Skip to main content

Яке аз хусусиятҳои зотии инсон хирадгароиву маърифати олам аст, вале дар тули замон на ҳамаи масоилро инсон аз роҳи ақлу хирад ҳал намудааст. Зеро шинохти воқеияти олам ба инсон якбора ба даст намеояд, балки он зина ба зина ва насл ба насл пурратару комилтар шуда, ба ифодаи воқеияти олам баробар мешавад. Дониш инъикоси олам дар шакли донишҳо ба вуқуъ меояд. Донишҳои инсонӣ метавонанд дониши илмӣ ва ё дониши ғайри илмӣ бошанд. Инсоният то ба марҳилаи донишҳои илмӣ расидан раванди тулониеро пушти сар намудааст. Дар ин замина сараввал донишҳои асотирӣ, ки инъикоси оламро бо роҳи қиссаю ривоёт ва бофтаву тахаюллот инъикос намудааст.

Марҳилаи дигар бошад инсон ба зинаи баъдии шинохт яъне шинохти динӣ, ки асоси онро бовару эътиқод ташкил медиҳад таваҷҷўҳ намудааст. Ҳар дуи ин навъи бинишҳо дониш ба ҳисоб мераванд, вале ин донишҳо донишҳои илмӣ нестанд. Зеро онҳо на аз роҳи ақлу мантиқ, на аз роҳи таҷриба, балки бардоштҳое ё боварҳову гумонҳоеанд, ки инсон онҳоро ба тарзи субективӣ бар сари воқеъияти ҷаҳон бор намудааст. Ҳарчанд донишҳои динӣ зинае аз маърифати олам аз ҷониби инсоният ба шумор мераванд, вале дар маҷмуъ онҳо наметавонанд воқеъияти ҷаҳони ҳастиро ифода намоянд. Ин тарзи биниш, пеш аз ҳама дар натиҷаи аҷзи одамон дар баробари ҳаводиси даҳшатбори табиӣ ва онҳоро дуруст ва саҳеҳу илмӣ шарҳ дода натавонистан шакл мегиранд. Ҳамин аст, ки набуди дониши саҳеҳи илмӣ инсонҳоро ба самти тарс, умед, азоб, эҳтиёҷҳо ва идеалҳо савқ медиҳад, ки ҳар кадоме аз инҳоро метавон дар ритуалҳои динӣ ба осони мушоҳида намуд. Дар ҷаҳонбинию донишҳои динӣ инсонҳо ғолибан андеша менамоянд, ки ҳеҷ чиз ба онҳо вобаста нест ва онҳо вобастаи қувваҳои мармузи осмонианд ва дар баробари ин қуввот инсоният ҳаққир, бечора ва нотавон аст ва аз ин рў, ў мехоҳад бо роҳи имону эътиқод, ибодат кардан ва тарсу парҳезкорӣ мехоҳад масъаларо ҳал намояд ва ҳамаи он чиро ки андеша мекунад ҳаллаш имконнопазир аст онро ба қувваҳои мармузи осмонӣ ҳавола мекунанд. Табиатан инсон ҳамеша ҷўёи хушбахтӣ, рифоҳ ва осоиштагӣ аст ва чун ҳамеша бо мушкилоти табиию иҷтимоӣ бархурд мешавад ва онҳоро аз роҳи ақлу хирад ҳал карда наметавонад дар ин ҳолат бовару эътиқод ҷойгоҳи хоса касб менамояд ва донишҳои динӣ ҷойгоҳи хосаро касб менамояд. Зеро аксари динҳо кушиш мекунанд хоҳишҳои табии инсонро бо роҳи ғайритабии бароварда созанд ва аксари динҳо ки маърифати ҷаҳонро тавассути ба ду тақсим кардани он индунёӣ ва ондунёӣ матраҳ мекунанд, ин дунёро дунёи даргузар, муввақатӣ ва дунёе, ки дар он инсон наметавонад хушҳол бошад, арёбӣ мекунанд. Ва хушбахтии инсонро дар амалӣ намудан он арзишҳо ва ритуалҳое медонанд, ки танҳо бояд ба хотири хушии қувваҳои мармузи осмонӣ анҷом дода шавад. Аз тарафи дигар хушбахтии инсонро танҳо дар дунёи дигар ва бо ваъдаи биҳишт ва ҳамаи хубиҳо дар он мехоҳанд бароварда созанд. Ҳамин аст ки инсон нерўҳои моҳиятии худро саркўб намуда, на ба он самт равона месозад, ки ба хотири беҳбуд бахшидани зиндагии инсон равона гарданд, балки инсонро дар ҳолати карахтӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамин тариқ инсон бо таъсири донишҳои динӣ кўшиш мекунад хоҳишҳои табии хешро аз роҳи ғайри табии бароварда кунад. Ҳарчанд донишҳои динӣ моҳияти ахлоқӣ низ доранд ва инсонҳо бидуни донишҳои динӣ вуҷуд дошта наметавонанд аммо дар маҷмўъ донишҳои динӣ монеи пешрафти инсониятанд. Махсусан замоне, ки бовару эътиқодот ва донишҳои диниро сиёсӣ кунонида мехоҳанд аз ин роҳ идоракунии иҷтимоиро ба роҳ монанд инсонҳо пурра моҳияти офаринандагӣ, тафаккур ва таҳлилу арзёбирро аз даст медиҳанд ва дар ин навъи ҷомеа таассубу хурофот боло мегирад. Зеро таассубу хурофот низ зодаи нодонии башариятанд.

Донишҳои динӣ ки сахт маҳдуданд қабули ҳар гунна дониш ва ҷаҳонбиниро рад мекунанд ва ба онҳо бо назари шакку тардид менигаранд. Дигарандешӣ ва озодии инсонҳоро маҳкум менамоянд ва ба ҳар навъи дигарандешӣ муҷозот ваҷазо инчунин таҳқиру барчаспҳои гуногунро мезананд. Ин боиси он мегардад, ки ҷомеаҳое, ки шакли идоракунии онҳоро ҳокимиятҳои теократӣ ба роҳ мондаанд, ин навъи ҷомеаҳо, маҳдуд истеҳсолот дар сатҳи паст, хираду дониши илмӣ ночиз ва таассуб дар сатҳи баланд инчунин анъанагароиву бозмондагии фикрӣ хоси онҳо мебошад.

Инсоният танҳо бо роҳи шинохти илмӣ дар садсолаҳои охир тавонистааст, сатҳу сифати зиндагии хешро комилан иваз намояд ва ба дастовардҳои бузургтарини илмию технологӣ даст ёбад ва аз ин тариқ ниёзҳои моддию маънавии хешро бароварда кунад. Имрўз кишварҳое, ки дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд ва қудрати минтақавию ҷаҳониро дар даст доранд натиҷааш дарёфти донишҳои мантиқиву илмӣ аст, ки аз роҳи татбиқи онҳо тавонистаанд худро ба қудратҳои минтақавӣ ё ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Ин кишварҳо низ замоне таассубу хурофот ва донишҳои диниро меҳвари асосии идоракунии сиёсии худ қарор дода буданд, вале давоми 500 соли охир донишмандону мутафаккирон ва равшанфикрони ин ҷомеаҳо зина ба зина сатҳу сифати донишҳои илмиро боло бурда, онҳоро ба роҳнамои асоси илмидошта ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаҳои хеш табдил додаанд.

Имрӯз дар ин гуна ҷомеаҳо дин ва бовару эътиқодоти динӣ танҳо кори фардӣ аст ва ҳар инсон дар бовару эътиқоди хеш озод аст ва метавонад ин ё он бовару эътиқод ё ҳеҷ як аз онро напазирад. Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ месозад. ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муа ян карда шуда роҳҳои ҳалли он пешбинӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки дар ин гунна ҷомеаҳо сармояи асосӣ зиёиён ва мутафаккирони ин ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷомеаи дунявии илмгаро танҳо ба андешаи инсоният ва қудрату нерўи зеҳнии он такя мекунад ва кам кардани мушкилотро дар роҳи маърифати баланди ҳамагонӣ медонад. Шаҳрвандони ин навъи ҷомеа ҳар кадоме дорои ҳуввият, шахсият ва андешаи худ буда, бо роҳи хираду дониш ва кушишу ҷадал сатҳу сифати зиндагии хешро аз роҳи ақлу хирад боло мебаранд. Ҷомеаеро созмон додаанд, ки дар он арзиши олиро зиндагии инсон ва рифоҳу осоиши он ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар ин навъи ҷомеа донишҳои асосиилмидошта ҷойгоҳи вижаи худро доранд ва олиму мутахассис ба ҳайси меҳвар ва пешбари он шинохта шудаанд.

Мутаассифона дар ҷомеаҳои шарқӣ ки бештар ҷаҳонбинии динӣ ва донишҳои диниро ба ҳайси асолат ва мутлақ қабул менамоянд нерўҳои зеҳнии инсонро маҳдуд карда онро ба мавҷуди вобаста,бефоида, паст ва тарсанда табдил медиҳанд. Зеҳнияти инсонро ба таассубият савқ дода дар он қабули андешаҳои гуногун ва таҳлилу баррасии онҳоро аз байн мебаранд. Таассубият инсонро ба мавҷуди бераҳму сангиндил ва ғайри қобили таҳаммул тарбият мекунад. Зеро инсони таассубзада ба ҷуз аз донишҳои маҳдуди хеш дониши дигареро қабул надорад. Ў ҷаҳонро дуранг мебинад, сиёҳу сафед. Дигар рангҳоро низ қабул надорад.

Ҳамин аст, ки ҷомеаҳое, ки низоми теократӣ доранд инсонҳоро саркуб месозанд. Дар онҳо ҳараҷу мараҷ ниҳоят зиёд аст. Сатҳи донишҳои илмӣ ниҳоят маҳдуд аст. Муносибат ба одамон дар сатҳи баланди дискриминатсионӣ (ҷинсӣ, динӣ-мазҳабӣ, табақавӣ) вуҷуд дорад. Аксари ин навъи кишварҳо вопасгаро, мардумонаш фақир ва пуртазоду ноустувор ва осебпазиранд. Ҳамин гунна вазъро метавон дар кишварҳои Шарқи наздику миёна ба осонӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ин кишварҳо аз лиҳози захоири табиӣ кишварҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд, вале набуди сатҳи баланди донишҳои илмӣ ва ҳокимиятҳои теократие, ки дар ин кишварҳо ҳукмрон аст, бошандагони ҷомеаро ба нафарони таассубзадаву хурофотӣ табдил дода аст, ки онҳо ҳамеша дар бархўрду рўё рўӣ бо воқеъияти ҷаҳон қарор мегиранд. Аз тарафи дигар захоири саршори табии дар ин кишварҳо буда бо сабаби набуди ҷомеаи ақлгаро ва илммеҳвар дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мешавад. Ин кишварҳо на ҳамчун кишвари истеҳсолгар, балки ҳамчун кишвари истеъмолгар ва бозор барои кишварҳои истеҳсолгари ҷаҳон маҳсубанд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон гуруҳҳое, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ мехоҳанд бо роҳи ривоҷ додани донишҳои динӣ, мутлақ арзёбӣ кардани онҳо, афкори ҷомеаро ба тарафи худ тамоюл бахшида аз ин роҳ дунявияти ҷомеаро аз байн мебаранд ва мехоҳанд низоми теократиро бо суистифода аз бовару эътиқодоти мардум рўи кор оварад. Чунин навъи муносибат барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хатарафзо аст. Зеро таҷрибаи кишварҳои олам нишон додааст, ки ҳокимияти теократӣ ҳеҷ гоҳ на ба манфиати миллатҳо ва на ба манфиати шаҳравандон метавонад амалеро анҷом диҳад. Он танҳо фарогири манфиати гурўҳҳои хурд ва табақаи рўҳониён аст ки аз роҳи тарвиҷи таассубу хурофот дукони тиҷоратии хешро гардон мекунанд вале дар маҷмўъ миллатро дар беҳуввиятӣ мардумонро дар саргардониву бархурд ва кишварро ба дастнигару истеъмолгар табдил медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар муносибат ба навъҳои дониш бояд азовияи аҳамияти таърихӣ ва дурнамои рушди иҷтимоии ҷомеаҳо назар афканд. Зеро имрўз ва дар оянда низ ҷомеаҳое, ки илмгароанд дунявият меҳвари асосии онҳост хирад ва тафаккур асоси истеҳсолии онҳоро ташкил медиҳад боз ҳам қавитар мегарданд ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истеъком мебахшанд. Миллатҳои хешро қавӣ мегардонанд ва нуфузи хешро тавсеа мебахшанд.

Баръакс ҷомеаҳое, ки дорои ҳокимияти теократианд бархурдҳо рўз ба рўз дар онҳо меафзояд таассубу хурофот боло мегирад бархурдҳои иҷтимоӣ зиёд гардида саркубгарии ҳокимияти сиёсӣ меафзояд. Озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон маҳдуд мешаванд. Табъизи ҷинсӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ меафзояд, осебпазирии иҷтимоӣ боло мегирад. Дар маҷмўъ ин кишварҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷойгоҳу мавқеи хешро аз даст медиҳанд. Аз ин рў пеш аз оне, ки ин ё он таблиғоти аз тариқи расонаҳо ба фазо пахш гардида, қабул карда шавад борҳо бояд аз лиҳози ақлу мантиқи солими ҳар фард мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Исомиддин Шарифзода, номзади илмҳои фалсафа