Skip to main content

Доир ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ҳамакнун тўли 33 аст, бо ба даст омадани он Тоҷикистони азиз ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ шинохта гардида, ҳадафҳои созандаи худро, ки на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми мардуми сайёра фоидаовар аст, амалӣ менамояд, метавон садҳо китоб навишт. Зеро ҳарчи тоҷик имрўз дорад аз баракати Истиқлолият аст. Яке аз муҳимтарин дастоварди Истиқлолият баланд гардидани ҳуввияти миллии мардуми мо, ки барои як миллати ободу сарҷамъ будани тоҷик бисёр зарур буду ҳаст. Истиқлолияти давлат барои ҳувияти худро сайқал додан ва ҳифз намудани мардуми тоҷик шароиту фазои созгор ба миён овард. Имконият шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик баъд аз нооромию парокандагиҳои зиёд рў ба фарҳангу худшиносии миллӣ биёрад, таърихи гузаштаи худро дар фазои соҳибихтиёрӣ биёмўзад. Пешвои муаззами миллат дар ин маврид хеле олӣ баён намудаанд: “Омӯхтани таърих танқо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роқи ояндаи миллат ва пешомадқои давлатиро равшан намуда, барои худогоқии миллӣ, вақдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслқои оянда хизмат мекунад”. Аз ин ҷост, ки Истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама барои аз ҳама чизи муҳим дар ҳаёти мамлакат ташаккули худогоҳии миллӣ, шароит фароҳам овард. Масъалаи ҳувият дар давлатдорӣ ва ҳифзи он нақши калиди дорад. Хусусияти равонии инсон, ҳар як шаҳрванд барои муттаҳидӣ, ҳамватанӣ як марому як ҳадаф доштан, рўҳи як миллат будан бисёр муҳим аст, ки ҳувияти миллӣ ҳамаи ин хусусиятро дорад. Барои дарки масъала,хуб сарфаҳм рафтан ба мазмун ва муҳтавои калимаи «ҳувият», ки дар донишномаҳо дарҷ гардидааст,шояд басанда аст:«Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оиди мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазқабию нажодӣ, сиёсию фарқангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоқеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли қамдавлатӣ, қамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро бақри ба даст овардани неъматқои моддӣ ва некуақволии мардуми кишвар азму субот доранд, зоқир месозанд». Ҳамин ҳувиятро Истиқлолияти деринтизору бо заҳматҳои зиёд ба дастовардаи миллати тоҷик ташаккул медиҳад. Он хиради азалие, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дошт, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи иқдомҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар соҳиб гардид. Миллати тоҷик ба мушкилотҳое, ки дучор гардид дар гузашта, ҳамаи онро бо қувваю тавонии худ бартараф намуд, ҳамеша соҳиби тақдири худ дар он давраҳои мушкил буд, ки нишони як миллати бузург буданаш аст. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат иброз дошта буданд: «Тоҷикистони азизи мо қанӯз дар нахустин рӯзқои расиданба ормони қазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоқони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи дақшатбор ва бисёр сахту сангини таърих – ҷанги тақмилии шақрвандӣ, рӯ ба рӯ гардид. Вале мардуми кишвари мо ба шарофати хиради азалии худ ва бо азму иродаи қавӣ аз он имтиқони фоҷиабор гузаштанд ва ба ақли башар нишон доданд, ки метавонанд тақти парчами истиқлол сарҷамъ гардида, давлати худро соқибӣ намоянд, Ватани хешро аз қар гуна мушкилоту озмоишқо рақо бахшанд ва онро ободу пешрафта гардонанд». Воқеан, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастури Пешвои миллат чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гардиданд, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Илм-фурўғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи тахрихи миллат», «Тоҷикистон ватани азизи ман» ва садҳо чорабиниҳои дигар, ки маҳз файзи Истиқлолият аст ва тоҷиконро ба асли худ ошно месозад.

Ҳамзамон, Истиқлолияти давлатӣ фарҳанги миллати тоҷикро дар ҷаҳон барои муаррифӣ гардидан имконият дод. Вақте ихтиёри инсон дар дасти худаш нест, табиист, ки наметавонад ҷое аз арзишҳои худ садо баланд кунад. Хушбахтона, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба даст омад ва ҷаҳон огоҳ гардид, ки тоҷик чи қадар фарҳанги бою рангин дорад. Чуноне, ки фарҳанги тоҷик дар давраи Сомониён шуҳрат дошт, имрўз бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бори дигар он шуҳрати ҷаҳонии худро соҳиб гардид. Ҳамасола, бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлкатҳои хориҷа доир гардида, фарҳангу расму оини тоҷикиро муаррифӣ мекунад. Ин ҳафтаҳои фарҳангие, ки доир мегарданд на танҳо мардуми кишварҳои дунёро бо фарҳангу оини миллати таърихии тоҷику Тоҷикистони бузург ошно месозад, балки ҳар тоҷике, ки дар он давлатҳо умр ба сар мебаранд муттаҳид менамояд. Барои ҳар як тоҷик ифтихор аст байни миллатҳои дигар арзишҳои миллии худро дар ҷойгоҳи муносиб дидан. Иззат ва шарафи худро мо тоҷикон бори дигар бо ба даст овардани пурбаҳотарин арзиш Истиқлолият ба даст овардем. Истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки созандатарин пешниҳодҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ эътироф гардад. Пешниҳодҳои созандаи Пешвои муаззами миллат доир ба умдатарин масъалаҳои ҷаҳонӣ «Соли 2025 – соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо», соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028. Ва эътироф гардидани арзишҳои фарҳангӣ, як қатор мавзеъҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллии тоҷик ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии Юнеско маҳз бо шарофати Истиқлолияти миллӣ ва ваҳдату ягонагие, ки бо талошҳои бевоситаи қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди тоҷик ба даст оварданд, амалӣ гаштааст.

Маврид ба зикр аст, ки чун Истиқлолият ба даст омад, миллат сарҷамъ гардид, робитаҳо бо кулли мамлакатҳои дунё ба роҳ монда шуд, тоҷикони мо ки дар тамоми мамлакатҳои дунё мавҷуданд муттаҳид гардиданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат кору фаъолият менамоянд ва мавқеи намоён низ дар тиҷорат доранд, ба ватани худ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо таклифу корнамоиҳои шоистаи Пешвои миллат, ки ҳамаро сарҷамъ намуданд, дар ободии Тоҷикистон онҳо низ саҳмгузор гаштанд. Минбаъд низ аз ин фазои осудаи даврони соҳибистиқлол истифода бурда, кулли тоҷикони дунё робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳоро бо Ватан, бо Тоҷикистони азиз бояд густариш диҳанд. Имрўз, ки Истиқлолияти деринтизор ва пурарзиш дорем, бо шукргузорӣ аз он на танҳо тоҷиконе, ки дар дохили Тоҷикистону кору зиндагӣ мекунанд, балки тамоми тоҷикони ҷаҳон бояд дар паҳлўи Пешвои муаззами миллат бошанд ва баҳри ободии Тоҷикистон саҳм гузоранд. Ватани аҷдодӣ, меконест, як қувваи бузургест, ки барои зистан дар сайёраи замин асоси ҳастӣ аст. Вақте Тоҷикистон соҳибистиқлол аст, тинҷу осуда аст, кулли тоҷикони дунё метавон гуфт, ки осоиш доранд.

Ғурури миллӣ ва худогоқӣ дар вуҷуди инсон меқру муқаббати ватанро парвариш медиқад ва аз ин ҷост, ки шоир фармуда:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Лоиқ Шералӣ

Аз ин лиқоз, дар дунёи пурфоҷиаву зидду нақиз мо бояд дар пайи қифзи арзишқои миллӣ ватанамон беш аз пеш талошу кушуш намоем...

Ҷашни Истиқлол ба тамоми тоҷикон қумоюн ва Истиқлоли кишвар поянда бод!

АБДУМУМИНЗОДА СИТОРА, номзади илмҳои педагогӣ Мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон