҳони Берунӣ баргузор мешуд. Ман дар Шуъбаи фалсафа як корманди навкор будам, дар Шуъба маҷлиси пуршуру пурмоҷаро атрофи омодагиву ноомодагиҳо ба ҷашни Берунӣ гузашт. Бузургону ҷавонони фалсафа ҳар субҳ, утоқ ба утоқ ҳар кадоме аз пайи супоришҳо дар таку дав буданд. Дар роҳрави Шуъба (ҳоло институт) як зани зебои ҷавони рус ин тарафу он тараф мерафту меомад, аз ҳар нафаре илтимос мекард, ки дар телевизиёни Тоҷикистон ним соат дар бораи Берунӣ баромад кунанд, албатта, ба забони русӣ (агар ба забони тоҷикӣ мебуд баромадкунандагон зиёд ёфт мешуданд...). Дили ман ба ҳоли ин зани ҷавон сухт, салом кардам, гуфтам, ман меравам (ба гумонам ин рӯзноманигори телевизион Ханжина ном дошт), зимнан дар дилам як ноороми ҳам метапид, зеро ҳарчанд забони англисиву забони русиям ҳам хуб буданд, аммо ин гуна баромади беомодагӣ баромади мустақим накарда будам...

Рафтем Студия, соат шояд шаши бегоҳ буд, барнома мустақим пахш мешуд, ман, ки дар ҳамин раванд дар мавзуъи бозтоби Абурайҳони Берунӣ дар Шарқшиносии хориҷӣ ҷустуҷӯҳое карда будам, дар ҳамин замина ба қавли мардум, бе малол суханронӣ мекардам. Дар айни ҳол он хонуми ҷавон, ки аз пушти камера рафтуомад мекард ва баромади маро гӯё назорат мекард, мушоҳида мекардам ва ними барнома (ки ним соат буд) гузашт, дар мушоҳидаи ман хонуми рӯзноманигор бисёр розиву хушҳол буд. Дар ҳамин ҷараён, касе омад ба ӯ чизе гуфт ва дидам, ки авзоаш комилан тағйир ёфт. Ноором шуд, рафтуомад дошт. Маро мушоҳида мекард... ман ҳам табиист, ки ташвиш шудам.

Қисса кутоҳ, барнома ба анҷом расид, назди ӯ омадам. Хонум бо ташвиши сахт, бо овози ларзон, гуфт, ки “Нас вызывает Осими” маълум аст, ки ман ҳам дар ташвиш шудам.

Ҳамин гуна бо тарсу ҳарос ба баромадгоҳи телестудия баромадем, милисианери навбатдор пешвоз гирифт, ки боз дар ташвиш шудем, пеши як “Волга” бурд, ронанда дар назди мошинаш истода буду ба забони русӣ марҳамат кунед, шуморо Осимӣ мунтазир аст. Вақте ба Академия ворид шудам, ман ҳам лол будам, хонуми журналист ҳам ба ошиёнаи дуюм ба қабулгоҳи Осимӣ, ки расидем, Устод аз кабинеташон баромадан бо чеҳраи кушоду оғуши боз: “ Какие вы молоцы” гуфту ба таҳсину офарин афтод, ман ҳам шох шуда будам, хонуми журналист ҳам ба истилоҳ шок шуда буд, Устод моро ба нишастан даъват кард ва бисёр суханҳои гарму самимӣ гуфт...

Ёдашон ба хайр. Вақтҳои охир ин лаҳза бисёр ба хотири ман меояд. Дар тӯли умр, ки панҷову се соли ин умр бо Академияи фанҳо пайвандӣ дорад, бузургони бисёре дидем, аммо як нафаре, ки дар ин мақоми баланд, ин қадар самимияту муҳаббат ба як ходими навқадами илмӣ ба як журналисти ҷавон дошта бошад, ба ёдам намеояд ...

***

Солҳои 1979-1980 бо устод бештар рӯбарӯ мешудем, сабабаш ҷашни ҳазораи Абӯали Ибни Сино буд. Ман гаштаву баргашта ҳайрон мешудам, ки Президенти як Академияи бузург, Академияе, ки 22 Институт дорад, тамоми масъалаҳои мубрами замину осмон, ҳушу ҷони инсонро тадқиқот мекунад, ин қадар ба ҷашни Ибни Сино месузаду метападу набард мекунад. Аз лоҳияи медали ҷашнӣ сар карда то ҳайкали Ибни Сино, нашри осори тоҷикӣ, тарҷумаи ин осор, ки бештар ба забони арабӣ аст, ҳам ба забони тоҷикӣ, ҳам ба забони русӣ даъвати меҳмонҳо, барномаи меҳмондорӣ ва ғайра боз ва ғайра ва ҳоказо, албатта, мо ҳам, ки дар ин омодагӣ як саҳме доштем, ба ҳамин шӯру шавқ кор мекардем.

Аз ҷумла, яке аз осори муҳими Ибни Сино асари охирини фалсафиаш “Ишорот ва танбеҳот” аст. Дар яке аз маҷлисҳо эълон карданд, ки фалонӣ (яке аз бузургони Шарқшиносони Шӯравӣ) 3 сол пеш шартнома баста буд, ҳаққи қалами хуб гирифта буд, акнун омада гуфтааст, ки ман ин тарҷумаро намекунам, ҳама ҳайрон буданд, маълум шуд, ки онро боз ба яке аз бузургони шарқшиноси русӣ Душанбе пешниҳод карданд, ин шарқшинос ду моҳ китобро омухта, омада, мардона гуфтааст, ки ман инро тарҷума кардан наметавонам. Боз аз маҷлис баромадем, ҳама гарангу пурташвиш ба назди устод Мусо Диноршоев омаадам ва гуфтам, ки ин тарҷумаро ман мекунам. Устод, ки ғарқи ташвишҳои зиёд буд, ҳайрон –ҳайрон ба ман нигоҳ карду норозиёна гуфт: даҳ саҳифа тарҷумар карда биёр, тарҷумаро дид розӣ шуд, гуфт, тарҷума кардан гир. Ин китоб, яъне “Ишорот ва танбеҳот” мавзуъи тадқиқоти номзадии ман буд. Ман табиист, ки шабу рӯз кор кардаму аз сеяки китобро, ки қисмати мантиқ аст, тамом кардам.

Тарҷумаи ман аз нашри форсӣ буд, вақте ба мақсади таҳрир бозхонӣ мекардам, боз нангу орияти ватанпарварию миллатдӯстиям ҷуш зад, аз дилам гузаш, ки ҳатман як нафаре пайдо мешавад бигуяд, ки ин тарҷума аз асл нест, яъне аз арабӣ нест. Ман Арабиро намедонам, аз байни дӯстони арабдонам, ки русияш ҳам ба дараҷаи камолот бошад, Тоҷиддин Мардонӣ буд. Ин дӯстам, ки ба сабабҳои бемаънигии муносибатҳои тоҷикона аз дигар ҳамкурсонаш қафо монда буд, ҳамкурсонаш барои тарҷумонӣ ба хориҷа рафта меомаданд, ҳама “Волгасавор” буданд ва иҷозати ба хориҷа рафтани Тоҷиддин ба ҳамин шабу рӯз рост омада буд. Ман то имрӯз ба ҷавонмардии Тоҷидини Мардонӣ аҳсан мегӯям, аз як сӯ даводави ҳуҷҷатсозии хориҷа рафтан, аз як сӯ ташвишҳои хона, аз сӯи дигар тарҷумаи ин китоб...

Ман ҳоло дар ёд надорам, ки дар он лаҳзаҳои ҳасос ба Тоҷиддин чи гуфта будам, аммо натиҷа ин шуд ки се моҳ шабу рӯз дар Академия дар ҳавлии мо, тақрибан ки бе танаффус ин тарҷумаро ба охир расонидем.

Низоми кори мо чунин буд, Тоҷиддин матни арабиро мехонд, мо ҷумларо бо тарҷумаи форсӣ муқоиса мекардем, ҳар ду ҷумлаи русиро месохтем, Тоҷиддин менавишт. Ин ҳам дар ёд мондааст, ки ручкаҳои он замон сахт буданд, се ангушти Тоҷиддин он қадар варам карда буданд, ки ручкаро дар мушт гирифта, менавишт. На ман дар курсӣ нишаста метавонистам, на Тоҷиддин дар курсӣ, ба зону менишастем.

Қисса кутоҳ, тарҷумаро устод Мусо Диноршоев таҳрир карданд, ба имзои ҳар сеямон ҳам дар Москав, ҳам дар Душанбе нашр шуд.

Хурсандие, ки устод Муҳаммад Осимӣ дошт, ҳадду канор надошт, мегуфт, ки “ Хуб шуд, тарҷумаи худамон нашр мешавад, бисёр хуб шуд”.

Нашри ҷилди мунтахаби осори Ибни Сино ба забони русӣ дар нашриёти “Наука”-и Маскав яке аз тадбирҳои ин ҷашни ҷаҳонӣ буд. Корректура назорати ин нашр ба зиммаи устод Диноршоев М.Д., шодравон Моҳирхуҷа Султон ва ман буд. Боз ҳам қиссаро кутоҳ кунам ба сабаби бисёри ташвишҳо устод Диноршоевро ҳам ба Душанбе баргардониданд, Моҳирхуҷаро ҳам барои хондани карректураи охирин, ман танҳо мондам.

Шояд ин нукта қайд кардани набошад, ба ҳар ҳол бояд гуфт, ки он замон карректура (аз баски фурсати мо бисёр танг буд) рост аз матбаа гармо гарм ба мо мерасид ва маҷбур будем тезтар онро бихонем. Таъсире ки аз гармии сурб дар карректура мемонад ба чашм он қадар буд ки ман дигар сар хам карда хонда наметавонистам. Карректураро ба меҳмонхонаи Тоҷикистон мебурдам дароз мекашидам зери сарам болишти баланд мениҳодам ва карректураро мехондам...

Ин аҳволи маро масъули нашриёти Москав мантиқшиноси машҳур Кондаков, - муаллифи “Логический словар” дида дилаш сухт гуфт ки ин кори плании шумо аст гуфтам ки не кори плани нест. Гуфт ки аз Академияи Тоҷикистон як справка биёред, ки ин кори плани нест ман барои корҳоятон аз нашриёти наука хаққи қалам медиҳам.

Мутаъсифона справка ба ман надоданд. Дар ҷараёни нашри ҷилди русӣ Устод Муҳаммад Осимӣ се дафъа ба нашриёт омада аз аҳволи мо хабардорӣ карданд ин ҷо ду нукта дар назари ман ёд оварданист.

Якум ин ки ман худам дидам, ки устоди мо дар Москав хосиятан дар ин нашриёти машҳури ҷаҳони обруву иззату эҳтиром доранд. Аз директори ин нашриёт, ки Грузин буд то дигар кормандони нашриёт бо як иззату эҳтироми баланд ба ташрифи Осимӣ омодагӣ мегирифтанд пешвоз мегирифтанд, суҳбатҳои бисёр самимӣ доштанд. То рӯзе ки як қисмати калони китоб нашр шуд дар ин миёна як баҳси ман ва рассоми китоб ба фоидаи рассом анҷом ёфт; чанд гунаи муқоба пешниҳод карданд ба ман муқобаи сабз мақул шуд ман ки танҳо мондам будам имзои муқобаро кардам аммо муқовваи сабз нашр нашуд ранги маллаи паст чоп шуд. Ин як моҷарои хурдакак буд, ки баъд фаҳмидам чандон хурд ҳам набудааст. Дар пушти ин машғалаҳо Вици Президенти Академияи ССР Фидосеев меисодааст.

Ман тафсилоти моҷарои Фидасеевро бо устод Осимӣ намедонам, аммо ончиро ки инҷо иншо мекунам ҳамма медонанд;

Китоб, ки чоп шуд онро ба даст гирифтем хурсанд шудем ва рӯзи дигар дар нашриёти наука машғалаи бузург барпо шуд; Федасеев фармон додааст, ки саҳифаи якуми китобро канда онро ислоҳ кунанд саҳифаи навро дар он ҷо часпонанд гуноҳи он саҳифа ин буд ки чунин ибора дошт “Ибн Сино сын таджикского народа” ман Моҳирхуҷа ба назди директори нашриёт даромадем директор тақрибан ошкоро гуфт, ки ин кор аз дасти у намеояд аммо бо вуҷуди ин аз мо талаб кард, ки далелҳои тоҷик будани Ибни Синоро биёрем тули якчанд руз аз осори муътабари Шарқшиноси аз қомусҳо сар карда то мақолаҳои бузург ҳуҷҷат омода кардем ки ошкоро тоҷик будани Ибни Синоро таъкид кардаанд . Директори нашриёт ҳуҷҷатҳои моро диду бо таасуф гуфт, ки ин корро ман ҳал карда наметавонам танҳо Осимӣ ҳал мекунад.

Вақте устодро огоҳ кардем устод боз ба Москав омаданд авзои Устод Осимиро, ки акнун тасаввур мекунам дилам ҳам ба худам месузад ҳам ба устод Осимӣ месузад аз он бештар ба миллатам месузад ки дар чунин соати иззату эҳтиромми миллатам як нафар (яъне Фудасеев) ин иззату эҳтиромро метавонд инкор кунад.

Муҳаммад Сайфиддинович моро таскин медоданд аммо ман ҳис мекардам, акнун равшан медонам ки худро таскин медоданд, ҳоло ки ин сатрҳоро менависам фарёди фиғони ботиниии Осимиро мешунавам...Ин фарёду фиғон дар ҷашни расмии тантанавӣ ошкор шуд, ки чунин бе назокати бе фаросатии Академики А.Ф ССР- ро ҳеҷ шарҳу баёне дода намешавад.

Вақте дар тантанаи Ибни Сино дар яке аз қасрҳои бошукуҳи Маскав маҷлис оғоз мешавад Академик Федасеев раиси ин маҷлис буд тибқи машварату қарордоди қабли сухан нахустин ба ҳайси вориси Ибни Сино ба ҳайси ташкилкунандаи ин ҷашни ҷаҳони бояд маърузаи аввалинро Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ мекарланд. Ҳамма бузургони ба истилоҳ шуъбаи гуманитарии Академияи фанҳои СССР намояндаҳои Политбюро дар призидиумм нишастаанд. Федасеев маҷлисро оғоз мекунад чанд ҷумлаи ифтитоҳи мегуяд ва эълон мекунад. “Акнун сухан ба Президенти Академияи фанҳои...” Дар ин маврид Муҳаммад Осимӣ аз ҷой мехезад ва ба тарафи минбар равона мешавад Фидасеев бошад ҷумлаашро давом медиҳад “ Президенти Академияи фанҳои Узбакистон дода мешавад. Чунин саҳнаи беназокатро дар таърихи Академияи фанҳои СССР ба гумонам мушкил аст.

Акнун вақте ин матлабҳоро ба ёд меорем равшан мебинем ки дар шароити Иттиҳоди Шуравӣ устодони мо Бобоҷон Ғаффуров, Муҳаммад Осимӣ ба кадом ҷонфишориҳо, заҳматҳо, сабру таҳамулҳо шаъну шарафи миллати тоҷик номи бузургворони тоҷикро баланд нигоҳ доштаанд. Дар айни замон ҳамин нуктаҳо ҳастанд, ки маънии Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистонро аҳамияти онро арзиши беназири онро гаштаву баргашта ёдрас мекунад... Баъд аз ҳамин гаштаву баргашта ба бузургии Устод Осимӣ қоил мешавам.

Соли 1981 мар ба Иттифоқи нависандагон ба кор даъват карда буданд. Чанд муддат ҳам дар Академия кор карда будам ҳам дар Иттифоқи нависандаҳо оқибат устод Осимӣ маро даъват карданд бисёр афсус хурданд гуфтанд: Ман фаъолияти шуморо дар назар доштам ва барои шумо дар институти Шарқшиносӣ як Шуъба таъсиси додам умед доштам, ки он Шуъба корҳои муҳиме хоҳад кард боз ҳам устод Осимӣ бо хушнуди маро иҷозат доданд, ки “ Фаъолияти шумо дар Иттифоқи нависандаҳо заруртар будааст, бо вуҷуди ин ман дастур додам, ки шумо дар Шуъбаи фалсафа ним баст кори худро давом диҳед...”

Он замон ман ду нафарро медонисам, ки иҷозати ним ставка кор карданро доштанд.

Қисса кутоҳ нафароне буданд, ки ба нимставкаи ман халал расонданд ва гуноҳи ҷавонии ман буд, ки ман баргашта назди Осимӣ нарафтам...

Тули тамоми рӯзгори Осимӣ ҳамеша истиқболи гарму самимӣ доштам чанд мушкили дигар ҳам буд, ки устод Осимӣ онҳоро ба осони ҳал карда буданд.

Феълан чун дар зиндагии худам инсонеро дар ин мартабаи баланд бо ин меҳрубонӣ бо чунин собитқадамӣ нангу номуси ватандустӣ дар айни замон хоксору фурутан надидаам гаштаву баргашта дилам гум мезанад Худо раҳмат кунад мегуям, Худо лаънат кунад касонеро, ки чунин мардонро озор медиҳанд, мекушанд.

Раматуллоев Н, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ