Skip to main content

(дар ҳошияи баргузории Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 9-10 октябри соли 2025 дар Душанбе)

«Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор бошад, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар!»

Владимир Владимирович Путин Президенти Федератсияи Россия

Қобили тазаккур аст, ки баргузории Саммити «Осиёи Марказӣ - Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,ки дар як замон,яъне 9-10 октябри соли 2025 дар Душанбе мегузарад, на танҳо чорабинии маъмулӣ, балки эътирофи расмии мавқеи меҳварии Тоҷикистон ҳамчун субъекти калидии геополитикӣ ва майдони боэътимоди муколама дар Авруосиё мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти хоса дода, Иттиҳодро на танҳо ҳамчун як платформаи муколамаи дипломатӣ, балки ҳамчун механизми таҳияи роҳҳои ҳалли ҳамоҳангшуда оид ба масъалаҳои мубрами замони муосир мешуморад.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви сохтори оинномавии ИДМ аз ҷумла, Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Суди иқтисодӣ буда, дар фаъолияти зиёда аз 80 сохтори бахши он фаъолона иштирок мекунад.

Ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ аст, ки тайи солҳои сипаригашта мақомоти олии ИДМ беш аз 2807 қарор қабул кардаанд, ки аксари онҳо барои таъмини субот ва рушд дар минтақа аҳамияти калидӣ доранд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки рӯзҳои 8-12 октябри соли 2025 Душанбе бори дигар дар маркази таваҷҷуҳи байналмилалӣ қарор дорад. Дар қалби пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе нишасти сарони давлатҳо ва ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо ҳамеша аҳамияти хоса доранд, чунки Иттиҳод яке аз платформаҳои серталаби муколама ва ҳамоҳангсозӣ амалу фаъолиятҳо дар муҳити тағйирёбандаи муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад. Ҳамзамон соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро ба уҳда дошт. Тибқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ гардид. Дар давоми соли 2025 дар доираи ИДМ як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндаҳо аз кишварҳои узви ИДМ доир гардид.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод ва ташаббускори фаъоли ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаҳои амният, иқтисод ва ғ. баромад мекунад. Дар баробари чолишҳои ҷаҳонӣ маҳз ҳамин форматҳои ҳамгироӣ имкон медиҳанд, ки ҳалли ҳамоҳангшуда таҳия карда шаванд ва ҳаракати прогрессивии давлатҳои ширкаткунандаро ба сӯи субот, рушд ва шукуфоӣ таъмин намоянд.

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон солҳои охир бо сиёсати мусолиҳатомез нишон дод, ки метавонад нақши калидӣ дар мустаҳкам сохтани робитаҳои байни кишварҳои пасошуравӣ ва махсусан дар арсаи ИДМ бозӣ кунад. Ин ҳамоиш як имкони хуб барои эҳёи рӯҳияи ҳамкорӣ дар фазои пас аз танишҳои солҳои охир аст. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо мавқеи геосиёсии Тоҷикистонро тақвият мебахшад, балки ба густариши ҳамкориҳои судманд дар тамоми минтақа мусоидат мекунад. Иштироки фаъолонаи роҳбарони кишварҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо гувоҳи равшани эътимод ба сиёсати давлати Тоҷикистон ва нақши афзояндаи он дар муътадилсозии равандҳои минтақавӣ мебошад.

Чӣ тавре,ки дар боло таъкид намудем,рӯзҳои 8-10-уми октябри соли 2025 шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву дипломатӣ аст. Барномаи серӯза аз мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, дар қолаби “5+1” ва ва Саммити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро иборат аст. Он ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва амнияти минтақа дониста мешавад ва дар таҳкими низоми ИДМ ва дурнамои ҳамкории кишварҳои узви ИДМ таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ - Инстиути

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент